Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2002 № 930
(Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12.2003с. № 525)
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2002 № 930 "Дар бораи зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), ассотсиатсияҳо, иттиҳодияҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолият аз 1 апрели соли 2003:
- сархат бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.12.2003 с. № 525 беэътибор дониста шуд;
- маошҳои вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) амалкунандаи коркунони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти давлатие, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошанд ва ҳисобот медиҳанд, дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои тобеи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳо ва сохторҳои дигар, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, идораҳои давлатии нотариалӣ, хизматчиёни ҳарби ва шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар қисмҳое, ки аз рӯи пардохти музди меҳнат ба идораҳои қудратӣ баробар карда шудаанд аз ҷумла маош барои рутбаҳои ҳарбӣ (махсус), коркунони ташкилотҳо ва муассисаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, илм ва ғайра, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, 20 фоиз зиёд намоянд; ();
- андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, хонандагони коллеҷҳо, мактабҳои миёнаи махсус ва дигар гурӯҳҳои хонандагоне, ки дар ҳисоби маблағгузории буҷетӣ мебошанд, 20 фоиз зиёд намоянд;
2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- аз 1 апрели соли 2003 мувофиқи тартиби муқарраргардида андозаи нафақаҳои амалкунандаро бе тағйир додани андозаҳои ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва ҳадди ниҳоии нафақа 20 фоиз зиёд намуда, пардохти онро таъмин намоянд.
3. Роҳбарони мақомоту идораи давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо:
- аз 1 январи соли 2003 шумораи кормандони мақомоти идораи давлатӣ ва ҳамаи муассисаю ташкилотҳоро, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, 5 фоиз ихтисор намоянд.
4. Тартиби замимагардидаи муайян намудани музди миёнаи меҳнат барои пардохти корношоямии муваққатӣ, пардохти рухсатиҳо ва дар дигар ҳолатҳое, ки ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнатро талаб мекунанд ва андозаи музди меҳнат, ки ба он коэффисиентҳои муқарраргардидаи ноҳиявӣ (барои кор дар биёбон ва ҷойҳои беоб), коэффисиент барои баландкӯҳӣ ҳисоб карда мешаванд, тасдиқ ва аз 1 апрели соли 2003 ҷорӣ карда шавад.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.
6. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 1998 № 281 "Дар бораи тартиби ҳисоб карда додани музди миёнаи меҳнати кормандон дар ҳамаи ҳолатҳо, ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъин намудани нафақа", аз 27 ноябри соли 2002 № 476 "Дар бораи дохил намудани тағйирот ба тартиби ҳисоб карда додани музди миёнаи меҳнати кормандон дар ҳамаи ҳолатҳо, ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъин намудани нафақа" беэътибор дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 декабри соли 2002 № 500
ш. Душанбе
Бо қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" декабри соли 2002 № 500
тасдиқ шудааст
Тартиби муайян намудани музди миёнаи меҳнат барои пардохти корношоямии муваққатӣ, пардохти рухсатиҳо ва дар дигар ҳолатҳое, ки ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнатро талаб мекунанд ва андозаи музди меҳнат, ки ба он коэффисиентҳои муқарраргардидаи ноҳиявӣ (барои кор дар биёбон ва ҷойҳои беоб), коэффисиент барои баландкӯҳӣ ҳисоб карда мешаванд.
Ҳамин Тартиб қоидаҳои ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати кормандонеро, ки дар муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолият машғули кор ҳастанд (дар муносиботи меҳнатӣ қарор доранд), дар ҳама ҳолатҳо, ғайр аз ҳолатҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби махсуси ҳисоби он муқаррар шудааст, муайян мекунад.
1. Барои пардохти корношоямии муваққати, пардохти рухсатиҳо ва дар дигар ҳолатҳое (пардохтҳои кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнат дар мавриди гузарондан ба кори дигар, дар ҳолати ҷуброни зарар, дар сурати бо сабабҳои асоснок ба кор ҳозир нашудан), ки ҳисоб намудани андозаи миёнаи музди меҳнатро талаб менамоянд, ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнат аз рӯзи охирин баландшавии маошҳои вазифавии амалкунанда (меъёрҳои тарифӣ) анҷом дода мешавад. Барои ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнат шумораи моҳҳои баъди зиёдшавии навбатии маошҳои вазифавии амалкунанда (меъёрҳои тарифӣ) ба ҳисоб гирифта мешавад.
2. Барои муайян намудани музди миёнаи моҳонаи меҳнат музди миёнаи меҳнати рӯзона истифода мешавад. Музди меҳнати миёнаи рӯзона (ғайр аз пардохти рухсатиҳо ва ҳисоб кардани нафақа) бо роҳи тақсим кардани маблағҳои воқеии ҳисобшудаи давраи ҳисоботӣ ба миқдори рӯзҳои корӣ, бо дарназардошти давомнокии мӯътадил ё кӯтоҳи вақти кории тибқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, муайян карда мешавад.
Дар сурати баҳисобгирии ҷамъбастии вақти корӣ, музди миёнаи меҳнат дар асоси музди соатбайъ ҳисоб карда мешавад. Азнавҳисобкунии меъёрҳои тарифии (маошҳо) соатбайъ ҳангоми ҳафтаи кории 35 соата, ба таври тақсим намудани меъёрҳои тарифии марбута ба коэффисиентҳои 1,14 (40:35) ва ҳамчунин барои дигар низомҳо (ҳафтаҳои кории 18, 16 ва 24 соата), ки мувофиқи қонунгузорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, анҷом дода мешавад.
3. Музди миёнаи меҳнати рӯзона барои пардохти маблағи рухсатӣ бо роҳи тақсими ҳамаи маблағҳои воқеии ҳисобкардашуда барои давраи аз лаҳзаи баландшавии охирини маошҳои вазифавии амалкунанда (меъёрҳои тарифӣ) ба миқдори пурраи моҳҳои то пешниҳоди рухсатӣ ва ба коэффисиенти 29,4 -миқдори миёнаи рӯзҳои тақвимӣ ҳангоми пардохти рухсатипулии бо рузҳои тақвимӣ муқарраршуда, муайян карда мешавад. ()
4. Ҳангоми ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнат дар ҳолати додани рухсатӣ то давраи зиёдшавии маошҳои вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) амалкунанда, маошҳои вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ), инчунин мукофотҳо ва дигар пардохтҳо ба андозаи афзоиш тасҳеҳ карда намешаванд.
Агар рухсатӣ барои давраи аз лаҳзаи баланд бардоштани маошҳои вазифавии амалкунанда ва минбаъд дода шавад, ҳангоми ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнат ҳамаи пардохтҳои баъди баландшавӣ суратгирифта, инчунин мукофотҳо ва дигар пардохтҳо (ба ғайр аз маошҳои вазифавӣ) то баландшавӣ анҷомдодашуда ва ба давраи ҳисобӣ воридшаванда, ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ҳамин мукофотҳо ва пардохтҳои давраи то зиёдшавӣ ва шомили давраи ҳисобӣ ба андозаи зиёдкунӣ тасҳеҳ карда мешавад.
5. Мукофотҳо ва дигар пардохтҳои ҳавасмандкунӣ, ки мувофиқи системаи музди меҳнат пешбинӣ шудаанд, ҳангоми ҳисоби музди миёнаи меҳнат аз рӯи ҳисоби воқеӣ ва мукофотҳою подошҳои солона бошанд ба андозаи 1/12 барои ҳар як моҳи давраи ҳисобӣ дохил карда мешаванд.
6. Дар сурате, ки агар давраи ҳисобӣ пурра адо нашуда бошад, рухсатӣ аз рӯи музди миёнаи меҳнати рӯзона, ки бо тарзи тақсим намудани музди меҳнати барои вақти ба таври воқеӣ коркардашуда муайяншаванда - ба миқдори рӯзҳои тақвимӣ пардохт карда мешаванд.
7. Ҳангоми ҳисоб кардани давомнокии рухсатии ҳарсола бо рӯзҳои тақвимӣ, рӯзҳои ҷашнии ғайрикорӣ, ки ба давраи рухсатӣ рост меоянд онҳо ба миқдори рӯзҳои тақвимии рухсатӣ дохил намешаванд, лекин пардохт карда намешаванд.
8. Ҳангоми бо корманд қатъ намуданимуносибатҳои меҳнатӣ:
-ҳисоб кардани ҷубронпулӣ барои рухсатии истифоданашуда, ҳисоби кӯмакпулии аз корравӣ ва дигар пардохтҳои минбаъда, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, аз рӯи музди меҳнати миёнаи рӯзона бо дарназардошти маошҳои вазифавие (меъёрҳои тарифӣ), ки то лаҳзаи қатъи муносибатҳои меҳнатӣ амал карданд, анҷом дода мешавад;
-дар сурати аз тарафи корманд бо пешпардохт истифода шудани рухсатӣ, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои барои рӯзҳои рухсати аз музди миёнаи меҳнати рӯзона пардохтшудаи ба корманд дар лаҳзаи пешниҳоди рухсатӣ ҳисобишуда, ситонида мешаванд ;
9. Дар ҳолати дар давраи ҳисобӣ набудани, аз ҷумла ҳангоми пардохти маҷбуран ба кор набаромадан, музди меҳнати миёнаи рӯзона аз рӯи маблағҳои ба таври воқеӣ дар давраи се моҳи тақвимии охири адои кор бо тасҳеҳи маошҳои вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ), инчунин мукофотҳо ва дигар пардохтҳо ба андозаи зиёдкунии маошҳои вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ) муайян карда мешавад.
10. Маоши миёна дар рӯзи пардохти он ба коргар, ки дар давраи ҳисобӣ меъёри муайяни вақти кориро пурра иҷро кардааст, наметавонад аз сатҳи музди меҳнати ҳадди ақали муқарраршуда паст бошад.
11. Ҳангоми ҳисоби музди миёнаи меҳнат пардохтҳои зерин, ки андозбандӣ мешаванд, ба ҳисоб гирифта мешавад:
- музди меҳнати асосӣ, ки бо шартнома (қарордоди) дастасҷамъӣ, инфиродӣ, меъёрҳои тарифӣ, коэффитсиенти тарифӣ, маоши вазифавӣ ё тарифҳои корбайъ муайян гардидааст;
- изофапулӣ ва иловапулиҳо барои: тахассус, гурӯҳ рутбаҳои тахассусӣ, унвони илмӣ, донистани забони хориҷӣ, собиқаи кор, иҷрои корҳои фавқулодда муҳим, шахсӣ ва ғайра;
- барои баланд бардоштани самараи меҳнат, барои иҷрои вазифаҳои коргари ғайриҳозир, барои хизматрасонии якчанд дастгоҳ, барои иҷро намудани ду вазифа;
- барои кор ҳангоми риоя накардани низоми муътадили вақти кор (пардохти иловагӣ барои кори зиёда аз вақти муқаррарӣ ва кори шабона, барои кор дар рӯзҳои ҷашн ва истироҳат);
- барои кор ҳангоми риоя накардани шароити мӯътадили меҳнат (барои шароити зарарнок ва вазнин, алалхусус дар шароити бениҳоят зарарнок ва бениҳоят вазнини меҳнат);
- пардохти иловагӣ аз рӯи коэффитсиенти ноҳиявӣ, коэффисиент барои кор дар ноҳияҳои саҳроиву беоб ва баландкӯҳи Тоҷикистон;
- тамоми навъҳои мукофот, ки тибқи низомномаи музди меҳнат ва низомнома дар бораи мукофотонӣ пешбинигардида, ки дар ҳамин корхона, муассиса, ташкилот тасдиқшуда ё мувофиқи шартномаи дастаҷамъӣ (созишнома) тасдиқ гардидаанд;
- падохтҳои кафолатнок ҳангоми ба кори дигар гузаронидан, рухсатиҳо, сафарҳои хизматӣ, иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ;
- пардохти музди меҳнат ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти ноқис ва бекор истодан - бидуни гуноҳи коргар, вақти бекористии маҷбурӣ, инчунин кӯмакпулии тавассути суғуртаи иҷтимоӣ барои корношоямии муваққатӣ пардохташуда.
12. Ҳангоми ҳисоби музди миёнаи меҳнат инҳо ба инобат гирифта намешаванд:
- пардохтҳое, ки аз манбаъҳои фонди музди меҳнат набошанд масалан, барои мусоидат дар ҷорӣ намудани ихтироот ва пешниҳодҳои навоварӣ, стипендияҳое, ки корхона барои донишҷӯён ва аспирантҳои ба таҳсил ҷудо аз истеҳсолот фиристодашуда, кӯмакпулиҳои иловагӣ барои хӯроки нисфирӯзӣ, арзиши роҳхатҳо барои табобат дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо аз ҳисоби фонди рушди иҷтимоӣ (фонди истеъмолот);
- ҳамаи намудҳои подошҳои иловагии яквақтаина (иҷрои супоришҳои алоҳидае, ки ба доираи вазифаҳои муқаррарии коргар дохил намешаванд; мукофотпулиҳо; подошҳои яквақтаинаи ҳавасмандсозӣ; ба муносибати ҷашнҳои шахсӣ, кӯмакпулии азкорравӣ, кӯмакпулии моддӣ, мукофотҳои пулӣ бирои ишғоли мақоми аввал дар озмунҳо ва ғайра):
- ҷубронпулиҳо: дар мавриди сафарҳои хизматӣ ва гузаштан ба кори дигар, инчунин ба ҷои хароҷоти шабонарӯзӣ, кирояи манзил ва масрафи роҳ (маблағҳои масрафӣ барои интиқол, пардохти кирояи меҳмонхона, роҳкиро, пардохт барои кашондани амвол ва кирояи бино ҳангоми ба кори дигар гузарондан ё гузаштан ба кори дар маҳалли дигар воқеъбуда);
- арзиши манзилҳои ба таври бепул додашуда, хизматрасонии коммуналӣ ва сӯзишворӣ;
- барои рухсатии истифоданашуда, барои фарсудашавии асбоб, барои либоси махсус ва ғайра;
- кӯмакпулиҳои суғуртаи иҷтимоӣ ба ғайр аз кӯмакпулии корношоямии муваққатӣ;
- музди меҳнати дар рӯзҳои кории беподоши меҳнат, ки ба буҷети дахлдор ё фондҳои хайрия гузаронида мешавад.
13. Беэътибор дониста шуд. ()
ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О мерах по реализации указа Президента Республики Таджикистан от 25 октября 2002 года № 930
Во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 25 октября 2002г. № 930 "Об увеличении минимальной заработной платы, действующих должностных окладов работников бюджетных учреждений и организаций, пенсий и стипендий", Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Министерствам, государственным комитетам, ведомствам Республики Таджикистан, органам исполнительной власти на местах (хукуматам), ассоциациям, объединениям, предприятиям, организациям и учреждениям независимо от форм собственности и видов деятельности с 1 апреля 2003 года:
- абзац утратил силу
- увеличить на 20 процентов действующие должностные оклады (тарифные ставки) работников Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, органов государственного управления и органов исполнительной власти на местах (хукуматов), государственных органов подчиненных и подотчетных Президенту Республики Таджикистан, аппаратов Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, комитетов Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Конституционного Суда Республики Таджикистан, Верховного Суда Республики Таджикистан, Высшего экономического Суда Республики Таджикистан, областных, городских и районных судов, Совета юстиции Республики Таджикистан, органов Прокуратуры Республики Таджикистан, организаций подведомственных министерствам, государственным комитетам, комитетам и другим структурам, учрежденным Правительством Республики Таджикистан, государственных нотариальных контор, военнослужащих и лиц рядового и начальствующего состава органов внутренних дел и других формирований, приравненных по оплате труда к силовым ведомствам, включая оклады по воинским (специальным) званиям работников организаций и учреждений здравоохранения, образования, культуры, науки и других, финансируемых из государственного бюджета
- увеличить на 20 процентов действующие размеры стипендий студентам высших учебных заведений, учащимся колледжей, средних специальных учебных заведений и другим категориям учащихся, находящимся на бюджетном финансировании.
2. Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Фонду социальной защиты населения Республики Таджикистан:
- увеличить с 1 апреля 2003 года на 20 процентов в установленном порядке действующие размеры пенсий, без изменения размеров минимальной пенсии по возрасту и максимальной пенсии, и обеспечить их выплаты.
3. Руководителям органов государственного управления, государственных организаций и учреждений, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов:
- с 1 января 2003 сократить на 5 процентов численность работников органов государственного управления и всех государственных учреждений и организаций, финансируемых из Государственного бюджета.
4. Утвердить прилагаемый Порядок определения средней заработной платы для оплаты временной нетрудоспособности, оплаты отпускных и в
других случаях, когда--требуется расчет средней заработной платы и размера заработной платы, на который начисляются установленные районные коэффициенты (за работу в пустынных и безводных местностях), коэффициент за высокогорье, и ввести его в действие с 1 апреля 2003 года.
5. Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан и Фонду социальной защиты населения Республики Таджикистан обеспечить выполнение данного постановления.
6. Признать утратившим силу постановления Правительства Республики Таджикистан от 30 июля 1998 года № 281 "О Порядке исчисления среднего заработка, причитающегося работнику во всех случаях, за исключением среднего заработка при назначении пенсий", от 27 ноября 1999 года № 476 "О внесении изменений в Порядок исчисления среднего заработка, причитающегося работнику во всех случаях, за исключением среднего заработка при назначении пенсий".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 31 декабря 2002 года № 500
г.Душанбе
Утвержден
постановлением Правительства Республики Таджикистан
от "31" декабря 2002 года № 500
ПОРЯДОК ОПРЕДЕЛЕНИЯ СРЕДНЕЙ ЗАРАБОТНОЙ ПЛАТЫ ДЛЯ ОПЛАТЫ ВРЕМЕННОЙ НЕТРУДОСПОСОБНОСТИ, ОПЛАТЫ ОТПУСКНЫХ И В ДРУГИХ СЛУЧАЯХ, КОГДА ТРЕБУЕТСЯ РАСЧЕТ СРЕДНЕЙ ЗАРАБОТНОЙ ПЛАТЫ, И РАЗМЕРА ЗАРАБОТНОЙ ПЛАТЫ, НА КОТОРЫЙ НАЧИСЛЯЮТСЯ УСТАНОВЛЕННЫЕ РАЙОННЫЕ КОЭФФИЦИЕНТЫ (ЗА РАБОТУ В ПУС ТЫННЫХ И БЕЗВОДНЫХ МЕСТНОСТЯХ), КОЭФФИЦИЕНТ ЗА ВЫСОКОГОРЬЕ
Настоящий Порядок определяет правила исчисления среднего заработка работников, занятых (состоящих в трудовых отношениях) в учреждениях, организациях и на предприятиях, независимо от форм собственности и видов деятельности, во всех случаях, кроме тех, когда законодательством Республики Таджикистан установлен специальный порядок его подсчета.
1. Исчисление средней заработной платы для оплаты временной нетрудоспособности, оплаты отпускных и в других случаях (производстве гарантийных выплат при выполнении государственных или общественных обязанностей, при выплате заработка за время перевода на другую работу, в случае возмещения вреда, при вынужденном прогуле), которые требуют расчета средней заработной платы, производится со дня последнего повышения действующих должностных окладов (тарифных ставок). Для исчисления среднего заработка в расчет берется количество месяцев, последующих после очередного повышения действующих должностных окладов (тарифных ставок).
2. Для определения среднемесячной заработной платы используется средний дневной заработок. Среднедневной заработок (кроме оплаты отпуска и начисления пенсии) определяется путем деления фактически, начисленных сумм в расчетном периоде на количество рабочих дней, исходя из нормальной или сокращенной продолжительности рабочего времени, установленной законами Республики Таджикистан.
При суммированном учете рабочего времени исчисление среднего заработка производится исходя из часового заработка. Пересчет часовых тарифных ставок (окладов), при 35-ти часовой рабочей неделе производится путем деления соответствующих тарифных ставок на коэффициент 1,14 (40 : 35) и аналогично для других режимов (18-ти, 16-ти и 24 часовой рабочей неделе), установленных законодательством Республики Таджикистан.
3. Средний дневной заработок для оплаты отпускных определяется путем деления всех фактически начисленных сумм за период с момента последнего повышения действующих должностных окладов (тарифных ставок) на полное число месяцев, предшествующих времени предоставления отпуска, и на коэффициент 29,4 - среднемесячное число календарных дней при оплате отпуска, установленного в календарных днях
4. При исчислении среднего заработка в случае предоставления отпуска в период до повышения действующих должностных окладов (тарифных ставок), должностные оклады (тарифные ставки), а также премии и другие выплаты не корректируются на размер повышения.
Если отпуск предоставляется в период с момента повышения действующих должностных окладов и далее, то при исчислении среднего заработка берутся все выплаты, осуществленные после повышения, а также премии и другие выплаты (кроме должностных окладов), осуществленные до повышения, входящие в расчетный период. Указанные премии и выплаты за период, предшествующий повышению и входящие в расчетный период, корректируются на размер повышения.
5. Премии и другие выплаты стимулирующего характера, предусмотренные системой оплаты труда, включаются при подсчете среднего заработка по времени их фактического начисления, а годовые премии и вознаграждения - в размере 1/12 за каждый месяц расчетного периода.
6. В случае, если расчетный период отработан не полностью, отпуск оплачивается исходя из среднего дневного заработка, определяемого путем деления заработка за фактически отработанное время - на число календарных дней.
7. При исчислении продолжительности ежегодного отпуска в календарных днях, праздничные нерабочие дни, приходящиеся на период отпуска, в число календарных дней отпуска не включаются, и не оплачиваются
8. При расторжении с работником трудовых отношений:
- исчисление компенсации за неиспользованный отпуск, выходного пособия и последующих выплат, установленных законодательством Республики Таджикистан, производится исходя из среднего дневного заработка с учетом должностных окладов (тарифных ставок), действовавших на момент расторжения с работником трудовых отношений;
- в случаях, когда работник использовал отпуск авансом, взысканию в установленном законодательством Республики Таджикистан порядке подлежат суммы за дни отпуска, оплачиваемого из среднего дневного заработка, исчисленного работнику на момент предоставления отпуска.
9. В случае отсутствия в расчетном периоде заработка, в том числе при оплате за время вынужденного прогула, среднедневной заработок определяется исходя из фактически начисленных сумм за период последних трех отработанных календарных месяцев, с последующей корректировкой должностных окладов (тарифных ставок), а также премий и других выплат на размер повышения должностных окладов (тарифных ставок).
10. Средний заработок на день его выплаты, причитающийся работнику, отработавшему полностью определенную в расчетном периоде норму рабочего времени, не может быть ниже установленного минимального размера оплаты труда.
11. При исчислении среднего заработка учитываются выплаты, из которых производится удержание подоходного налога, то есть:
- основная оплата труда, определенная коллективным, индивидуальным договором (контрактом) по тарифным ставкам, тарифным коэффициентам, должностным окладам или сдельным расценкам;
- доплаты и надбавки: за квалификацию, за классность, за классные чины, за ученую степень, за знание иностранного языка, за . выслугу лет, за выполнение особо важных работ, персональные и другие;
- за повышенную интенсивность труда, за выполнение обязанностей отсутствующего работника, за многостаночное обслуживание, за совмещение профессий;
- за работу при отступлении от нормального режима рабочего времени (доплаты за сверхурочную и ночную работу, за работу в праздничные и выходные дни);
- за работу при отступлении от нормальных условий труда (за вредные и тяжелые, за особо вредные и особо тяжелые условия труда);
- доплаты по районным коэффициентам, коэффициентам за работу в пустынных, безводных местностях и высокогорных районах Таджикистана;
- все виды премий, предусмотренные положением об условиях оплаты труда и положением о премировании, утвержденных на данном предприятии, в организации, учреждении коллективным договором (соглашением);
- гарантированные выплаты при переводе на другую работу, отпусках, командировках, выполнении государственных или общественных обязанностей;
- оплата брака и простоя - не по вине работника, времени вынужденного простоя, а также пособия по временной нетрудоспособности, выплаченные в порядке социального страхования.
12. Не учитываются при исчислении среднего заработка:
- выплаты из источников вне фонда заработной платы, например, за содействие внедрению изобретения и рационализаторских предложений, стипендий, выплачиваемых предприятием учащимся-студентам, аспирантам, направленным на обучение с отрывом от производства; дотации на обеды; стоимость путевок на санаторно-курортное лечение и в дома-отдыха за счет фонда социального развития (фонда потребления);
- все виды дополнительного вознаграждения единовременного характера (выполнение отдельных поручений, не входящих в круг обычных обязанностей работника; наградные; поощрительные вознаграждения единовременного характера, как то: в связи с персональными. юбилейными датами, выходные пособия при увольнении, денежные пособия, выдаваемые в качестве материальной помощи, денежные награды, присуждаемые за призовые места на конкурсах и т.п.);
- компенсационные выплаты: при командировках и переводах, а также выплачиваемые вместо суточных, квартирных и проездных расходы (подъемные, оплата гостиниц, проездные, расходы по провозу имущества и найму помещения при перевозе или переезде на работу в другую местность);
- стоимость предоставления бесплатных квартир, коммунальных услуг и топлива;
- за не использованный отпуск, за изнашивание инструмента, за спецодежду и т.д.;
- пособия, выплачиваемые по социальному страхованию, кроме пособий по временной нетрудоспособности;
- заработная плата за дни работы без вознаграждения за труд, перечисляемая в соответствующий бюджет или благотворительные фонды.
13.