Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 апрели соли 2011 № 165
тасдиқ шудааст
Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2022 № 518)
1. Муқаддима
1) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 143,1 ҳазор километри мураббаъ масоҳат, дар қисмати кӯҳсори Осиёи Марказӣ дар маркази чорроҳаи пайвасткунандаи шабакоти рушдёфтаи нақлиётии Шимол (шабакоти нақлиётии Руссия ва Қазоқистон) ва бандарҳои калони тиҷоратии байналмилалии Ҷануб (бандар-шаҳрҳои соҳили уқёнуси Ҳинд) ва дар масири шоҳроҳи кӯтоҳтарини тиҷоратии байни кишварҳои Шарқ (аз ҷумла, Ҷумҳурии халқии Хитой бо иқтисодиёти дорои суръати баланди рушд) ва Ғарб (Аврупо ва дигар давлатҳои тараққиёфтаи ҳавзаи баҳри Миёназамин) воқеъ аст.
Инфрасохтори нақлиётии кишвар, асосан солҳои 60-80 асри гузашта ҳамчун як қисми таркибии шабакоти нақлиётии Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд ёфта, дорои хусусияти якҷонибагии бунбастии марзӣ дошт ва дар баробари ин солҳои 90 асри гузашта бо сабабҳои объективӣ таназзул кард.
Аз лиҳози он, ки дар марҳилаи нави таърихии рушди иқтисодиёти кишвар инфрасохтори вуҷуддоштаи нақлиётӣ ба таъмини вазифаҳои стратегии рушди иқтисодиёт дар мавриди интиқоли дохилию берунӣ мутобиқат надошт, зарурати муайансозии тамоюли рушди инфрасохтор дар ҳамбастагӣ бо дигар вазифаҳои стратегии тараққиёти мамлакат пеш омад.
Маҷмааи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоиро муттаҳид сохта, хоҷагии роҳҳои автомобилгардро дар бар мегирад. Вобаста ба шароити хоси табиӣ-иқлимии ҷумҳурӣ, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ишғол мекунанд, нақлиёти автомобилӣ нисбат ба дигар воситаҳои нақлиёт дорои бартарияти муҳими стратегӣ, хусусан дар самти таъмини интиқоли мунтазами дохилӣ ва фарогирии ҳамаи минтақаҳои мамлакат мебошад. Аз ин лиҳоз, ба рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард ва иншооти он, ки робитаи доимии байни марказ ва минтақаҳои ҷумҳуриро таъмин мекунанд, аҳамияти махсус дода мешавад.
Бо рушди нақлиёти автомобилӣ, тавсеаи шабакоти роҳи оҳан чун калонтарин интиқолдиҳанда дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ низ ҳамчун омили муҳими сохтори нақлиётии кишвар муайян гардидааст. Дар ин самт ба сохтмони хатҳои нави роҳҳои оҳан, ки марказро бо минтақаҳои муҳими стратегии ҷумҳурӣ ва шабакоти роҳҳои оҳани мамлакатҳои ҳамсоя мепайванданд, аҳамияти махсус дода шуда, дар марҳилаҳои минбаъда ба шоҳроҳи асосии гузариши транзитии интиқоли байналмилалӣ табдилдиҳии он, чун пояи асосии равобити байналмилалии нақлиётӣ маънидод гардидааст.
Барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва рақобатпазирии муассисаҳои нақлиёти соҳаи ҳавопаймоии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ, гузаронидани ислоҳоти сохторӣ ва таҷдиду таҳкимбахшии заминаӣ техникӣ, иншооти фурудгоҳӣ ва терминалҳои замонавии ин соҳа, инчунин таъмини хизматрасонии мустақили аэронавигатсионии мамлакат чун равандҳои муҳим муайян карда шудаанд.
Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 (минбаъд- Барнома) дар асоси таҳлилҳо, хулосаҳои амиқи ояндабинӣ ва барномаи инкишофи ҳамаи таркибҳои маҷмааи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти пешбаранда будани маҷмааи нақлиётӣ нисбат ба дигар бахшҳои воқеии иқтисодиёти кишвар омода шудааст.
2. Максад, вазифа ва принсипҳои Барнома
1) Мақсад ва вазифаи Барнома:
-таҳияи маҷмӯи тадбирҳо оид ба рушди бомароми комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таъмин намудани талаботи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати хизматрасонии нақлиётӣ ҷиҳати иқтисодӣ муфид ва дар сатҳи зарурии бехатарӣ дар ояндаи кӯтоҳмӯҳлат ва ҳам дарозмӯҳлат қодир аст; -бунёди шабакаи инфрасохтории нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қонеъгардонии талаботи эҳтиёҷоти иқтисодӣ ва маишӣ бо риояи меъёрҳои муқарраршудаи бехатарӣ мусоидат мекунад.
2) Пайваста инкишоф ёфтани соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тараққии ҳамаи бахшҳои иқтисодии ба он алоқаманд мусоидат карда, таъсиси ҷойҳои зиёди нави корӣ ва беҳтаршавии муҳити иҷтимоиро дар ҷомеъа таъмин менамояд. Дар ин робита ба инкишофи ҳамаи бахшҳои маҷмааи нақлиёти ҷумҳурӣ аҳамияти махсус додан зарур аст, ки он дар натиҷаи танзими давлатии соҳа ба даст оварда мешавад. Маълум аст, ки чунин раванд дар доираи барномаи ягонаи рушди макроиқтисодӣ ва дохилисоҳавӣ бояд ба роҳ монда шавад.
Мароми асосии Барнома аз таъмини эътимоднокии устувор, босамар, таъсирбахш ва кори ҳамбастагии нақлиёту инфраструктураҳо, ки ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа мусоидат мекунанд, иборат аст. Он бо роҳи баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва кам кардани хароҷоти нақлиётӣ, беҳтар намудани сифати фазои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарду оҳан ва ҳавоӣ ба даст меояд.
Бояд қайд кард, ки амалисозии Барномаи мазкур инчунин ҷиҳати ба даст овардани нишондиҳандаҳои асосии Стратегияҳои милли рушд ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.
Нишондиҳандаи муҳиме, ки мавқеи хоси ҳар соҳаро барои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар муайян мекунад, саҳми соҳа дар ташаккули Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (минбаъд- ММД) аст.
Афзоиши маблағгузориҳои амалӣ дар рушди маҷмааи нақлиёт шарти зарурии таъмини вазифаҳои стратегии суръатбахшӣ ба афзоши ММД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Вазни қиёсии хароҷотҳои нақлиётӣ дар арзиши маҳсулот вобаста ба соҳаҳои иқтисодиёт, аз 5 - 35 фоиз тағйир меёбад.
Парки аз ҷиҳати техникӣ ва маънавӣ кӯҳнашуда, дараҷаи хароҷотҳои нақлиётиро дар арзиши молу маҳсулот афзоиш дода, ба пастравии дараҷаи рақобатпазирии хизматрасонии нақлиёти ватанӣ дар бозори дохилӣ ва берунӣ оварда мерасонад.
Нишондиҳандаи муҳимтарини иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки ба афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ таъсир мерасонад, баланд шудани суръати даромадҳои воқеӣ ба ҳар сари аҳолӣ мебошад. Таҳлил нишон медиҳад, ки дар мавриди афзоиши даромади воқеии аҳолӣ ба як фоиз ҳаҷми интиқоли мусофирон ба ҳисоби миёна то 1,6 фоиз зиёд мешавад.
3) Барномаи мазкур ба таҳқиқотҳои институтҳои байналмилалии молиявӣ ва мутахассисони соҳа асос ёфта, ҳадафҳои зеринро пайгирӣ мекунад:
-фароҳам сохтани инфрасохтори нақлиётӣ, ки дар он хароҷоти умумии интиқоли бори мусофиронро ба дараҷаи пасттарин бошад;
-таъмини инкишофи соҳаҳои алоҳидаи нақлиёт дар доираи ҳудуди фаъолияти судмандашон;
-мусоидат ба афзоиши имкониятҳои транзитии кишвар ва табдил додани он ба минтақаи саёҳӣ;
-мусоидат ба таъмини рақобати озод дар бозори хизматрасонии нақлиётии дохилӣ ва байналмилалӣ.
4) Барнома дар заминаи фарзияи асоснокшудаи зерин таҳия шудааст:
-ММД-и кишвар дар марҳилаи кӯтоҳмуддати инкишофи иқтисодиёт дар як сол 5 фоиз, ва дар давраи дарозмӯҳлати инкишоф 4 фоиз афзоиш меёбад;
-суръати инкишофи ҳаҷми кори нақлиётӣ нисбат ба суръати афзоиши ММД бештар буда, барои нақлиёти автомобилӣ 1,4 фоиз ба як фоизи инкишофи ММД, нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан 1,6 фоиз мувофиқ меояд.
5) Барои муайян кардани ҳаҷми лозимаи сармоягузорӣ барои татбиқи чорабиниҳои дар Барнома овардашуда, аз меъёрҳои зерин истифода бурда шудаанд:
-самаранокии иқтисодии сармоягузорӣ - 15 фоиз;
-дараҷаи таваккал дар татбиқи Барнома - ибтидоӣ;
-аҳамияти бештар додан ба минтақаҳои аҳолиашон камбизоат ва ниёзи иҷтимоияшон баланд;
-таваҷҷӯҳи зиёд ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ зоҳир намудан.
6) Барнома дар доираи се маҳдудияти муҳими зерин татбиқ карда мешавад: -афзоиши ҳиссаи Ҳукумат дар лоиҳаҳо танҳо дар асоси зиёдшавии даромади буҷет;
-карзҳои ғайриимтиёзнок (ва баъзе аз қарзҳои имтиёзнок) дар доираи меъёрҳои аз нигоҳи судманди молиявии байналмилалӣ муқарраргардида;
-карзгирии сармояи хориҷӣ фақат дар заминаи афзоиши ММД ба амал бароварда мешавад.
7) Аз ин лиҳоз:
а) дар бахши нақлиёти автомобилӣ:
-бо мақсади азнавкунии парки таркибӣ ҳаракаткунанда аз имкониятҳои бахши хусусӣ ва ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо истифода буарда мешавад;
-шабакаи марказҳои логистикӣ (терминалҳои нақлиётӣ) асосан аз ҳисоби қарзҳои имтиёзнок ва маблағҳои худии интиқолдиҳандагон созмон дода шавад;
б) дар бахши нақлиёти роҳи оҳан:
-татбиқи лоиҳаҳо аз ҳисоби фоидаи софи соҳа ва ҷалби сармояи хусусӣ ба роҳ монда мешавад;
в) дар бахши нақлиёти ҳавоӣ:
-ширкатҳои ҳавопаймоӣ бояд қобилияти бо фоизҳои тиҷоратӣ харидорӣ кардани таҷҳизоти зарурӣ, тайёра ва чархболҳоро дошта бошанд;
-фаъолияти фурудгоҳҳо, терминалҳо ва идоракунии парвозҳо дар заминаи баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ таъмин мегардад;
г) дар бахши роҳдорӣ (автомобилӣ ва роҳи оҳан):
-барномаи таҷдид ва сохтмон пурра аз ҳисоби маблағҳои грантӣ ва қарзҳои нмтиёзноки созмонҳои молиявии байналмиллалӣ дар давраҳои кӯтоҳ ва миёнамӯҳлат маблағгузорӣ карда мешаванд. Дар давраи дарозмӯҳлат маблағҳои зарурӣ пурра аз ҳисоби истифодабарандагони ватании роҳҳо барои таҷдид, сохтмон ва нигоҳдории роҳҳо сафарбар карда мешаванд.
3. Арзёбии вазъи имрӯзаи соҳаҳо
8) Гузариш ба муносибатҳои бозаргонӣ дар солҳои аввали истиқлолияти миллӣ, пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва аз байн рафтани низоми мутамарказонидашудаи фаъолияти комплекси нақлиётӣ ба нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти комплекси нақлиёт бетаъсир намонд. Чунончӣ, дар солҳои 1991-1996-боркашонӣ бо ҳама намуди нақлиёт 2,7 мароттба, гардиши бор зиёда аз 3,7 ва мусофирбарӣ 4,3 баробар кам гардид.
Либерализатсиякунонии иқтисодиёт ва тағйиротҳои сохтории комплекси нақлиётӣ ба рушди бозори озоди хизматрасонии нақлиётӣ ва интегратсияи онҳо ба иқтисодиёти тараққиёбандаи Тоҷикистон оварда расонд. Базаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва сохтори идоракунии нақлиёт тағйир ёфт.
Ташаккули тамоюли болоравии иқтисодӣ ва беҳтаршавии сатҳи зисти аҳолб аз соли 1999 сар карда, ба афзоиши талаботи табиии қабулт пардохт нисбат ба хизматрасонии нақлиётӣ мусоидат намуд. Мутобиқи маълумоти расмии оморӣ солҳои 2000-2010 комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ талаботи рӯзафзуни ҳамлу нақли бору мусофиронро қонеъ кард.
Омили асосие, ки ба афзоиши боркашонӣ таъсир расонд, зиёд шудани ҳаҷми маҳсулоти сохтмониву саноатӣ буд. Бояд гуфт, ки қариб 70 фоиз интиқоли борҳои хоҷагии халқ ба соҳаи нақлиёти автомобилӣ рост меояд.
9) Дар баробари ин бояд қайд кард, ки як қатор мушкилиҳои ҷой доранд, ки метавонанд дар маҷмӯъ ба тамоюли мусбии солҳои охир таъсир расонанд.
Аз ҷумла:
-зиёд будани (дар баъзе ноҳия ва зерсоҳаҳо 50-70 фоиз) хӯрдашавии таркиби ҳаракаткунанда (қатораҳо, автомобилҳо);
-ҷараёни тағйирёбии нархҳои хизматрасонии нақлиётӣ, ки ба таври устувор сатҳи таваррумро баланд мебардорад;
-ҳаҷми зиёди сохтмонҳои нотамом ва сари вақт ба истифода надодани иншооти магистралии инфраструктураи нақлиётӣ;
-нисбатан паст будани сатҳи бехатарии фаъолияти комплекси нақлиётӣ.
10) Зуҳури минбаъдаи ин мушкилиҳо ба ҳолате оварда мерасонад, ки комплекси нақлиёт қудрати иҷро кардани талаботи рӯзафзуни иқтисодиёти ҷумҳуриро аз даст медиҳад. Он метавонад ба суръати баланди фаъолияти амалии субъектҳои хоҷагидор, маҳсулнокии фаъолияти онҳо таъсири манфӣ расонида, инчунин ҷиҳати амалисозии тадбирҳои иҷтимоӣ-иқтисодии рушди ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои дарозмӯҳлат оид ба афзоиши ММД ба нақша гирифта шудааст, садди роҳ гардад.
Солҳои охир аз ҳисоби муҳайё намудани муҳити рақобати озод ва пурзӯркунии назорати давлатӣ, рушди устувору мунтазами қонеъ намудани талаботи бозор нисбати хизматрасониҳои нақлиётӣ (боркашонӣ ва мусофирбарӣ) таъмин гардид.
Мутобиқи натиҷаи нишондиҳандаи солҳои 2008-2010 ҳаҷми хизматрасониҳои нақлиётӣ тавассути ҳамаи соҳаҳои нақлиёт дар ҳолати пайвастаи рущд карор дошта, ҳаҷми миёнаи солонаи рушд дар самти боркашонӣ 2,5-3,0 ва мусофирбарӣ 4,5-5,0 фоизро ташкил медиҳад.
Суръати афзоиши ҷудо намудани маблағ барои таъмиру ниғоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум дар баробари афзудани сармоягузории инвеститсионӣ бо мақсади сохтмон ва таҷдиду барқарорсозии онҳо хеле баланд буда, имконият фароҳам овард, ки тайи 4-5 соли охир дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2300 км роҳҳо, 21,4 км нақбҳо ва долонҳои зиддитармавӣ ва қариб 200 адад пулҳои хурду миёна бо дарозии тӯлонии 8,2 км таҷдид ва сохта шуда, мавриди истифодабарӣ қарор мегиранд.
11) Нақлиёти автомобилӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ нақши муҳим мебозад, зеро ҷузъи асосии инфраструктураи истеҳсолӣ мебошад. Зиёда аз 90 фоиз ҳамлу нақли бору мусофир дар дохили ҷумҳурӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ сурат мегирад.
Ҳаҷми умумии боркашонӣ ва мусофирбарӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ дар давраи солҳои 1992-2000-ум тамоюли пастравӣ дошта, аз соли 2001 сар карда, он тамоюли пайвастаи баландравиро доро гардидааст. Баландравии миёнаи ин нишондиҳандаҳо дар солҳои 2008-2010 боркашонӣ 21,7 фоиз ва мусофирбарӣ 4,4 фоизро ташкил медиҳад.
Таҳлили парки воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз рӯи мӯҳлати истифодабариашон кӯҳнашавии пайдарҳамии онҳоро нишон медиҳад. Масалан, теъдоди автомобилҳои боркаш ва автобусҳое, ки мӯҳлати истифодаашон аз 10 сол гузаштааст, то 80 фоиз зиёд шудааст.
Бояд қайд кард, ки дар соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 297272 адад воситаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2000 111588 адад зиёд мебошад, ки 80 фоизи он автомобилҳои сабукрав ва 14 фоиз боркаш ва 6 фоизи он автобусҳо мебошанд.
Соҳаи нақлиёти автомобилӣ бо суръати баланд ғайрндавлатб ва хусусб гардонида шуд ва вобаста ба ии раванд бояд қайд кард, ки мониторинги равишҳои истеҳсолии дар соҳа айни ҳол баамалоянда хеле коҳиш ёфт.
Масалан, алҳол механизми мониторинги нишондодҳои техникӣ-иқтисодӣ (мӯҳлати фаъолияти воситаҳои нақлиётӣ,истифодабарии иқтидори борбардорӣ, мусофирғунҷоишии воситаҳо, андозаи саҳеҳи масири тайнамуда дар мӯҳлати муайян, ҳаҷми корҳои иҷрошуда ва ғайра) ва ҳисобгирии омории ин нишондиҳандаҳо дар дар бахши хусусии нақлиёти автомобилӣ ҷорӣ нагардидааст. Дар натиҷа фаъолияти нақлиёти автомобилӣ ба таври шартӣ баҳогузорӣ мешавад ва ҳисоботҳои оморӣ барканор мемонанд. Ба ин раванд бо бо истифодаи иҷозатномаи патентӣ ҳамчун соҳибкори ннфиродӣ фаъолият намудан низ дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ мусоидат менамояд.
12) Соли 1994 дар асоси шӯъбаи Душанбегии роҳи оҳани Осиёи Марказӣ роҳи оҳани Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Дарозии хати он 679.9 км роҳҳои асосӣ буда, 61,5 километри он духатта аст.
Роҳи оҳани тоҷик дорои 33 истгоҳ мебошад. Аз ҷумла, дар минтақаи марказӣ 10, дар минтақаи шимолӣ 10 адад ва дар минтақаи ҷанубӣ 13 адад мебошад.
Соли 1999 роҳи оҳани нави Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ба истифода дода шуд, ки дарозиаш 132 километр мебошад.
Айни замон роҳи оҳани Тоҷикистон аз се хати аз ҳам ҷудо (марказӣ, шимолӣ ва ҷанубӣ) иборат аст Ҳамаи ин минтақаҳо тавассути қаламрави ӯзбекистон ва Туркманистон пайваст мешаванд.
Айни ҳол дар тавозуни Роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон 2128 вагони боркаш, 397 вагони мусофирбар ва 55 локомотив мавҷуданд. Соли 2010 ҳаҷми умумии борҳои бо роҳи оҳан интиқолшуда 10439,9 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки аз ин 4927,1 ҳазор тоннааш борҳои транзитӣ мебошад.
Қитъаи шимолии роҳи оҳан бештар тараққикарда мебошад, ки тавассути он 66,7фоиз ҳаҷми умумӣ ва 100 фоиз борҳои транзитӣ интиқол меёбанд.
Аз теъдоди умумии мусофирон (593,8 ҳазор мусофир), ки дар соли 2010 интиқол дода шудаанд, танҳо 0,9 ҳазор мусофир ба интиқоли транзитӣ рост меоянд.
13) Нақлиёти ҳавоӣ бо суръати баланди интиқоли мусофиру бор нисбати дигар бахшҳои нақлиётӣ фарқ мсеунад. Вале арзиши аслии хизматрасонии он баланд буда, аз вазъи обу ҳаво, ҳамчунин андозаи маҳдуд ва ҳаҷми борҳои интиқолдиҳанда вобаста аст. Аз ин рӯ, ин бахши комплекси нақлиёт бештар ба интиқоли мусофирони ба сафари дур бароянда, интиқоли фаврии борҳои ҳаҷман хурд ва гаронбаҳо нигаронида шудааст.
Фаъолияти нақлиёти ҳавоии ҷумҳурӣ тавассути 4 фурудгоҳи байналмилалӣ бо 3 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ дар 58 ҳазор километр хатҳои ҳавопаймоӣ ба роҳ монда шудааст.
Теъдоди умумии ҳавопаймоҳо дар ҷумҳурӣ 37 адад, аз он 33 адад тайёра ва 4 адад чархбол мебошад. Айни замон аз теъдоди умумии ҳавопаймоҳо 45 фоизи тайёраҳо ва 75 фоизи,чархболҳо коршоям мебошанд.
Истифодабарандагони ҳавопаймоҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ асосан тайёраҳои рақобатнопазири истеҳсоли кишварҳои ИДМ-ро истифода мебаранд. Барои баланд бардоштани фаъалияти хизматрасонии ҳавопаймоӣ ва ташкии рақобат дар хатсайрҳои байналмилалӣ аз соли 2007 то инҷониб ширкатҳои ватанӣ 8 адад тайёраҳои замонавии "Боинг"-ро, ки ҷавобгӯи талаботҳои байнамилалианд, харидорӣ намуда, мавриди истифодабарӣ қарор додаанд ва соли 2010 зиёда аз 90 фоизи интиқоли байналмилалии мусофирон тавассути ин тайёраҳо анҷом дода шудааст.
Ҳамлу нақли ҳавопаймоии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия 87,0 фоиз, Ҷумҳурии Халқии Хитой 4,7 фоиз ва Туркия 4,1 фоизро ташкил медиҳад. Парвозҳои боқимонда ба Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Аморати Муттаҳидаи Араб анҷом дода шудаанд.
Бояд қайд кард, ки 45,0 фоизи ҳамлу нақли мусофирони байналмилалӣ ба ҳавопаймоёни ватанӣ рост меоянд. Қариб 70,0 фоизи парвозҳои байналмилалӣ аз фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, 28,0 фоиз аз Хуҷанд ва 2,0 фоиз аз Қӯргонтеппа ва шаҳри Кӯлоб анҷом дода мешаванд.
14) Роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар комплекси нақлиётӣ дорои мавқеи махсус мебошанд.
Хоҷагии роҳҳои ҷумҳурӣ дар солҳои истиқлол ба тарзи куллӣ дигаргун шудааст. Сохтмон ва таҷдиди роҳу нақбҳо, ки робитаи ҳамасолаи маркази ҷумҳуриро бо ҳамаи минтақаҳо таъмин менамояд, босуръат идома доринд.
Дар давраи солҳои 2005-2010 лоиҳаҳои, таҷдиду бунёди роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (сарҳади Ҷумҳурии ӯзбекистон), Душанбе-Рашт-Қарамиқ (сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон), Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма (сарҳади Ҷумҳурии Халқии Хитой) ва Душанбе-Қӯрғонтеппа-Панҷи Поён (сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) ва як қатор лоиҳаҳои дигари муҳим татбиқ гардиданд.
Айни замон дарозии роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум 13968 кмлометр ва роҳҳои автомобилгарди ғайри истифодаи умум 12791 километрро ташкил медиҳанд.
Тавсифи зичии шабакаи роҳ яке аз нишондиҳандаҳои анъанавист, ки талабот ба манбаъҳои рушди инфраструктураи нақлиётро муайян мекунад. Ин нишондод мавриди муайян кардани афзалияти ҳамлу нақли бору мусофирон байни нақлиёти автомобилию роҳи оҳан махсусан муҳим аст.
Зичии шабакаи роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1000 км2 дар соли 2010 187,0 км (аз ҷумла, дар роҳҳои болопӯшашон сахт 104,4 км)-ро ташкил дод, ки дар нисбати кишварҳои дорои иқтисодиёти пешрафта (ШМА-600, Канада-300 км/1000м2) хеле паст аст.
Роҳҳои ҷумҳуриявӣ шараёни асосианд ва шабакаи роҳҳоеро ташкил медтҳанд, ки индексатсия шуда, аз 17 роҳи байналмилалӣ ва 86 роҳи ҷумҳуриявӣ таркиб ёфтаанд.
Бояд гуфт, ки мутобиқи таснифоти қабулшудаи роҳҳо дар ҷумҳурӣ қариб роҳҳои категорияи I вуҷуд надошта, ҳамагӣ 1,1 фоиз ҳамаи роҳҳо ба категорияи II мансубанд. Бидуни ин 23,1 фоиз роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 84,1 фоиз роҳҳои маҳаллӣ ба категорияи V тааллуқ доранд.
Аз рӯи намуди болопӯш 28,0 фоиз дарозии роҳҳо асфалтпӯш, 45,0 фоиз шағалпӯши бо мум коркардшуда, боқимондаи 27,0 фоиз шағалпӯши бо мум омехта нашудаанд.
Дар байни роҳҳои дигари ҷумҳуриявӣ 42,0 фоиз камтар аз 10 км ва 92,0 фоиз камтар аз 50 км дарозӣ доранд. Аз ин 96,5 фоизро роҳҳои дохилиноҳиявӣ, боқимондаи 3,5 фоизро роҳҳои байниноҳиявӣ, ки дар ҳудуди зиёда аз як ноҳия ҷойгиранд, ташкил медиҳанд.
Мутобиқи тавсифоти техникӣ ин роҳҳо ба категорияи II- V мансубанд. Аз ин, зиёда 46,0 фоиз аз рӯи дарозиашон ба категорияи III, 41,0 фоиз ба категорияи IV ва қариб 13,0 фоиз ба категорияи V дохил мешаванд. Аз байни онҳо 1385,4 км роҳҳо нисбат ба роҳҳои дигар аҳамияти зиёди иҷтимоӣ-иқтисодӣ дошта, дар онҳо нисбатан шиддатнокии бештари ҳаракат ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин 1261 номгӯи роҳҳои маҳаллӣ ҳастанд, ки дарозии умумиашон 8684 километр буда, нуқтаҳои аҳолинишини деҳотро ба ҳам пайваста. (V, роҳҳои асосӣ мебароянд. Дарозии ин роҳҳо (зиёда аз 60,0 фоиз) аз 5 км камтар ва 32,0 фоиз зиёда аз 25 км мебошанд.
Дарозии роҳҳои идораву муассисаҳо 12791 километрро ташкил медиҳанд. Инҳо асосан роҳҳои саноатӣ, технологӣ ва фаръие мебошанд, ки дар иншооти гуногун ҷойгиранд. Роҳҳои мазкур роҳҳои истифодаи умум набуда, дар мувозина ва маблағгузории якчанд вазорату идораҳо, кумитаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қарор доранд.
Тоҷикистон дар шабакаи роҳҳои автомобилгарди Осиё ҷойгир буда, бо Ҷумҳурии ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамсарҳад мебошад. Қад-қади сарҳади Тоҷикистон 25 гузаргоҳи сарҳади давлатӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла 17 адад дар сарҳади Ҷумҳурии ӯзбекистон, 5 адад дар сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон, 2 адад дар сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва як нуқта дар сарҳади Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷойгиранд.
15) Мақсади бунёди коридорҳои нақлиётии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баланд бардоштани самаранокии ҳамлу нақли тиҷоратии хориҷӣ ва таъмини кафолати амалӣ шудани онҳо дар асоси қарордоду тафоҳумҳо, ки бехатарии иқтисодии кишварҳоро таҳким мебахшанд, иборат мебошанд.
Коридорҳои транзитӣ ва хатсайрҳои интермодалӣ (мултимодалӣ), ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд, робита бо кишварҳои ИДМ, бо шимоли Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Хитой, ҳамчунин кишварҳои халиҷи Форс ва давлатҳои ин минтақаҳоро таъмин менамоянд.
Ҳамлу нақли байналмилалии борҳо асосан тавассути 12 нуқтаи иҷозатномавӣ сурат мегирад, ки дар он ҷо онҳо тафтиш ва ба қайд гирифта мешаванд.
Ба бозори хизматрасонии автомобилӣ ва хатсайрҳои байналмилалии автомобилӣ монеаҳои гуногун таъсири манфӣ мерасонанд. Натиҷаи монеаҳои ин амалҳо маҳдудкунии дастрасӣ ба бозор, баланд бардоштани нархи бурда расонидани борҳо, зиёдшавии мӯҳлати расонидан, пастравии самаранокии ҳамлу нақли автомобилӣ ва ниҳоят, коҳиши рақобатпазирии борҳои тиҷоратии хориҷӣ мебошад. Шакли нави воридшудаи ҳуҷҷати гумрукӣ, бақайдгирии бору воситаҳои нақлиёти автомобилӣ вақти тартибдиҳии онҳоро махсусан барои борҳои транзитӣ хеле кам кард. Тартиби ҳаракати васоити нақлиёти автомобилии калонҳаҷми боркашонӣ бо истифода аз китобчаҳои махсуси TIR низ сабук карда шуд. Ҳамчунин коркарди пешакии иттилоот ва ҳуҷҷатҳои электронӣ аз тарафи хадамоти сарҳадӣ-гумрукӣ дар сурати пешакӣ додани иттилоот ба роҳ монда шудааст.
Нақлиёти бартаридошта, ки ба ҳамлу нақли бору мусофирон ба хориҷи кишвар машғул аст, нақлиёти роҳи оҳан аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз ҳамаи ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон 25,9 фоиз тавассути роҳҳои автомобилгард, 32,0 фоиз бо роҳи оҳан ва 40,9 фоиз бо тайёраҳо анҷом дода мешаванд. Боркашонии байналмилалӣ асосан бо нақлиёти роҳи оҳан (95,9 фоиз) ва автомобилӣ (3,5 фоиз) сурат мегирад.
Ҳамлу нақл ба масофаи тӯлонӣ, ба ҳисоби миёна 1421 км барои нақлиёти роҳи оҳан идеалӣ маҳсуб меёбад ва эҳтимол дорад, ки ин соҳа мавқеи бартарияти худро нигоҳ медорад.
Системаи босамари ҳамлу нақл бо даромадаш ҷузъи таркибии иқтисодиёт аст. Ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон барои васли Осиёи Шарқию Ҷанубӣ (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Покистон, Ҳиндустон, Малайзия ва Сингапур), ҳамчунин кишварҳои Осиёи Марказӣ, ИДМ ва Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ басе мувофиқ аст.
Ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон барои рушди иқтисодии коридорҳои байналмилалӣ мусоидат карда метавонад. Мутобиқкунии минбаъдаи ҷараёни моддию иттилоотониро вобаста аз вазъи бозор ва таъмини иқтисодиёти рақобатпазири комили муассисаҳои нақлиётиро тавассути мукаммалгардонии коммуникатсия ва таъсиси системаҳои логистикии минтақавӣ метавон ба даст овард, ки ин система тамоми занҷираи гардиши мол ва робитаҳои самараноки байни борфиристонанда ва қабулкунандаро фаро мегирад.
4. Барномаи рушди соҳаҳо то соли 2025
16) Бо баҳисобгирии натиҷаҳои таҳлили вазъи соҳаҳои ҷудогонаи нақлиёти ҷумҳурӣ ва вазифаҳои тибқи Стратегияи миллии рушд ва дигар барномаҳои миёнамӯҳлату дарозмӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар муайянгардида, инчунин ноил гардидани ба ҳадафи асосӣ амалӣ намудани вазифаи стратегии раҳо бахшии пурраи кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ дар минтақа табдил додани он Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаҳои нақлиёти ҷумҳурӣ барои давраҳои муайян кӯтоҳмӯҳлат то соли 2015, миёнамӯҳлат то соли 2020 ва дарозмӯҳлат то соли 2025 таҳия гардидааст.
§ 1 Рушди соҳаи нақлиёти автомобилӣ
17) Дар давраи кӯтоҳмӯҳлат инвеститсияи давлатӣ барои харидани автобусу троллейбусҳо барои шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо равона мегардад. Соҳибкорони инфиродӣ тибқи қарзҳои имтиёзцок асосан ба интиқоли байнишаҳрию байналмилалии мусофиру борҳо, ҳамчунин ба интиқоли маҳаллӣ, ки бо автобусҳои хурд ба роҳ монда мешавад, ҷалб мегарданд.
Дар ин давра таъсиси шабакаи марказҳои логистикии аҳамияти ҷумҳуриявидошта дар шаҳрҳо, вилояту марказҳои ноҳиявӣ, ҳамчунин марказҳои логистикии байналмилалӣ дар шаҳрҳои Ваҳдату Хуҷанд ва Панҷи поён дар назар аст. Дар давраи солҳои 2012-2014 сохтмони терминалҳои байналмилалии автомобилии наздисарҳадӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар давраи миёнамӯҳлат бунёди парки троллейбусҳо, зеристгоҳҳои кашанда, шабакаи кашанда дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб ва ннчунин пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба интиколдиҳандагони байналмилалӣ барои харидани воситаҳои нақлиёти автомобилии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.
Афзоиши теъдоди мусофирон ва дарназардошти афзоиши табиии аҳолӣ тақозо менамояд, ки дар давраи дарозмӯҳлат дар самтҳои атрофи пойтахт -шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияи Ҳисор ва шаҳраки Сомонии ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин шаҳрҳои Қӯргонтеппа ва Сарбанд хатҳои наздишаҳрии троллейбусҳо ба роҳ монда мешаванд.
Дар ин давра чун дар давраи миёнамӯҳлат ба интиқолдиҳандагони байналмилалӣ барои харидани воситаҳои нақлиёт додани карзҳои имтиёзнок пешбинӣ шудааст, ки он шартан 0,5 млн. доллар дар як сол аст.
Нақшаи сармоягузории барномаи рушди нақлиёти автомобилӣ бо муайянсозии чорабиниҳои асосӣ дар ҷадвали зерин оварда мешавад.
Барномаи рушди нақлиёти автомобилии истифодаи умум
(ба ҳис. млн. доллари ШМА)
+--+-------------------+-----------------------+------+--------------+
| | Нишондиҳандаҳо | Давра | | Мақомоти |
|№ | +-------+-------+-------+Ҳамагӣ| иҷрокунанда |
| | |то соли|то соли|то соли| | |
| | |2015 |2020 |2025 | | |
+--+-------------------+-------+-------+-------+------+--------------+
|1 |Лоиҳаи рушди |6,2 |4,9 | |11.1 |Мақомоти |
| |нақлиёти ҷамъиятии | | | | |иҷроияи |
| |шаҳри Душанбе | | | | |ҳокимияти |
| | | | | | |давлатии |
| | | | | | |шаҳри |
| | | | | | |Душанбе |

|2 |Таъсиси Марказҳои |1,5 | | |1,5 |Вазорати |
| |логистикии аҳамияти| | | | |нақлиёти |
| |ҷумҳуриявидошта | | | | |Ҷумҳурии |
| | | | | | |Тоҷикистон |
| | | | | | |(минбаьл-ВН |
| | | | | | |ҶТ) |

|3 |Сохтмони |15,0 | | |15,0 |ВН ҶТ |
| |терминалҳои | | | | | |
| |наздисарҳадӣ | | | | | |

|4 |Харидории воситаҳои|1,5 |2,5 |3,0 |7,0 |Корхонаю |
| |нақлиёт барои ҳамлу| | | | |муассисаҳои |
| |нақли байналмилалӣ | | | | |нақлиётӣ |
+--+-------------------+-------+-------+-------+------+-------Р------+
|5 |Сохтмони парки | | |4,0 |15,0 |мақомоти иҷро-|
| |троллейбусҳо, | |11,0 | | |ияи ҳокимияти |
| |шабакаи кашиш ва | | | | |давлатии |
| |зеристгоҳҳо дар | | | | |шаҳрҳои |
| |шаҳрҳои Қӯрғонтеппа| | | | Қӯрғоптеппа |
| |ва Сарбанд | | | | |ва Сарбанд |

|6 |Сохтани парки | | | | |мақомоти иҷро-|
| |троллейбусҳо, | | | | |ияи ҳокимияти |
| |шабакаи кашиш ва | |13,0 | |13,0 |давлатии шаҳри|
| |зеристгоҳҳо дар | | | | |Кӯлоб |
| |шаҳри Кӯлоб | | | | | |

|7 |Сохтани парки | | | | |мақомоти иҷро-|
| |троллейбусҳо, шаба-| |5,5 |10,5 |16,0 |ияи ҳокимияти |
| |каи кашиш ва | | | | |давлатии шаҳр-|
| |зеристгоҳҳо дар | | | | ҳои Ваҳдат, |
| |шаҳрҳои Ваҳдат, | | | | |Турсунзода, |
| |Турсунзода, ноҳияи | | | | |ноҳияи Ҳисор |
| |Ҳисор ва шаҳраки | | | | |ва ноҳияи |
| |Сомонии ноҳияи | | | | |Рӯдакӣ |
| |Рудакӣ | | | | | |
+--+-----Р+------------+-------+-------+-------+------+--------------+
| | |доллари ШМА |24,2 |36,9 |17,5 |78,6 | |
| |Ҳамагӣ+------------+-------+-------+-------+------+--------------+
| | |сомонӣ |106,6 |162,4 |77,0 |346,0 | |
+--+------+------------+-------+-------+-------+------+--------------+
§ 2. Рушди нақлиёти роҳи оҳан
18) Таҳлили вазьи соҳа нишон медиҳад, ки маблағгузориҳо ба инфрасохтори роҳи оҳан нисбат ба бахшҳои дигари нақлиёт фоиданокии бештаре дорад.
19) Татбиқи нақшаи инфиродии реструктуризатсияи корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" имконияти воқеъро барои ҷалби сармояи хусусӣ ба соҳаҳои мухталифи нақлиёти роҳи оҳан таъмин месозад:
-саривақт иваз кардани шпалҳо ва дар ин замина таъмин намудани бехатарии ҳаракати қатораҳо;
-иваз намудани релсҳои фарсудашуда, нишонакҳо ва истифодабарӣ аз релсҳои Р-65, ки мӯҳлати тӯлонии истифодабарӣ доранд; -азнавсозии парки локомотиву вагонҳо;
-таҷдиди сехҳои таҷдиди вагону локомотивҳо бо мақсади камхарҷ сохтани истифодабарии вагону локомотивҳо;
-таъмин намудани шароити мувофиқ барои инкишофи ҳамлу нақли интермодалӣ.
Дар тӯли ин давра ҳамчунин асосноккунии дақиқи техникӣ-иқтисодӣ ва молиявӣ барои бунёди шабакаҳои муҳими роҳи оҳани Колхозобод-Панҷи Поён-сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ваҳдат-Қарамиқ (сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон), пайвастшавии роҳи оҳани Тоҷикистон (Айваҷ) тавассути Афғонистон ба роҳи оҳани Туркманистон ва Шимол-Ҷануб, ки робитаи маркази ҷумҳуриро бо вилояти Суғд таъмин мекунанд, гузаронида мешавад.
20) Дар давраи кӯтоҳмӯҳлат:
-сохтмони роҳи оҳани минтақаи Ваҳдат-Ёвон барои рушди ояндаи роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа идома меёбад;
-ивазкунии шпалҳо, шағал ва навсозии роҳҳо идома меёбад;
-тадбирҳо нисбати таъмир ва нигоҳдории 150 пул, аз байн бурдани зангзанию фарсудашавӣ ба мақсади пешгирии вайроншавии минбаъда андешида мешаванд;
-20 адад локомотиви шоҳроҳӣ ва 9 адад гашторӣ (манёврӣ) харидорӣ карда мешаванд.
21) Дар давраи миёнамӯҳлат:
- корҳои ивазкунии шпалҳо ва роҳҳои релсӣ бо назардошти азнавсозии релсҳо идома меёбанд;
- 55 пул таҷдид карда мешаванд;
- 7 адад локомотиви шоҳроҳӣ харидорӣ карда мешаванд;
- харид ва барқарорсозии вагонҳои боркаш;
- сохтмони роҳи оҳани Колхозобод-Панҷи поён - сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оғоз меёбад ().
Дар ин давра инчунин барои маблағгузории хатҳои сайри камдаромад ҳар сол аз 0,4 то 0,5 млн. доллар пешбинӣ карда мешаванд.
22) Дар давраи дарозмӯҳлат:
- корҳои ивазкунии шпалҳо ва роҳҳои релсӣ бо назардошти азнавсозии релсҳо идома меёбанд;
- 10 пулҳо таҷдид карда мешаванд;
- вагонҳои боркаш пурра нав карда мешаванд;
- депои локомотивҳо таҷдид карда мешаванд.
- хориҷ карда шуд ().
Сармоягузории хатсайрҳои наздишаҳрии камдаромад то соли 2025 ба ҳисоби миёна дар як сол аз 0,6 млн. доллар дар назар дошта шудааст.
Маблағгузорӣ ба рушди нақлиёти роҳи оҳан
(ба ҳисоби млн. доллари ШМА)
+-+-------------------+-----------------------+-------+--------------+
|№| | Давра | | |
| | Нишондиҳандаҳо +-------+-------+-------+ | Мақомоти |
| | |то соли|то соли|то соли|Ҳамагӣ | иҷрокунанда |
| | |2015 |2020 |2025 | | |
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
|1|Харидории |8,0 |39,2 |33,0 |80,2 | Корхонаи |
| |локомотивҳо | | | | | воҳиди |
| | | | | | | давлатии |
| | | | | | | "Роҳи оҳани |
| | | | | | | Тоҷикистон" |

|2|Харидории вагонҳо |16,0 |21,68 |11,0 |48,68 | Корхонаи |
| | | | | | | воҳиди |
| | | | | | | давлатии |
| | | | | | | "Роҳи оҳани |
| | | | | | | Тоҷикистон" |
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
|3|Сохтмони роҳи оҳани| | | | | |
| |Колхозобод-Панҷи | |124,7 | |124,7 | ВН ҶТ |
| |поён-сарҳади | | | | | |
| |Ҷумҳурии Исломии | | | | | |
| |Афғонистон | | | | | |
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
|4|Сохтмони роҳи оҳани| | | |180,0 | ВН ҶТ |
| |қитъаи Ваҳдат- Ёвон|180,0 | | | | |
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
|5|Беҳтарсозии қабати | | |27,0 |57,0 | Корхонаи |
| |болоии роҳи оҳан | |30,0 | | | воҳиди |
| | | | | | | давлатии |
| | | | | | | "Роҳи оҳани |
| | | | | | | Тоҷикистон" |
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
|6|Таҷдид ва нигоҳ- | |7,5 |9,0 |16,5 | Корхонаи |
| |дории пулҳо | | | | | воҳиди |
| | | | | | | давлатии |
| | | | | | | "Роҳи оҳани |
| | | | | | | Тоҷикистон" |
| | | | | | |(қарор №518 |
| | | | | |аз 25.10.2022)|
+-+------+------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
| |доллари ШМА |204,0 |223,1 |80,0 |507,1 |(қарор №518 |
| Ҳамагӣ+------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
| |сомонӣ |897,6 |981,6 |352,0 |2231,2 |аз 25.10.2022)|
+--------+------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
§3 Рушди нақлиёти ҳавоӣ
24) Дар асоси таҳлилҳои гузаронидашуда, ҳамчунин асосноккунии техникӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба татбиқи инвеститсияи давлатӣ дар бахши авиатсияии гражданӣ дар назар дошта шудааст.
Таҷдиди сохторӣ ва гузаронидани ислоҳот дар соҳа идома дода шуда, фароҳамсозии арсаи меъёрию ҳуқуқии мувофиқ ба рақобати озоди бозори хизматрасонӣ барои иштирокдорони нави бозор таҳким меёбад.
25) Дар давраи кӯтоҳмӯҳлат сохтмони терминали фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба анҷом расонида мешавад. Дар давраи номбаршуда ҳамчунин азнавкунии парки ҳавопаймоҳо ва дастгоҳҳои КВД "Тоҷикаэронавигатсия" дар назар аст.
26) Дар давраи миёнамӯҳлат хусусигардонии корхонаҳои саҳомии сохтори авиатсияии гражданӣ дар назар гирифта шудааст, ки онҳо фаъолияти худро дар шароити рақобатнокӣ ба роҳ монда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ кӯмаки молӣ нахоҳанд гирифт. Корхонаҳои фурӯши чиптаҳо, нуқтаҳои маводи сӯхт, хӯрокворӣ, меҳмонхонаҳои марбути соҳа низ хусусӣ гардонида мешаванд.
27) Дар давраи рушди миёнамӯҳлат татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии зерин дар назар аст:
-ҷой кардани пункти нави фармоишӣ-танзимгарӣ (ПФТ) дар шаҳри Душанбе; -таҷдиди хатти парвоз ва пайроҳаи гашти тайёраҳо дар фурудгоҳи Кӯлоб;
-дарозкунии хатти парвози фурудгоҳи Қӯрғонтеппа ба 800 метр, таҷдиди пайроҳаи гардиш; -азнавсозии фурудгоҳи байналмиллалии Қӯрғонтеппа.
28) Масъалаи маблағгузории хизматрасонӣ дар хатсайрҳои ҳавоим дохилӣ дар асоси озмуни байни ҳамаи провайдерҳо ҳал мегардад. Қарордодҳо дар асоси баҳогузорӣ ба афзалиятнокии нархи эълоншуда ва сифати баланди хизматрасонӣ ва субсидияҳои пешниҳодшаванда баста мешаванд.
Идоракунии ҳаракати ҳавоӣ аз тарафи давлат нигаҳдорӣ карда мешавад, вале маблағҳои ҷамъшуда бояд хароҷоти дарозмӯҳлатро бипӯшонанд.
29) Дар давраи дарозмӯҳлат (пас аз соли 2019) сохтмони хатти дуюми парвоз дар фурудгоҳи Душанбе ба маблағи умумии 40 млн. доллар ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин таҷдиди фурудгоҳҳои маҳалӣ барои истифодабарии авиатсияи хурд оғоз меёбад. Истифодаи авиатсия дар хоҷагии қишлоқ ва ҷангали кишвар низ вусъат меёбад.
30) Маблағгузории рушди авиатсияи граждании ҷумҳурӣ барои давраи то соли 2025 дар ҷадвали 3 оварда шудааст.
Сармоягузории рушди авиатсияии гражданӣ
(ба ҳисоби млн. доллари ШМА)
+-+-------------------+-----------------------+-------+--------------+
|№| | Давра | | |
| | Нишондиҳандаҳо +-------+-------+-------+ | Мақомоти |
| | |то соли|то соли|то соли| Ҳамагӣ| иҷрокунанда |
| | |2015 |2020 |2025 | | |
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
|1|Сохтмони терминали |32,5 | | |32,5 |ҶСК "Фурудгоҳи|
| |байналмилалӣ дар | | | | |байналмилалии |
| |шаҳри Душанбе | | | | |Душанбе" |

|2|Харидории |27,5 | | |27,5 |ҶСК "Тоҷик |
| ҳавопаймоҳо | | | | |Эйр", |
| | | | | | |ширкатҳои |
| | | | | | ҳавопаймоии |
| | | | | | |хусусӣ |

|3|Азнавсозии |20,0 | | |20,0 |КВД "Тоҷик- |
| |дастгоҳҳои | | | | |аэронавигат- |
| |аэронавигатсионӣ | | | | |сия" |

|4|Сохтмони маркази | | | | |ҶСК "Фурудгоҳи|
| |танзимӣ дар фуруд- | | | | |байналмилалии |
| |гоҳи Қӯрғонтеппа ва| |64,5 | |64,5 |Қӯрғонтеппа" |
| |пайроҳаи гардиш дар| | | | |ҶСК "Фурудгоҳи|
| |фурурудгоҳи Кӯлоб | | | | |байналмилалми |
| | | | | | |Кӯлоб |

|5|Сохтмони хати | | |40,0 |40,0 |ҶСК "Фурудгоҳи|
| |дуюми парвоз дар | | | | |байналмилалии |
| |фурудгоҳи шаҳри | | | | |Душанбе" |
| |Душанбе | | | | | |

|6|Хизматрасонӣ дар | | |2,5 |2,5 |мақомоти иҷро-|
| |хатсайрҳои ҳавоии | | | | |ияи ҳокимияти |
| |дохилӣ | | | | |давлатии шаҳру|
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+ноҳияҳо |
|7|Таҷдиди фурудгоҳҳои| |3,0 |3,0 |6,0 | |
| |маҳалӣ | | | | | |

|8|Азнавсозии фуруд- |50,0 | | |50,0 |ҶСК "Фуруд- |
| |гоҳи шаҳри | | | | |гоҳҳои |
| Қӯрғонтеппа | | | | |байналмилалии |
| | | | | | Қӯрғонтеппа" |
+-+------+------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
| |доллари ШМА |130,0 |67,5 |45,5 |243,0 | |
| Ҳамагӣ+------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
| |сомонӣ |572,0 |297,0 |200,3 | 1069,2| |

§4 Рушди шабакоти роҳҳои автомобилгард
31) Таҳлили вазъи роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки тахминан 75 фоиз болопӯши асфалтии роҳҳои мақоми ҷумҳуриявӣ дошта пурра ё қисман хароб шуда, аз 60 то 80 фоиз шабакаи роҳҳо бе таҷдиди фаврӣ аз истифода пурра мебароянд. Суръати ҳаракат дар 48 фоизи шабакаи роҳҳо аз 35 км/соат беш нест. Пас аз пурра таҷдид ёфтани роҳҳо дар назар аст, ки шабакаи роҳҳо барои ҳаҷми ҳаракати пешбинишаванда то соли 2025 имконпазир хоҳад гашт.
Маблағгузории умумӣ барои таҷдиди роҳи байналмилалии Ваҳдат-Данғара, ки сохтмони нақби Чормағзак низ ба он дохил мешаванд ва дар робита бо бунёди сарбанди Роғун барои ба анҷомрасии роҳи 75 км ивазкунандаи роҳи зериобмондаи байни Обигарм-Нуробод, дар масири роҳи Душанбе-Қарамиқ (сарҳади Қирғизистон), инчунин идомаи лоиҳаҳои самти Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб ва Душанбе-Турсунзода (сарҳади Ҷумҳурии ӯзбекистон) дар давраи кӯтоҳмӯҳлат афзалият дода мешавад.
Дар ин давра ҳамчунин таҷдиди 166 адад пул ба маблағи умумии зиёда аз 8 млн. доллари ШМА ба назар гирифта шудааст.
Дар Барнома ҷалби сармоягузорӣ барои иҷроиши корҳои таҷдиду барқарорсозии роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта, ки дарозии умумиашон 734 км аст, ба маблағи 161 млн. доллари ШМА дар давраи миёнамӯҳлат (солҳои 2014 то 2019) дар назар дошта шудааст.
Дар давраи миёнамӯҳлат инчунин таҷдиди пулҳои миёна ва калон ба маблағи 6,5 млн. доллар пешбинӣ мешавад.
Дар ин давра аз маблағи умумии 184,1 млн. доллари ШМА барои нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ 128,87 млн. доллари ШМА, барои роҳҳои маҳаллӣ 55,23 млн. доллари ШМА пешбинӣ мешавад.
Дар давраи солҳои 2015-2017 роҳи канории ҷанубии шаҳри Душанбе, ки дарозиаш 16,5 км мебошад, ба маблағи 26,4 млн. доллари ШМА ва роҳи канории шаҳри Хуҷанд бо арзиши 16,4 мда. доллари ШМА дар давраи солҳои 2018-2019 сохта мешаванд.
Дар ин давра роҳҳои самти байналмилалии Исфара-сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон (РБ15), Исфара-сарҳади Ҷумҳурии ӯзбекистон (РБ17) ва ғайраҳо муҳим ҳисоб меёбанд. Хароҷоти ин лоиҳаҳои нав, ки дарозии умумиашон 1080.1 км аст, 238 млн. доллари ШМА-ро ташкил медиҳанд. Баргашти даромади иқтисодӣ аз маблағгузорӣ 17,9 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи дарозмӯҳлат (солҳои 2020-2025) имконияти маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии барномаҳои таҷдид беҳтар мегардад, вале қарзи имтиёзнок бошад, ҳамчун манбаи асосии маблағгузорӣ боқӣ хоҳад монд.
Дар давраи дарозмӯҳлат пулҳо ба маблағи умумии 5,5 млн. доллари ШМА таҷдид мешаванд.
Дар ин давра барои таъмини нигоҳдории роҳҳо дар сатҳи зарурӣ ҷудо намудани 272,0 млн. доллари ШМА, аз ҷумла барои нигоҳдории роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ қариб 192 млн. доллари ШМА ва барои роҳҳои маҳаллӣ 82,26 млн. доллари ШМА дар назар дошта шудааст.
Ҳамзамон дар ин марҳилаҳо сохтмони иншооти инфрасохтори наздироҳӣ (нуқтаҳои таъмини сӯзишворӣ, хизматрасонии техникӣ, мағоза, кемпинг ва меҳмонхона) пешбинӣ шудааст, ки ба беҳдошти хизматрасонии нақлиётӣ мусоидат хоҳад кард.
32) Нақшаи сармоягузории бунёд, таҷдид ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ба таври умумӣ вобаста ба таснифоти иҷроиши корҳо ва марҳилаҳо дар ҷадвали 4 оварда шудааст.
Нақшаи сармоягузории таҷдид ва бунёдии роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ то соли 2025
(ба ҳисоби млн. доллари ШМА)
+-+---------------------+-----------------------+--------+-----------+

| | |то соли|то соли|то соли| Ҳамагӣ |иҷрокунанда|
| | |2015 |2020 |2025 | | |
+-+--------------+------+-------+-------+-------+--------+-----------+
|1|Таҷдид ва |км |711,8 |1312,1 |2141,4 |4165,3 | ВН ҶТ |
| |сохтмони +------+-------+-------+-------+--------+-----------+
| |роҳҳои авто- |маблағ|215,1 |253,6 |429,6 |898,3 | ВН ҶТ |
| |мобилгард, | | | | | | |
| |аз ҷумла: | | | | | | |
+-+---Р----------+------+-------+-------+-------+--------+-----------+
|2|байналмиллалӣ |км |609,3 |734,0 |1080,1 |2423,4 | ВН ҶТ |
| | +------+-------+-------+-------+--------+-----------+
| | |маблағ|194,8 |161,0 |238,5 |594,3 | ВН ҶТ | |

|3|ҷумҳуриявӣ |км |102,5 |578,1 |1061,3 |1741,9 | ВН ҶТ |

| | |маблағ|20,2 |92,0 |191,2 |303,4 | ВН ҶТ |

|4|Таҷдид ва |метри |4854,0 |6325,0 |5786,0 |16965,0 | ВН ҶТ |
| |бунёди пулҳо +------+-------+-------+-------+--------+-----------+
| | |маблағ|8,1 |6,6 |5,5 |20,2 | ВН ҶТ |

|5|Сармоягузории нигоҳ- |63,5 |166,8 |287,4 |517,7 | ВН ҶТ |
| |дории роҳҳои | | | | | |
| |автомобилгард | | | | | |

| |Ҳамагӣ | дол- |286,7 |427,0 |722,5 |1436,2 |(қарор №518|
| | | лари | | | | |аз 25.10. |
| | | ШМА | | | | |2022) |
| | +------+-------+-------+-------+--------+-----------+
| | |сомонӣ|1261,5 |1878,8 |3179,0 |6319,2 | |
+-+--------------+------+-------+-------+-------+--------+-----------+
Нақшаи сармоягузории қитъаҳои ҷудогонаи роҳҳои автомобилгард дар ҷадвали 5 ва пулҳо дар ҷадвали 6 бо мушаххасгардонии номгӯи қитъаҳо ва давраҳои таҷдид нишон дода шудааст.
Барномаи сармоягузории таҷдиди роҳҳои автомобилгард
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
|Рақам | Минтақаи роҳ | Дарозии | Арзиши | Давраҳои |
|ва | | роҳ, км | умумӣ ба | таҷдид |
|индекси| | | ҳис. долл.| |
|роҳ | | | | |

| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |

| |Душанбе-Ҳисор | 13,8 |8 879 251 |кӯтоҳмӯҳлат|
| РБ02 +-------------------------+---------+------------+-----------+
| |Ҳисор-сарҳади Ҷумҳурии | 42,4 |27 281 178 |кӯтоҳмӯҳлат|
| |ӯзбекистон | | | |

| |Ваҳдат-Норак |43,0 |11 383 863 |кӯтоҳмӯҳлат|
| +-------------------------+---------+------------+-----------+
| |Норак-Данғара |53,0 |9 907 661 |кӯтоҳмӯҳлат|
| РБ04 +-------------------------+---------+------------+-----------+
| |Гулистон Кӯлоб |35,0 |6642095 |кӯтоҳмӯҳлат|

| |Кӯлоб-Қалъаихум |168.1 |40 390 059 |кӯтоҳмӯҳлат|

| РБ09 |Қизилқалъа-Қубодиён |47,0 |11292878 |кӯтоҳмӯҳлат|

| РБ 11 |Қӯрғонтеппа-Панҷи Поён |94,0 |56 139 000 |кӯтоҳмӯҳлат|

| РБ 12 |Айнӣ-Панҷакент-сарҳади |113,0 |22 000 648 |кӯтоҳмӯҳлат|
| |Ҷумҳурии ӯзбекистон | | | |

| РҶ004 |Пугус-Сафедорак |18,3 |3682465 |кӯтоҳмӯҳлат|

| РҶ014 |Янги Шаҳр-Тандикӯл |22,0 |2549470 |кӯтоҳмӯҳлат|

| РҶ 018|256км РБ 07-маркази |4,0 |463540 |кӯтоҳмӯҳлат|
| |Ҷиргатол | | | |

| РҶ019 |259км РБ 07-маркази |2,0 |231770 |кӯтоҳмӯҳлат|

| РҶ020 |Лахш-фурудгоҳи Лахш |1,6 |185416 |кӯтоҳмӯҳлат|

| РҶ 022|Ваҳдат-Ромит |37,0 |7283672 |кӯтоҳмӯҳлат|

| РҶ048 |Душанбе-Ҳисор |17,6 |3355493 |кӯтоҳмӯҳлат|

| РБОЗ |Лаби Ҷар-Қалаихум |135,0 |35 210 553 |миёнамӯҳлат|

| |Қалаихум-Рӯшон |155.0 |37 242 470 |миёнамӯҳлат|

| |Рӯшон-Хоруғ |85,0 |20 423 290 |миёнамӯҳлат|

| РБ08 |Гулистон-Дӯстӣ |132,0 |25 984 992 |миёнамӯҳлат|

| РБ09 | Қубодиён-Айваҷ |85,0 |12 020 955 |миёнамӯҳлат|

| РБ 10 |Айвоҷ-сарҳади Ҷумҳурии |33,0 |4 949 730 |миёнамӯҳлат|

| РБ 13 |Конибодом-Спитамен |70,0 |9 899 610 |миёнамӯҳлат|

| РБ 16 |Исфара-сарҳади Ҷумҳурии |44,0 |7 641 480 |миёнамӯҳлат|
| ЖҚирғизистон | | | |

| РҶ001 |Ҳушёрӣ- фароғатгоҳи |5,7 |1 430 739,9 |миёнамӯҳлат|
| |Хоҷаобигарм | | | |

| РҶ 003|Истаравшан-фароғатгоҳи |10,1 |1 170 438,5 |миёмамӯхлат|
| |Ҳавотоғ | | | |

| РҶ005 |ГЭС-и Варзоб-Харангон |10,9 |2 145 730 |миёнамӯҳлат|

| РҶ007 |Шаҳринав-фароғатгоҳи |3,4 |394 009 |миёнамӯҳлат|
| |Қаратоғ | | | |

| РҶ008 |47 км РБ 02-Қаратоғ |4,5 |521 483 |миёнамӯҳлат|

| РҶ012 |14 км РБ 02-фароғатгоҳи |8,3 |961 846 |миёнамӯҳлат|
| |Шоҳамбарӣ | | | |

| РҶ014 |Янгишаҳр-Тандикӯл |22,0 |2 549 470 |миёнамӯҳлат|

| РҶ021 |214км РБ 07-маркази |16,7 |3 287 495 |миёнамӯҳлат|
| |Тоҷикобод | | | |

| РҶ025 |62 км РБ 04-ш. Норак |5,3 |614 191 |миёнамӯҳлат|

| РҶ026 |Данғара - Кангурт- |60,0 |6953100 |миёнамӯҳлат|
| |Балҷувон-Ховалинг | | | |

| РҶ027 |Сомончӣ-Олимтой |9,8 |1 135 673 |миёнамӯҳлат|

| РҶ028 |Нури шарқ-Сомончӣ-Чоркӯл |29,9 |3 464 962 |миёнамӯҳлат|

| РҶ029 |1 км РБ 08-маркази |13,1 |1 518 094 |миёнамӯҳлат|
| |Мирсаид Алии Ҳамадонӣ | | | |

| РҶ030 |Қурбоншаҳид-Темурмалик |21,0 |4 133 976 |миёнамӯҳлат|

| РҶО38 |456 км РБ 04-маркази Ванҷ|61,3 |7 103 750 |миёнамӯҳлат|

| РҶ040 |39 км РБ 06-осоишгоҳи |6,2 |1 220 507 |миёнамӯҳлат|
| |Гармчашма | | | |

| РҶ042 |Душанбе-Ёвон-Абдураҳмони |107 |12399695 |миёнамӯҳлат|
| |Ҷомӣ - Уялӣ | | | |

| РҶ 043|Рӯдакӣ-чорроҳа Лоҳур |11.6 |1 344 266 |миёнамӯҳлат|

| РҶ045 |Рӯдакӣ-Шуртугай |80.9 |12138883 |миёнамӯҳлат|

| РҶ 049|Хоҷагии фермерии "Россия"|9,1 |1 054 554 |миёнамӯҳлат|
| |-Хоҷагии фермерии | | | |
| |"Гулистон" | | | |

| РҶ 051|Хоҷамастон-Қизилқалъа |13,5 |1 564 448 |миёнамӯҳлат|

| РҶ052 |ҶСП "Тоҷикистон"-КМ "Кипр|4,5 |521 483 |миёнамӯҳлат|
| |Кимиё" | | | |

| РҶ059 |Узун-мамнӯъгоҳи "Бешаи |32,5 |4 876 560 |миёнамӯҳлат|
| |палангон | | | |

| РҶ074 |Конибодом-Спитамен- |8,4 |973 451 |миёнамӯҳлат|
| |ш.Хуҷанд | | | |

| РҶ084 |Даромад ба истгоҳи |7,1 |822 862 |миёнамӯҳлат|
| |Конибодом | | | |

| РҶ085 |Даромад ба осоишгоҳи |4,0 |463 588 |миёнамӯҳлат|

| РҶ086 |Даромад ба маркази Шайдон|11,3 |1 309 647 |миёнамӯҳлат|

| РҶ087 |Даромад ба шаҳри Роғун |10.7 |2106359 |миёнамӯҳлат|

| РҶ088 |Пролетар-Исфана |9,4 |1410451 |мнёнамӯҳлат|

| |Хоруғ-Тузкӯл |185,0 |31776 155 |дарозмӯҳлат|

| РБ04 |Тузкӯл-Мурғоб |126,0 |30 274 524 |дарозмӯҳлат|

| |Мурғоб-Ағбаи Қулма |90,0 |21624 660 |дарозмӯҳлат|

| |Хоруғ-Ишкошим |105,0 |26 225 010 |дарозмӯҳлат|
| РБ06 +-------------------------+---------+------------+-----------+
| |Ишкошим-Тузкӯл |210,5 |52 574 901 |дарозмӯҳлат|

| |Душанбе-Обиқииқ |44,6 |6 005 033 |дарозмӯҳлат|
| РБ09 +-------------------------+---------+------------+-----------+
| |Обикиик-Қизилқалъа |33,0 |4 952 310 |дарозмӯҳлат|

| РБ 13 |Спитамен-сарҳади Ҷумҳурии|65,0 |12 170 210 |дарозмӯҳлат|

| РБ 15 |Исфара-сарҳадиҶумҳурии |10,0 |1 968 560 |дарозмӯҳлат|
| |Қирғизистон | | | |

| РБ 17 |Исфара-сарҳади Ҷумҳурии |24,0 |3 102 480 |дарозмӯҳлат|

| РҶ002 |75 км РБ 01-Хоҷа сангхок |12,1 |1402208,5 |дарозмӯҳлат|

| РҶ006 |Шаҳринав-истгоҳи роҳи |6,0 |695 310 |дарозмӯҳлат|
| |оҳани Чептура | | | |

| РҶ009 |54 км РБ 02-шаҳри |3,1 |359246 |дарозмӯҳлат|
| |Турсунзода | | | |

| РҶО10 |21 км РБ 02-шаҳри Ҳисор |3,0 |590 568 |дарозмӯҳлат|

| РҶОП |19кмРБ02-Алмосӣ |12,2 |1 413 797 |дарозмӯҳлат|

| РҶ 013|Пахтаобод-шаҳри |2,8 |324 478 |дарозмӯҳлат|

| РҶ016 |Сари пул-Навобод |18,2 |2 109 107 |дарозмӯҳлат|

| РҶ017 |Ҳоит- кони Назарайлоқ |42,0 |4 867 170 |дарозмӯҳлат|

| РҶ024 |Чормағзак-Евон |23,0 |4 527 688 |дарозмӯҳлат|

| РҶ031 |Темурмалик-Кангурт |27,0 |5315 112 |дарозмӯҳлат|

| РҶ032 |Восеъ-Ховалинг |86,0 |16929616 |дарозмӯҳлат|

| РҶОЗЗ |Кӯлоб-Муъминобод |41,8 |8 228 581 |дарозмӯҳлат|

| РҶ034 |Зиракӣ-Даҳана |6,8 |788 018 |дарозмӯҳлат|

| РҶО35 |Даромад ба фурудгоҳи- |3,5 |405 598 |дарозмӯҳлат|
| |шаҳри Кӯлоб | | | |

| РҶ 036|Тугорак-Саричашма- |47,5 |5 504 538 |дарозмӯҳлат|
| |Чордара-Шӯрообод | | | |

| РҶ037 |Қалаихум-Дашти Луч |6,9 |799 607 |дарозмӯҳлат|
| | | | | |

| РҶ039 |609 км РБ 04-деҳаи |4,6 |533 071 |дарозмӯҳлат|
| |Поршнев | | | |

| РҶ041 |Хоруғ-Туқузбулоқ |154,5 |37 122 333 |дарозмӯҳлат|

| РҶ044 |Душанбе-Ҳисор |20,0 |2 317 700 |дарозмӯҳлат|

| РҶ046 |чорроҳаи Лоҳур |2,1 |243 359 |дарозмӯҳлат|

| РҶ047 |НБО-и Норак-Қарабулоқ |9,9 |1 147 262 |дарозмӯҳлат|

| РҶ050 |ҶС "Улҷабой"-Хоҷагии |23,9 |2 769 652 |дарозмӯҳлат|
| |фермерӣ-Қиблаӣ | | | |

| РҶ 053|роҳи давродаврии |12,4 |1 436 974 |дарозмӯҳлат|
| |ш.Қӯргонтеппа | | | |

| РҶ054 |Қӯргонтеппа-Данғара |71,6 |14094890 |дарозмӯҳлат|

| РҶ055 |Қӯрғонтеппа-Вахш |13,8 |1599 213 |дарозмӯҳлат|

| РҶ056 |даромад ба истгоҳи роҳи |0,9 |104 297 |дарозмӯҳлат|
| |оҳани Қӯрғонтеппа | | | |

| РҶ057 |роҳи даромад ба шаҳри |2,0 |231 770 |дарозмӯҳлат|
| |Сарбанд | | | |

| РҶО58 |роҳи даромад ба |9,8 |1 135 673 |дарозмӯҳлат|
| ЖҚӯрғонтеппа | | | |

| РҶ060 |Ҷиликӯл-Ғароутӣ |9,2 |1 066 142 |дарозмӯҳлат|

| РҶ061 |Дӯстӣ-мамнӯъгоҳи "Бешаи |5,7 |660 550 |дарозмӯҳлат|
| |палангон) | | | |

| РҶ062 |Ҷалолидини Румӣ-мамнӯъго-|10,4 |1 205 214 |дарозмӯҳлат|
| |ҳи "Бешаи палангон" | | | |

| РҶ063 |Комсомол-Пахтакор-хоҷагии|8,4 |973 451 |дарозмӯҳлат|
| |фермерии Эшхонов | | | |

| РҶ065 |Истаравшан-Ғончӣ |12,6 |1 460 176 |дарозмӯҳлат|

| РҶ066 |Истаравшан-Куркат |32,1 |3 720 005 |дарозмӯҳлат|

| РҶ067 |роҳи даромад ба маркази |16,4 |4 341 752 |дарозмӯҳлат|
| |ноҳияи Ғончӣ | | | |

| РҶ068 |Зафаробод Бекобод |25,2 |4 804 456 |дарозмӯҳлат|

| РҶ 069|Хӯҷанд-Бобоҷон Ғафуров |17,3 |4580019 |дарозмӯҳлат|

| РҶ070 |Ғафуров-Пунган |137,2 |24 392 514 |дарозмӯҳлат|

| РҶ071 |Конибодом-Исфара |27,0 |5315 112 |дарозмӯҳлат|

| РҶ072 |Конибодом-Равот-сарҳади |12,0 |1 390 644 |дарозмӯҳлат|

| РҶ 073|Булоқ-Чилмаҳрам |11,0 |1 274 757 |дарозмӯҳлат|

| РҶ075 |Конибодом-Спитамен ба |13,6 |1 576 063 |дарозмӯҳлат|
| |Овчиқалъача | | | |

| РҶ076 |Конибодом-Спитамен |8,4 |973 459 |дарозмӯҳлат|
| |даромад ба шаҳри Хуҷанд | | | |
| |аз тарафи Деҳмой | | | |

| РҶ078 |даромад ба Адрасмон роҳи |33,0 |3 824 370 |дарозмӯҳлат|
| |Бобоҷон Ғафуров-Пунган | | | |

| РҶ080 |даромад ба Шӯроб |7,0 |811 244 |дарозмӯҳлат|

| РҶ081 |Конибодом-Спитамен роҳи |6,2 |718 537 |дарозмӯҳлат|
| |даромад ба ноҳияи Ҷаббор | | | |
| |Расулов | | | |

| РҶ082 |даромад ба роҳи автомо- |1,2 |139 073 |дарозмӯҳлат|
| |билгаррди Душанбе-Хуҷанд | | | |

| Ҳамагӣ дар роҳҳои ҷумҳуриявӣ |1 570,6 |545505036 | |
+---------------------------------+---------+------------+ |
| Ҳамагӣ дар роҳҳои байналмилалӣ |2 241,4 |258347226 | |

| Ҳамагӣ | |803852262 | |
+---------------------------------+---------+------------+-----------+
Барномаи сармоягузории таҷдиди пулҳо барои то соли 2025
+------+----------------------+-----------+-------+-------+----------ҷ
| Рақам| | Ҳамагӣ |Пулҳои |Арзиши | Ар:шши |
| ва | Номгӯи роҳҳо | пулҳо |таҷдидш|1 м. ба| умумӣ |
|индек.| +----+------+аванда,| ҳис. | ҳис.ҳаз. |
| роҳ | |адад|(метр)| м. т | долл. | доллари |
| | | | | | ШМА | ШМА |
+------+----------------------+----+------+-------+-------+----------+
| I | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |

| РБ02 |Душанбе-Турсунзода- | 16 | 468 | 200 | 3192 | 638,4 |
| |сарҳади Ҷумҳурии | | | | | |
| |ӯзбекистон | | | | | |

| РБ04 |Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ- | 91 | 3230 | 600 | 3192 | 1915,2 |
| |сарҳади Ҷумҳурии | | | | | |
| |Халкии Хитой | | | | | |

| РБ 11|Қизилқалъа-Қӯрғонтеппа| 30 | 461 | 230 | 3192 | 734,2 |
| |-Панҷи Поён | | | | | |

| РБ12 |Айнӣ-Панҷакент-сарҳади| 29 | 695 | 300 | 16000 | 4800Г0 |
| |Ҷумҳурии ӯзбекистон | | | | | |

|Ҳамагӣ дар давраи кӯтоҳмӯҳлат|166 | 4854 | 1330 | - | 8087,8 |

| РБОЗ |Лаби Ҷар -Қалъаихум | 27 | 1750 | 1050 | 3192 | 3351.6 |

| РБ04 |Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ- | 91 | 3230 | 650 | 3192 | 2074,8 |
| |сарҳади Ҷумҳурии | | | | | |
| |Халқии Хитой | | | | | |

| РБ08 |Гулистон-Дӯстӣ | 21 | 347 | 100 | 3192 | 319,2 |

| РБ 10|Айваҷ- сарҳади | 1 | 12 | 12 | 3192 | 38,3 |

| РБ 13|Конибодом-Спитамен- | 33 | 808 | 150 | 3192 | 478,8 |

| РБ 16|Исфара- сарҳади | 10 | 178 | 90 | 3192 | 287,3 |

|Ҳамагӣ дар давраи миёнамӯҳлат| 173| 6325 | 2052 | - | 6550.0 |

| РБ04 |Душанбе-Кӯлоб- Хоруғ -| 91 | 3230 | 600 | 3192 | 1915,2 |
| |сарҳади Ҷумҳурин | | | | | |

| РБ05 |Мурғоб-ағбаи Қизил | 16 | 167 | 100 | 3192 | 319,2 |
| |Арт-сарҳадиҶумҳурии | | | | | |
| |Қирғизистон | | | | | |

| РБ06 |Хоруғ-Ишкошим-Тузкӯл | 63 | 536 | 270 | 3192 | 861,8 |

| РБ09 |Душанбе-Айваҷ | 34 | 1045 | 500 | 3192 | 1596.0 |

| РБ 13|Конибодом-Спитамен | 33 | 808 | 250 | 3192 | 798,0 |
| |сарҳадиҶумҳурии | | | | | |

|Ҳамагӣ дар давраи дарозмӯҳлат|237 | 5786 | 1720 | - | 5490.2 |
+-----------------------------+----+------+-------+-------+----------+
|Ҷамъ тибқи барнома |576 |16965 | 5102 | | 20127.8 |

33) Инчунин дар доираи амалисозии барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо таҳияи лоиҳаи таҷдиду барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ аз ҳисоби сармоягузории хориҷиву ватанӣ пешбинӣ хоҳад гардид. Аз ҷумла, барои барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди Табошар-Зарнисор дар масофаи 47 км ва роҳҳои автомобилгарди дохилии ноҳияи Балҷувон лоиҳаи инвеститсионӣ таҳия гардида, барои ҷалби сармоягузорӣ пешниҳод гардидааст.
§5 Рушди боркашонии интермодалӣ (боркашонии омехта)
34) Масири муҳими тиҷорат байни қитъаҳо интиқоли интермодалӣ мегардад, ки ба манфиатҳои иқтисодии кишварҳо аз ҳисоби ҳамгироӣ ва истифодаи муносиби имкониятҳои ҳар намуди нақлиёт фароҳам сохта мешаванд.
35) Ҳаҷми боркашонии байналмилалӣ, ки бо контейнерҳо иҷро карда мешаванд, тамоили афзоиш дорад.
Сабабҳои асосии қафомонии рушди интиқоли контейнерӣ (борқуттиҳо) дар кишвар аз инҳо иборатанд:
-ғайриимкон будани истифодаи контейнерҳо аз сабаби набудани воситаҳои зарурии боркунӣ ва фаровардани контейнерҳо;
-шомил набудани ҷумҳурӣ ба конвенсияҳо, яъне ба имзорасида байни кишварҳои ҳамсоя дар масъалаи иҷозати интиқоли контейнерӣ;
-ҳаҷми ками борҳои ҳамсафари контейнерӣ;
-миқдори нокифояи таносубии борҳои гаронбаҳо ва зудвайроншаванда.
36) Зарур аст, ки ба инвеститсияи кӯтоҳмӯҳлат барои харидани таҷҳизоти лозимӣ мусоидат карда шавад. Терминалҳои боркашонии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд бояд бо таҷҳизоти боркунию борфурорӣ, инчунин майдончаҳои контейнерӣ, ки аз онҳо интиқоли зиёди борҳои интермодалӣ ва якҷошуда анҷом меёбанд, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шаванд.
Муҳимтар аст, ки дар ин робита ба рушди ширкатҳои экспедитсионӣ, ки операторони интиқоли мултимодалӣ ва интермодалӣ маҳсуб меёбанд, мусоидат карда шавад.
Дар рушди интиқоли интермодалию мултимодалии борҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ шабакаи марказҳои логистикии шаҳрҳои Турсунзода ва Ваҳдат нақши муҳим хоҳад дошт. Шохаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон имкон медиҳад, ки ноҳияҳои саноатӣ ба ҳам пайваст гарданд. Барои коркарди логистикии борҳо дар ин марказҳо заминаи ҳозиразамони истеҳсолӣ-техникӣ бояд сохта шавад.
Ба мақсади ҳар чӣ зудтар сохтани шабакаи логистикӣ барои ҷойгиронии анборҳои нигоҳдории маҳсулот ва кормандон истифодаи модулҳои ҳозиразамони васлкунанда ба назар гирифта мешавад. Гирифтану коркарди иттилооти фаврӣ бо ёрии системаи ягонаи иттилоотии мониторинг ва банақшагирии интиқоли содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ҳудуди коридорҳои байналмилалии нақлиётӣ ба роҳ монда шавад.
5. Барномаи таъмини бехатарии экологии нақлиёт
37) Таҳлили вазъи экологии кишвар нишон медиҳад, ки ҳиссаи нақлиёт дар ифлоскунии муҳити атроф хеле назаррас аст. Хусусан пеш аз ҳама он дар ифлосшавии ҳаво, сатҳи болоии обҳои заминӣ ва таркиби замин зоҳир мегардад. Нақлиёт яке аз манбаҳои асосии ғалоғула ва ифлосшавии ҳарорати муҳити атроф дар шаҳрҳо мебошад.
Партовҳои умумии моддаҳои ифлоскунанда, ки аз воситаҳои нақлиёт ба ҳаво афканда мешаванд, 43,5 фоизи ҳаҷми умумии партовҳоро дар кишвар ташкил медиҳанд.
Вақтҳои охир дар тамоми дунё барои кам кардани моддаҳои ифлоскунандаи ҳаво истифодаи намудҳои алтериативии маводи сӯхти воситаҳои нақлиёт, пеш аз ҳама, гази табиии фишурда ва тарзҳои гуногуни безарарсозии бензин ба роҳ монда мешавад.
Ба мақсади коҳиши таъсири манфии омилҳои ба муҳити атроф таьсиркунанда дар шароити автомобиликунонии босуръати ин кишвар, аз ҳисоби афзоиши воситаи нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тозатар тадбирҳо андешида мешаванд:
38) Дар ҷодаи ҳифзи ҳавои атмосфера:
-рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард ва боло бурдани сифати нигоҳдории онҳо;
-гузаронидани як қисми нақлиёти автомобилӣ ба истифодаи маводи сӯхти аз лиҳози экологӣ тоза, пеш аз ҳама ба гази табиӣ; -истифодаи таҷҳизоти камкунандаи таъсири экологии маводи сӯхт;
-такмили болопӯши роҳҳо, аз ҳисоби истифодаи полимерҳо, коидаҳои техникӣ ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард;
-берун баровардани шоҳроҳҳои транзитӣ аз ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин;
-мутобиқ кардани инфрасохтори нақлиёт ба стандартҳои байналмилалӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои экологӣ;
-ба ҷои фреон истифода бурдани намудҳои нави маҳлулу омехтаҳо дар кондитсионер ва яхдонҳои вагонҳо;
-нав кардани парки ҳавопаймоҳо аз ҳисоби тайёраҳои нав ва модернизатсияи заминаи ташкили парвозҳо;
-бунёди иншооти камғулғула ва шинонидани ниҳолҳои сояафкан;
-таъсиси хатҳои муҳофизатии дар ҳамшафати роҳҳо.
39) Дар ҷодаи ҳифзи захираҳои об:
-сохтани нуқтаҳои ҳозиразамони мошиншӯӣ дар даромадгоҳи шаҳрҳои барои нақлиёти транзитӣ;
-ҷамъорӣ ва тоза кардани барф аз шоҳроҳҳо тавассути нуқтаҳои барфобкунӣ бо иншооти софкорӣ таҷҳизонидашуда;
-коркарди системаи сарбастаи обу корез барои муассисаҳои пойгоҳи вагонҳо ва локомотивҳо;
-ҷорӣ кардани обу корези гарданда, маҳдуд намудани харҷи оби нӯшокӣ дар раванди технологии истеҳсолот дар фурудгоҳҳо;
40) Дар ҷодаи ҳифзи хок ва истифодаи оқилонаи захираҳои замин:
-ба мақсади пешгирии ботлоқшавии замин дар давраи корҳои лоиҳавӣ гузаронидани таҳқиқоти гидрогеологӣ, мондани виадукҳо (кӯлҳо) барои ҷамь ва тақсим кардани обҳои рӯизаминӣ;
-ба мақсади таъмини вазъи санитарӣ-экологии шабакаи нақлиётӣ дар давраи интихоби қитъаҳои замин барои сохтмони шоҳроҳҳо ҳамон қитъаҳое интихоб шаванд, ки дар канори онҳо шинонидани ниҳолҳои ҳимоявӣ имкон дорад;
-ба мақсади пешгирии ифлоснашавии хок аз маводи токсикии кимиёвӣ дар ҳудуди ҳамшафати роҳ, ки зимни истифодаи маводи зиддилағжиш ба миён меояд, бояд ҳамон навъи мавод интихоб шавад, ки ба иншооти табиӣ таъсири манфӣ намерасонанд;
-андешидани тадбирҳои босамар нисбати пешгирии ифлосшавии хати роҳи оҳан ва қитъаҳои ҳамшафати он;
41) Дар самти муносибат бо партовҳо:
-ҷамъоварӣ ва ба филизпора табдил додани воситаҳои нақлиёти дар хатҳои ҳамшафати роҳҳо партофташуда;
-тоза кардани хатҳои ҳамшафати роҳ аз партовҳои сахти маишӣ;
-ташкили кашида бурдани бор ва партовҳои хавфнок;
-бо партовқуттиҳо таъмин кардани таваққуфгоҳҳои нақлиётӣ;
-ба роҳ мондани ҷамъоварӣ ва коркарди воситаҳои нақлиёти аз қайди истифода баровардашуда;
-ба роҳ мондани технологияи комплексӣ барои безараргардонии ҳароратӣ партовкунии боқимондаҳои истеҳсолӣ, маишӣ ва маводи нафтдори фурудгоҳҳо.
42) Тадбирҳои асосии барнома дар ҷадвали 8 оварда шудаанд.
Барномаи маблағгузории паст намудани таъсири нақлиёт ба муҳити атроф
+-------------------------------+-----------+------------------------+
| | | Маблағгузорӣ |
| Номгӯи чорабиниҳо | Манбаи | (млн. доллари ШМА) |
| | сармоя- +------+-----+-----+-----+
| | гузорӣ |Ҳамагӣ|2011-|2015-|2020-|
| | | |2014 |2019 |2025 |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |

| Нақлиёти автомобилӣ |

|1. Кам кардани хориҷшавии маво-|муассисаҳо |2,8 |1,8 |0,5 |0,5 |
|ди ифлоскунанда аз сарчашмаҳои | | | | | |
|собити муассисаҳои нақлиёти | | | | | |
|автомобилӣ | | | | | |

|2. Бунёди нуқтаҳои газпур кунӣ |муассисаҳо |6,3 |2,3 |2,0 |2,0 |
|барои автомобилҳо | | | | | |

|3. Гузаронидани автомобилҳо ба |соҳибони |3,8 |1,8 |1,0 |1,0 |
|сӯзишвории газ ва барқ |воситаҳо | | | | |

|4. Бунёди нуқтаҳои мошиншӯӣ дар|маблағҳои |2,6 |0,2 |1,2 |1,2 |
|воридгоҳи шаҳрҳо |ҷалбшуда | | | | |

|5. Ба роҳ мондани истеҳсолот |маблағҳои |6,3 |2,3 |4,0 | - |
|оид ба партов кардани воситаҳои|ҷалбшуда | | | | |
|нақлиёт ва қисмҳои аз истифода-| | | | | |
|мондаи онҳо | | | | | |

|6. Таҳия ва татбиқи лоиҳаи ис- |маблағҳои |4,2 |1,9 |2,3 | - |
|теҳсолот ва коркарду истифодаи |ҷалбшуда | | | | |
|дубораи равғанҳои моторӣ ва | | | | | |
|молиданӣ | | | | | |

| Ҳамагӣ | |26,0 |10,3 |11,0 |4,7 |

| Роҳи оҳан |

|1. Истифодаи маҳлулҳои нави |худӣ |0,12 | - |0,06 |0,06 |
|сардкунандаи 22 ва 134 дар кон-|(50фоиз) | | | | |
|дитсионер ва яхдонҳои вагонҳо |ва ҷалбӣ | | | | |
|ба ҷои фреони 12 |50фоиз) | | | | |

|2. Истифодаи маҳлулҳои обии |худӣ (50%) |0,34 | - |0,14 |0,2 |
|рангуборкунӣ |ва ҷалбӣ | | | | |
| |(50%) | | | | |

|3. Таҳияи сохтори сарбастаи обу|муассисаҳо |0,26 |0,08 |0,08 |0,1 |
|корез дар пойгоҳи вагонҳо ва |(50фоиз) ва| | | | |
|локомотивҳо |ҷалбӣ | | | | |
| |(50фоиз) | | | | |

| Ҳамагӣ | |0,72 |0,08 |0,28 |0,36 |

| Нақлиёти ҳавоӣ |

|1. Бароҳмонии технологияи ком- |муассисаҳо |4,8 | - |2,2 |2,6 |
|плексӣ барои безараргардонии |(50фоиз) ва| | | | |
Жҳароратӣ ва партовкунии вомон- |ҷалбӣ | | | | |
|даҳои истеҳсолӣ, маишӣ ва |(50фоиз) | | | | |
|нафтдор |4,8 | | | | |

|2. Бароҳмонии обу корези бар- |Муассиса |0,34 |0,08 |0,18 |0,08 |
|гашт, маҳдудкунии харҷи оби |(50 фоиз) | | | | |
|нӯшокӣ дар ҷараёни технологии |ва ҷалбӣ | | | | |
|истеҳсолот |(50фоиз) | | | | |

| Ҳамагӣ | |5,14 |0,08 |2,38 |2,68 |

| Роҳҳои автомобилгард |

|1. Шинонидани ниҳолони ҳамеша- | | |
|сабзи ҳимоятӣ дар қад-қади | | |
|роҳҳо |Буҷети |маблағгузории нигаҳдории|
+-------------------------------+давлатӣ |роҳҳои автомобилгард дар|
|2. Харидан ва истифодаи маводи | |назар дошта шудааст |
|зидди лағжиши махсус, ки ба | | |
|иншоотҳои табиӣ таъсири манфӣ | | |
|намерасонанд | | |

| Ҳамагӣ: |доллар |31,86 |10,46|13,66|7,74 |

| сомонӣ |139,5 |45,8 |59,8 |33,9 |
+-------------------------------------------+------+-----+-----+-----+
6. Барномаи иттилоотонии соҳаи нақлиёт
43) Мақсади асосии барнома баланд бардоштани самаранокии тадбирҳои танзими давлатӣ дар асоси истифодаи васеи технологтяи иттилоотонӣ ва коммуникатсионӣ, боло бурдани сатҳи бехатарӣ дар маҷмааи нақлиётӣ дар заминаи иттилои пурра, дақиқ ва фаврӣ оид ба вазъияти ҳаракат, ошкоркунии саривақтии тамоилҳои манфӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо, таҳлили пай дар пайи иттилоотонӣ ва таҳияи тасмимоти стратегӣ мебошад.
Айни ҳол ҳамоҳангии маҷмааи системаҳои мухтор дар базаи маълумоти ягонаи иттилоотонӣ вуҷуд надорад.
Сохтори ягонаи иттилоотонии мусоидат ба танзим дар маҷмааи нақлиётии кишвар имкон медиҳад, ки системаи ягонаи иттилоотонӣ-таҳлилии ҷамъоварӣ, мунтахабкунӣ ва таҳлили маълумот оид ба тарифҳои ҷорӣ, ҳаҷми дотатсияву субсидияҳо, ҳамчунин дастрас будани хизматрасонии нақлиётӣ барои аҳолӣ таҳия карда шавад.
Барномаи иттилоотонии маҷмааи нақлиётӣ инчунин созмон додани системаи ягонаи иттилоотонии мониторинг ва банақшагирии ҳамлу нақли воридотӣ, содиротӣ, транзитӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар доираи коридорҳои байналмилалии нақлиётиро пешбинӣ мекунад.
Дар таъмини системаи нақлиётӣ бо манбаҳои маълумоти дақиқ ва шаффоф истифодаи усулҳои замонавии таҳлили иттилоот аҳамияти муҳим дорад. Вобаста ба ин дар нақлиёти шаҳрӣ системан автоматикунонидашудаи идоракунии нақлиёти мусофирбари (минбаъд САИНМ) намуди TSM ба роҳ монда мешавад, ки кори он ба истифодаи ГЛОНАС- системаи глобалии навигатсионӣ (минбаъд СГН) асос меёбад.
44) Истифодаи САИНМ афзалиятҳои зерин дорад:
-теъдоди воситаҳои нақлиётии барои ҳамлу нақл зарур нисбатан кам карда мешаванд;
-гардиши шабонарӯзии воситаҳои нақлиёт кам мешавад:
-хароҷоти умумии баҳрабардории нақлиёт паст мешавад;
-ҳаҷми мусофирбарӣ афзоиш меёбад;
-фаъолияти операторони инфиродӣ танзим ёфта, базаи андозсупорӣ васеъ карда мешавад;
-хароҷоти сохтори идоракунӣ коҳиш меёбад;
-иттилои саҳеҳ барои ба нақшагирии ҳамлу нақл ва рушди инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ ба даст оварда мешавад;
-сатҳи бехатарии ҳаракат дар роҳҳо боло меравад.
Татбиқи ин системаи идоракунии ҳамлу нақл имконият медиҳад, ки интиқоли бароҳати мусофирон таъмин шуда, вақти дар истгоҳҳо интизоршавии мусофирон ва ҳаракати воситаи нақлиёт ба истгоҳҳои таъиншуда кам ва мусофирбарӣ зиёд карда мешавад.
Айни замон оид ба шабакаи роҳҳо, таҷҳизоти онҳо, вазъ ва сифати технологии ҳаракат дар роҳҳо тамоман иттилое нест.
45) Дастрасӣ ба ин ҳадаф зимни тасмимоти зерин сурат мегирад:
-таъсиси сохтори иттилоотонии шоҳроҳҳои автомобилгард;
-бунёд ва дастгирии захираи иттилоотонии соҳавӣ оид ба вазъ ва фаъолияти маҷмааи нақлиётӣ, ки барои тасмимоти давлатии стратегӣ дар соҳаи нақлиёт зарур аст;
-ташкили мониторинг оид ба вазъ ва бехатарии фаъолиятӣ дар маҷмааи нақлиётӣ;
-таъсиси сохтори назорати фаврии кори операторони нақлиётӣ (ба мисли бехатарӣ, мунтазамнокӣ ва ғайра);
-ташкили ҳамгироии иттилоотӣ ва технологии баъзе намудҳои нақлиёт дар доираи маҷмааи ягонаи нақлиётӣ:
-созмондиҳии фазои ягонаи иттилоотонии ҳамкориҳои мутақобилаи мақомоти давлатӣ дар соҳаи идоракунии нақлиёт, субъектҳо ва истифодабарандагони бозори хизматрасонии нақлиётӣ.
46) Дар доираи ин Барнома амалӣ кардани чорабиниҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд (ҷадвали 9).
Номгӯи тадбирҳои иттилоотонии маҷмааи нақлиётӣ
+---------------+---------------------+----------------------+-------+
| Номгӯй | Мақсад | Тавсиф |Маблағ,|
| | | ҳ.долл.|
+-------------- +---------------------+----------------------+-------+
| 1 | 2 | 3 | 4 |

|Таъсиси сохтори|Мақсади асосии СИША |Дар назар аст, ки ан- |2567,0 |
|иттилоотонии |таъмини кормандони |ҷомёбии СИША дастрасӣ | |
|шоҳроҳҳои |ВН ҶТ дар ҳамаи |ба маълумоти охири | |
|автомобилгард |сатҳ бо асбоби умумӣ |сохтори иттилоотониро | |
|(минбаъд СИША) |ва устувор ки барои |таъмин мекунад. | |
| |иҷрои вазифаҳояшон |Ба мисли: | |
| |мусоидат мекунад: |- маълумот оид ба миқ-| |
| |- таъмини хатсайри |дори нақд (роҳҳо,пулҳо| |
| |заминӣ байни шаҳру |ва иншооти заҳбурҳо); | |
| |деҳаҳои дохили кишвар|-вазъи болопӯши роҳҳо,| |
| |ва давлатҳои ҳамсоя; |пулҳо ва иншооти заҳ- | |
| |мукаммалкунӣ, нигаҳ- |бурҳо; | |
| |дорӣ ва афзудани |-сохтоори болопуши | |
| |шабакаи мавҷудаи |роҳҳо; | |
| |роҳҳо; |-маълумот оид ба | |
| |- ба роҳ мондани тад-Жҳаракат, спектори | |
| |бирҳо оид ба бехата- |вазнбардории меҳвар, | |
| |рии ҳаракат дар роҳ |садамаҳо, арзиши кор- | |
| |ва идоракунии ҳолати Жҳо оид ба хизматрасо- | |
| |муҳити атроф; |нии роҳҳо, пулҳо ва | |
| |- ворид кардани тех- |нақбҳо. | |
| |нологияи иттилоотонӣ | | |
| |ба сохтмон, хизматра-| | |
| |сонӣ ва кори ВН ҶТ | | |
| |дар бахши роҳҳо. | | |

|Таъсиси сохтори|Боло бардоштани сама-|Бунёди ягонаи иттилоо-|207,7 |
|ягонаи иттилоо-|ранокии сиёсати |тонӣ таҳлилӣ, ки он | |
|тонӣ оид ба |тарифҳою нархҳо ва |ҷамъшавии, интихоб ва | |
|дастгирии фун- |дотатсия дар асоси: |таҳлили маълумот оид | |
|ксияҳои танзими|-бақайдгирӣ ва таҳ- |ба тарифҳо, ҳаҷми | |
|иқтисодӣ дар |лили самараноки |дотатсия ва субсидия, | |
|маҷмааи нақли-|тарифҳои ҷорӣ аз рӯи |хизматрасонӣ ба аҳолӣ,| |
|ёти Ҷумҳурии |тамоми намуди нақлиёт|тарҳсозии таъсири | |
|Тоҷикистон |ва мониторинги даст- |андозаи тарифҳо, до- | |
| |раси хизматрасониҳои |татсия ва субсидия | |
| |нақлиётӣ ба аҳолӣ, |барои рушди бозори | |
| Жҳамчунин |хизматрасонии нақлиё- | |
| |натиҷаҳои фаъолияти |тиро таъмин мекунад. | |
| |молиявӣ хоҷагидории |Дар доираи чорабиниҳо | |
| |субъектҳои монопо- |анҷом додани корҳои | |
| |лияи табиӣ дар |зерин пешбинӣ меша- | |
| |нақлиёт; |ванд: | |
| |тарҳсозии таъсири |-харидани таъминоти | |
| |тарифҳо ба болоравии |аппаратӣ ва барномавӣ,| |
| |дастрасии хизматра |ташкили ҷойҳои кории | |
| |сонии нақлиётӣ ба |автоматикунонидашуда, | |
| |аҳолӣ ва вазъи моли- |ҷамъоварии мавод, | |
| |явӣ хоҷагидории |таҳлил ва пешниҳоди | |
| |субъектҳои монополияи|иттилоот; | |
| |табиӣ дар нақлиёт. |-таҳияи тарҳи танзими | |
| | |иқтисодии соҳа; | |
| | |-таҳқиқи таъсири сиё- | |
| | |сати тарифҳо ба даст- | |
| | |расии хизматрасонии | |
| | |нақлиётӣ ва сатҳи | |
| | |рушди хизматрасониҳои | |
| | |нақлиётӣ дар минтақа- | |
| | Жҳои гуногун; | |
| | |-ташкили сохтори яго- | |
| | |наи иттилоотӣ таҳлилии| |
| | |ҷамъорӣ, интихоб ва | |
| | |таҳлили маълумотоид ба| |
| | |тарифҳои ҷорӣ, ҳаҷми | |
| | |дотатсия ва субсидия- | |
| | Жҳо, дастрас будани | |
| | |хизматрасонии нақлиётӣ| |
| | |барои аҳолӣ. | |

|Таъсиси сохтори|Таҳияи пакети стан- |Ташкили маҷмааи ҳуҷат-|1086,0 |
|ягонаи |дартҳои меъёрӣ таш- |гузориҳои меъёрӣ | |
|иттилоотонии |килӣ ва сохтори Жҳуқуқӣ ва ташкилии | |
|мониторинг ва |ягонаи мониторинги |техникӣ, сохтор меъёр-| |
|ба нақшагирии |мушоидати интиқоли Жҳои техникӣ, шартнома | |
|интиқоли |мусофирону борҳо, |ва маводи ба роҳбари- | |
|содиротӣ, |аз ҷумла дар кори- |гиранда, барои созмон | |
|воридотӣ ва |дорҳои байналмилалии |додан, тадбиқ ва | |
|транзитӣ дар |нақлиётӣ, ташкили |баҳрабардории сохтори | |
|қаламрави |сохтори ягонаи итти- |хизматрасонии иттилоо-| |
|Ҷумҳурии |лоотонии ба нақшагирӣ|тонӣ ба иштирокдорони | |
|Тоҷикистон, аз |ва мониторинги инти- |раванди нақлиётӣ ва | |
|ҷумла дар доира|қоли воридотӣ, соди- |таъсири мутақобилаи | |
|коридорҳои |ротӣ ва транзитӣ. |онҳо бо хдамоти идора-| |
|байналмилалии |Лоиҳа чораи протекси-|кунии сатҳҳои гуногун.| |
|нақлиётӣ |онизми давлатии рушди|Барои татбиқи ин | |
| |бозори хизматрасонии |тадбирҳо зарур аст: | |
| |нақлиётӣ дар асоси |-таҳияи консепсияҳо | |
| |ташкили сохтори мар- |дар асоси таҳлили | |
| |казҳои логистикӣ дар Жҳуҷҷатҳои ҳуқуқию | |
| |коридорҳои байналми- |ташкилии ҷорӣ оид ба | |
| |лалии нақлиётӣ |истифодаи системаҳои | |
| |мебошад. |навигатсионии СГН | |
| | |(ГЛОНАС), GPS ва сис- | |
| | |темаи аврупоии | |
| | |"Галилео" дар шабакаи | |
| | |ягонаи маҷмааи | |
| | |нақлиёти Ҷумҳурии | |
| | |Тоҷикистон; | |
| | |-ташкили базаи маълу- | |
| | |мот оид ба инфрасохто-| |
| | |ри коридорҳои байнал- | |
| | |милалии нақлиётӣ; | |
| | |-ташкили базаи меъёрӣ | |
| | Жҳуқуқии маълумот барои| |
| | |иштрокдорониравандҳои | |
| | |нақлиётӣ; | |
| | |-ташкили базаи маълу- | |
| | |моти иштирокдорони | |
| | |боркашонӣ; | |
| | |-таҳияи технология ва | |
| | |меъёрҳои таъсири | |
| | |мутақобилаи электронӣ | |
| | |иттилоотонии иштирок- | |
| | |дорони равандҳои | |
| | |нақлиётӣ; | |
| | |-ташкили марказҳои | |
| | |идоракунии кори | |
| | |коридрҳои нақлиётӣ ва | |
| | |тавассути иттилоотонӣ | |
| | |ба иштирокдорони он; | |
| | |-ташкил ва маъқул | |
| | |донистани компонентҳои| |
| | |алоҳидаи сохтори | |
| | |хизматрасонӣ тавассути| |
| | |иттилоотонӣ. | |

|Ҷорӣ кардани |Ҳалли проблемаҳои |Дар назар аст, ки сох-|5770,0 |
|САИНМ |таҳияи Барнома оид |тори ягонаи иттилоо- | |
| |ба тартиб додани |тонӣ таҳлилӣ сохта | |
| |ҷадвали ягона барои |шавад, ки он он ҷамъ- | |
| |интиқолдиҳандагони |шавии маълумот,интихоб| |
| Жҳама гуна шакли |ва таҳлили маълумот | |
| |моликият ва таҳти |оид ба хатсайрҳо барои| |
| |назорати оянда |интиқолдиҳандагони | |
| |гирифтани он Жҳама шакли моликиятро | |
| | |таъмин намояд. | |
| | |Дар доираи чорабиниҳо | |
| | |барои ҷамъоварӣ ва | |
| | |таҳлили иттилооти | |
| | |ташкили ҷойҳои кори | |
| | |автоматикунонидашуда | |
| | |барои масъулони ҷамъ- | |
| | |оварии мавод, таҳлил | |
| | |ва пешниҳоди ин итти- | |
| | |лоот таъминоти аппа- | |
| | |ратӣ ва барномавӣ ба | |
| | |нақша гирифта мешавад.| |

|Ташкили захираи|Таҳияи таъминоти |Таҳияи тарҳи идораку- |770,0 |
|ҷумҳуриявӣ дав-|меъёрӣ ҳуқуқӣ, прин- |нии ВН ҶТ аз нуқтаи | |
|латии иттилоо- |сипҳои ташкили амал- |назари роҳбарони | |
|тонии маҷмааи |кунанда, ва таъсиси |болоӣ, тасмимот. | |
|нақлиётии |маркази итилоотонӣ |Ташкили усулҳои | |
|кишвар |таҳлилии маҷмааи |татбиқи модели идора- | |
| |нақлиёт, ки инҳоро |кунии маҷмааи нақлиёт,| |
| |таъмин мекунад: |ташкили муҳити идора- | |
| |-дастгирии иттилоо- |кунии амалӣ. | |
| |тии қарорҳои стра- |Барои ин зарур аст: | |
| |тегӣ давлатии |-баррасии масъалаҳои | |
| |қабулшуда дар соҳаи Жҳуқуқӣ ва ташкилии | |
| |нақлиёт; |татбиқу истифодаи | |
| |-идоракунии вазъи |захираи давлатӣ итти- | |
| |маҷмааи нақлиёт дар |лоотии маҷмааи | |
| |асоси истифодаи тех- |нақлиёт; | |
| |нологияи иттилоотии |-ташкили инфраструк- | |
| Жҳозиразамон; |тура ва таъмини | |
| |-фароҳамории шароит |системавии маркази | |
| |барои гузаштан ба |иттилоотӣ. | |
| |ҷомиаи иттилоотӣ дар| | |
| |соҳаи нақлиёт. | | |

| Ҳамагӣ | |Тадбирҳои овардашуда |10400,0|
| | |дар давраи то соли | |
| | |2025 дар асоси ҳам- | |
| | |кории давлатию хусу- | |
| | |сӣ татбиқ мегардад | |

7. Механизми татбиқи Барнома
47) Механизми татбиқи Барнома аз маҷмӯи чорабиниҳо, ки интихоби иштирокдоронро таъмин мекунад, муайян намудани манбаҳои маблағгузорӣ ва фароҳамории шароит барои татбиқи лоиҳаҳои нисбатан муҳими пешбиникардаи Барнома иборат аст.
Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Барнома истифодаи босамари захираҳои молиявӣ ва захираҳои дигар, ки дар ихтиёри мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қарор доранд, ҳамчунин аз ҷалби захираҳои иловагии афзуншавандаи бахши инфиродии иқтисодиёт иборат мебошад.
Асоси Барномаро принсипи мутобиқии захираҳои ҷудошаванда, салоҳият ва доираи масъулияти иштирокдорони он ташкил медиҳад.
Принсипи дуюм - таъмини самаронокии истифодаи захираҳои Барнома дар асоси истифодаи васеи тартиб ва механизмҳои идоракунии онҳо мебошад. Ин баҳодиҳии ҳатмии тарзи-бозорӣ фоиданокии маблағгузорӣ, истифодаи механизмҳоеро, ки барои иштирокдорони Барнома муҳити рақобатӣ ва тартибҳои дигарро таъмин мекунад, пешбинӣ менамояд.
Принсипи сеюм - истифодаи васеи имконоти маблағгузориҳои якҷояи лоиҳаҳо ва чорабиниҳои Барнома аз ҷониби иштирокчиёни манфнатдор мебошад. Ин принсип такмилу татбиқи механизмҳо ва тартиби амалиёти ҳамоҳангшуда ва масъули иштирокдорони Барномаро дар тамоми силсилаи роҳандозии лоиҳаҳо ва чорабиниҳо ба назар мегирад.
Принсипи чорум аз нақши пешсафонаи давлат дар ҷодаи бароҳмонии шароити ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва ғайра дар фаъолияти маҷмааи нақлиётӣ иборат мебошад. Яъне нақши фаъоли Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми силсилаи татбиқи лоиҳа ва чорабиниҳо пешбинӣ карда мешавад.
48) Заминаҳои амалӣ намудани принсипҳои овардашудаи Барнома ба сарчашмаҳои зерин поягузорӣ доранд:
-дар самти рушди соҳаҳои нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан бо пурра баитмомрасонии Нақшаи инфиродии реструктуризатсияи корхонаҳои давлатии дар ин соҳаҳо фаъолияткунанда ва ташаккули ҷамъиятҳои саҳомӣ дар заминаи онҳо, дастёбгардӣ ба воридоти ширкатҳои хусусӣ ба бозори хизматрасонӣ дар ин соҳаҳо ва вобаста ба он таъмини гузариш ба либериализатсиякунонии бозори хизматрасонии соҳаҳо. Ин раванд имконият медиҳад, ки рушди ин соҳаҳо аз ҳисоби воридоти иқтидорҳои нав аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ таҳкими ҷиддӣ ёфта, боиси тавсиаи фазои инвеститсионӣ ва болоравии сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаҳо гардад;
-дар самти рушди соҳаи нақлиёти автомобили ташаккули шаклҳои гуногуни корхонаҳо ва ширкатҳои нақлиётӣ, инчунин ассосатсиякунонии онҳо идома дода шуда, васеъгардонии имкониятҳои таҳкимбахшии фазои инвеститсионӣ дар заминаи таъмин намудани санадҳои меъёрии-ҳуқуқӣ ба рушди раванди воридгардии иқтидорҳои нав ба бозори хизматрасонӣ асосан ба ташаккули корхонаҳои саҳомӣ, муштарак ва дорои моликияти омехта такякунанда амалӣ мегарданд.
49) Муҳим аст, ки дар доираи Барнома ҳамчунин истифодаи ҳамкориҳои инфиродӣ-давлатӣ васеъ ба роҳ монда мешавад. Ин механизмҳои барои шароити ҷумҳурӣ нави ташкили таъсири мутақобилаи соҳибкории инфиродӣ ва хадамоти давлатӣ хеле ояндадор менамояд. Механизмҳои мазкур ӯҳдадориҳои мушаххаси қабулкунандаи ҷонибҳоро оид ба пешрафти ислоҳот, ҳалли вазифаҳои афзоиши сифат ва проблемаҳои дигари иҷтимоӣ пешбинӣ мекунад. Дар ин сурат Ҳукумат барои зуҳури ташаббуси инфиродӣ дар ҳалли ин масъалаҳо шароит фароҳам меорад, соҳибкорон бошанд, барои ҷалби захираҳои иловагӣ, ки аз доираи ӯҳдадориҳои қарордодӣтиҷоратиашон оид ба хизматрасонӣ ба аҳолӣ берун мебошанд, имконият меёбанд.
50) Ҳангоми ҷалби маблағҳо манбаҳои зерини маблағгузорӣ истифода хоҳанд шуд:
-маблағҳои буҷети давлатие, ки дар давраи соли молиявии дахлдор барои ин мақсад пешбинӣ мегарданд;
-маблағҳои муассисаҳои маҷмааи нақлиётӣ;
-қарзҳои инвеститсионӣ ва маблағҳои ҷалбшудаи дигар.
51) Вазифаҳои асосии татбиқи Барнома аз инҳо иборат аст:
-таъмини амалиёти ҳамоҳанг оид ба татбиқи Барнома мутобиқи афзалиятҳои стратегияи нақлиёт;
-таҳияи нақшаҳои ҳарсолаи татбиқи чорабиниҳои Барнома ва назорати иҷрои онҳо;
-ҷалби инвесторҳо барои татбиқи лоиҳаҳои ҷозиби инвеститсионӣ;
-таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ мутобиқи афзалиятҳои дар Барнома муқарраршуда;
-татбиқи механизмҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома, хулосаҳои ба мувофиқарасидаи экспертҳо, қабули қарорҳои зарурӣ аз ҷониби хадамоту сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ вақту маблағро сарфа мекунад;
-саҳеҳкунии чорабиниҳо ва вазифаҳои барномавӣ тибқи шартҳои амалии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул медонад ва ба рушди маҷмааи нақлиёт мутобиқ аст.
52) Маблағгузории таҳияи тадқиқоти меъёрӣ-методӣ, фаннӣ-иқтисодӣ ва илмӣ дар назар аст, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин маблағҳои ҷалбшавандаи ширкатҳои оперативӣ ва иттиҳодияҳои онҳо амалӣ гарданд.
Бо дарназардошти он, ки дар Барнома шумораи зиёди иншоот ворид гардидааст, аксари ҳисобу китобҳо аз рӯи меъёрҳои васеъгашта ба назар гирифта шудааст.
Ҳангоми банақшагирии таносуби хароҷот барои инфрасохтор ва таркиби ҳаракаткунанда, мутобиқи хулосаву баҳогузорӣ, таносуби мазкур барои нақлиёти шаҳрӣ бояд 50 фоиз ба 50 фоиз барои нақлиёти минтақавӣ 65 фоиз ба 35 фоиз бошад.
Хароҷоти пешбинишудаи Барнома барои солҳои 2010-2025 ба таври умумӣ, аз ҳисоби афзоиши ММД дар ҳудуди 4,5 фоиз, аз ҷумла, афзоиши воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди 6-7 фоиз муайян шудааст.
53) Хароҷоти умумӣ барои амалисозии Барнома 10 151,5 млн. сомонӣ (2307,2 млн. доллари ИМА бо қурби Бонки миллии Тоҷикистон 1 доллари ИМА= 4,4 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад ().
Маблағҳои ҷалбшуда асосан аз қарзҳои имтиёзнок ва гранти таркиб меёбанд. Қарзҳои нмтиёзнокро дар тӯли 20 сол ба миқдори 1,0 фоизи иловаи амалӣ пардохт бояд кард.
Нархгузории самаранокии татбиқи чорабиниҳои Барнома барои мақсадҳои мониторинги он тибқи нишондиҳандаҳои самаранокии ҷамъиятӣ, тиҷоратӣ ва буҷетӣ аз рӯзи амалишавии он сурат гирифтааст.
Натиҷаҳои татбиқи чорабиниҳои Барнома аз доираи проблемаҳои нақлиёт берун меоянд. Ин на танҳо ба нишондиҳандаҳои фаъолияти соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ки ба самаранокии фузун аз тариқи чорабиниҳои барномавӣ вобастаанд, таъсири мусбӣ мерасонад. Ин нишондиҳандаҳо дар даромадҳои иловагии минтақаҳо аз афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ва хоҷагии халқ, дигар намудҳои фаъолият, беҳтаршавии нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо таҷассум меёбад.
Таъмини чорабиниҳои дар Барнома бо захираҳои меҳнатӣ пешбинишуда, асосан аз ҳисоби теъдоди мавҷудаи кормандон дар намудҳои алоҳидаи соҳаи нақлиёт ба назар гирифта шудааст.
54) Афзоиши нишондиҳандаҳои асосии соҳа ба бахши роҳҳои автомобилгарду сервиси назди роҳҳо, раванди ҳамлу нақли байналмилалӣ ва роҳи оҳан рост меояд. Бо сабаби дар сатҳи пасти истифода қарор доштани иқтидори истеҳсолии ҷорӣ дар хатсайрҳои дохилии ҳавоӣ бокортаъмимкунӣ ба таври назаррас нахоҳад шуд.
55) Бақайдгирӣ ва коҳиши экологӣ ва талаботи нишондиҳандаҳои таъсири манфии иншооти нақлиётӣ ба муҳити атроф дар марҳилаи интихоб ва асосноккунии чорабиниҳои барномавӣ сурат гирифтааст.
56) Нишондиҳандаҳои асосии самаранокии иҷтимоӣ-иқтисодии Барнома таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва кам кардани садамаҳои роҳу нақлиётӣ мебошанд.
Дар Барнома кам кардани теъдоди садамаҳои роҳу нақлиётро пешбинӣ шудааст. Дар сурати татбиқи Барнома имкон аст, ки зиёда аз 10 ҳазор садамаи роҳу нақлиётӣ ва тахминан 2,3 ҳазор ҳодисаи ба ҳалокатрасӣ пешгирӣ карда мешаванд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 апрели соли 2011 № 165
тасдиқ шудааст
Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025

-корҳои ивазкунии шпалҳо ва роҳҳои релсӣ бо назардошти азнавсозии релсҳо идома меёбанд;
-55 пул таҷдид карда мешаванд;
-7 адад локомотиви шоҳроҳӣ харидорӣ карда мешаванд;
- харид ва барқарорсозии вагонҳои боркаш;
-сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Қарамиқ (сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон) Колхозобод-Панҷи поён - сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оғоз меёбад.
Дар ин давра инчунин барои маблағгузории хатҳои сайри камдаромад ҳар сол аз 0,4 то 0,5 млн. доллар пешбинӣ карда мешаванд.
22) Дар давраи дарозмӯҳлат:
-корҳои ивазкунии шпалҳо ва роҳҳои релсӣ бо назардошти азнавсозии релсҳо идома меёбанд;
-10 пулҳо таҷдид карда мешаванд;
-вагонҳои боркаш пурра нав карда мешаванд;
-депои локомотивҳо таҷдид карда мешаванд;
-сохтмони роҳи оҳани Шимол-Ҷануб оғоз меёбад.
Сармоягузории хатсайрҳои наздишаҳрии камдаромад то соли 2025 ба ҳисоби миёна дар як сол аз 0,6 млн. доллар дар назар дошта шудааст.
Маблағгузорӣ ба рушди нақлиёти роҳи оҳан
(ба ҳисоби млн. доллари ШМА)
+-+-------------------+-----------------------+-------+--------------+
|№| | Давра | | |
| | Нишондиҳандаҳо +-------+-------+-------+ | Мақомоти |
| | |то соли|то соли|то соли|Ҳамагӣ | иҷрокунанда |
| | |2015 |2020 |2025 | | |
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
|1|Харидории |8,0 |39,2 |33,0 |80,2 | Корхонаи |
| |локомотивҳо | | | | | воҳиди |
| | | | | | | давлатии |
| | | | | | | "Роҳи оҳани |
| | | | | | | Тоҷикистон" |
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
|2|Сохтмони роҳи оҳани| |660,0 |825,0 |1485,0 | ВН ҶТ |
| |Ваҳдат -Қарамиқ | | | | | |
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
|3|Харидории вагонҳо |16,0 |21,68 |11,0 |48,68 | Корхонаи |
| | | | | | | воҳиди |
| | | | | | | давлатии |
| | | | | | | "Роҳи оҳани |
| | | | | | | Тоҷикистон" |
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
|4|Сохтмони роҳи оҳани| | | | | |
| |Колхозобод-Панҷи | |124,7 | |124,7 | ВН ҶТ |
| |поён-сарҳади | | | | | |
| |Ҷумҳурии Исломии | | | | | |
| |Афғонистон | | | | | |
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
|5|Сохтмони роҳи оҳани| | | |180,0 | ВН ҶТ |
| |қитъаи Ваҳдат- Ёвон|180,0 | | | | |
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
|6|Беҳтарсозии қабати | | |27,0 |57,0 | Корхонаи |
| |болоии роҳи оҳан | |30,0 | | | воҳиди |
| | | | | | | давлатии |
| | | | | | | "Роҳи оҳани |
| | | | | | | Тоҷикистон" |
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
|7|Таҷдид ва нигоҳ- | |7,5 |9,0 |16,5 | Корхонаи |
| |дории пулҳо | | | | | воҳиди |
| | | | | | | давлатии |
| | | | | | | "Роҳи оҳани |
| | | | | | | Тоҷикистон" |
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
|8|Сотмони роҳи оҳани | | |3900,0 |3900,0 | ВН ҶТ |
| |Шимол -Ҷануб | | | | | |
+-+------+------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
| |доллари ШМА |204,0 |883,1 |4805,0 |5892,1 | |
| Ҳамагӣ+------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
| |сомонӣ |897,6 |3885,2 |2142,0 |25924,8| |
+--------+------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
§3 Рушди нақлиёти ҳавоӣ
24) Дар асоси таҳлилҳои гузаронидашуда, ҳамчунин асосноккунии техникӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба татбиқи инвеститсияи давлатӣ дар бахши авиатсияии гражданӣ дар назар дошта шудааст.
Таҷдиди сохторӣ ва гузаронидани ислоҳот дар соҳа идома дода шуда, фароҳамсозии арсаи меъёрию ҳуқуқии мувофиқ ба рақобати озоди бозори хизматрасонӣ барои иштирокдорони нави бозор таҳким меёбад.
25) Дар давраи кӯтоҳмӯҳлат сохтмони терминали фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба анҷом расонида мешавад. Дар давраи номбаршуда ҳамчунин азнавкунии парки ҳавопаймоҳо ва дастгоҳҳои КВД "Тоҷикаэронавигатсия" дар назар аст.
26) Дар давраи миёнамӯҳлат хусусигардонии корхонаҳои саҳомии сохтори авиатсияии гражданӣ дар назар гирифта шудааст, ки онҳо фаъолияти худро дар шароити рақобатнокӣ ба роҳ монда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ кӯмаки молӣ нахоҳанд гирифт. Корхонаҳои фурӯши чиптаҳо, нуқтаҳои маводи сӯхт, хӯрокворӣ, меҳмонхонаҳои марбути соҳа низ хусусӣ гардонида мешаванд.
27) Дар давраи рушди миёнамӯҳлат татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии зерин дар назар аст:
-ҷой кардани пункти нави фармоишӣ-танзимгарӣ (ПФТ) дар шаҳри Душанбе; -таҷдиди хатти парвоз ва пайроҳаи гашти тайёраҳо дар фурудгоҳи Кӯлоб;
-дарозкунии хатти парвози фурудгоҳи Қӯрғонтеппа ба 800 метр, таҷдиди пайроҳаи гардиш; -азнавсозии фурудгоҳи байналмиллалии Қӯрғонтеппа.
28) Масъалаи маблағгузории хизматрасонӣ дар хатсайрҳои ҳавоим дохилӣ дар асоси озмуни байни ҳамаи провайдерҳо ҳал мегардад. Қарордодҳо дар асоси баҳогузорӣ ба афзалиятнокии нархи эълоншуда ва сифати баланди хизматрасонӣ ва субсидияҳои пешниҳодшаванда баста мешаванд.
Идоракунии ҳаракати ҳавоӣ аз тарафи давлат нигаҳдорӣ карда мешавад, вале маблағҳои ҷамъшуда бояд хароҷоти дарозмӯҳлатро бипӯшонанд.
29) Дар давраи дарозмӯҳлат (пас аз соли 2019) сохтмони хатти дуюми парвоз дар фурудгоҳи Душанбе ба маблағи умумии 40 млн. доллар ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин таҷдиди фурудгоҳҳои маҳалӣ барои истифодабарии авиатсияи хурд оғоз меёбад. Истифодаи авиатсия дар хоҷагии қишлоқ ва ҷангали кишвар низ вусъат меёбад.
30) Маблағгузории рушди авиатсияи граждании ҷумҳурӣ барои давраи то соли 2025 дар ҷадвали 3 оварда шудааст.
Сармоягузории рушди авиатсияии гражданӣ
(ба ҳисоби млн. доллари ШМА)
+-+-------------------+-----------------------+-------+--------------+
|№| | Давра | | |
| | Нишондиҳандаҳо +-------+-------+-------+ | Мақомоти |
| | |то соли|то соли|то соли| Ҳамагӣ| иҷрокунанда |
| | |2015 |2020 |2025 | | |
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
|1|Сохтмони терминали |32,5 | | |32,5 |ҶСК "Фурудгоҳи|
| |байналмилалӣ дар | | | | |байналмилалии |
| |шаҳри Душанбе | | | | |Душанбе" |
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
|2|Харидории |27,5 | | |27,5 |ҶСК "Тоҷик |
| ҳавопаймоҳо | | | | |Эйр", |
| | | | | | |ширкатҳои |
| | | | | | ҳавопаймоии |
| | | | | | |хусусӣ |
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
|3|Азнавсозии |20,0 | | |20,0 |КВД "Тоҷик- |
| |дастгоҳҳои | | | | |аэронавигат- |
| |аэронавигатсионӣ | | | | |сия" |
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
|4|Сохтмони маркази | | | | |ҶСК "Фурудгоҳи|
| |танзимӣ дар фуруд- | | | | |байналмилалии |
| |гоҳи Қӯрғонтеппа ва| |64,5 | |64,5 |Қӯрғонтеппа" |
| |пайроҳаи гардиш дар| | | | |ҶСК "Фурудгоҳи|
| |фурурудгоҳи Кӯлоб | | | | |байналмилалми |
| | | | | | |Кӯлоб |
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
|5|Сохтмони хати | | |40,0 |40,0 |ҶСК "Фурудгоҳи|
| |дуюми парвоз дар | | | | |байналмилалии |
| |фурудгоҳи шаҳри | | | | |Душанбе" |
| |Душанбе | | | | | |
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
|6|Хизматрасонӣ дар | | |2,5 |2,5 |мақомоти иҷро-|
| |хатсайрҳои ҳавоии | | | | |ияи ҳокимияти |
| |дохилӣ | | | | |давлатии шаҳру|
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+ноҳияҳо |
|7|Таҷдиди фурудгоҳҳои| |3,0 |3,0 |6,0 | |
| |маҳалӣ | | | | | |
+-+-------------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
|8|Азнавсозии фуруд- |50,0 | | |50,0 |ҶСК "Фуруд- |
| |гоҳи шаҳри | | | | |гоҳҳои |
| Қӯрғонтеппа | | | | |байналмилалии |
| | | | | | Қӯрғонтеппа" |
+-+------+------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
| |доллари ШМА |130,0 |67,5 |45,5 |243,0 | |
| Ҳамагӣ+------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
| |сомонӣ |572,0 |297,0 |200,3 | 1069,2| |
+--------+------------+-------+-------+-------+-------+--------------+
§4 Рушди шабакоти роҳҳои автомобилгард
31) Таҳлили вазъи роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки тахминан 75 фоиз болопӯши асфалтии роҳҳои мақоми ҷумҳуриявӣ дошта пурра ё қисман хароб шуда, аз 60 то 80 фоиз шабакаи роҳҳо бе таҷдиди фаврӣ аз истифода пурра мебароянд. Суръати ҳаракат дар 48 фоизи шабакаи роҳҳо аз 35 км/соат беш нест. Пас аз пурра таҷдид ёфтани роҳҳо дар назар аст, ки шабакаи роҳҳо барои ҳаҷми ҳаракати пешбинишаванда то соли 2025 имконпазир хоҳад гашт.
Маблағгузории умумӣ барои таҷдиди роҳи байналмилалии Ваҳдат-Данғара, ки сохтмони нақби Чормағзак низ ба он дохил мешаванд ва дар робита бо бунёди сарбанди Роғун барои ба анҷомрасии роҳи 75 км ивазкунандаи роҳи зериобмондаи байни Обигарм-Нуробод, дар масири роҳи Душанбе-Қарамиқ (сарҳади Қирғизистон), инчунин идомаи лоиҳаҳои самти Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб ва Душанбе-Турсунзода (сарҳади Ҷумҳурии ӯзбекистон) дар давраи кӯтоҳмӯҳлат афзалият дода мешавад.
Дар ин давра ҳамчунин таҷдиди 166 адад пул ба маблағи умумии зиёда аз 8 млн. доллари ШМА ба назар гирифта шудааст.
Дар Барнома ҷалби сармоягузорӣ барои иҷроиши корҳои таҷдиду барқарорсозии роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта, ки дарозии умумиашон 734 км аст, ба маблағи 161 млн. доллари ШМА дар давраи миёнамӯҳлат (солҳои 2014 то 2019) дар назар дошта шудааст.
Дар давраи миёнамӯҳлат инчунин таҷдиди пулҳои миёна ва калон ба маблағи 6,5 млн. доллар пешбинӣ мешавад.
Дар ин давра аз маблағи умумии 184,1 млн. доллари ШМА барои нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ 128,87 млн. доллари ШМА, барои роҳҳои маҳаллӣ 55,23 млн. доллари ШМА пешбинӣ мешавад.
Дар давраи солҳои 2015-2017 роҳи канории ҷанубии шаҳри Душанбе, ки дарозиаш 16,5 км мебошад, ба маблағи 26,4 млн. доллари ШМА ва роҳи канории шаҳри Хуҷанд бо арзиши 16,4 мда. доллари ШМА дар давраи солҳои 2018-2019 сохта мешаванд.
Дар ин давра роҳҳои самти байналмилалии Исфара-сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон (РБ15), Исфара-сарҳади Ҷумҳурии ӯзбекистон (РБ17) ва ғайраҳо муҳим ҳисоб меёбанд. Хароҷоти ин лоиҳаҳои нав, ки дарозии умумиашон 1080.1 км аст, 238 млн. доллари ШМА-ро ташкил медиҳанд. Баргашти даромади иқтисодӣ аз маблағгузорӣ 17,9 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи дарозмӯҳлат (солҳои 2020-2025) имконияти маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии барномаҳои таҷдид беҳтар мегардад, вале қарзи имтиёзнок бошад, ҳамчун манбаи асосии маблағгузорӣ боқӣ хоҳад монд.
Дар давраи дарозмӯҳлат пулҳо ба маблағи умумии 5,5 млн. доллари ШМА таҷдид мешаванд.
Дар ин давра барои таъмини нигоҳдории роҳҳо дар сатҳи зарурӣ ҷудо намудани 272,0 млн. доллари ШМА, аз ҷумла барои нигоҳдории роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ қариб 192 млн. доллари ШМА ва барои роҳҳои маҳаллӣ 82,26 млн. доллари ШМА дар назар дошта шудааст.
Ҳамзамон дар ин марҳилаҳо сохтмони иншооти инфрасохтори наздироҳӣ (нуқтаҳои таъмини сӯзишворӣ, хизматрасонии техникӣ, мағоза, кемпинг ва меҳмонхона) пешбинӣ шудааст, ки ба беҳдошти хизматрасонии нақлиётӣ мусоидат хоҳад кард.
32) Нақшаи сармоягузории бунёд, таҷдид ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ба таври умумӣ вобаста ба таснифоти иҷроиши корҳо ва марҳилаҳо дар ҷадвали 4 оварда шудааст.
Нақшаи сармоягузории таҷдид ва бунёдии роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ то соли 2025
(ба ҳисоби млн. доллари ШМА)
+-+---------------------+-----------------------+--------+-----------+
|№| | Давра | | |
| | Нишондиҳандаҳо +-------+-------+-------+ | Мақомоти |
| | |то соли|то соли|то соли| Ҳамагӣ |иҷрокунанда|
| | |2015 |2020 |2025 | | |
+-+--------------+------+-------+-------+-------+--------+-----------+
|1|Таҷдид ва |км |711,8 |1312,1 |2141,4 |4165,3 | ВН ҶТ |
| |сохтмони +------+-------+-------+-------+--------+-----------+
| |роҳҳои авто- |маблағ|215,1 |253,6 |429,6 |898,3 | ВН ҶТ |
| |мобилгард, | | | | | | |
| |аз ҷумла: | | | | | | |
+-+---Р----------+------+-------+-------+-------+--------+-----------+
|2|байналмиллалӣ |км |609,3 |734,0 |1080,1 |2423,4 | ВН ҶТ |
| | +------+-------+-------+-------+--------+-----------+
| | |маблағ|194,8 |161,0 |238,5 |594,3 | ВН ҶТ | |
+-+--------------+------+-------+-------+-------+--------+-----------+
|3|ҷумҳуриявӣ |км |102,5 |578,1 |1061,3 |1741,9 | ВН ҶТ |
| | +------+-------+-------+-------+--------+-----------+
| | |маблағ|20,2 |92,0 |191,2 |303,4 | ВН ҶТ |
+-+--------------+------+-------+-------+-------+--------+-----------+
|4|Таҷдид ва |метри |4854,0 |6325,0 |5786,0 |16965,0 | ВН ҶТ |
| |бунёди пулҳо +------+-------+-------+-------+--------+-----------+
| | |маблағ|8,1 |6,6 |5,5 |20,2 | ВН ҶТ |
+-+--------------+------+-------+-------+-------+--------+-----------+
|5|Сармоягузории нигоҳ- |63,5 |166,8 |287,4 |517,7 | ВН ҶТ |
| |дории роҳҳои | | | | | |
| |автомобилгард | | | | | |
+-+--------------+------+-------+-------+-------+--------+-----------+
| |Ҳамагӣ | дол- |501,7 |680,0 |1152,2 |2333,9 | |
| | | лари | | | | | |
| | | ШМА | | | | | |
| | +------+-------+-------+-------+--------+-----------+
| | |сомонӣ|2209,0 |2994,0 |5073,0 |10275,9 | |
+-+--------------+------+-------+-------+-------+--------+-----------+
Нақшаи сармоягузории қитъаҳои ҷудогонаи роҳҳои автомобилгард дар ҷадвали 5 ва пулҳо дар ҷадвали 6 бо мушаххасгардонии номгӯи қитъаҳо ва давраҳои таҷдид нишон дода шудааст.
Барномаи сармоягузории таҷдиди роҳҳои автомобилгард
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
|Рақам | Минтақаи роҳ | Дарозии | Арзиши | Давраҳои |
|ва | | роҳ, км | умумӣ ба | таҷдид |
|индекси| | | ҳис. долл.| |
|роҳ | | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| |Душанбе-Ҳисор | 13,8 |8 879 251 |кӯтоҳмӯҳлат|
| РБ02 +-------------------------+---------+------------+-----------+
| |Ҳисор-сарҳади Ҷумҳурии | 42,4 |27 281 178 |кӯтоҳмӯҳлат|
| |ӯзбекистон | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| |Ваҳдат-Норак |43,0 |11 383 863 |кӯтоҳмӯҳлат|
| +-------------------------+---------+------------+-----------+
| |Норак-Данғара |53,0 |9 907 661 |кӯтоҳмӯҳлат|
| РБ04 +-------------------------+---------+------------+-----------+
| |Гулистон Кӯлоб |35,0 |6642095 |кӯтоҳмӯҳлат|
| +-------------------------+---------+------------+-----------+
| |Кӯлоб-Қалъаихум |168.1 |40 390 059 |кӯтоҳмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РБ09 |Қизилқалъа-Қубодиён |47,0 |11292878 |кӯтоҳмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РБ 11 |Қӯрғонтеппа-Панҷи Поён |94,0 |56 139 000 |кӯтоҳмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РБ 12 |Айнӣ-Панҷакент-сарҳади |113,0 |22 000 648 |кӯтоҳмӯҳлат|
| |Ҷумҳурии ӯзбекистон | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ004 |Пугус-Сафедорак |18,3 |3682465 |кӯтоҳмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ014 |Янги Шаҳр-Тандикӯл |22,0 |2549470 |кӯтоҳмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ 018|256км РБ 07-маркази |4,0 |463540 |кӯтоҳмӯҳлат|
| |Ҷиргатол | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ019 |259км РБ 07-маркази |2,0 |231770 |кӯтоҳмӯҳлат|
| |Ҷиргатол | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ020 |Лахш-фурудгоҳи Лахш |1,6 |185416 |кӯтоҳмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ 022|Ваҳдат-Ромит |37,0 |7283672 |кӯтоҳмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ048 |Душанбе-Ҳисор |17,6 |3355493 |кӯтоҳмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РБОЗ |Лаби Ҷар-Қалаихум |135,0 |35 210 553 |миёнамӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| |Қалаихум-Рӯшон |155.0 |37 242 470 |миёнамӯҳлат|
| РБ04 +-------------------------+---------+------------+-----------+
| |Рӯшон-Хоруғ |85,0 |20 423 290 |миёнамӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РБ08 |Гулистон-Дӯстӣ |132,0 |25 984 992 |миёнамӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РБ09 | Қубодиён-Айваҷ |85,0 |12 020 955 |миёнамӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РБ 10 |Айвоҷ-сарҳади Ҷумҳурии |33,0 |4 949 730 |миёнамӯҳлат|
| |ӯзбекистон | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РБ 13 |Конибодом-Спитамен |70,0 |9 899 610 |миёнамӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РБ 16 |Исфара-сарҳади Ҷумҳурии |44,0 |7 641 480 |миёнамӯҳлат|
| ЖҚирғизистон | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ001 |Ҳушёрӣ- фароғатгоҳи |5,7 |1 430 739,9 |миёнамӯҳлат|
| |Хоҷаобигарм | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ 003|Истаравшан-фароғатгоҳи |10,1 |1 170 438,5 |миёмамӯхлат|
| |Ҳавотоғ | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ005 |ГЭС-и Варзоб-Харангон |10,9 |2 145 730 |миёнамӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ007 |Шаҳринав-фароғатгоҳи |3,4 |394 009 |миёнамӯҳлат|
| |Қаратоғ | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ008 |47 км РБ 02-Қаратоғ |4,5 |521 483 |миёнамӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ012 |14 км РБ 02-фароғатгоҳи |8,3 |961 846 |миёнамӯҳлат|
| |Шоҳамбарӣ | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ014 |Янгишаҳр-Тандикӯл |22,0 |2 549 470 |миёнамӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ021 |214км РБ 07-маркази |16,7 |3 287 495 |миёнамӯҳлат|
| |Тоҷикобод | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ025 |62 км РБ 04-ш. Норак |5,3 |614 191 |миёнамӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ026 |Данғара - Кангурт- |60,0 |6953100 |миёнамӯҳлат|
| |Балҷувон-Ховалинг | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ027 |Сомончӣ-Олимтой |9,8 |1 135 673 |миёнамӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ028 |Нури шарқ-Сомончӣ-Чоркӯл |29,9 |3 464 962 |миёнамӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ029 |1 км РБ 08-маркази |13,1 |1 518 094 |миёнамӯҳлат|
| |Мирсаид Алии Ҳамадонӣ | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ030 |Қурбоншаҳид-Темурмалик |21,0 |4 133 976 |миёнамӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶО38 |456 км РБ 04-маркази Ванҷ|61,3 |7 103 750 |миёнамӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ040 |39 км РБ 06-осоишгоҳи |6,2 |1 220 507 |миёнамӯҳлат|
| |Гармчашма | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ042 |Душанбе-Ёвон-Абдураҳмони |107 |12399695 |миёнамӯҳлат|
| |Ҷомӣ - Уялӣ | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ 043|Рӯдакӣ-чорроҳа Лоҳур |11.6 |1 344 266 |миёнамӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ045 |Рӯдакӣ-Шуртугай |80.9 |12138883 |миёнамӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ 049|Хоҷагии фермерии "Россия"|9,1 |1 054 554 |миёнамӯҳлат|
| |-Хоҷагии фермерии | | | |
| |"Гулистон" | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ 051|Хоҷамастон-Қизилқалъа |13,5 |1 564 448 |миёнамӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ052 |ҶСП "Тоҷикистон"-КМ "Кипр|4,5 |521 483 |миёнамӯҳлат|
| |Кимиё" | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ059 |Узун-мамнӯъгоҳи "Бешаи |32,5 |4 876 560 |миёнамӯҳлат|
| |палангон | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ074 |Конибодом-Спитамен- |8,4 |973 451 |миёнамӯҳлат|
| |ш.Хуҷанд | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ084 |Даромад ба истгоҳи |7,1 |822 862 |миёнамӯҳлат|
| |Конибодом | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ085 |Даромад ба осоишгоҳи |4,0 |463 588 |миёнамӯҳлат|
| |Конибодом | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ086 |Даромад ба маркази Шайдон|11,3 |1 309 647 |миёнамӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ087 |Даромад ба шаҳри Роғун |10.7 |2106359 |миёнамӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ088 |Пролетар-Исфана |9,4 |1410451 |мнёнамӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| |Хоруғ-Тузкӯл |185,0 |31776 155 |дарозмӯҳлат|
| +-------------------------+---------+------------+-----------+
| РБ04 |Тузкӯл-Мурғоб |126,0 |30 274 524 |дарозмӯҳлат|
| +-------------------------+---------+------------+-----------+
| |Мурғоб-Ағбаи Қулма |90,0 |21624 660 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| |Хоруғ-Ишкошим |105,0 |26 225 010 |дарозмӯҳлат|
| РБ06 +-------------------------+---------+------------+-----------+
| |Ишкошим-Тузкӯл |210,5 |52 574 901 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| |Душанбе-Обиқииқ |44,6 |6 005 033 |дарозмӯҳлат|
| РБ09 +-------------------------+---------+------------+-----------+
| |Обикиик-Қизилқалъа |33,0 |4 952 310 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РБ 13 |Спитамен-сарҳади Ҷумҳурии|65,0 |12 170 210 |дарозмӯҳлат|
| |ӯзбекистон | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РБ 15 |Исфара-сарҳадиҶумҳурии |10,0 |1 968 560 |дарозмӯҳлат|
| |Қирғизистон | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РБ 17 |Исфара-сарҳади Ҷумҳурии |24,0 |3 102 480 |дарозмӯҳлат|
| |ӯзбекистон | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ002 |75 км РБ 01-Хоҷа сангхок |12,1 |1402208,5 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ006 |Шаҳринав-истгоҳи роҳи |6,0 |695 310 |дарозмӯҳлат|
| |оҳани Чептура | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ009 |54 км РБ 02-шаҳри |3,1 |359246 |дарозмӯҳлат|
| |Турсунзода | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶО10 |21 км РБ 02-шаҳри Ҳисор |3,0 |590 568 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶОП |19кмРБ02-Алмосӣ |12,2 |1 413 797 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ 013|Пахтаобод-шаҳри |2,8 |324 478 |дарозмӯҳлат|
| |Турсунзода | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ016 |Сари пул-Навобод |18,2 |2 109 107 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ017 |Ҳоит- кони Назарайлоқ |42,0 |4 867 170 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ024 |Чормағзак-Евон |23,0 |4 527 688 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ031 |Темурмалик-Кангурт |27,0 |5315 112 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ032 |Восеъ-Ховалинг |86,0 |16929616 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶОЗЗ |Кӯлоб-Муъминобод |41,8 |8 228 581 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ034 |Зиракӣ-Даҳана |6,8 |788 018 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶО35 |Даромад ба фурудгоҳи- |3,5 |405 598 |дарозмӯҳлат|
| |шаҳри Кӯлоб | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ 036|Тугорак-Саричашма- |47,5 |5 504 538 |дарозмӯҳлат|
| |Чордара-Шӯрообод | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ037 |Қалаихум-Дашти Луч |6,9 |799 607 |дарозмӯҳлат|
| | | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ039 |609 км РБ 04-деҳаи |4,6 |533 071 |дарозмӯҳлат|
| |Поршнев | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ041 |Хоруғ-Туқузбулоқ |154,5 |37 122 333 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ044 |Душанбе-Ҳисор |20,0 |2 317 700 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ046 |чорроҳаи Лоҳур |2,1 |243 359 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ047 |НБО-и Норак-Қарабулоқ |9,9 |1 147 262 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ050 |ҶС "Улҷабой"-Хоҷагии |23,9 |2 769 652 |дарозмӯҳлат|
| |фермерӣ-Қиблаӣ | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ 053|роҳи давродаврии |12,4 |1 436 974 |дарозмӯҳлат|
| |ш.Қӯргонтеппа | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ054 |Қӯргонтеппа-Данғара |71,6 |14094890 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ055 |Қӯрғонтеппа-Вахш |13,8 |1599 213 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ056 |даромад ба истгоҳи роҳи |0,9 |104 297 |дарозмӯҳлат|
| |оҳани Қӯрғонтеппа | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ057 |роҳи даромад ба шаҳри |2,0 |231 770 |дарозмӯҳлат|
| |Сарбанд | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶО58 |роҳи даромад ба |9,8 |1 135 673 |дарозмӯҳлат|
| ЖҚӯрғонтеппа | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ060 |Ҷиликӯл-Ғароутӣ |9,2 |1 066 142 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ061 |Дӯстӣ-мамнӯъгоҳи "Бешаи |5,7 |660 550 |дарозмӯҳлат|
| |палангон) | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ062 |Ҷалолидини Румӣ-мамнӯъго-|10,4 |1 205 214 |дарозмӯҳлат|
| |ҳи "Бешаи палангон" | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ063 |Комсомол-Пахтакор-хоҷагии|8,4 |973 451 |дарозмӯҳлат|
| |фермерии Эшхонов | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ065 |Истаравшан-Ғончӣ |12,6 |1 460 176 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ066 |Истаравшан-Куркат |32,1 |3 720 005 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ067 |роҳи даромад ба маркази |16,4 |4 341 752 |дарозмӯҳлат|
| |ноҳияи Ғончӣ | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ068 |Зафаробод Бекобод |25,2 |4 804 456 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ 069|Хӯҷанд-Бобоҷон Ғафуров |17,3 |4580019 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ070 |Ғафуров-Пунган |137,2 |24 392 514 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ071 |Конибодом-Исфара |27,0 |5315 112 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ072 |Конибодом-Равот-сарҳади |12,0 |1 390 644 |дарозмӯҳлат|
| |Ҷумҳурии ӯзбекистон | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ 073|Булоқ-Чилмаҳрам |11,0 |1 274 757 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ075 |Конибодом-Спитамен ба |13,6 |1 576 063 |дарозмӯҳлат|
| |Овчиқалъача | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ076 |Конибодом-Спитамен |8,4 |973 459 |дарозмӯҳлат|
| |даромад ба шаҳри Хуҷанд | | | |
| |аз тарафи Деҳмой | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ078 |даромад ба Адрасмон роҳи |33,0 |3 824 370 |дарозмӯҳлат|
| |Бобоҷон Ғафуров-Пунган | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ080 |даромад ба Шӯроб |7,0 |811 244 |дарозмӯҳлат|
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ081 |Конибодом-Спитамен роҳи |6,2 |718 537 |дарозмӯҳлат|
| |даромад ба ноҳияи Ҷаббор | | | |
| |Расулов | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| РҶ082 |даромад ба роҳи автомо- |1,2 |139 073 |дарозмӯҳлат|
| |билгаррди Душанбе-Хуҷанд | | | |
+-------+-------------------------+---------+------------+-----------+
| Ҳамагӣ дар роҳҳои ҷумҳуриявӣ |1 570,6 |545505036 | |
+---------------------------------+---------+------------+ |
| Ҳамагӣ дар роҳҳои байналмилалӣ |2 241,4 |258347226 | |
+---------------------------------+---------+------------+ |
| Ҳамагӣ | |803852262 | |
+---------------------------------+---------+------------+-----------+
Барномаи сармоягузории таҷдиди пулҳо барои то соли 2025
+------+----------------------+-----------+-------+-------+----------ҷ
| Рақам| | Ҳамагӣ |Пулҳои |Арзиши | Ар:шши |
| ва | Номгӯи роҳҳо | пулҳо |таҷдидш|1 м. ба| умумӣ |
|индек.| +----+------+аванда,| ҳис. | ҳис.ҳаз. |
| роҳ | |адад|(метр)| м. т | долл. | доллари |
| | | | | | ШМА | ШМА |
+------+----------------------+----+------+-------+-------+----------+
| I | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
+------+----------------------+----+------+-------+-------+----------+
| РБ02 |Душанбе-Турсунзода- | 16 | 468 | 200 | 3192 | 638,4 |
| |сарҳади Ҷумҳурии | | | | | |
| |ӯзбекистон | | | | | |
+------+----------------------+----+------+-------+-------+----------+
| РБ04 |Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ- | 91 | 3230 | 600 | 3192 | 1915,2 |
| |сарҳади Ҷумҳурии | | | | | |
| |Халкии Хитой | | | | | |
+------+----------------------+----+------+-------+-------+----------+
| РБ 11|Қизилқалъа-Қӯрғонтеппа| 30 | 461 | 230 | 3192 | 734,2 |
| |-Панҷи Поён | | | | | |
+------+----------------------+----+------+-------+-------+----------+
| РБ12 |Айнӣ-Панҷакент-сарҳади| 29 | 695 | 300 | 16000 | 4800Г0 |
| |Ҷумҳурии ӯзбекистон | | | | | |
+------+----------------------+----+------+-------+-------+----------+
|Ҳамагӣ дар давраи кӯтоҳмӯҳлат|166 | 4854 | 1330 | - | 8087,8 |
+------+----------------------+----+------+-------+-------+----------+
| РБОЗ |Лаби Ҷар -Қалъаихум | 27 | 1750 | 1050 | 3192 | 3351.6 |
+------+----------------------+----+------+-------+-------+----------+
| РБ04 |Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ- | 91 | 3230 | 650 | 3192 | 2074,8 |
| |сарҳади Ҷумҳурии | | | | | |
| |Халқии Хитой | | | | | |
+------+----------------------+----+------+-------+-------+----------+
| РБ08 |Гулистон-Дӯстӣ | 21 | 347 | 100 | 3192 | 319,2 |
+------+----------------------+----+------+-------+-------+----------+
| РБ 10|Айваҷ- сарҳади | 1 | 12 | 12 | 3192 | 38,3 |
| |Ҷумҳурии ӯзбекистон | | | | | |
+------+----------------------+----+------+-------+-------+----------+
| РБ 13|Конибодом-Спитамен- | 33 | 808 | 150 | 3192 | 478,8 |
| |сарҳади Ҷумҳурии | | | | | |
| |ӯзбекистон | | | | | |
+------+----------------------+----+------+-------+-------+----------+
| РБ 16|Исфара- сарҳади | 10 | 178 | 90 | 3192 | 287,3 |
| |Ҷумҳурии ӯзбекистон | | | | | |
+------+----------------------+----+------+-------+-------+----------+
|Ҳамагӣ дар давраи миёнамӯҳлат| 173| 6325 | 2052 | - | 6550.0 |
+------+----------------------+----+------+-------+-------+----------+
| РБ04 |Душанбе-Кӯлоб- Хоруғ -| 91 | 3230 | 600 | 3192 | 1915,2 |
| |сарҳади Ҷумҳурин | | | | | |
| |Халқии Хитой | | | | | |
+------+----------------------+----+------+-------+-------+----------+
| РБ05 |Мурғоб-ағбаи Қизил | 16 | 167 | 100 | 3192 | 319,2 |
| |Арт-сарҳадиҶумҳурии | | | | | |
| |Қирғизистон | | | | | |
+------+----------------------+----+------+-------+-------+----------+
| РБ06 |Хоруғ-Ишкошим-Тузкӯл | 63 | 536 | 270 | 3192 | 861,8 |
+------+----------------------+----+------+-------+-------+----------+
| РБ09 |Душанбе-Айваҷ | 34 | 1045 | 500 | 3192 | 1596.0 |
+------+----------------------+----+------+-------+-------+----------+
| РБ 13|Конибодом-Спитамен | 33 | 808 | 250 | 3192 | 798,0 |
| |сарҳадиҶумҳурии | | | | | |
| |ӯзбекистон | | | | | |
+------+----------------------+----+------+-------+-------+----------+
|Ҳамагӣ дар давраи дарозмӯҳлат|237 | 5786 | 1720 | - | 5490.2 |
+-----------------------------+----+------+-------+-------+----------+
|Ҷамъ тибқи барнома |576 |16965 | 5102 | | 20127.8 |
+-----------------------------+----+------+-------+-------+----------+
33) Инчунин дар доираи амалисозии барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо таҳияи лоиҳаи таҷдиду барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ аз ҳисоби сармоягузории хориҷиву ватанӣ пешбинӣ хоҳад гардид. Аз ҷумла, барои барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди Табошар-Зарнисор дар масофаи 47 км ва роҳҳои автомобилгарди дохилии ноҳияи Балҷувон лоиҳаи инвеститсионӣ таҳия гардида, барои ҷалби сармоягузорӣ пешниҳод гардидааст.
§5 Рушди боркашонии интермодалӣ (боркашонии омехта)
34) Масири муҳими тиҷорат байни қитъаҳо интиқоли интермодалӣ мегардад, ки ба манфиатҳои иқтисодии кишварҳо аз ҳисоби ҳамгироӣ ва истифодаи муносиби имкониятҳои ҳар намуди нақлиёт фароҳам сохта мешаванд.
35) Ҳаҷми боркашонии байналмилалӣ, ки бо контейнерҳо иҷро карда мешаванд, тамоили афзоиш дорад.
Сабабҳои асосии қафомонии рушди интиқоли контейнерӣ (борқуттиҳо) дар кишвар аз инҳо иборатанд:
-ғайриимкон будани истифодаи контейнерҳо аз сабаби набудани воситаҳои зарурии боркунӣ ва фаровардани контейнерҳо;
-шомил набудани ҷумҳурӣ ба конвенсияҳо, яъне ба имзорасида байни кишварҳои ҳамсоя дар масъалаи иҷозати интиқоли контейнерӣ;
-ҳаҷми ками борҳои ҳамсафари контейнерӣ;
-миқдори нокифояи таносубии борҳои гаронбаҳо ва зудвайроншаванда.
36) Зарур аст, ки ба инвеститсияи кӯтоҳмӯҳлат барои харидани таҷҳизоти лозимӣ мусоидат карда шавад. Терминалҳои боркашонии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд бояд бо таҷҳизоти боркунию борфурорӣ, инчунин майдончаҳои контейнерӣ, ки аз онҳо интиқоли зиёди борҳои интермодалӣ ва якҷошуда анҷом меёбанд, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шаванд.
Муҳимтар аст, ки дар ин робита ба рушди ширкатҳои экспедитсионӣ, ки операторони интиқоли мултимодалӣ ва интермодалӣ маҳсуб меёбанд, мусоидат карда шавад.
Дар рушди интиқоли интермодалию мултимодалии борҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ шабакаи марказҳои логистикии шаҳрҳои Турсунзода ва Ваҳдат нақши муҳим хоҳад дошт. Шохаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон имкон медиҳад, ки ноҳияҳои саноатӣ ба ҳам пайваст гарданд. Барои коркарди логистикии борҳо дар ин марказҳо заминаи ҳозиразамони истеҳсолӣ-техникӣ бояд сохта шавад.
Ба мақсади ҳар чӣ зудтар сохтани шабакаи логистикӣ барои ҷойгиронии анборҳои нигоҳдории маҳсулот ва кормандон истифодаи модулҳои ҳозиразамони васлкунанда ба назар гирифта мешавад. Гирифтану коркарди иттилооти фаврӣ бо ёрии системаи ягонаи иттилоотии мониторинг ва банақшагирии интиқоли содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ҳудуди коридорҳои байналмилалии нақлиётӣ ба роҳ монда шавад.
5. Барномаи таъмини бехатарии экологии нақлиёт
37) Таҳлили вазъи экологии кишвар нишон медиҳад, ки ҳиссаи нақлиёт дар ифлоскунии муҳити атроф хеле назаррас аст. Хусусан пеш аз ҳама он дар ифлосшавии ҳаво, сатҳи болоии обҳои заминӣ ва таркиби замин зоҳир мегардад. Нақлиёт яке аз манбаҳои асосии ғалоғула ва ифлосшавии ҳарорати муҳити атроф дар шаҳрҳо мебошад.
Партовҳои умумии моддаҳои ифлоскунанда, ки аз воситаҳои нақлиёт ба ҳаво афканда мешаванд, 43,5 фоизи ҳаҷми умумии партовҳоро дар кишвар ташкил медиҳанд.
Вақтҳои охир дар тамоми дунё барои кам кардани моддаҳои ифлоскунандаи ҳаво истифодаи намудҳои алтериативии маводи сӯхти воситаҳои нақлиёт, пеш аз ҳама, гази табиии фишурда ва тарзҳои гуногуни безарарсозии бензин ба роҳ монда мешавад.
Ба мақсади коҳиши таъсири манфии омилҳои ба муҳити атроф таьсиркунанда дар шароити автомобиликунонии босуръати ин кишвар, аз ҳисоби афзоиши воситаи нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тозатар тадбирҳо андешида мешаванд:
38) Дар ҷодаи ҳифзи ҳавои атмосфера:
-рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард ва боло бурдани сифати нигоҳдории онҳо;
-гузаронидани як қисми нақлиёти автомобилӣ ба истифодаи маводи сӯхти аз лиҳози экологӣ тоза, пеш аз ҳама ба гази табиӣ; -истифодаи таҷҳизоти камкунандаи таъсири экологии маводи сӯхт;
-такмили болопӯши роҳҳо, аз ҳисоби истифодаи полимерҳо, коидаҳои техникӣ ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард;
-берун баровардани шоҳроҳҳои транзитӣ аз ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин;
-мутобиқ кардани инфрасохтори нақлиёт ба стандартҳои байналмилалӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои экологӣ;
-ба ҷои фреон истифода бурдани намудҳои нави маҳлулу омехтаҳо дар кондитсионер ва яхдонҳои вагонҳо;
-нав кардани парки ҳавопаймоҳо аз ҳисоби тайёраҳои нав ва модернизатсияи заминаи ташкили парвозҳо;
-бунёди иншооти камғулғула ва шинонидани ниҳолҳои сояафкан;
-таъсиси хатҳои муҳофизатии дар ҳамшафати роҳҳо.
39) Дар ҷодаи ҳифзи захираҳои об:
-сохтани нуқтаҳои ҳозиразамони мошиншӯӣ дар даромадгоҳи шаҳрҳои барои нақлиёти транзитӣ;
-ҷамъорӣ ва тоза кардани барф аз шоҳроҳҳо тавассути нуқтаҳои барфобкунӣ бо иншооти софкорӣ таҷҳизонидашуда;
-коркарди системаи сарбастаи обу корез барои муассисаҳои пойгоҳи вагонҳо ва локомотивҳо;
-ҷорӣ кардани обу корези гарданда, маҳдуд намудани харҷи оби нӯшокӣ дар раванди технологии истеҳсолот дар фурудгоҳҳо;
40) Дар ҷодаи ҳифзи хок ва истифодаи оқилонаи захираҳои замин:
-ба мақсади пешгирии ботлоқшавии замин дар давраи корҳои лоиҳавӣ гузаронидани таҳқиқоти гидрогеологӣ, мондани виадукҳо (кӯлҳо) барои ҷамь ва тақсим кардани обҳои рӯизаминӣ;
-ба мақсади таъмини вазъи санитарӣ-экологии шабакаи нақлиётӣ дар давраи интихоби қитъаҳои замин барои сохтмони шоҳроҳҳо ҳамон қитъаҳое интихоб шаванд, ки дар канори онҳо шинонидани ниҳолҳои ҳимоявӣ имкон дорад;
-ба мақсади пешгирии ифлоснашавии хок аз маводи токсикии кимиёвӣ дар ҳудуди ҳамшафати роҳ, ки зимни истифодаи маводи зиддилағжиш ба миён меояд, бояд ҳамон навъи мавод интихоб шавад, ки ба иншооти табиӣ таъсири манфӣ намерасонанд;
-андешидани тадбирҳои босамар нисбати пешгирии ифлосшавии хати роҳи оҳан ва қитъаҳои ҳамшафати он;
41) Дар самти муносибат бо партовҳо:
-ҷамъоварӣ ва ба филизпора табдил додани воситаҳои нақлиёти дар хатҳои ҳамшафати роҳҳо партофташуда;
-тоза кардани хатҳои ҳамшафати роҳ аз партовҳои сахти маишӣ;
-ташкили кашида бурдани бор ва партовҳои хавфнок;
-бо партовқуттиҳо таъмин кардани таваққуфгоҳҳои нақлиётӣ;
-ба роҳ мондани ҷамъоварӣ ва коркарди воситаҳои нақлиёти аз қайди истифода баровардашуда;
-ба роҳ мондани технологияи комплексӣ барои безараргардонии ҳароратӣ партовкунии боқимондаҳои истеҳсолӣ, маишӣ ва маводи нафтдори фурудгоҳҳо.
42) Тадбирҳои асосии барнома дар ҷадвали 8 оварда шудаанд.
Барномаи маблағгузории паст намудани таъсири нақлиёт ба муҳити атроф
+-------------------------------+-----------+------------------------+
| | | Маблағгузорӣ |
| Номгӯи чорабиниҳо | Манбаи | (млн. доллари ШМА) |
| | сармоя- +------+-----+-----+-----+
| | гузорӣ |Ҳамагӣ|2011-|2015-|2020-|
| | | |2014 |2019 |2025 |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
| Нақлиёти автомобилӣ |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
|1. Кам кардани хориҷшавии маво-|муассисаҳо |2,8 |1,8 |0,5 |0,5 |
|ди ифлоскунанда аз сарчашмаҳои | | | | | |
|собити муассисаҳои нақлиёти | | | | | |
|автомобилӣ | | | | | |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
|2. Бунёди нуқтаҳои газпур кунӣ |муассисаҳо |6,3 |2,3 |2,0 |2,0 |
|барои автомобилҳо | | | | | |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
|3. Гузаронидани автомобилҳо ба |соҳибони |3,8 |1,8 |1,0 |1,0 |
|сӯзишвории газ ва барқ |воситаҳо | | | | |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
|4. Бунёди нуқтаҳои мошиншӯӣ дар|маблағҳои |2,6 |0,2 |1,2 |1,2 |
|воридгоҳи шаҳрҳо |ҷалбшуда | | | | |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
|5. Ба роҳ мондани истеҳсолот |маблағҳои |6,3 |2,3 |4,0 | - |
|оид ба партов кардани воситаҳои|ҷалбшуда | | | | |
|нақлиёт ва қисмҳои аз истифода-| | | | | |
|мондаи онҳо | | | | | |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
|6. Таҳия ва татбиқи лоиҳаи ис- |маблағҳои |4,2 |1,9 |2,3 | - |
|теҳсолот ва коркарду истифодаи |ҷалбшуда | | | | |
|дубораи равғанҳои моторӣ ва | | | | | |
|молиданӣ | | | | | |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
| Ҳамагӣ | |26,0 |10,3 |11,0 |4,7 |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
| Роҳи оҳан |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
|1. Истифодаи маҳлулҳои нави |худӣ |0,12 | - |0,06 |0,06 |
|сардкунандаи 22 ва 134 дар кон-|(50фоиз) | | | | |
|дитсионер ва яхдонҳои вагонҳо |ва ҷалбӣ | | | | |
|ба ҷои фреони 12 |50фоиз) | | | | |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
|2. Истифодаи маҳлулҳои обии |худӣ (50%) |0,34 | - |0,14 |0,2 |
|рангуборкунӣ |ва ҷалбӣ | | | | |
| |(50%) | | | | |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
|3. Таҳияи сохтори сарбастаи обу|муассисаҳо |0,26 |0,08 |0,08 |0,1 |
|корез дар пойгоҳи вагонҳо ва |(50фоиз) ва| | | | |
|локомотивҳо |ҷалбӣ | | | | |
| |(50фоиз) | | | | |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
| Ҳамагӣ | |0,72 |0,08 |0,28 |0,36 |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
| Нақлиёти ҳавоӣ |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
|1. Бароҳмонии технологияи ком- |муассисаҳо |4,8 | - |2,2 |2,6 |
|плексӣ барои безараргардонии |(50фоиз) ва| | | | |
Жҳароратӣ ва партовкунии вомон- |ҷалбӣ | | | | |
|даҳои истеҳсолӣ, маишӣ ва |(50фоиз) | | | | |
|нафтдор |4,8 | | | | |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
|2. Бароҳмонии обу корези бар- |Муассиса |0,34 |0,08 |0,18 |0,08 |
|гашт, маҳдудкунии харҷи оби |(50 фоиз) | | | | |
|нӯшокӣ дар ҷараёни технологии |ва ҷалбӣ | | | | |
|истеҳсолот |(50фоиз) | | | | |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
| Ҳамагӣ | |5,14 |0,08 |2,38 |2,68 |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
| Роҳҳои автомобилгард |
+-------------------------------+-----------+------------------------+
|1. Шинонидани ниҳолони ҳамеша- | | |
|сабзи ҳимоятӣ дар қад-қади | | |
|роҳҳо |Буҷети |маблағгузории нигаҳдории|
+-------------------------------+давлатӣ |роҳҳои автомобилгард дар|
|2. Харидан ва истифодаи маводи | |назар дошта шудааст |
|зидди лағжиши махсус, ки ба | | |
|иншоотҳои табиӣ таъсири манфӣ | | |
|намерасонанд | | |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
| Ҳамагӣ: |доллар |31,86 |10,46|13,66|7,74 |
+-------------------------------+-----------+------+-----+-----+-----+
| сомонӣ |139,5 |45,8 |59,8 |33,9 |
+-------------------------------------------+------+-----+-----+-----+
6. Барномаи иттилоотонии соҳаи нақлиёт
43) Мақсади асосии барнома баланд бардоштани самаранокии тадбирҳои танзими давлатӣ дар асоси истифодаи васеи технологтяи иттилоотонӣ ва коммуникатсионӣ, боло бурдани сатҳи бехатарӣ дар маҷмааи нақлиётӣ дар заминаи иттилои пурра, дақиқ ва фаврӣ оид ба вазъияти ҳаракат, ошкоркунии саривақтии тамоилҳои манфӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо, таҳлили пай дар пайи иттилоотонӣ ва таҳияи тасмимоти стратегӣ мебошад.
Айни ҳол ҳамоҳангии маҷмааи системаҳои мухтор дар базаи маълумоти ягонаи иттилоотонӣ вуҷуд надорад.
Сохтори ягонаи иттилоотонии мусоидат ба танзим дар маҷмааи нақлиётии кишвар имкон медиҳад, ки системаи ягонаи иттилоотонӣ-таҳлилии ҷамъоварӣ, мунтахабкунӣ ва таҳлили маълумот оид ба тарифҳои ҷорӣ, ҳаҷми дотатсияву субсидияҳо, ҳамчунин дастрас будани хизматрасонии нақлиётӣ барои аҳолӣ таҳия карда шавад.
Барномаи иттилоотонии маҷмааи нақлиётӣ инчунин созмон додани системаи ягонаи иттилоотонии мониторинг ва банақшагирии ҳамлу нақли воридотӣ, содиротӣ, транзитӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар доираи коридорҳои байналмилалии нақлиётиро пешбинӣ мекунад.
Дар таъмини системаи нақлиётӣ бо манбаҳои маълумоти дақиқ ва шаффоф истифодаи усулҳои замонавии таҳлили иттилоот аҳамияти муҳим дорад. Вобаста ба ин дар нақлиёти шаҳрӣ системан автоматикунонидашудаи идоракунии нақлиёти мусофирбари (минбаъд САИНМ) намуди TSM ба роҳ монда мешавад, ки кори он ба истифодаи ГЛОНАС- системаи глобалии навигатсионӣ (минбаъд СГН) асос меёбад.
44) Истифодаи САИНМ афзалиятҳои зерин дорад:
-теъдоди воситаҳои нақлиётии барои ҳамлу нақл зарур нисбатан кам карда мешаванд;
-гардиши шабонарӯзии воситаҳои нақлиёт кам мешавад:
-хароҷоти умумии баҳрабардории нақлиёт паст мешавад;
-ҳаҷми мусофирбарӣ афзоиш меёбад;
-фаъолияти операторони инфиродӣ танзим ёфта, базаи андозсупорӣ васеъ карда мешавад;
-хароҷоти сохтори идоракунӣ коҳиш меёбад;
-иттилои саҳеҳ барои ба нақшагирии ҳамлу нақл ва рушди инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ ба даст оварда мешавад;
-сатҳи бехатарии ҳаракат дар роҳҳо боло меравад.
Татбиқи ин системаи идоракунии ҳамлу нақл имконият медиҳад, ки интиқоли бароҳати мусофирон таъмин шуда, вақти дар истгоҳҳо интизоршавии мусофирон ва ҳаракати воситаи нақлиёт ба истгоҳҳои таъиншуда кам ва мусофирбарӣ зиёд карда мешавад.
Айни замон оид ба шабакаи роҳҳо, таҷҳизоти онҳо, вазъ ва сифати технологии ҳаракат дар роҳҳо тамоман иттилое нест.
45) Дастрасӣ ба ин ҳадаф зимни тасмимоти зерин сурат мегирад:
-таъсиси сохтори иттилоотонии шоҳроҳҳои автомобилгард;
-бунёд ва дастгирии захираи иттилоотонии соҳавӣ оид ба вазъ ва фаъолияти маҷмааи нақлиётӣ, ки барои тасмимоти давлатии стратегӣ дар соҳаи нақлиёт зарур аст;
-ташкили мониторинг оид ба вазъ ва бехатарии фаъолиятӣ дар маҷмааи нақлиётӣ;
-таъсиси сохтори назорати фаврии кори операторони нақлиётӣ (ба мисли бехатарӣ, мунтазамнокӣ ва ғайра);
-ташкили ҳамгироии иттилоотӣ ва технологии баъзе намудҳои нақлиёт дар доираи маҷмааи ягонаи нақлиётӣ:
-созмондиҳии фазои ягонаи иттилоотонии ҳамкориҳои мутақобилаи мақомоти давлатӣ дар соҳаи идоракунии нақлиёт, субъектҳо ва истифодабарандагони бозори хизматрасонии нақлиётӣ.
46) Дар доираи ин Барнома амалӣ кардани чорабиниҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд (ҷадвали 9).
Номгӯи тадбирҳои иттилоотонии маҷмааи нақлиётӣ
+---------------+---------------------+----------------------+-------+
| Номгӯй | Мақсад | Тавсиф |Маблағ,|
| | | ҳ.долл.|
+-------------- +---------------------+----------------------+-------+
| 1 | 2 | 3 | 4 |
+---------------+---------------------+----------------------+-------+
|Таъсиси сохтори|Мақсади асосии СИША |Дар назар аст, ки ан- |2567,0 |
|иттилоотонии |таъмини кормандони |ҷомёбии СИША дастрасӣ | |
|шоҳроҳҳои |ВН ҶТ дар ҳамаи |ба маълумоти охири | |
|автомобилгард |сатҳ бо асбоби умумӣ |сохтори иттилоотониро | |
|(минбаъд СИША) |ва устувор ки барои |таъмин мекунад. | |
| |иҷрои вазифаҳояшон |Ба мисли: | |
| |мусоидат мекунад: |- маълумот оид ба миқ-| |
| |- таъмини хатсайри |дори нақд (роҳҳо,пулҳо| |
| |заминӣ байни шаҳру |ва иншооти заҳбурҳо); | |
| |деҳаҳои дохили кишвар|-вазъи болопӯши роҳҳо,| |
| |ва давлатҳои ҳамсоя; |пулҳо ва иншооти заҳ- | |
| |мукаммалкунӣ, нигаҳ- |бурҳо; | |
| |дорӣ ва афзудани |-сохтоори болопуши | |
| |шабакаи мавҷудаи |роҳҳо; | |
| |роҳҳо; |-маълумот оид ба | |
| |- ба роҳ мондани тад-Жҳаракат, спектори | |
| |бирҳо оид ба бехата- |вазнбардории меҳвар, | |
| |рии ҳаракат дар роҳ |садамаҳо, арзиши кор- | |
| |ва идоракунии ҳолати Жҳо оид ба хизматрасо- | |
| |муҳити атроф; |нии роҳҳо, пулҳо ва | |
| |- ворид кардани тех- |нақбҳо. | |
| |нологияи иттилоотонӣ | | |
| |ба сохтмон, хизматра-| | |
| |сонӣ ва кори ВН ҶТ | | |
| |дар бахши роҳҳо. | | |
+---------------+---------------------+----------------------+-------+
|Таъсиси сохтори|Боло бардоштани сама-|Бунёди ягонаи иттилоо-|207,7 |
|ягонаи иттилоо-|ранокии сиёсати |тонӣ таҳлилӣ, ки он | |
|тонӣ оид ба |тарифҳою нархҳо ва |ҷамъшавии, интихоб ва | |
|дастгирии фун- |дотатсия дар асоси: |таҳлили маълумот оид | |
|ксияҳои танзими|-бақайдгирӣ ва таҳ- |ба тарифҳо, ҳаҷми | |
|иқтисодӣ дар |лили самараноки |дотатсия ва субсидия, | |
|маҷмааи нақли-|тарифҳои ҷорӣ аз рӯи |хизматрасонӣ ба аҳолӣ,| |
|ёти Ҷумҳурии |тамоми намуди нақлиёт|тарҳсозии таъсири | |
|Тоҷикистон |ва мониторинги даст- |андозаи тарифҳо, до- | |
| |раси хизматрасониҳои |татсия ва субсидия | |
| |нақлиётӣ ба аҳолӣ, |барои рушди бозори | |
| Жҳамчунин |хизматрасонии нақлиё- | |
| |натиҷаҳои фаъолияти |тиро таъмин мекунад. | |
| |молиявӣ хоҷагидории |Дар доираи чорабиниҳо | |
| |субъектҳои монопо- |анҷом додани корҳои | |
| |лияи табиӣ дар |зерин пешбинӣ меша- | |
| |нақлиёт; |ванд: | |
| |тарҳсозии таъсири |-харидани таъминоти | |
| |тарифҳо ба болоравии |аппаратӣ ва барномавӣ,| |
| |дастрасии хизматра |ташкили ҷойҳои кории | |
| |сонии нақлиётӣ ба |автоматикунонидашуда, | |
| |аҳолӣ ва вазъи моли- |ҷамъоварии мавод, | |
| |явӣ хоҷагидории |таҳлил ва пешниҳоди | |
| |субъектҳои монополияи|иттилоот; | |
| |табиӣ дар нақлиёт. |-таҳияи тарҳи танзими | |
| | |иқтисодии соҳа; | |
| | |-таҳқиқи таъсири сиё- | |
| | |сати тарифҳо ба даст- | |
| | |расии хизматрасонии | |
| | |нақлиётӣ ва сатҳи | |
| | |рушди хизматрасониҳои | |
| | |нақлиётӣ дар минтақа- | |
| | Жҳои гуногун; | |
| | |-ташкили сохтори яго- | |
| | |наи иттилоотӣ таҳлилии| |
| | |ҷамъорӣ, интихоб ва | |
| | |таҳлили маълумотоид ба| |
| | |тарифҳои ҷорӣ, ҳаҷми | |
| | |дотатсия ва субсидия- | |
| | Жҳо, дастрас будани | |
| | |хизматрасонии нақлиётӣ| |
| | |барои аҳолӣ. | |
+---------------+---------------------+----------------------+-------+
|Таъсиси сохтори|Таҳияи пакети стан- |Ташкили маҷмааи ҳуҷат-|1086,0 |
|ягонаи |дартҳои меъёрӣ таш- |гузориҳои меъёрӣ | |
|иттилоотонии |килӣ ва сохтори Жҳуқуқӣ ва ташкилии | |
|мониторинг ва |ягонаи мониторинги |техникӣ, сохтор меъёр-| |
|ба нақшагирии |мушоидати интиқоли Жҳои техникӣ, шартнома | |
|интиқоли |мусофирону борҳо, |ва маводи ба роҳбари- | |
|содиротӣ, |аз ҷумла дар кори- |гиранда, барои созмон | |
|воридотӣ ва |дорҳои байналмилалии |додан, тадбиқ ва | |
|транзитӣ дар |нақлиётӣ, ташкили |баҳрабардории сохтори | |
|қаламрави |сохтори ягонаи итти- |хизматрасонии иттилоо-| |
|Ҷумҳурии |лоотонии ба нақшагирӣ|тонӣ ба иштирокдорони | |
|Тоҷикистон, аз |ва мониторинги инти- |раванди нақлиётӣ ва | |
|ҷумла дар доира|қоли воридотӣ, соди- |таъсири мутақобилаи | |
|коридорҳои |ротӣ ва транзитӣ. |онҳо бо хдамоти идора-| |
|байналмилалии |Лоиҳа чораи протекси-|кунии сатҳҳои гуногун.| |
|нақлиётӣ |онизми давлатии рушди|Барои татбиқи ин | |
| |бозори хизматрасонии |тадбирҳо зарур аст: | |
| |нақлиётӣ дар асоси |-таҳияи консепсияҳо | |
| |ташкили сохтори мар- |дар асоси таҳлили | |
| |казҳои логистикӣ дар Жҳуҷҷатҳои ҳуқуқию | |
| |коридорҳои байналми- |ташкилии ҷорӣ оид ба | |
| |лалии нақлиётӣ |истифодаи системаҳои | |
| |мебошад. |навигатсионии СГН | |
| | |(ГЛОНАС), GPS ва сис- | |
| | |темаи аврупоии | |
| | |"Галилео" дар шабакаи | |
| | |ягонаи маҷмааи | |
| | |нақлиёти Ҷумҳурии | |
| | |Тоҷикистон; | |
| | |-ташкили базаи маълу- | |
| | |мот оид ба инфрасохто-| |
| | |ри коридорҳои байнал- | |
| | |милалии нақлиётӣ; | |
| | |-ташкили базаи меъёрӣ | |
| | Жҳуқуқии маълумот барои| |
| | |иштрокдорониравандҳои | |
| | |нақлиётӣ; | |
| | |-ташкили базаи маълу- | |
| | |моти иштирокдорони | |
| | |боркашонӣ; | |
| | |-таҳияи технология ва | |
| | |меъёрҳои таъсири | |
| | |мутақобилаи электронӣ | |
| | |иттилоотонии иштирок- | |
| | |дорони равандҳои | |
| | |нақлиётӣ; | |
| | |-ташкили марказҳои | |
| | |идоракунии кори | |
| | |коридрҳои нақлиётӣ ва | |
| | |тавассути иттилоотонӣ | |
| | |ба иштирокдорони он; | |
| | |-ташкил ва маъқул | |
| | |донистани компонентҳои| |
| | |алоҳидаи сохтори | |
| | |хизматрасонӣ тавассути| |
| | |иттилоотонӣ. | |
+---------------+---------------------+----------------------+-------+
|Ҷорӣ кардани |Ҳалли проблемаҳои |Дар назар аст, ки сох-|5770,0 |
|САИНМ |таҳияи Барнома оид |тори ягонаи иттилоо- | |
| |ба тартиб додани |тонӣ таҳлилӣ сохта | |
| |ҷадвали ягона барои |шавад, ки он он ҷамъ- | |
| |интиқолдиҳандагони |шавии маълумот,интихоб| |
| Жҳама гуна шакли |ва таҳлили маълумот | |
| |моликият ва таҳти |оид ба хатсайрҳо барои| |
| |назорати оянда |интиқолдиҳандагони | |
| |гирифтани он Жҳама шакли моликиятро | |
| | |таъмин намояд. | |
| | |Дар доираи чорабиниҳо | |
| | |барои ҷамъоварӣ ва | |
| | |таҳлили иттилооти | |
| | |ташкили ҷойҳои кори | |
| | |автоматикунонидашуда | |
| | |барои масъулони ҷамъ- | |
| | |оварии мавод, таҳлил | |
| | |ва пешниҳоди ин итти- | |
| | |лоот таъминоти аппа- | |
| | |ратӣ ва барномавӣ ба | |
| | |нақша гирифта мешавад.| |
+---------------+---------------------+----------------------+-------+
|Ташкили захираи|Таҳияи таъминоти |Таҳияи тарҳи идораку- |770,0 |
|ҷумҳуриявӣ дав-|меъёрӣ ҳуқуқӣ, прин- |нии ВН ҶТ аз нуқтаи | |
|латии иттилоо- |сипҳои ташкили амал- |назари роҳбарони | |
|тонии маҷмааи |кунанда, ва таъсиси |болоӣ, тасмимот. | |
|нақлиётии |маркази итилоотонӣ |Ташкили усулҳои | |
|кишвар |таҳлилии маҷмааи |татбиқи модели идора- | |
| |нақлиёт, ки инҳоро |кунии маҷмааи нақлиёт,| |
| |таъмин мекунад: |ташкили муҳити идора- | |
| |-дастгирии иттилоо- |кунии амалӣ. | |
| |тии қарорҳои стра- |Барои ин зарур аст: | |
| |тегӣ давлатии |-баррасии масъалаҳои | |
| |қабулшуда дар соҳаи Жҳуқуқӣ ва ташкилии | |
| |нақлиёт; |татбиқу истифодаи | |
| |-идоракунии вазъи |захираи давлатӣ итти- | |
| |маҷмааи нақлиёт дар |лоотии маҷмааи | |
| |асоси истифодаи тех- |нақлиёт; | |
| |нологияи иттилоотии |-ташкили инфраструк- | |
| Жҳозиразамон; |тура ва таъмини | |
| |-фароҳамории шароит |системавии маркази | |
| |барои гузаштан ба |иттилоотӣ. | |
| |ҷомиаи иттилоотӣ дар| | |
| |соҳаи нақлиёт. | | |
+---------------+---------------------+----------------------+-------+
| Ҳамагӣ | |Тадбирҳои овардашуда |10400,0|
| | |дар давраи то соли | |
| | |2025 дар асоси ҳам- | |
| | |кории давлатию хусу- | |
| | |сӣ татбиқ мегардад | |
+---------------+---------------------+----------------------+-------+
7. Механизми татбиқи Барнома
47) Механизми татбиқи Барнома аз маҷмӯи чорабиниҳо, ки интихоби иштирокдоронро таъмин мекунад, муайян намудани манбаҳои маблағгузорӣ ва фароҳамории шароит барои татбиқи лоиҳаҳои нисбатан муҳими пешбиникардаи Барнома иборат аст.
Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Барнома истифодаи босамари захираҳои молиявӣ ва захираҳои дигар, ки дар ихтиёри мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қарор доранд, ҳамчунин аз ҷалби захираҳои иловагии афзуншавандаи бахши инфиродии иқтисодиёт иборат мебошад.
Асоси Барномаро принсипи мутобиқии захираҳои ҷудошаванда, салоҳият ва доираи масъулияти иштирокдорони он ташкил медиҳад.
Принсипи дуюм - таъмини самаронокии истифодаи захираҳои Барнома дар асоси истифодаи васеи тартиб ва механизмҳои идоракунии онҳо мебошад. Ин баҳодиҳии ҳатмии тарзи-бозорӣ фоиданокии маблағгузорӣ, истифодаи механизмҳоеро, ки барои иштирокдорони Барнома муҳити рақобатӣ ва тартибҳои дигарро таъмин мекунад, пешбинӣ менамояд.
Принсипи сеюм - истифодаи васеи имконоти маблағгузориҳои якҷояи лоиҳаҳо ва чорабиниҳои Барнома аз ҷониби иштирокчиёни манфнатдор мебошад. Ин принсип такмилу татбиқи механизмҳо ва тартиби амалиёти ҳамоҳангшуда ва масъули иштирокдорони Барномаро дар тамоми силсилаи роҳандозии лоиҳаҳо ва чорабиниҳо ба назар мегирад.
Принсипи чорум аз нақши пешсафонаи давлат дар ҷодаи бароҳмонии шароити ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва ғайра дар фаъолияти маҷмааи нақлиётӣ иборат мебошад. Яъне нақши фаъоли Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми силсилаи татбиқи лоиҳа ва чорабиниҳо пешбинӣ карда мешавад.
48) Заминаҳои амалӣ намудани принсипҳои овардашудаи Барнома ба сарчашмаҳои зерин поягузорӣ доранд:
-дар самти рушди соҳаҳои нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан бо пурра баитмомрасонии Нақшаи инфиродии реструктуризатсияи корхонаҳои давлатии дар ин соҳаҳо фаъолияткунанда ва ташаккули ҷамъиятҳои саҳомӣ дар заминаи онҳо, дастёбгардӣ ба воридоти ширкатҳои хусусӣ ба бозори хизматрасонӣ дар ин соҳаҳо ва вобаста ба он таъмини гузариш ба либериализатсиякунонии бозори хизматрасонии соҳаҳо. Ин раванд имконият медиҳад, ки рушди ин соҳаҳо аз ҳисоби воридоти иқтидорҳои нав аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ таҳкими ҷиддӣ ёфта, боиси тавсиаи фазои инвеститсионӣ ва болоравии сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаҳо гардад;
-дар самти рушди соҳаи нақлиёти автомобили ташаккули шаклҳои гуногуни корхонаҳо ва ширкатҳои нақлиётӣ, инчунин ассосатсиякунонии онҳо идома дода шуда, васеъгардонии имкониятҳои таҳкимбахшии фазои инвеститсионӣ дар заминаи таъмин намудани санадҳои меъёрии-ҳуқуқӣ ба рушди раванди воридгардии иқтидорҳои нав ба бозори хизматрасонӣ асосан ба ташаккули корхонаҳои саҳомӣ, муштарак ва дорои моликияти омехта такякунанда амалӣ мегарданд.
49) Муҳим аст, ки дар доираи Барнома ҳамчунин истифодаи ҳамкориҳои инфиродӣ-давлатӣ васеъ ба роҳ монда мешавад. Ин механизмҳои барои шароити ҷумҳурӣ нави ташкили таъсири мутақобилаи соҳибкории инфиродӣ ва хадамоти давлатӣ хеле ояндадор менамояд. Механизмҳои мазкур ӯҳдадориҳои мушаххаси қабулкунандаи ҷонибҳоро оид ба пешрафти ислоҳот, ҳалли вазифаҳои афзоиши сифат ва проблемаҳои дигари иҷтимоӣ пешбинӣ мекунад. Дар ин сурат Ҳукумат барои зуҳури ташаббуси инфиродӣ дар ҳалли ин масъалаҳо шароит фароҳам меорад, соҳибкорон бошанд, барои ҷалби захираҳои иловагӣ, ки аз доираи ӯҳдадориҳои қарордодӣтиҷоратиашон оид ба хизматрасонӣ ба аҳолӣ берун мебошанд, имконият меёбанд.
50) Ҳангоми ҷалби маблағҳо манбаҳои зерини маблағгузорӣ истифода хоҳанд шуд:
-маблағҳои буҷети давлатие, ки дар давраи соли молиявии дахлдор барои ин мақсад пешбинӣ мегарданд;
-маблағҳои муассисаҳои маҷмааи нақлиётӣ;
-қарзҳои инвеститсионӣ ва маблағҳои ҷалбшудаи дигар.
51) Вазифаҳои асосии татбиқи Барнома аз инҳо иборат аст:
-таъмини амалиёти ҳамоҳанг оид ба татбиқи Барнома мутобиқи афзалиятҳои стратегияи нақлиёт;
-таҳияи нақшаҳои ҳарсолаи татбиқи чорабиниҳои Барнома ва назорати иҷрои онҳо;
-ҷалби инвесторҳо барои татбиқи лоиҳаҳои ҷозиби инвеститсионӣ;
-таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ мутобиқи афзалиятҳои дар Барнома муқарраршуда;
-татбиқи механизмҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома, хулосаҳои ба мувофиқарасидаи экспертҳо, қабули қарорҳои зарурӣ аз ҷониби хадамоту сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ вақту маблағро сарфа мекунад;
-саҳеҳкунии чорабиниҳо ва вазифаҳои барномавӣ тибқи шартҳои амалии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул медонад ва ба рушди маҷмааи нақлиёт мутобиқ аст.
52) Маблағгузории таҳияи тадқиқоти меъёрӣ-методӣ, фаннӣ-иқтисодӣ ва илмӣ дар назар аст, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин маблағҳои ҷалбшавандаи ширкатҳои оперативӣ ва иттиҳодияҳои онҳо амалӣ гарданд.
Бо дарназардошти он, ки дар Барнома шумораи зиёди иншоот ворид гардидааст, аксари ҳисобу китобҳо аз рӯи меъёрҳои васеъгашта ба назар гирифта шудааст.
Ҳангоми банақшагирии таносуби хароҷот барои инфрасохтор ва таркиби ҳаракаткунанда, мутобиқи хулосаву баҳогузорӣ, таносуби мазкур барои нақлиёти шаҳрӣ бояд 50 фоиз ба 50 фоиз барои нақлиёти минтақавӣ 65 фоиз ба 35 фоиз бошад.
Хароҷоти пешбинишудаи Барнома барои солҳои 2010-2025 ба таври умумӣ, аз ҳисоби афзоиши ММД дар ҳудуди 4,5 фоиз, аз ҷумла, афзоиши воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди 6-7 фоиз муайян шудааст.
53) Хароҷоти умумӣ барои татбиқи Барнома 43662,2 млн. сомониро (9920,9 млн. долларри ШМА бо қурби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 доллари ШМА=4,4 сомонӣ) ташкил медиҳад, аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети давлатӣ 3565,1 сомонӣ (буҷети ҷумҳуриявӣ 1824.2 млн. сомонӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ 1705,1 млн. сомонӣ), маблағҳои корхонаҳо 3449,9 млн. сомонӣ, маблағҳои ҷалбшуда 37196,7 млн. сомонӣ мебошад.