Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2012, № 480 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012, № 229"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012, № 229

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, №229 "Дар бораи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақамҳои "230" ва "100" мутаносибан ба рақамҳои "215" ва "85" иваз карда шаванд.

2. Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷуҳмҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, № 229 тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 5 сентябри соли 2012, № 480

ш. Душанбе

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 сентябри соли 2012, № 480

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатӣ

Раёсати ташкилию таҳлилӣ

Раёсати назорати муҳоҷират

Раёсати назорати муҳоҷират дар нақлиёт ва баҳисобгирии муҳоҷирон

Раёсати иҷозатномадиҳӣ

Раёсати маълумотдиҳӣ

Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ

Шӯъбаи кадрҳо

Шӯъбаи умумӣ

Шӯъбаи робита бо ҷомеа

Бахши бақайдгирӣ ва кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ

Бахши ҳуқуқ

Бахши молия