×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004, № 6 "Дар бораи мудофиаи гражданӣ"

Санаи амалкуни: 02.01.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи мудофиаи гражданӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 2, мод. 38; с. 2007, № 3, мод. 161; с. 2014, № 11, мод. 656)

(Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 229, аз 27.11.2014 № 1147, аз 2.01.2019 № 1565)

(Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 229, аз 27.11.2014 № 1147, аз 2.01.2019 № 1565)

Қонуни мазкур вазифаҳо, асосҳои ҳуқуқии ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилӣ ва ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, инчунин қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1565).

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳуми мудофиаи гражданӣ

Мудофиаи гражданӣ - маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатии мудофиавӣ ва муҳофизатие мебошад, ки баҳри ҳимояи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Тоҷикистон то оғоз ва ҳангоми сар задани амалиётҳои ҷангӣ равона шудаанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1565).

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1565).

Моддаи 3. Вазифаҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифаҳои асосии мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

- пешакӣ, дар замони осоишта, ба нақша гирифтан ва гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ оид ба омода сохтани аҳолӣ ва ҳудуди Тоҷикистон баҳри ҳимоя ҳангоми сар задани амалиётҳои ҷангӣ ва баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёт дар замони ҷанг (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1565);

- таъсис додан ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани мақомоти идора, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, системаи идора, алоқа ва огоҳонӣ, барои иҷрои вазифаҳо дар замони ҷанг;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

"О ГРАЖДАНСКОЙ ОБОРОНЕ"

(в редакции Закона РТ от 5.03.2007г.№229, от 27.11.2014г. № 1147, от 02.01.2019г.№1565)

(в редакции Закона РТ от 5.03.2007г.№229, от 27.11.2014г. № 1147, от 02.01.2019г.№1565)

Настоящий Закон определяет задачи, правовые основы организации и ведения гражданской обороны на территории Республики Таджикистан, компетенцию органов государственной власти, организаций, независимо от организационно-правовой формы, должностных лиц и граждан, а также сил и средств гражданской обороны в области гражданской обороны.

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Понятие гражданской обороны

Гражданская оборона - система общегосударственных оборонных и защитных мероприятий, направленных на защиту населения, экономики и территории страны до начала и при возникновении боевых действий.

Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан в области гражданской обороны

Законодательство Республики Таджикистан в области гражданской обороны основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативно-правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Республикой Таджикистан.

Статья 3. Задачи гражданской обороны Республики Таджикистан

Основными задачами гражданской обороны Республики Таджикистан являются:

- заблаговременно, в мирное время, планирование и проведение мероприятий гражданской обороны по подготовке населения и территории Таджикистана к защите при возникновении боевых действий и повышение устойчивости функционирования отраслей экономики в военное время;

- создание и поддержание в постоянной готовности к выполнению задач в военное время органов управления, сил и средств гражданской обороны, системы управления, связи и оповещения;

- формирование, подготовка и поддержание в постоянной готовности войсковых частей и мобильных подразделений войск гражданской обороны, спасательных подразделений и невоенизированных формирований гражданской обороны для выполнения задач по защите населения, экономики и территории Таджикистана в военное время;

...