Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 № 573 "Дар бораи тасдиқи барномаи мубориза бар зидди малах дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи мубориза бар зидди малах дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади роҳ надодан ба паҳншавӣ ва эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ва чарогоҳҳо аз малахиҳо, баҳри таъмин амнияти озуқавории кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи пешниҳодшудаи мубориза бар зидди малах дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 ва Номгӯи чорабиниҳои мубориза бар зидди малах дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2015 тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини маблағгузории Барномаи мубориза бар зидди малах дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар доираи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷотҳои давлатӣ, ҷалби грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва хизматрасонӣ чораҳои зарурӣ андешад.

3) Вазорату идораҳои дахлдор, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо, новобаста ба шакли моликияташон барои татбиқи Барномаи мубориза бар зидди малах дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 октябри соли 2010 № 573

 ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Программы по борьбе с саранчой в Республике Таджикистан на 2011-2015 годы

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально - экономического развитии Республики Таджикистан", с целью недопущения распространения саранчи и сохранения от нее сельскохозяйственных культур, садов, виноградников и пастбищ, обеспечения продовольственной безопасности страны Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить предлагаемую Программу по борьбе с саранчой в Республике Таджикистан на 2011-2015 годы и Наименование мероприятий по борьбе с саранчой в Республики Таджикистан на 2011- 2015 годы (прилагаются).

2) Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан совместно с Министерством финансов Республики Таджикистан и Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан принять необходимые меры по Программе по борьбе с саранчой в Республики Таджикистан на 2011-2015 годы за счет бюджетных средств в рамках среднесрочной Программы государственных расходов, с привлечением грантов международных организаций и обслуживания.

3) Министерствам и заинтересованным ведомствам, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов, предприятиям и организациям, независимо от вида деятельности, принять необходимые меры для реализации Программы по борьбе с саранчой в Республике Таджикистан на 2011-2015 годы.

Председатель

Правительства Рecпублики Таджикистан            Эмомали Рахмон

от 30 октября 2010 года № 573

г. Душанбе