ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди соҳаи занбӯрпарвари, афзун гардонидани истеҳсоли асал ва дигар маҳсулоти занбӯри асал Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тасдиқ карда шаванд:
Барномаи барқарорсози ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарвари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 (замимаи 1);
- нишондиҳандаи дурнамои зиёд кардани миқдори оилаҳои занбӯри асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагиҳо дар солҳои 2006-2010 (замимаи 2);
- ҳаҷми истеҳсоли асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагиҳо дар солҳои 2006-2010 (замимаи 3).
2. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҷети давлати дар давраи солҳои 2006-2010 ба Корхонаи воҳиди занбӯрпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор намудани заминаи моддию техники, харидани таҷҳизоти технологи, асбобу анҷом, занбӯри зоти, таъмини пурраи эҳтиёҷоти занбӯрпарварони хоҷагиҳои деҳқони (фермери) ва занбӯрпарварони ҳаваскор бо маводи зарури ҳар сол 150 ҳазор сомони пешбини намоянд.
3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи "Тоҷикматлубот", Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо татбиқи Барномаи мазкурро таъмин намуда, ҳар сол то 20 январ аз ҷараёни иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 сентябри соли 2005 № 338
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Программе восстановления и дальнейшего развития пчеловодства в Республике Таджикистан на 2006- 2010 годы
В соответствии со статьей 14 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и в целях развития пчеловодства, увеличения производства меда, а также другой продукции пчеловодства Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить:
- Программу восстановления и дальнейшего развитию пчеловодства в Республике Таджикистан на 2006-2010 годы (приложение 1);
- прогнозные показатели увеличения пчелиных семей во всех категориях хозяйств на 2006-2010 годы (приложение 2);
- объём производства меда во всех категориях хозяйств на 2006-2010 годы (приложение 3).
2. Министерству экономики и торговли Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан предусмотреть в государственном бюджете на 2006-2010 годы выделение 150 тысяч сомони ежегодно Унитарному предприятию пчеловодства Министерства сельского: хозяйства Республики Таджикистан для восстановления материально-технической базы, покупки технологического оборудования, инвентаря, племенных пчел и полного обеспечения потребностей пчеловодческих дехканских (фермерских) хозяйств и любителей пчеловодов необходимым имуществом.
3. Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан, Государственному комитету по охране окружающей среды и лесного хозяйства Республики Таджикистан, Министерству экономики и торговли Республики Таджикистан, Государственному комитету статистики Республики Таджикистан, Национальному банку Таджикистана, Республиканскому союзу потребительских обществ Таджикистана "Точикматлубот", Таджикской академии сельскохозяйственных наук, Торгово-промышленной палате Республики Таджикистан, представителям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов обеспечить реализацию настоящей Программы и ежегодно до 20 января информировать Правительство Республики Таджикистан о ходе её выполнения.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 1 сентября 2005 года №338
г. Душанбе