Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Тасдиқ карда шаванд:
а) Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 (замима мегардад);
б) Нақшаи татбиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 (замима мегардад).
2) Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо татбиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишудаи Буҷети давлатӣ таъмин карда, ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи вазифаҳои пешбинишуда оид ба иҷрои Барномаи мазкур Шӯрои ҳамоҳангсозӣ таъсис диҳанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 октябри соли 2010 № 560
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Национальной программы формирования здорового образа жизни в Республике Таджикистан на 2011 - 2020 годы
В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить:
а) Национальную программу формирования здорового образа жизни в Республике Таджикистан на 2011- 2020 годы (прилагается);
б) План реализации Национальной программы формирования здорового образа жизни в Республике Таджикистан на 2011- 2020 годы (прилагается).
2) Руководителям министерств и ведомств, председателям ГорноБадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов в рамках ежегодно предусмотренных средств Государственного бюджета обеспечить реализацию Национальной программы формирования здорового образа жизни в Республике Таджикистан на 2011 г 2020 годы и ежегодно представить информацию в Правительство Республики Таджикистан.
3) Министерству здравоохранения Республики Таджикистан, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов для реализации предусмотренных задач создать Координационный совет по выполнению настоящей Программы.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 30 октября 2010 года № 560
г. Душанбе