Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2010 № 933 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

Ба Низомномаи адои ҳизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2008 №457 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) Аз сарсатри дуюми банди 15 калимаи ", нақлиёт" хориҷ карда шавад.

2) Ба сарсатри сеюми банди 24 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Пас аз гузаштани ин мӯҳлат кормандони дар ихтиёри кадрҳои Агентӣ қарордошта, бо тариқи гузаштан аз аттестатсия ба вазифа таъин ё аз мақомоти Агентӣ озод карда мешаванд.".

3) Аз сарсатри сеюми банди 32 калимаҳои "ва нақлиёт" хориҷ карда шуда, калимаи "вилоятҳо," ба калимаҳои "вилоятҳо ва" иваз карда шавад.

4) Дар ҷадвали банди 53:

- дар сутуни "Вазифа"-и банди 2 пас аз калимаи "тафтишот," калимаҳои "пешгирии коррупсия," илова карда шуда, калимаҳои "ва нақлиёт" хориҷ карда шаванд;

- аз сутуни "Вазифа"-и бандҳои 3, 4, 5 ва 6 калимаҳои "дар нақлиёт" ва "нақлиёт," хориҷ карда шаванд;

- ба сутуни "Вазифа"-и банди 7 пас аз калимаи "тиббӣ" калимаҳои ", нозири Взводи посбоникунанда" илова карда шаванд;

- сутуни "Вазифа"-и банди 8 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Мутахассис - ронандаи Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе".

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

27 сентябри соли 2010 № 933

ш. Душанбе