Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010, №77
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010, №77 "Дар бораи тасдиқ намудани шакли бланкҳои сабти асноди холати шаҳрвандӣ ва бланки шаҳодатномаҳое, ки дар асоси сабтҳо дода мешаванд, бланки дигар ҳуҷҷатҳое, ки фактҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро тасдиқ мекунанд ва шакли варақаҳои ариза дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" тағйироти зерин ворид карда шаванд:
а) Банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2) Шакли бланкҳои ҳисоботии қатъии зерин мавриди истифода қарор дода шаванд:
- шаҳодатномаҳои таваллуд ва фарзандхондӣ -аз 1 январи соли 2011;
- шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ва вафот - аз 1 феврали соли 2011;
- шаҳодатномаҳои бекор кардани ақди никоҳ ва иваз намудани насаб, ном ва номи падар - аз 1 марти соли 2011;
- шаҳодатномаи муқаррар намудани падарӣ - аз 1 январи соли 2012".
б) Дар банди 16 замимаҳои 1- 7, ки бо қарори мазкур тасдиқ шудаанд, рақами "90" ба рақами "100" иваз карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 декабри соли 2010 № 716
ш. Душанбе