Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тартиб ва миқдори расонидани кӯмаки яквақтаинаи моддӣ ба аҳолии дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ" бо мақсади расонидани кӯмаки яквақтаинаи моддӣ ба аҳолии дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Аз 1 январи соли 2011 ба аҳолии дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кӯмаки яквақтаинаи моддӣ ва додани қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми зерин муайян карда шавад:
- 1000 сомонӣ ба оилаи ҳар як шахси фавтида;
- 100 сомонӣ ба сардори оила ва 50 сомонӣ ба ҳар як узви оила;
- 600 сомонӣ ба ҳар оила барои таъмири манзили истиқоматӣ, ки қисман вайрон шудааст;
- 1500 сомонӣ ба ҳар оила барои сохтмони манзили истиқоматӣ дар ҷойи зисти пештараи худ, ки пурра вайрон шудааст;
- 3000 сомонӣ қарзи имтиёзнок ба мӯҳлати 5 сол ба ҳар оила барои сохтмони манзили истиқоматии пурра; вайроншуда, ҳангоми ба маҳали бехавф кӯчонидан, бо дарназардошти он, ки сохтмон дар ҷойи зисти пештара ғайриимкон аст, ба истиснои ҳолате, ки сохтмони манзили пурра вайроншуда барои онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю ташкилотҳо ва шахсони алоҳида амалӣ мегардад.
2) Муқаррар карда шавад, ки маблағгузории хароҷоти вобаста ба расонидани кӯмак ба аҳолии дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарардида бо пешниҳоди Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда аз ҳисоби фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
3) Дар асоси қарори дахлдори Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда кӯмаки яквақтаинаи моддӣ ва қарзи имтиёзнок ба аҳолии зарардида аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба филиалҳои шаҳрӣ ва ноҳияивии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" тибқи рӯйхати тасдиқнамудаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда гузаронида мешавад.
4) Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо:
- дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ руйхати оилаҳои ҳалокшуда ва зарардида (бо нишон додани ҳайати оила), зарари моддии ҳар як оила, ташкилоту корхонаҳо ва хоҷагиҳои дигари дар тобеияташон бударо тибқи тартиби муқарраргардида ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгон оид ба ҳолатҳои фавқулодда тавассути Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;
- оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда саривақт ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда тавассути Кумитаи холатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
5) Тартиби умумии муайян намудани ҳаҷми зарари ба амвол расида ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
6) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2003 № 517 "Дар бораи тартиб ва миқдори расонидани кӯмаки яквақтаинаи моддӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 декабри соли 2010 № 632
ш. Душанбе