Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июни соли 2010 № 884 "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи намояндагони ваколатдори (афсарони алоқаи) мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи намояндагони ваколатдори (афсарони алоқаи) мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1) Низомнома ва сметаи хароҷоти нигоҳдории намояндагони ваколатдори (афсарони алоқаи) мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2) Маблағгузории намояндагони ваколатдори (афсарони алоқаи) мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои фаъолияти сиёсати беруна пешбинишуда, мувофиқи сметаи хароҷоти тасдиқгардида анҷом дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе,

 17 июни соли 201 № 884

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Об утверждении Положения о полномочных представителях (офицерах связи) компетентных органов Республики Таджикистан при Центральноазиатском региональном информационном координационном центре по борьбе с незаконным оборотом наркотических средств, психотропных веществ и их прекурсоров

В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан постановляю:

1) Утвердить Положение и смету расходов на содержание полномочных представителей (офицерах связи) компетентных органов Республики Таджикистан при Центральноазиатском региональном информационном координационном центре по борьбе с незаконным оборотом наркотических средств, психотропных веществ и их прекурсоров (приложения 1 и 2).

2) Финансирование полномочных представителей (офицеров связи) компетентных органов Республики Таджикистан при Центральноазиатском региональном информационном координационном центре по борьбе с незаконным оборотом наркотических средств, психотропных веществ и их прекурсоров осуществлять за счет средств, предусмотренных в республиканском бюджете на внешнеполитическую деятельность, согласно утвержденной смете расходов.

Президент

Республики Таджикистан                 Эмомали Рахмон

г. Душанбе

 17 июня 2010 года № 884