Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тартиб ва миқдори расонидани кӯмаки яквақтаинаи моддӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади расонидани кӯмаки моддӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 январи соли 2004 ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кӯмаки моддии яквақтаина ва додани қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми зерин муайян карда шавад:
300 сомонӣ ба ҳар як шахси фавтида;
100 сомонӣ ба сардори оила ва 50 сомонӣ ба ҳар як аъзои оила;
300 сомонӣ ба ҳар оила барои таъмири манзили истиқоматӣ, ки қисман вайрон шудааст;
1000 сомонӣ ба ҳар оила барои сохтмони манзили истиқоматӣ, ки пурра вайрон шудааст;
1500 сомонӣ қарзи имтиёзнок ба мӯҳлати 5 сол ба ҳар оила
2. Муқаррар карда шавад, ки маблағгузории хароҷотҳои вобаста ба расонидани кӯмак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида бо пешниҳоди Комиссияи давлатии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда аз ҳисоби фонди хароҷотҳои пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
3. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ:
- дар мавриди рух додани ҳолатҳои фавқулодда бо сабабҳои офатҳои табиӣ (заминҷунбӣ, фаромадани тармаю ярч, сел ва ғайра) тибқи тартиби муқарраргардида, рӯйхати шахсони дар натиҷаи офати табиӣ ҳалокшуда ва оилаҳои зарардида (бо нишон додани ҳайати оила), талафоти моддиву молии ҳар як оила, ташкилоту идораҳо ва хоҷагиҳои дигари дар тобеияташон бударо ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон псшниҳод намоянд;
- оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда сари вақт ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда иттилоот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 декабри соли 2003 № 517
ш. Душанбе
Правительство Республика Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О порядке и размере предоставления единовременной материальной помощи населению, пострадавшему в результате стихийных бедствий в Республике Таджикистан
С целью предоставления единовременной материальной помощи населению, пострадавшему в результате стихийных бедствий, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. С 1 января 2004 года предоставить населению, пострадавшему в результате стихийных бедствий, единовременную материальную помощь и льготный кредит в размере:
- 300 сомони на каждого погибшего;
- 100 сомони на главу семьи и 50 сомони каждому члену семьи;
- 300 сомони каждой семье для ремонта частично разрушенного жилья;
- 1000 сомони каждой семье на строительство полностью разрушенного жилого дома;
- 1500 сомони - льготный кредит каждой семье сроком на 5 лет.
2. Определить, что финансирование расходов по предоставлению единовременной материальной помощи населению, пострадавшему в результате стихийных бедствий, осуществляется по предложению Государственной комиссии Правительства Республики Таджикистан по чрезвычайным ситуациям за счет фонда непредусмотренных расходов Правительства Республики Таджикистан.
3. Председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов, районов Республики Таджикистан:
- в случаях возникновения чрезвычайных ситуаций в результате стихийных бедствий (землетрясений, схода лавин, оползней, селей, наводнений и других) списки погибших и пострадавших семей (с указанием состава семьи), материальный ущерб каждой семьи, организаций, предприятий и подведомственных хозяйств представить в установленном порядке в Государственную комиссию Правительства Республики Таджикистан по чрезвычайным ситуациям;
- о целевом использовании выделенных финансовых средств своевременно информировать Государственную комиссию Правительства Республики Таджикистан по чрезвычайным ситуациям .
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахманов
от 2 декабря 2003 года № 517
г. Душанбе