Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016
Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016 (минбаъд - Барнома) бо мақсади зиёд намудани оилаҳои занбӯри асал ва истеҳсоли асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, беҳтар намудани зоти занбӯри асал, таъмини талаботи занбӯрпарварон новобаста аз шакли хоҷагидорӣ бо муми варақӣ ва асбобу анҷоми занбӯрпарварон таҳия гардидааст.
Соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои камхарҷ ва сердаромад ба ҳисоб меравад. Зеро 93 фоизи масоҳати ҷумҳуриро кӯҳҳо ташкил дода, захираҳои мавҷудаи растаниҳои шахддиҳандаи ҷумҳурӣ имконият медиҳанд, ки миқдори оилаҳои занбӯр ва истеҳсоли асал сол то сол зиёд карда шавад. Аз ин лиҳоз, Барномаи таҳиягардида барои ноил шудан ба ин мақсадҳо мусоидат хоҳад кард.
Парвариши занбӯри асал барои зиёд шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ низ таъсири мусбӣ мерасонад. Таҷрибаҳои илмию истеҳсолӣ нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи бо занбӯри асал Гардолуд шудан ҳосили пахта, боғот, офтобпараст ва дигар растаниҳои эйтомофилӣ аз 30 то 50 фоиз меафзояд.
Рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат низ мавқеи намоён дорад. Зеро ба фурӯш баровардани маҳсулоти занбӯри асал (асал, мум, муми варақӣ, гарди гул, шири модарзанбӯр, заҳри занбӯр ва ғайра) дар дохил ва хориҷи кишвар боиси даромади зиёд, ворид гардидани асъори хориҷӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми ҷумҳурӣ мегардад.
1. Вазъи соҳаи занбурпарварӣ дар марҳилаи ҳозира ва рушди минбаъдаи он
Айни замон тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ зиёда аз 140 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад.
Дар натиҷаи амалишавии Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2006-2010, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005 №338 тасдиқ гардида буд, то ин давра шумораи оилаҳои занбӯри асал аз 49 ҳазор ба 140 ҳазор (2,8 маротиба) ва истеҳсоли асал аз 1200 тонна ба 2700 тонна (2,2 маротиба) расонида шудааст.
Гарчанде миқдори оилаҳои занбӯри асал тайи ин солҳо зиёд гардида бошад, ҳам то ҳол нишондиҳандаҳои маҳсулнокӣ аз ҳар оилаи занбӯр назаррас нест. Аз ин рӯ, оид ба беҳтар намудани сифати зот бояд корҳои селексионӣ ва хушзоткунӣ ба анҷом расонида шаванд.
2. Зарурати қабули Барнома
Барнома барои зиёд намудани миқдори оилаҳои занбӯр ва истеҳсоли асал, иҷрои Барномаи озуқавории мамлакат, бо маводи зарурӣ таъмин намудани эҳтиёҷоти занбӯрпарварон новобаста аз шакли моликият равона карда шудааст.
Барнома иҷрои вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:
- ворид намудани технологияи замонавӣ, аз ҷумла сехи истеҳсоли муми варақӣ ва таъмини талаботи занбӯрпарварон бо ин намуди маҳсулот;
- аз ҳисоби воридоти модарзанбӯри хушзот ба воситаи корҳои селексионию хушзоткунӣ беҳтар намудани зоти занбӯри дар ҷумҳурӣ парваришёбанда;
- амалӣ намудани чорабиниҳои байторӣ барои солим нигоҳ доштани оилаҳои занбӯри асал;
- омӯзиши таҷрибаи пешқадами соҳаи занбӯрпарварии дигар мамлакатҳо ва дар хоҷагиҳои занбӯрпарварию дӯстдорони занбӯри асал ҷорӣ намудани он;
- ташкили семинарҳо ва гузаронидани курсҳои бозомӯзии мутахассисони соҳаи занбӯрпарварӣ;
- ташкил ва гузаронидани корҳои зотпарварӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба тозагии зот ва ноҳиябандии зоти занбӯри асал.
3. Раванди иҷрои Барнома
Барои иҷрои Барнома ва рушди соҳаи занбӯрпарварӣ ҳалли масъалаҳои зерин заруранд:
- беҳтар намудани фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварӣ "Асали Тоҷикистон", ташкили филиалҳои он дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон;
- андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати таъмини занбӯрпарварон новобаста аз шакли хоҷагидорӣ бо муми варақӣ ва асбобу анҷомҳои соҳавӣ;
- афзун гардонидани миқдори оилаҳои занбӯри асали зотӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии "Асали Тоҷикистон";
- ташкили аробаҳо (присепҳо) барои аз як ҷо ба ҷои дигар бурдани занбӯрҷойҳо (пасека);
- аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ҷудо намудани минтақаҳои махсус барои парвариши занбӯри асали зотӣ;
- ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳаи занбӯрпарварӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва пешбинӣ намудани қарзҳои имтиёзнок.
4. Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома
Маблағгурории Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ, қарзҳои имтиёзноки бонкӣ, ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ пешбинӣ гардидааст.
Барои дар амал татбиқ намудани Барнома аз ҳисоби маблағҳои грантии буҷетӣ дар давраи солҳои 2011-2016 ҳар сол 400 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Иҷрои дигар нишондиҳандаҳо, ки дар нақшаи чорабиниҳои Барнома дарҷ гардидаанд, аз ҳисоби қарзҳои бонкӣ ва грантҳо таъмин карда мешавад.
5. Талаботи соҳаи занбӯрпарварӣ аз буҷети ҷумҳурӣ барои харидорӣ намудани воситаҳои асосӣ ва гардишӣ дар давраи солҳои 2011-2016
+---+------------------------------+------+------+---------+---------ҷ
|№ | Номгӯи воситаҳои |Воҳиди|Миқдор|Нархи як | Нархи |
|р/т| асосӣ ва гардишӣ |ченак | |воҳид (бо| умумӣ |
| | | | |сомонӣ) |(бо ҳазор|
| | | | | | сомонӣ) |
+---+------------------------------+------+------+---------+---------+
|1. |Харидорӣ намудани модарзанбӯри| | | | |
| |зотӣ берун аз марзи ҷумҳурӣ | сар | 1000 | 150 | 150000 |
+---+------------------------------+------+------+---------+---------+
|2. |Харидорӣ намудани асбобу | | | | |
| |анҷомҳои занбӯрпарварӣ, аз | | | | |
| |ҷумла зарфҳо барои нигоҳдории | | | | |
| |асал |маҷмӯъ| 2500 | 80 | 200000 |
+---+------------------------------+------+------+---------+---------+
|3. |Харидорӣ намудани қуттиҳои | | | | |
| |занбӯри асал | дона | 2500 | 200 | 500000 |
+---+------------------------------+------+------+---------+---------+
|4. |Харидорӣ намудани муми хоми | | | | |
| |занбӯри асал | кг | 9000 | 50 | 450000 |
+---+------------------------------+------+------+---------+---------+
|5. |Харидорӣ намудани оилаҳои нави| | | | |
| |занбӯри асал | оила | 2500 | 150 | 375000 |
+---+------------------------------+------+------+---------+---------+
|6. |Харидорӣ намудани сехи | | | | |
| |истеҳсоли муми варақӣ | адад | 1 | 80000 | 80000 |
+---+------------------------------+------+------+---------+---------+
|7. |Харидорӣ намудани сехи | | | | |
| |шикастани кристализатсияи | | | | |
| |асал, тозакунӣ ва дар зарфҳо | | | | |
| |ҷо ба ҷокунии он | адад | 1 | 300000 | 300000 |
+---+------------------------------+------+------+---------+---------+
|8. |Харидорӣ намудани маҷмӯи | | | | |
| |таҷҳизоти бастабандии | | | | |
| |маҳсулоти занбӯри асал | адад | 1 | 70000 | 70000 |
+---+------------------------------+------+------+---------+---------+
|9. |Харид намудани автомашинаҳои | | | | |
| |махсус барои кашонидани | | | | |
| |оилаҳои занбӯри асал | адад | 2 | 62500 | 125000 |
+---+------------------------------+------+------+---------+---------+
|10.|Ташкил ва гузаронидани | | | | |
| |семинарҳо ва чорабиниҳои | | | | |
| |ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла "Иди | | | | |
| |Асал" соле як маротиба | адад | 6 | 25000 | 150000 |
+---+------------------------------+------+------+---------+---------+
| |Ҳамагӣ: | | | | 2400000 |
+---+------------------------------+------+------+---------+---------+
6. Дурнамои афзоиши оилаҳои занбӯри асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар давраи солҳои 2011-2016
+--------------------------+------+------+------+------+------+------ҷ
| Номгӯи вилоятҳо ва | | | | | | |
| шаҳру ноҳияҳо |2011 |2012 |2013 |2014 |2015 |2016 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Дар ҷумҳурӣ |156000|159000|163000|168000|172000|175000|
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони | | | | | | |
|Бадахшон |6200 |6300 |6400 |6500 |6700 |6800 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Вилояти Суғд |28000 |29000 |30500 |32500 |34000 |36000 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Вилояти Хатлон |42100 |42500 |43000 |43500 |44000 |44500 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|НТҶ |79700 |81200 |83100 |85500 |87300 |87700 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Турсунзода |1900 |1950 |2000 |2100 |2200 |2250 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Ҳисор |4600 |4700 |4800 |5000 |5100 |5130 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Шаҳринав |2900 |3000 |3100 |3200 |3300 |3320 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Рӯдакӣ |1600 |1650 |1800 |2000 |2100 |2190 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Варзоб |3000 |3100 |3150 |3300 |3400 |3450 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Ваҳдат |10500 |10650 |10800 |11000 |11200 |11220 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Файзобод |4100 |4200 |4300 |4400 |4500 |4540 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Нуробод |7800 |7900 |7950 |8200 |8300 |8310 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Роғун |2000 |2050 |2200 |2300 |2400 |2415 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Рашт |23000 |23300 |23900 |24500 |24900 |24910 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Тоҷикобод |4700 |4800 |4900 |5000 |5100 |5120 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Ҷиргатол |2900 |3000 |3200 |3300 |3400 |3430 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Тавилдара |10700 |10900 |11000 |11200 |11400 |11415 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
7. Дурнамои ҳаҷми истеҳсоли асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар давраи солҳои 2011-2016
+--------------------------+------+------+------+------+------+------ҷ
| Номгӯи вилоятҳо ва | | | | | | |
| шаҳру ноҳияҳо |2011 |2012 |2013 |2014 |2015 |2016 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Дар ҷумҳурӣ |2652 |2702 |2771 |2856 |2924 |3000 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони | | | | | | |
|Бадахшон |105,4 |107,1 |108,8 |110,5 |113,9 |115 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Вилояти Суғд |476 |493 |518,6 |552,5 |578 |622 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Вилояти Хатлон |715,7 |722,5 |731 |739,5 |748 |760 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|НТҶ |1354,9|1379,4|1412,6|1453,5|1484,1|1503 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Турсунзода |32,3 |33,1 |34 |35,7 |37,4 |39 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Ҳисор |78,2 |79,9 |81,6 |85 |86,7 |88 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Шаҳринав |49,3 |51 |52,7 |54,4 |56,1 |57,5 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Рӯдакӣ |27,2 |28 |30,6 |34 |35,7 |37 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Варзоб |51 |52,7 |53,5 |56,1 |57,8 |59 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Ваҳдат |178,5 |180,2 |183,6 |187 |190,4 |192 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Файзобод |69,7 |71,4 |73,1 |74,8 |76,5 |77,5 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Нуробод |132,6 |134,3 |135,1 |139,4 |141,1 |142,5 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Роғун |34 |34,8 |37,4 |39,1 |40,8 |41,5 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Рашт |391 |396,1 |406,3 |416,5 |423,3 |424 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Тоҷикобод |79,9 |81,6 |83,3 |85 |86,7 |88 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Ҷиргатол |49,3 |51 |54,4 |56,1 |57,8 |59 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Тавилдара |181,9 |185,3 |187 |190,4 |193,8 |198 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
8.Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016
+---+-----------------------------+---------+------------------------ҷ
|№ | Номгӯи чорабиниҳо | Мӯҳлати | Масъулин |
|р/т| | иҷро | |
+---+-----------------------------+---------+------------------------+
|1. |Ташкили филиалҳои Корхонаи |2012-2014|Вазорати кишоварзии |
| |воҳиди давлатии занбӯрпарварӣ| |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |"Асали Тоҷикистон" дар ВМКБ, | |мақомоти иҷроияи |
| |вилоятҳои Суғду Хатлон | |ҳокимияти давлатии ВМКБ |
| | | |вилоятҳои Суғду Хатлон |
+---+-----------------------------+---------+------------------------+
|2. |Ворид намудани технологияи |2012-2013|Вазорати кишоварзии |
| |замонавӣ, сехҳои истеҳсоли | |Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| |муми варақӣ, шикастани | | |
| |кристализатсияи асал ва дар | | |
| |зарфҳо ҷо ба ҷокунии он, | | |
| |инчунин модарзанбӯри зотӣ | | |
+---+-----------------------------+---------+------------------------+
|3. |Пешбурди корҳои селексионию |2011-2016|Вазорати кишоварзии |
| |хушзотгардонӣ барои беҳтар | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |намудани зоти занбӯри асал | |Академияи илмҳои |
| | | |кишоварзии Тоҷикистон |
+---+-----------------------------+---------+------------------------+
|4. |Аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ |2011-2012|Вазорати кишоварзии |
| |ҷудо намудани замин барои | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |ташкили минтақаи махсуси | |Кумитаи давлатии |
| |зотпарварӣ | |заминсозӣ ва геодезии |
| | | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| | | |мақомоти иҷроияи |
| | | |ҳокимияти давлатии шаҳри|
| | | |Ваҳдат ва ноҳияи Ёвон |
+---+-----------------------------+---------+------------------------+
|5. |Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои |2011-2016|Вазорати кишоварзии |
| |инвеститсионӣ барои ҷалби | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |сармояи хориҷӣ | |Кумитаи давлатии |
| | | |сармоягузорӣ ва идораи |
| | | |амволи Давлатии Ҷумҳурии|
| | | |Тоҷикистон |
+---+-----------------------------+---------+------------------------+
|6. |Ба ҳисоботи оморӣ пурра ворид|2011-2016|Вазорати кишоварзии |
| |намудани миқдори оилаҳои | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |занбӯри асал ва истеҳсоли | |Агентии омори назди |
| |асал, новобаста аз шакли | |Президенти Ҷумҳурии |
| |хоҷагидорӣ | |Тоҷикистон, мақомоти |
| | | |иҷроияи ҳокимияти |
| | | |давлатии вилоятҳо ва |
| | | |шаҳру ноҳияҳо |
+---+-----------------------------+---------+------------------------+
|7. |Гузаронидани семинарҳо ва | Ҳар сол |Вазорати кишоварзии |
| |чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, аз | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |ҷумла "Иди Асал" | |мақомоти иҷроияи |
| | | |ҳокимияти давлатии |
| | | |вилоятҳо ва шаҳру |
| | | |ноҳияҳо |
+---+-----------------------------+---------+------------------------+
|8. |Ба воситаи озмунҳо, |2011-2016|Вазорати кишоварзии |
| |ярмаркаҳои ҷумҳуриявӣ ва | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |байналмилалӣ ба намоиш | |Палатаи савдою саноати |
| |гузоштани маҳсулоти занбӯри | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |асал ва ба роҳ мондани | |Иттифоқи"Тоҷикматлубот",|
| |содироти он | |воситаҳои ахбори умум |
+---+-----------------------------+---------+------------------------+
Программа развития пчеловодства в Республике Таджикистан на 2011-2016 годы
Программа развития пчеловодства в Республике Таджикистан на 2011-2016 годы (в дальнейшем Программа) направлена на увеличение пчелиных семей и производства мёда во всех категориях хозяйств, улучшение породы пчёл, обеспечение потребностей пчеловодов, независимо от форм хозяйствования, воском, прополисом и оборудованием для пчеловодов.
Пчеловодство в Республике Таджикистан считается одной из экономичных и доходных отраслей. Так как 93 % территории республики составляют горы и существующие запасы медоносных растений республики позволяют увеличить численность пчелиных семей и производство мёда из года в год. С этой точки зрения подготовленная Программа должна способствовать достижению поставленных целей.
Разведение пчёл положительно воздействует на увеличение урожайности сельскохозяйственных культур. Научно-производственными опытами установлено, что в результате опыления пчёлами урожайность хлопка, садов, подсолнечника и других энтомофильных растений повышается от 30 до 50 процентов.
Дальнейшее развитие пчеловодства также занимает видное место в обеспечении продовольственной безопасности страны. Потому что реализация продукции пчеловодства (мёд, воск, прополис, цветочная пыльца, пчелиное молоко, пчелиный яд и др.) приносит ощутимый доход за счёт продажи их внутри страны и за её пределами, способствует притоку иностранной валюты и улучшению уровня жизни населения республики.
1. Состояние отрасли пчеловодства в настоящий период и дальнейшее её развитие
В настоящее время в соответствии с данными Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан во всех категориях хозяйств республики разводятся более 140 тысяч пчелиных семей.
В результате реализации Программы восстановления и дальнейшего развития отрасли пчеловодства на 2006-2010 годы, утверждённой постановлением Правительства Республики Таджикистан от 01 сентября 2005 года № 338, к настоящему времени количество пчелиных семей увеличилось от 49 тысяч до 140 тысяч (в 2,8 раз) и производство мёда от 1200 тонн до 2700 тонн (в 2,2 раза).
Несмотря на то, что в течении этих лет количество пчелиных семей выросло, показатели продуктивности от каждой пчелиной семьи незначительны. Поэтому для улучшения качества породы пчёл должны осуществляться селекционно - племенные работы.
2.Необходимость принятия Программы
Программа направлена на увеличение количества пчелиных семей и производства мёда, выполнение Продовольственной программы страны, обеспечение необходимым имуществом потребностей пчеловодов, независимо от форм собственности.
Программа включает в себя выполнение следующих задач:
- внедрение современных технологий, в том числе создание цеха по производству восков и обеспечение потребностей пчеловодов этими видами продукции;
- за счет ввоза племенных пчелиных маток посредством селекционно-племенных работ улучшение породы пчёл, разводимых в республике;
- осуществление ветеринарных мероприятий для содержания пчелиных семей здоровыми;
- изучение передового опыта пчеловодства других стран и внедрение их в хозяйствах пчеловодства и пчеловодов - любителей;
- организация семинаров и проведение курсов переподготовки специалистов пчеловодства;
- организация и проведение племенных, научно-исследовательских работ по контролю за чистотой пород пчёл и их районированию.
3. Ход выполнения Программы
Для выполнения Программы и развития отрасли пчеловодства необходимо решение следующих задач:
- улучшение деятельности Государственного унитарного предприятия пчеловодства "Асали Точикистон", создание его филиалов в ГБАО, Согдийской и Хатлонской областях;
- принятие конкретных мер по обеспечению пчеловодов, независимо от форм хозяйствования, листами для воска и отраслевым инвентарём;
- увеличение количества пчелиных семей в Государственном унитарном предприятии пчеловодства "Асали Точикистон";
- организация производства прицепов для перевозки пчелосемей;
- выделение из числа пастбищных земель особых зон для разведения племенных пчёл;
- привлечение внутренних и внешних инвестиций для- развития отрасли пчеловодства, создание совместных предприятий и предусматривание льготных кредитов.
4.Источники инвестирования Программы
Инвестирование Программы осуществляется за счёт государственного бюджета, льготных банковских кредитов, привлечения отечественных и зарубежных инвесторов.
Для реализации Программы за счет грантовых бюджетных средств в период на 2011-2016 годы ежегодно будет выделяться 400 тысяч сомони.
Выполнение других показателей, включенных в план мероприятий Програм мы, обеспечиваются за счёт банковских кредитов и грантов
5. Потребность отрасли пчеловодства из республиканского бюджета для приобретения основных и оборотных средств в период 2011 -2016 годов
+---+----------------------+---------+----------+----------+---------ҷ
|№ |Наименования основных |Единица |Количество|Стоимость |Общая |
|п/н|и оборотных средств |измерения| |одной |стоимость|
| | | | |единицы |(в тыс. |
| | | | |(в сомони)|сомони) |
+---+----------------------+---------+----------+----------+---------+
|1 |Приобретение племенных| | | | |
| |пчелиных маток за | | | | |
| |пределами страны | единиц | 1000 | 150 | 150000 |
+---+----------------------+---------+----------+----------+---------+
|2 |Приобретение | | | | |
| |пчеловодческого | | | | |
| |инвентаря, в том числе| | | | |
| |ёмкостей для хранения | | | | |
| |мёда | единиц | 2500 | 80 | 200000 |
+---+----------------------+---------+----------+----------+---------+
|3 |Приобретение улей | единиц | 2500 | 200 | 500000 |
+---+----------------------+---------+----------+----------+---------+
|4 |Приобретение вощины | кг | 9000 | 50 | 450000 |
+---+----------------------+---------+----------+----------+---------+
|5 |Приобретение новых | | | | |
| |пчелиных семей | семей | 2500 | 150 | 375000 |
+---+----------------------+---------+----------+----------+---------+
|6 |Приобретение цеха по | | | | |
| |производству листов | | | | |
| |для воска | единиц | 1 | 8000 | 8000 |
+---+----------------------+---------+----------+----------+---------+
|7 |Приобретение цеха для | | | | |
| |предотвращения | | | | |
| |кристаллизации мёда, | | | | |
| |чистки и размещения в | | | | |
| |ёмкостях | единиц | 1 | 300000| 300000 |
+---+----------------------+---------+----------+----------+---------+
|8 |Приобретение | | | | |
| |комплектов | | | | |
| |оборудования для | | | | |
| |расфасовки продукции | единиц | 1 | 7000 | 7000 |
+---+----------------------+---------+----------+----------+---------+
|9 |Приобретение | | | | |
| |специальных автомашин | | | | |
| |для транспортировки | единиц | 2 | 62500 | 125000 |
| |пчелиных семей | | | | |
+---+----------------------+---------+----------+----------+---------+
|10 |Организация и | | | | |
| |проведение семинаров | | | | |
| |и республиканских | | | | |
| |мероприятий, в том | | | | |
| |числе "Праздник мёда" | количес-| | | |
| |в год один раз | тво | 6 | 25000 | 150000 |
+---+----------------------+---------+----------+----------+---------+
| |Всего: | | | | 2400000 |
+---+----------------------+---------+----------+----------+---------+
6. Перспективы увеличения пчелиных семей во всех формах хозяйствования на период 2011-2016 годов
+--------------------------+------+------+------+------+------+------ҷ
|Наименование областей, | | | | | | |
| городов и районов |2011 |2012 |2013 |2014 |2015 |2016 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|По республике |156000|159000|163000|168000|172000|175000|
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Горно-Бадахшанская | | | | | | |
|автономная область |6200 |6300 |6400 |6500 |6700 |6800 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Согдийская область |28000 |29000 |30500 |32500 |34000 |36000 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Хатлонская область |42100 |42500 |43000 |43500 |44000 |44500 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Районы республиканского | | | | | | |
|подчинения |79700 |81200 |83100 |85500 |87300 |87700 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Турсунзаде |1900 |1950 |2000 |2100 |2200 |2250 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Гиссар |4600 |4700 |4800 |5000 |5100 |5130 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Шахринав |2900 |3000 |3100 |3200 |3300 |3320 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Рудаки |1600 |1650 |1800 |2000 |2100 |2190 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Варзоб |3000 |3100 |3150 |3300 |3400 |3450 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Вахдат |10500 |10650 |10800 |11000 |11200 |11220 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Файзабад |4100 |4200 |4300 |4400 |4500 |4540 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Нуробод |7800 |7900 |7950 |8200 |8300 |8310 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Рогун |2000 |2050 |2200 |2300 |2400 |2415 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Рашт |23000 |23300 |23900 |24500 |24900 |24910 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Таджикабад |4700 |4800 |4900 |5000 |5100 |5120 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Джиргаталь |2900 |3000 |3200 |3300 |3400 |3430 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Тавильдара |10700 |10900 |11000 |11200 |11400 |11415 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
7. Перспективы роста объёма производства мёда во всех формах хозяйствования на период 2011-2016 годов
+--------------------------+------+------+------+------+------+------ҷ
|Наименование областей, | | | | | | |
| городов и районов |2011 |2012 |2013 |2014 |2015 |2016 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|По республике |2652 |2702 |2771 |2856 |2924 |3000 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Горно-Бадахшанская | | | | | | |
|автономная область |105,4 |107,1 |108,8 |110,5 |113,9 |115 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Согдийская область |476 |493 |518,6 |552,5 |578 |622 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Хатлонская область |715,7 |722,5 |731 |739,5 |748 |760 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Районы республиканского | | | | | | |
|подчинения |1354,9|1379,4|1412,6|1453,5|1484,1|1503 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Турсунзаде |32,3 |33,1 |34 |35,7 |37,4 |39 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Гиссар |78,2 |79,9 |81,6 |85 |86,7 |88 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Шахринав |49,3 |51 |52,7 |53,5 |56,1 |57,5 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Рудаки |27,2 |28 |30,6 |34 |35,7 |37 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Варзоб |51 |52,7 |53,5 |56,1 |57,8 |59 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Вахдат |178,5 |180,2 |183,6 |187 |190,4 |192 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Файзабад |69,7 |71,4 |73,1 |74,8 |76,5 |77,5 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Нуробод |132,6 |134,3 |135,1 |139,4 |141,1 |142,5 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Рогун |34 |34,8 |37,4 |39,1 |40,8 |41,5 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Рашт |391 |396,1 |406,3 |416,5 |423,3 |424 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Таджикабад |79,9 |81,6 |83,3 |85 |86,7 |88 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Джиргаталь |49,3 |51 |54,4 |56,1 |57,8 |59 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
|Тавильдара |181,9 |185,3 |187 |190,4 |193,8 |198 |
+--------------------------+------+------+------+------+------+------+
8.План мероприятий по реализации Программы развития пчеловодства в Республике Таджикистан на 20 Г1-2016 годы.
+---+---------------------------+----------+-------------------------ҷ
|п/п|Наименование мероприятий | Срок | Ответственный |
| | |исполнения| |
+---+---------------------------+----------+-------------------------+
|1. |Создание филиалов |2012-2014 |Министерство сельского |
| |Государственного унитарного| |хозяйства Республики |
| |предприятия пчеловодства | |Таджикистан, исполнитель-|
| |"Асали Точикистон" в ГБАО, | |ные органы |
| |Согдийской и Хатлонской | |осударственной власти |
| |областях | |г ГБАО, Согдийской и |
| | | |Хатлонской областей |
+---+---------------------------+----------+-------------------------+
|2. |Внедрение современных |2012-2013 |Министерство сельского |
| |технологий, цехов по | |хозяйства Республики |
| |производству вощины, | |Таджикистан |
| |предупреждения | | |
| |кристаллизации мёда, | | |
| |расфасовку их в ёмкости, а | | |
| |также племенных пчеломаток | | |
+---+---------------------------+----------+-------------------------+
|3. |Ведение селекционно- |2011-2012 |Министерство сельского |
| |племенных работ для | |хозяйства Республики |
| |улучшения породы пчёл | |Таджикистан, Академия |
| | | |сельскохозяйственных наук|
| | | |Таджикистана |
+---+---------------------------+----------+-------------------------+
|4. |Выделение особых зон из |2011-1012 |Министерство сельского |
| |числа пастбищных земель | |хозяйства Республики |
| |для разведения племенных | |Таджикистан, |
| |пчёл | |Государственный комитет |
| | | |по землеустройству и |
| | | |геодезии Республики |
| | | |Таджикистан, |
| | | |исполнительные органы |
| | | |государственной власти |
| | | |города Вахдат и Яванского|
| | | |района |
+---+---------------------------+----------+-------------------------+
|5. |Разработка и представление |2011-2016 |Министерство сельского |
| |инвестиционных проектов для| |хозяйства Республики |
| |привлечения внешних | |Таджикистан, |
| |инвестиций | |Государственный комитет |
| | | |по инвестициям и |
| | | |управлению |
| | | |государственным |
| | | |имуществом Республики |
| | | |Таджикистан |
+---+---------------------------+----------+-------------------------+
|6. |Полное включение в |2011-2016 |Министерство сельского |
| |статистическую отчётность | |хозяйства Республики |
| |количество пчелиных семей | |Таджикистан, Агентство по|
| |и производство мёда | |статистике при |
| |независимо от формы | |Президенте Республики |
| |хозяйствования | |Таджикистан, |
| | | |исполнительные органы |
| | | |государственной власти |
| | | |областей, городов и |
| | | |районов |
+---+---------------------------+----------+-------------------------+
|7. |Проведение семинаров и |Каждый год|Министерство сельского |
| |республиканских | |хозяйства Республики |
| |мероприятий, в том числе | |Таджикистан, |
| |"Праздник мёда" | |исполнительные органы |
| | | |государственной власти |
| | | |областей, городов и |
| | | |районов |
+---+---------------------------+----------+-------------------------+
|8. |Посредством конкурсов, |2011-2016 |Министерство сельского |
| |республиканских и | |хозяйства Республики |
| |международных ярмарок | |Таджикистан, |
| |организовать показ | |Торгово-промышленная |
| |пчеловодческой продукции | |палата Республики |
| |пчёл и наладить их экспорт | |Таджикистан, |
| | | |Республиканский союз |
| | | |потребительских обществ |
| | | |"Точикматлубот", средства|
| | | |массовой информации |
+---+---------------------------+----------+-------------------------+