Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002, № 500 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2002 № 930"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2002 № 930

(Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12.2003с. № 525)

(Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12.2003с. № 525)

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2002 № 930 "Дар бораи зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), ассотсиатсияҳо, иттиҳодияҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолият аз 1 апрели соли 2003:

- сархат бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.12.2003 с. № 525 беэътибор дониста шуд;

- маошҳои вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) амалкунандаи коркунони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти давлатие, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошанд ва ҳисобот медиҳанд, дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои тобеи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳо ва сохторҳои дигар, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, идораҳои давлатии нотариалӣ, хизматчиёни ҳарби ва шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар қисмҳое, ки аз рӯи пардохти музди меҳнат ба идораҳои қудратӣ баробар карда шудаанд аз ҷумла маош барои рутбаҳои ҳарбӣ (махсус), коркунони ташкилотҳо ва муассисаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, илм ва ғайра, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, 20 фоиз зиёд намоянд; (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2003 № 128);

- андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, хонандагони коллеҷҳо, мактабҳои миёнаи махсус ва дигар гурӯҳҳои хонандагоне, ки дар ҳисоби маблағгузории буҷетӣ мебошанд, 20 фоиз зиёд намоянд;

2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- аз 1 апрели соли 2003 мувофиқи тартиби муқарраргардида андозаи нафақаҳои амалкунандаро бе тағйир додани андозаҳои ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва ҳадди ниҳоии нафақа 20 фоиз зиёд намуда, пардохти онро таъмин намоянд.

3. Роҳбарони мақомоту идораи давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо:

- аз 1 январи соли 2003 шумораи кормандони мақомоти идораи давлатӣ ва ҳамаи муассисаю ташкилотҳоро, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, 5 фоиз ихтисор намоянд.

4. Тартиби замимагардидаи муайян намудани музди миёнаи меҳнат барои пардохти корношоямии муваққатӣ, пардохти рухсатиҳо ва дар дигар ҳолатҳое, ки ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнатро талаб мекунанд ва андозаи музди меҳнат, ки ба он коэффисиентҳои муқарраргардидаи ноҳиявӣ (барои кор дар биёбон ва ҷойҳои беоб), коэффисиент барои баландкӯҳӣ ҳисоб карда мешаванд, тасдиқ ва аз 1 апрели соли 2003 ҷорӣ карда шавад.

...

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О мерах по реализации указа Президента Республики Таджикистан от 25 октября 2002 года № 930

Во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 25 октября 2002г. № 930 "Об увеличении минимальной заработной платы, действующих должностных окладов работников бюджетных учреждений и организаций, пенсий и стипендий", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Министерствам, государственным комитетам, ведомствам Республики Таджикистан, органам исполнительной власти на местах (хукуматам), ассоциациям, объединениям, предприятиям, организациям и учреждениям независимо от форм собственности и видов деятельности с 1 апреля 2003 года:

- абзац утратил силу (в редакции Постановления Правительства РТ от 2.12.2003г.№ 525)

- увеличить на 20 процентов действующие должностные оклады (тарифные ставки) работников Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, органов государственного управления и органов исполнительной власти на местах (хукуматов), государственных органов подчиненных и подотчетных Президенту Республики Таджикистан, аппаратов Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, комитетов Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Конституционного Суда Республики Таджикистан, Верховного Суда Республики Таджикистан, Высшего экономического Суда Республики Таджикистан, областных, городских и районных судов, Совета юстиции Республики Таджикистан, органов Прокуратуры Республики Таджикистан, организаций подведомственных министерствам, государственным комитетам, комитетам и другим структурам, учрежденным Правительством Республики Таджикистан, государственных нотариальных контор, военнослужащих и лиц рядового и начальствующего состава органов внутренних дел и других формирований, приравненных по оплате труда к силовым ведомствам, включая оклады по воинским (специальным) званиям работников организаций и учреждений здравоохранения, образования, культуры, науки и других, финансируемых из государственного бюджета (в редакции Постановления Правительства РТ № 128 от 31.03.2003г.)

- увеличить на 20 процентов действующие размеры стипендий студентам высших учебных заведений, учащимся колледжей, средних специальных учебных заведений и другим категориям учащихся, находящимся на бюджетном финансировании.

2. Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Фонду социальной защиты населения Республики Таджикистан:

- увеличить с 1 апреля 2003 года на 20 процентов в установленном порядке действующие размеры пенсий, без изменения размеров минимальной пенсии по возрасту и максимальной пенсии, и обеспечить их выплаты.

3. Руководителям органов государственного управления, государственных организаций и учреждений, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов:

- с 1 января 2003 сократить на 5 процентов численность работников органов государственного управления и всех государственных учреждений и организаций, финансируемых из Государственного бюджета.

4. Утвердить прилагаемый Порядок определения средней заработной платы для оплаты временной нетрудоспособности, оплаты отпускных и в

других случаях, когда--требуется расчет средней заработной платы и размера заработной платы, на который начисляются установленные районные коэффициенты (за работу в пустынных и безводных местностях), коэффициент за высокогорье, и ввести его в действие с 1 апреля 2003 года.

5. Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан и Фонду социальной защиты населения Республики Таджикистан обеспечить выполнение данного постановления.

...