Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.09.2012 № 480)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2011 № 1014 "Дар бораи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2) Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3) Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 215 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 85 воҳид муқаррар карда шавад. Воҳидҳои кории Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 11 воҳид ва воҳидҳои амалкунандаи сохторҳо оид ба муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 83 воҳид ба Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад ().
4) Ба Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовини Сардор, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 1 нафар дошта бошад.
5) Ба Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомошинаҳои сабукрави хизматӣ 4 адад муқаррар карда шавад.
6) Маблағгузории Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
7) Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъалаи барои кормандони ҳифзи ҳуқуқе, ки ба Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда мешаванд, нигоҳ доштани унвон, рутбаҳои махсус ва дар захираи кадрии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигоҳ доштани онҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалу фасл намояд.
8) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ масъалаи ҷойгиркунии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал намуда, бо тартиби муқарраргардида ба тавозуни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани воситаҳои асосии сохторҳоеро, ки дар банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2011 №1014 нишон дода шудаанд, амалӣ намояд.
9) Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиқистон аз 29 марти соли 2007 № 124 "Дар бораи Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Руссия" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар ном ва бандҳои 1, 2, 3 ва 4 қарор калимаҳои "Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират" ба калимаҳои "Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар матни Низомномаи "Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия" калимаҳои "Вазорати корҳои дохилии" ва "Вазири корҳои дохилии" мутаносибан ба калимаҳои "Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати" ва "Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Хукумати" иваз карда шаванд;
- сархати шонздаҳуми банди "ж" хориҷ карда шавад;
- аз замимаи 2 Сохтори Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия, воқеъ дар шаҳри Москва сутуни рутбаҳо хориҷ карда шавад.
10) Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод карда, санадҳои худро ба қарори мазкур мутобиқ намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 апрели соли 2011 № 229
ш. Душанбе