Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 602
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Дар банди 4 Низомномаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №602 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"амалӣ намудани аудити дохилӣ ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар Дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои буҷетии системаи вазорат".
2) Ба сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сархати "Шӯъбаи аудити дохилӣ" илова карда шуда, сархати "Шӯъбаи бехатарӣ дар нақлиёт" хориҷ карда шавад.
3) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар басти вазифаҳои Дастгоҳи марказии вазорат оид ба таъсиси Шӯъбаи аудити дохилӣ бо теъдоди 4 воҳид тибқи қарори мазкур, аз ҳисоби воҳидҳои амалкунандаи Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи фонди музди меҳнати тасдиқгардида, тағйирот ворид намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 декабри соли 2010 № 647
ш. Душанбе