Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КАРОР
Масъалаҳои Кумитаи оид ба захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996 № 522 "Дар бораи аз нав ташкилдиҳии корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ, № 1021 "Дар бораи татбиқи ҳуқуқи истифодабарии замин" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 1998 № 244 "Дар хусуси чораҳои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи татбиқи ҳуқуқи истифодабарии заминҳо" Ҳукумати Ҷумҳурии қарор мекунад:
1.Низомномаи Кумитаи оид ба захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи кумитаҳои маҳаллии замин тасдиқ карда шавад.
2.Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва нақшаи идоракунии захираҳои замини мамлакат тибқи замима тасдиқ карда шаванд.
Шумораи дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба азхираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 70 воҳид (бидуни ҳайати кормандони оид ба муҳофизат ва хизматрасони бино) муқаррар карда шавад.
3. Ба Кумитаи оид ба захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 ҷонишини раис, аз он ҷумла якто ҷонишини якум ва дар ҳайати 7 нафар коллегия дошта бошад ва лимити ҳайати кормандони хизматрасони нақлиётро ба андозаи 4 воҳид ҷудо кунад.
4.Шумораи кормандони дастгоҳҳои кумитаҳои вилоятии оид ба захираҳои замин ва заминсозӣ ба миқдори 31, кумитаҳои оид ба захираҳои замин ва заминсозии шуҳру ноҳияҳо ба миқдори 244 воҳид тасдиқ карда шавад.
5.Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
якҷоя бо Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати даҳ рӯз фонди музди меҳнат ва хароҷоти нигоҳдори дастгоҳи марказӣ, дастгоҳҳои кумитаҳои оид ба захираҳои замин ва заминсозии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро муайян намояд;
кумитаҳои оид ба захираҳои замин ва заминсозии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба воситаи Кумитаи оид ба захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷети ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешаванд;
шумораи иловагии кормандон аз хисоби маблағҳои буҷа, ки бо моддаи "Маблағгузории хоҷагии халқ" барои Кумитаи оид ба захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1999 пешбинӣ шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд.
6. Музди меҳнати кормандони Кумитаи оид ба захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шартҳои пардохти музди меҳнат дар вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 1996 № 422 "Масъалаҳои Кумитаи оид ба захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии баробар карда мешавад.
7.Карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 1996 № 422 "Масъалаҳои Кумитаи оид ба захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 феврали соли 1999 № 31
ш. Душанбе
ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
"ВОПРОСЫ КОМИТЕТА ПО ЗЕМЕЛЬНЫМ РЕСУРСАМ И ЗЕМЛЕУСТРОЙСТВУ ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"
В соответствии с Указами Президента Республики Таджикистан от 25 июня 1996 года № 522 "О реорганизации сельскохозяйственных предприятий и организаций", № 102 "О реализации права пользования землей" и Постановлением Правительства Республики Таджикистан от 27 июля 1998 года № 244 "О мерах по выполнению Указа Президента Республики Таджикистан "О реализации права пользования землей"" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Положение о Комитете по земельным ресурсам и землеустройству при Правительстве Республики Таджикистан и Положение о местных земельных комитетах.
2. Утвердить структуру центрального аппарата Комитета по земельным ресурсам и землеустройству при Правительстве Республики Таджикистан и схему управления земельными ресурсами страны, согласно приложению.
Установить численность центрального аппарата Комитета по земельным ресурсам и землеустройству при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 70 единиц (без персонала по охране и обслуживанию зданий).
3. Разрешить Комитету по земельным ресурсам и землеустройству при Правительстве Республики Таджикистан иметь трех заместителей председателя, в том числе одного первого, коллегию в составе 7 человек и выделить лимит персонала по обслуживанию легкового автотранспорта - 4 единицы.
4. Утвердить численность аппарата областных комитетов по земельным ресурсам и землеустройству в количестве 31, городских и районных комитетов по земельным ресурсам и землеустройству - 244 единицы.
5. Министерству финансов Республики Таджикистан:
- совместно с Комитетом по земельным ресурсам и землеустройству при Правительстве Республики Таджикистан в десятидневный срок определить фонд оплаты труда и расходы на содержание центрального аппарата, аппарата областных, городских и районных комитетов по земельным ресурсам и землеустройству;
- разрешить содержание областных, городских и районных комитетов по земельным ресурсам и землеустройству производить через Комитет по земельным ресурсам и землеустройству при Правительстве Республики Таджикистан из республиканского бюджета.
Содержание дополнительной численности произвести за счет средств бюджета, предусмотренных по статье "Финансирование народного хозяйства" Комитету по земельным ресурсам и землеустройству при Правительстве Республики Таджикистан на 1999 год.
6. Оплата труда работников Комитета по земельным ресурсам и землеустройству при Правительстве Республики Таджикистан приравнивается к условиям оплаты труда в министерствах и государственных комитетах Республики Таджикистан.
7. Признать утратившим силу Постановление Правительства Республики Таджикистан от 13 сентября 1996 года №422 "Вопросы Комитета по земельным ресурсам и землеустройству при Правительстве Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 4 февраля 1999 года № 31
г. Душанбе