Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 № 494 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 12, мод. 681) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар номи Қонун ва минбаъд дар тамоми матни Қонун баъд аз калимаи "консепсияҳо," калимаи "стратегияҳо" илова карда шавад.

2. Дар моддаи 1:

- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ";

- ба модда қисми нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:";

- дар сархати якум баъд аз калимаи "нишондиҳандаҳоеро" калимаҳои "(индикаторҳоеро, параметрҳоеро)" илова карда шаванд;

- сархати чорум дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"- стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонҳадафҳои дарозмуддат ва нишондодҳои ниҳоят муҳим доир ба ҳалли вазифаҳои афзалиятнок ва инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои мушаххас дар заминаи истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда;".

3. Дар моддаи 3:

- дар қисми сеюм баъд аз калимаҳои "пешрафти илму техника" калимаҳои "технологияҳои иттилоотӣ," илова карда шаванд;

- дар сархати чоруми қисми чорум баъд аз калимаи "нишондиҳандаҳои" калимаҳои "(индикаторҳои, параметрҳои)" илова карда шуда, калимаҳои "фарҳанг ва" ба калимаҳои "фарҳанг, бунёди объектҳои иттилоотӣ, инкишофи" иваз карда шаванд;

- дар қисми шашум баъди калимаҳои "барои панҷ сол" калимаҳои "ё барои се сол" илова карда шаванд;

- дар қисми ҳафтум баъд аз калимаҳои "барои як сол" калимаҳои "ва дар таркиби дурнамои миёнамӯҳлат барои се сол" ва баъд аз калимаҳои "дурнамои мазкур" калимаҳои "Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ ва" илова карда шаванд.

4. Дар моддаи 4:

- дар қисми якум баъд аз калимаҳои "ҳар сол" калимаҳои "ва дар таркиби дурнамои миёнамӯҳлат барои се соли минбаъда", баъд аз калимаҳои "ояндаи миёнамӯҳлат" калимаҳои "(барои давраи панҷсола)" илова карда шаванд;

- дар қисми дуюм баъд аз калимаҳои "ояндаи кӯтоҳмуддат" калимаҳои "ва индикаторҳо (параметрҳои)- и асосии инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ барои ду соли оянда" илова карда шаванд.

5. Дар қисми сеюми моддаи 6 калимаҳои "ба мӯҳлати 10 сол" ба калимаҳои "ба мӯҳлати 15 сол" иваз карда шаванд.

6. Ба Қонун моддаи 6(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 6(1). Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд.

Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар асоси дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад;

- таҳлили инкишофи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи гузашта фаро гирифта, марҳалаҳо ва талаботи асосии инкишофи иқтисодиро инъикос менамояд;

- ҳадафҳои стратегӣ, афзалият ва принсипҳои инкишофи миллӣ, воситаҳои ноилшавӣ ва роҳҳои татбиқи чунин ҳадафҳо ва афзалиятҳо, бунёди шароитҳои институтсионалии инкишоф, таъмини инкишофи иқтисодӣ, инкишофи маҷмӯи васеи соҳаҳои иҷтимоии давлат, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, мониторинги татбиқи стратегияи миллиро муайян менамояд.

Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 10 сол таҳия намуда, онро дар панҷ сол як маротиба тасҳеҳ менамояд.

Тартиб, мӯҳлати таҳия ва тасҳеҳи Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд нашр карда шавад.".

7. Дар моддаи 7:

- дар қисми якум калимаҳои "дурнамоҳои давлатӣ ва консепсияи" ба калимаҳои "дурнамоҳои давлатӣ, консепсия ва стратегияи" иваз карда шуда, баъд аз калимаҳои "барои панҷ сол" калимаҳои "ва ё се сол" илова карда шаванд;

- сархати сеюми қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- дастгирии давлатии илм, истифодаи натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ дар истеҳсолот, муайян намудани самтҳои афзалиятноки инкишофи илм, гузаронидани экспертизаи мавзӯъҳои илмию техникӣ, омода намудани барномаҳои комплексии мақсадноки илмӣ;";

- ба қисми сеюм сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- инкишоф ва истифодаи самараноки захираҳои иттилоотӣ, таъмини шаҳрвандон бо иттилооти ҷамъиятӣ.".

8. Дар моддаи 9:

- дар қисми якум калимаҳои "иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ" ва калимаҳои "намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ" мутаносибан ба калимаҳои "иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва "намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;

- дар қисми дуюм калимаҳои "Мақомоти иҷроия ва намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ" ба калимаҳои "Мақомоти иҷроия ва намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;

- дар қисми сеюм калимаҳои "мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

26 марти соли 2009 № 494

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе

 14 январи соли 2009, № 1227

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе

 12 марти соли 2009 №602

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 8 декабря 2003 года "О государственных прогнозах, концепциях и программах социальноэкономического развития Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2003 г., №12, ст. 681) следующие изменения и дополнения:

1. Название и далее по всему текста Закона после слова "концепциях," дополнить словом "стратегиях".

2. В статье 1:

- название статьи изложить в следующей редакции:

"Статья 1. Основные понятия";

- дополнить статью новой частью следующего содержания:

"В настоящем Законе используются следующие основные понятия:";

- в части первой после слов "включают показатели" дополнить словами "(индикаторы, параметры)";

- дополнить абзацем четвертым следующего содержания:

"- стратегия социально - экономического развития Республики Таджикистан - долговременные цели и наиболее важные установки по решению приоритетных задач и социально - экономическому развитию Республики Таджикистан и достижению конкретных показателей при рациональном использовании имеющихся ресурсов;".

3. В статье 3:

- часть третью после слов "научно - технического прогресса" дополнить словами "информационные технологии,";

- абзац четвертый части четвертой после слов "количественные показатели" дополнить словами "(индикаторы, параметры)", после слова "культуры," дополнить словами "создание информационных объектов, развитие";

- часть шестую после слов "на пять лет" дополнить словами "или на три года";

- часть седьмую после слов "на один год" дополнить словами "в составе среднесрочного прогноза на три года" и после слова "составляется" дополнить словами "Среднесрочная программа государственных расходов".

4. В статье 4:

- часть первую после слова "ежегодно" дополнить словами "в составе среднесрочного прогноза на предстоящие три года", после слов "среднесрочную перспективу" дополнить словами "(на пятилетний период)";

- часть вторую после слов "на краткосрочную перспективу" дополнить словами "и основных индикаторов (параметров) социальноэкономического развития на последующие два года".

5. В части третьей 6 слова "сроком на десять лет" заменить словами "сроком на пятнадцать лет".

6. Закон дополнить статьей 6(1) следующего содержания:

"Статья 6(1). Стратегия социально - экономического развития Республики Таджикистан

Правительство Республики Таджикистан обеспечивает разработку Стратегии социально - экономического развития Республики Таджикистан:

- разрабатывается на основе прогноза социально экономического развития Республики Таджикистан;

- включает анализ национального развития Республики Таджикистан за прошедший период, отражает этапы и основные требования экономического развития;

- определяет стратегические цели, приоритеты и принципы национального развития, средства достижения и пути реализации этих целей и приоритетов, создание институциональных условий развития, обеспечение экономического роста, развитие широкого спектра отраслей социальной сферы государства, повышение уровня благосостояния населения, мониторинг реализации национальной стратегии.

Стратегию социально - экономического развития разрабатывает Правительство Республики Таджикистан сроком на десять лет и корректирует ее один раз в пять лет.

Порядок, сроки разработки и корректировки Стратегии социальноэкономического развития Республики Таджикистан определяются Правительством Республики Таджикистан.

Стратегия социально - экономического развития Республики Таджикистан утверждается Постановлением Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

Стратегия социально - экономического развития Республики Таджикистан подлежит опубликованию.".

7. В статье 7:

- в части первой слова "государственными прогнозами и концепцией" заменить словами "государственными прогнозами, концепциями и стратегиями" и после слов "на среднесрочную перспективу обычно" текст изложить в следующей редакции:

"на пять лет и (или) на три года";

- абзац третий части третьей изложить в следующей редакции:

"- государственная поддержка науки, использование результатов научных исследований в производстве, определение приоритетных направлений развития науки, проведение экспертиз по научно -техническим темам, подготовка комплексных целевых научных программ;";

- часть третью дополнить новым абзацем следующего содержания:

"- развитие и эффективное использование информационных ресурсов, обеспечение граждан информацией общественного значения.".

8. В статье 9:

- в части первой слова "исполнительными органами местной власти" и слова "представительными органами местной власти" заменить соответственно словами "местными исполнительными органами государственной власти" и "местными представительными органами государственной власти";

- в части второй слова "Исполнительные и представительные органы местной власти" заменить словами "Местные исполнительные и представительные органы государственной власти";

- в части третьей слова "органами местной власти" заменить словами "местными органами государственной власти".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

26 марта 2009 года № 494

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

0 Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях и программах социально - экономического развития Республики Таджикистан".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                     М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 12 марта 2009 года №602