Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаҳои 17 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсатн давлатии ҷавонон" бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди саломатии ҷавонон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 муқаррар карда шавад.
3) Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
4) Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар асоси Барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии рушди саломатии ҷавононро таҳия ва қабул намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 октябри соли 2010 № 561
ш. Душанбе