Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "29" майи соли 2010 № 278
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ кор бо ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015
1. Қоидаҳои умумӣ
1) Гузариш ба муносибатҳои иқтисодии бозаргонӣ, баланд бардоштани нақши насли наврас дар ҷомеа дар давраи ташаккулёбии тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ноболиғон, эмин нигоҳ доштани онҳо аз зӯроварии калонсолон, гирифтани таълиму тарбия дар фазои оилаи солим вазифадор менамояд, ки Барномаи кор бо ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 таҳия карда шавад (минбаъд Барнома).
Сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкитпоф ва тарбияи насли навраси солим ва ҳамчунин ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакони ятим равона карда шудааст.
Баъди ба даст овардани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 октябри соли 1993 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонид ва бо мақсади татбиқи Конвенсияи мазкур як қатор чораҳои зарурӣ андешид.
Ҷиҳати иҷрои он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 №377 "Дар барои таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак" Комиссияи кор бо ноболиғон барҳам дода шуда, вазифаҳои он ба Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак вогузор карда шуд, инчунин "Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 № 253 тасдиқ гардидааст, қабул шуд.
2) Вобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии кӯдакон дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор мебошад.
Барномаи мазкур дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010, Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 қабул карда мешавад.
2. Асосҳои молиявии Барнома
3) Асоси молиявии Барномаро маблағҳои тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои соли дахлдор барои вазорату идораҳои дахлдор тасдиқшуда, ҳамчунин аз ҳисоби ҷалби грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил медиҳанд.
4) Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ӯҳдадоранд, ки маблағҳои пулии пешбинишударо ба таври мақсаднок дар доираи чорабиниҳои Барнома истифода баранд.
3. Мақомоти назораткунандаи татбиқи Барнома
5) Ба раванди татбиқи Барнома Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо назорат мебаранд.
6) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи бевоситаи Барномаи мазкур мебошанд. Вазорату кумитаҳои дахлдор ҳар нимсола ба Вазорати корҳои дохилӣ барои тайёр кардани ҳисоботи хаттӣ ва пешниҳоди он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумотнома пешниҳод менамоянд.
7) Вазорату идораҳои барои татбиқи Барнома масъул бо ташкилотҳои байналмилалии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда ҳамкорӣ менамоянд.
4. Вазифаҳои асосии Барнома
8) Мақсадҳои асосии Барнома татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ноболиғон, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон, паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон, таъмини ташкили оилаи солим ва дар муҳити он ба тарбия гирифтани наврасон, паст намудани сатҳи аз таълими ҳатмии миёна дур мондани ноболиғон ва ташкили фароғати кӯдакон иборат мебошад, ки он дар вазифаҳои зерин ифода меёбад:
- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ноболиғон, хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ;
- истифодаи самараноки воситаҳои ахбори умум ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии ноболиғон;
-таҳия ва татбиқи усулҳои нави таълим ва тарбия, гузаронидани корҳои профилактикӣ байни ноболиғон;
- дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти эҷодкории наврасон;
- пешгирӣ ва паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо байни кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои тарбияи дурусти насли наврас;
- ташаккули системаи дастгирии иҷтимоию психологии ноболиғони аз ҳуқуқвайронкуниҳо ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ҷабрдида;
- фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ба даст овардани маълумоти дақиқ ва мушаххас дар бораи ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои ноболиғон;
-тарбияи инсони комил, ватандӯст, дорои ахлоқи хуб, аз ҷиҳати маънавӣ бой ва арзишҳои баланди инсонӣ байни ноболиғон.
9) Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи кор бо ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 таҳия шудааст (замима мегардад).
5. Натиҷаҳои татбиқи Барнома
- паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак;
-инкишоф додани ҳисси масъулиятшиносӣ ва меҳнатдӯстии ноболиғон;
-баланд бардоштани савияи дониш ва интизомнокии хонандагон, ташаккули ҳисси ҳурмату эҳтиром нисбати калонсолон;
-ташкил ва таъмин намудани фароғати ноболиғон;
-ба ҳаёти ҷамъиятӣ ворид шудани насли наврас ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеа;
-барпо намудани оилаҳои солим ва дар муҳити он тарбия ёфтани кӯдак;
-то ба ҳадди ниҳоӣ кам намудани шумораи ноболиғоне, ки аз таҳсилоти ҳамагонӣ дур мондаанд;
- кам намудани шумораи ноболиғоне, ки ба талбандагӣ машғуланд;
- аз овони ноболигӣ соҳиб гаштан ба касбу кори муайян.
Замима
ба Барномаи кор бо ноболиғон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2010-2015
НАҚШАИ чорабиниҳои Барномаи кор бо ноболиғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015
Ниг. ба замима