Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини рушди соҳаи занбӯрпарварӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи замимагардидаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016 тасдиқ карда шавад.
2) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва грантии ба соҳаи кишоварзӣ пешбинигардида, ҳар сол ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 400 ҳазор сомонӣ ҷудо намоянд.
3) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷиклстон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди соҳаи занбӯрпарварӣ оид ба ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ чораҳои мушаххас андешанд.
4) Вазорату идораҳои дахлдор, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016 тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 феврал оид ба иҷрои корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 сентябри соли 2010 № 418
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Программе развития пчеловодства в Республике Таджикистан на 2011 -2016 годы
Согласно статьи 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программ социально-экономического развития Республики Таджикистан" и в целях обеспечения развития пчеловодства Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить прилагаемую Программу развития пчеловодства в Республике Таджикистан на 2011-2016 годы.
2) Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан для реализации Программы развития пчеловодства в Республике Таджикистан на 2011-2016 годы за счёт бюджетных и грантовых средств, предусмотренных для отрасли сельского хозяйства, ежегодно выделять Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан- 400 тысяч сомони.
3) Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан, Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан в целях развития пчеловодства принять конкретные меры по привлечению отечественных и зарубежных инвестиций.
4) Соответствующим министерствам и ведомствам, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов принять необходимые меры для реализации Программы развития пчеловодства в Республике Таджикистан на 2011-2016 годы и ежегодно до 1 февраля информировать Правительство Республики Таджикистан о проделанной работе.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 2 сентябри соли 2010 № 418
г. Душанбе