Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 апрели соли 2009
№ 253 тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019
I. Қоидаҳои умумӣ
1. Гузариш ба муносибатҳои иқтисодии бозаргонӣ, ташаккулёбии арзишҳои демократӣ, ташкил намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, гузаронидани ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ ва тарғиб намудани ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд талаб менамоянд, ки дар бобати беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои мушаххас андешида шуда, барномаи ягонаи умумидавлатии таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шавад.
Сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона равона карда шудааст, ки ин аз моҳияти моддаи 1 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Аз ин рӯ, дар шароити дигаргунсозиҳои демократӣ нақша ва мавқеи ҳуқуқ дар танзими ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва давлатию ҷамъиятӣ устувор мегардад, ки ҳамаи ин тавассути таҳия ва қабули қонунҳо ба амал бароварда мешавад.
2. Вобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлат ва рушду нумӯи онро дарк намуда, озодӣ ва хуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеша кардааст.
Бо эътирофи он, ки таъмин ва иҷрои қонунҳои амалкунанда бе таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ғайриимкон аст, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 (минбаъд Барнома) дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 № 691 "Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2008 № 233 "Дар бораи Нақшаи чорабиниҳое, ки дар Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 баён гардидаанд" қабул карда мешавад.
II. Асосҳои ҳуқуқӣ ва молиявии Барнома
3. Асоси ҳуқуқии Барномаро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шудаанд, қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ташкил менамоянд.
4. Асоси молиявии Барномаро маблағҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудонамуда, инчунин маблағҳое, ки аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдори дар Барнома зикршуда ҷудо карда мешаванд, ташкил медиҳанд.
5. Маблағҳои ҷудошуда аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор, дар доираи чорабиниҳои пешбининамудаи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амалишавии самаранокии ин чорабиниҳои ҳуқуқӣ истифода бурда мешаванд.
III. Мақомоти ба татбиқи Барнома роҳбарикунанда
6. Ба раванди татбиқи Барнома Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо роҳбарӣ менамоянд, ки онҳо ҳамчун ҳамоҳангсоз баромад мекунанд.
7. Раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад. Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқӣ ҳар нимсола дар хусуси корҳои иҷрошуда, ба Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хаттӣ пешниҳод менамояд.
8. Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузошташуда бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда ҳамкорӣ менамояд.
IV. Мақсадҳои асосии Барнома
9. Мақсадҳои асосии Барнома аз баланд бардоштани сатҳи маърифати донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини фаъоли сиёсии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд, ки дар ҳолатҳои зерин ифода меёбанд:
- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла, кӯдакону наврасон, ҷавонону донишҷӯён ва шаҳрвандоне, ки дар хизмати давлатӣ қарор доранд;
- баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият, кормандони мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
- истифодаи самараноки васоити ахбори умум ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон;
- ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ҳуқуқӣ;
- тарғиби ғояҳои ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ;
- мусоидат ба аҳолӣ бобати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ дар ҳамбастагӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон;
- фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ба даст овардани маълумоти дақиқ ва мушаххас дар бораи ҳуқуку озодиҳо ва вазифаҳои аҳолӣ;
- мукаммал намудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо дарназардошти анъанаҳои миллӣ;
- ба таълим ва тарбияи хуқуқӣ фаро гирифтани тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ бо дарназардошти синну сол, касб ва дигар хусусиятҳо дар заминаи нақшаҳои дарозмуддати чорабиниҳои ҳуқуқӣ;
- коркард ва татбиқи шаклҳои нави таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
V. Вазифаҳои асосии Барнома
10. Ҷихати ноил гардидан ба мақсадҳои худ Барнома вазифа мегузорад, ки амалишавии он ба зиммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳалии он, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин ба вазорату идораҳо, ки дар Барномаи мазкур пешбинӣ карда шудаанд, гузошта мешавад:
- таҳияи барномаи ягонаи мақсаднок дар якҷоягӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети ҳукуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ намудани чораҳои иттилоотӣ оид ба қонунгузории амалкунанда ва сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи сиёсати дарҳои кушода аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои он ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- таъмини маълумоти ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон аз ҷониби идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, макомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на сохторҳои маҳаллии онҳо бо роҳи гузаронидани вохӯриҳо бо аҳолӣ, дар асоси нақшаи чорабиниҳои аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқарраркардашуда;
- таъмини интизоми қатьӣ, мутташакилӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ;
- Раёсати ёрии ҳуқуқи ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсатҳои адлияи вилоятҳо, таъмини таҳияи дастурҳои методӣ, гузаронидани семинарҳо ва мизҳои мудаввар бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия, адвокатҳо ва олимони соҳаи ҳуқуқ, нашри китобчаҳо, плакатҳо ва дигар воситахои тарғибу ташвиқотии ҳуқуқиро ба роҳ монанд;
- кушодани сомонаи (сайти) алоҳидаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи Интернет ва дар он ҷойгир намудани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда бо дарназардошти тағйироту иловаҳои воридшуда, инчунин тафсиру тавзеҳоти ҳуқуқӣ ва дигар маълумоти ҳуқуқӣ.
VI. Роҳҳои ноил гардидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии Барнома
11. Ҳадафҳо ва вазифаҳои Барнома, бо воситаҳои зерин ба амал бароварда мешаванд:
- баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии инсондӯстона, арзишҳои ҳуқуқии умумиинсонӣ ва миллӣ, асосҳои олии ахлоқӣ дар ҷомеа;
- таъсис намудани клиникаҳои ҳуқуқӣ бо ҷалби донишҷӯёни курсҳои болоии факултетҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои таҳсилоти олӣ ба таври ихтиёрӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби онҳо бо роҳбарии бевоситаи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ;
- дар матбуоти ҷумҳуриявӣ кушодани лавҳаи "Мо, Шумо ва ҳуқуқи Шумо";
- ташкил намудани қабулгохҳои ҷамъиятии шахсони мансабдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади таъмини қабули саривақтии шаҳрвандон аз ҷониби ҳамаи роҳбарони мақомоти давлатӣ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон";
- таъсиси машварати ҳуқуқии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади таъмини саривақтии расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита монеъа гардидан аз поймолшавии ҳуқуқҳои конунститутсионӣ, озодӣ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандон аз ҷониби шахсони мансабдор ва аз вазифаҳои мансабӣ суистифода намудани онҳо;
- ҷудо намудани вақти эфирӣ дар радио ва телевизион таҳти унвони "Маҳфили ҳуқуқӣ" ва ташкил намудани қабули сайёри шаҳрвандон дар асоси нақшаи тартибдодаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот;
- зиёд намудани шумораи мурофиаи судии сайёр ва тақвият бахшидан ба фаъолияти судҳои ҳакамӣ бо ҷалби бештари шумораи аҳолӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои ҳакамӣ";
- тақвият бахшидан ба фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо ҷалби шаҳрвандон ва дар ҳаёт амалӣ намудани таклифу пешниҳодоти шаҳрвандон;
- иштироки бевоситаи ҳуқуқшиносон, кормандони мақомоти адлия, аз ҷумла, нотариусони давлатӣ, кормандони шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар пешбурди фаъолияти тарғиботу ташвиқоти ҳуқуқӣ;
- ташкили гӯшаҳои ҳуқуқӣ бо таъмини адабиёти ҳуқуқӣ дар китобхонаҳо ва ҷоннок намудани фаъолияти онҳо;
- гузаронидани вохӯриҳои зиёд бо коллективҳои мехнатӣ ва аҳолӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқие, ки хусусияти гражданӣ, меҳнатӣ ва манзилӣ доранд;
- гузаронидани чорабиниҳои ҳуқуқии берун аз мактабӣ дар асоси барномаи таҳиянамудаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Академияи таҳсилоти Тоҷикистон", дар мувофиқа бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, гузаронидани олимпиадаҳо, навиштани иншои беҳтарин дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ, гузаронидани мубоҳисаҳои ҳуқуқӣ ва амсоли инҳо;
- амалӣ намудани таълим ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ дар ҳамаи муассиаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, мактабҳои олӣ ва баъд аз дипломӣ;
- ба роҳ мондани омӯзиши фанни "Асосҳои давлат ва ҳуқуқ" дар муассисаҳои таълимии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси барномаи махсуси таҳиянамудани Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Академияи таҳсилоти Тоҷикистон", ки ҳадафи он тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба шахсони калонсол ва падару модар мебошад.
VII. Чорабиниҳое, ки ба татбиқ гардидани Барнома равона карда шудаанд
1. Чорабиниҳои амалӣ:
12. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳо ҳамасола озмун "Дар бораи таълим ва тарбияи ҳуқуқии беҳтарин" дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мегузаронад.
13. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор на мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ҳамасола гузаронидани чорабинии якмоҳаи "Мо, Шумо ва ҳуқуқи Шумо"-ро таъмин менамояд.
14. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсус дар телевизиону радио ва васоити ахбори умум, ки дар онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда баён мешаванд, ташкил намоянд.
15. Сарнотариуси давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нотариусҳои калони давлатӣ ва нотариусҳои давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони шӯъбаҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, судяҳо, мақомоти прокуратура, дар якҷоягӣ бо Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мунтазам гузаронидани мулоқоту вохӯриҳоро таъмин менамоянд.
16. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ дар китобхонаҳо, қасрҳои фарҳанг ва нуқтаҳои дигари фарҳангӣ, гӯшаҳои ҳуқуқӣ, гузаронидани маърӯзаҳои ҳуқуқӣ ва таъмин намудани онҳоро бо адабиёти ҳуқуқӣ ташкил менамояд.
17. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи касбию ҳуқуқии дониши хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ба таври доимӣ гузаронидани олимпиадаҳо, озмунҳо, саволу ҷавобҳо, мубоҳисаҳоро таъмин менамояд.
18. Кумитаи андоз ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз тарафи сохторҳои онҳо ба таври доимӣ гузаронидани тарғиботу ташвиқоти донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, ба хусус бо соҳибкорони хурду миёна ва дигар субъектони хоҷагидорӣ дар соҳаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба андоз ва гумрукро ташкил намоянд.
19. Аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мавриди омӯзиш қарор додани таҷрибаи пешрафта вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва татбиқи он дар амалия таъмин карда шавад.
20. Дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишкадаву марказҳои дигари такмили ихтисоси вазорату идораҳои давлатӣ ба таври доимӣ курсҳои баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорони фанни ҳуқуқ, муовинони директор оид ба корҳои тарбиявӣ ташкил намуда, гузаронанд.
21. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии онҳо ба таври доимӣ тақвият додани таҷрибаи таълими ҳуқуқии насли наврас дар шакли ташкил ва гузаронидани маърӯзаҳои видеоӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва тарбияи гендерии ноболиғонро дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монанд.
22. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти тарғиботиву ташвиқотиро дар байни ноболиғон ва кӯдакони душвортарбия ҷоннок намояд.
23. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Академияи таҳсилоти Тоҷикистон" дар асоси ташкили комиссияи ваколатдор бо дастгирии бевоситаи молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар панҷсола барномаи махсуси кор бо шахсони ноболиғро, бо назардошти таҷрибаи давлатҳои хориҷи дур ва наздик ва пешниҳоди ин барнома барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон таҳия намояд.
24. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссариатҳои ҳарбӣ, Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо ба таври доимӣ гузаронидани чорабиниҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва ватандӯстиро дар байни сарбозону афсарон ба роҳ монанд.
25. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани чораҳои мушаххас оиди пурзӯр намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, таҳия ва пешниҳод намудани барномаҳои махсус барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ намудани омилҳои номатлуб дар байни ҷавононро ба роҳ монад.
2. Чорабиниҳои иттилоотӣ
26.Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазоратҳои адлия ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ба таври доимӣ барномаҳои телевизионӣ ва радиоиро дар мавзӯҳои гуногуни ҳуқуқӣ гузаронад.
27. Дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва нашрияҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ба таври доимӣ нашр намудани маводҳои ҳуқуқӣ, шарҳу тавзеҳот оид ба татбиқи санадҳои қонунгузории амалкунанда.
28. Аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият додани чопи нашрияи "Ҳаёт ва қонун" ва паҳн намудани он дар байни аҳолӣ.
VIII. Дурнамои татбиқи амалии Барнома
29. Паст кардани сатҳи хуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва аҳолӣ.
30. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
31. Мусоидат ба эҳтиром ва таъмини риояи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, ташаккул додани боварӣ ва эътиқод нисбат ба қонун ва мақомоти давлатӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ.
32. Беҳтар гардидани дониши ҳуқуқии омӯзгорони фанни "Асосҳои давлат ва ҳуқуқ".
33. Фаъолнокии сиёсии аҳолӣ ва ҷалб намудани онҳо ба хаводиси сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
34. Воқиф гардидани аҳолӣ аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии худ.
35. Пешбурди тарзи ҳаёти солим аз ҷониби аҳолӣ ва танзими оила.
Программа правового обучения и воспитания граждан Республики Таджикистан на 2009-2019 годы
I. Общие правила
1. Переход к рыночным экономическим отношениям, формирование демократических ценностей, создание гражданского общества, проведение политико-правовых реформ, пропаганда прав и свобод, а также основные обязанности человека и гражданина требуют, улучшения правового воспитания и повышения уровня правовых знаний населения Республики Таджикистан, необходимости принятия конкретных мер и разработки единой общегосударственной программы правового обучения и воспитания граждан Республики Таджикистан.
Политика государства и Правительства Республики Таджикистан направлена на создание демократического, правового, светского и унитарного государства, которая вытекает из статьи 1 Конституции Республики Таджикистан. Следовательно, в условиях демократического преобразования, укрепляется место и роль права в регулировании экономической, социальной, политической жизни государства и общества, которая осуществляется путем разработки и принятия законов.
2. Исходя из этого, Республика Таджикистан, являясь неотъемлемой частью мирового сообщества, осознавая свой долг и ответственность перед прошлым, настоящим и будущим поколениями, понимая необходимость обеспечения суверенитета и развития своего государства, признавая незыблемыми права и свободы человека, признавая равноправие и дружбу всех наций и народностей, ставит задачей создание демократического и правового государства.
Обеспечение и исполнение действующих законов невозможно без правового воспитания и обучения граждан. Основанием для принятия Программы правового обучения и воспитания граждан Республики Таджикистан на 2009 - 2019 годы (далее Программа) является Указ Президента Республики Таджикистан от 9 апреля 1997 года№ 691 "О правовой политики и обеспечения правового воспитания граждан Республики Таджикистан" и постаповление Правительства Рсспублики Таджикистан от 8 мая 2008 года №233 "О Плане мероприятий по выполнению указаний, содержащихся в Послании Президента Республики Таджикистан Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 25 апреля 2008 года".
II. Финансовые и правовые основы Программы
3. Правовую основу Программы составляют Конституция Республики Таджикистан, международные правовые акты, признанные Республикой Таджикистан, действующие законодательные акты Республики Таджикистан, указы Президента Республики Таджикистан, постановления Правительства Республики Таджикистан и другие действующие нормативные правовые акты.
4. Финансовуго основу Программы образует средства, выделяемые Правительством Республики Таджикистан, а также средства, выделяемые соответствующими министерствами и ведомствами, указанными в данной Программе.
5. Выделенные средства расходуются соответствующими министерствами и ведомствами в рамках мероприятий, перечисленными Программой правового обучения и воспитания граждан Республики Таджикистан с целью обеспечения эффективной реализации этих правовых мер.
III. Органы руководящие реализацией Программы
6. Процесс реализации Программы осуществляются Правительством Республики Таджикистан, Министерством юстиции Республики Таджикистан, управлениями юстиции Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областей и местными органами государственной власти городов и районов, которые выступают в качестве координатора.
7. Процесс правового обучения и воспитания граждан Республики Таджикистан реализуется Управлением правовой помощи гражданам и правовой работы Министерства юстиции Республики Таджикистан. Управление правовой помощи гражданам и правовой работы каждое полугодие письменно отчитывается перед Министром юстиции Республики Таджикистан о проделанной работе.
8. Управление правовой помощи гражданам и правовой работы Министерства юстиции Республики Таджикистан для достижения поставленных перед ними задач сотрудничает с правоохранительными органами, международными организациями, функционирующими на территории Республики Таджикистан.
IV. Основные цели Программы
9. Основными целями Программы являются повышение правовой грамотности, патриотизма, чувства ответственности, уважения к Конституции и к действующим законодательствам Республики Таджикистан, пропаганде демократических ценностей, единству прав, свобод и обязанностей человека и гражданина, обеспечения политической активности населения Республики Таджикистан, которые отражаются в нижеследующем:
- повышение уровня правовой грамотности населения, в том числе детей, несовершеннолетних, молодежи, студентов и граждан, состоящих на государственной службе;
- повышение правовой культуры руководителей предприятий, организаций и учреждений, независимо от форм их собственности, работников государственных органов, общественных объединений;
- целевое использование средств массовой информации и координация деятельности государственных органов, общественных организаций в процессе правового воспитания и обучения граждан;
- привлечение граждан к правовым работам;
- пропаганда правовых идей среди населения;
- содействие населению в защите своих законных прав и интересов вместе с Уполномоченным по правам человека;
- создание надлежащих условий для приобретения гражданами знаний о своих правах, свободах и обязанностях;
- усовершенствование правовой грамотности населения, с учетом национальных традиций;
- привлечение всех категорий населения к правовому воспитанию и обучению с учетом возраста, специальности и других особенностей на базе долгосрочных планов правовых мероприятий;
- разработка и реализация новых форм правового обучения и воспитания граждан Республики Таджикистан.
V. Основные задачи Программы
10. Для достижения своих целей Программа ставит задачи, осуществление которых возлагается на Министерство юстиции Республики Таджикистан и его местных структур, Уполномоченного по правам человека, а также на министерства и ведомства, указанные в данной Программе. В частности:
- разработка единой целевой программы совместно с Министерством образования Республика Таджикистан, юридическим факультетом Таджикского национального университета, Академией наук Республики Таджикмстан;
- создание мероприятий по действующим законодательствам н правовой политики Республики Таджикистан путем проведения политики открытых дверей со стороны местных органов государственной власти, Министерства юстиции Республики Таджикистан и его местных структур;
- Проведение встреч с населением с целью обеспечения правовой информацией граждан со стороны государственных нотарнальных контор Республикип Таджикистан, органов записи актов гражданского состояния Республики Таджикистан, судебных органов Республики Таджикистан, Совета юстиции Республика Таджикистан и их местных структур, на основании плана мероприятий, установленного местными органами государственной власти;
- обеспечение жесткой дисциплины, организованности, законностии и правопорядка;
- Управления правовой помощи гражданам и правовой работы Министерства юстиции Республика Таджикистан, а также Управлению юстиции областей осуществить разработку методических инструкций, проведение семинаров, круглых столов, с участием работников правоохранительных органов, органов юстиции, адвокатов и ученых в правовой сфере, опубликование брошюр, плакатов и других средств правовой пропаганды;
- открытие отдельного сайта Министерства юстиции Республики Таджикистан в Интернете и размещения на этом сайте всех действующих нормативных правовых актов, с учетом внесенных изменений и дополнений, а также комментарий, разъяснений и другой правовой информации;
VI. Пути достижения основных целей и задач Программы
11. Основные цели и задачи Программы достигаются следующим образом:
- повышения гуманистических правовых идей, общечеловеческих и национальных правовых ценностей, высоких моральных основ в обществе;
- учреждения юридических клиник с участием студентов - волонтеров последних курсов юридических факультетов высших учебных заведений и обеспечение оказания правовой помощи непосредственно под руководством преподавателей ВУЗов;
- открытия рубрики "Мы, Вы и Ваши права" в республиканских газетах;
- создания общественных приемов должностных лиц местных органов государственной власти областей, городов и районов с целью своевременного приема граждан со стороны всех руководителей государственных органов на основании требований Закона Республики Таджикистан "Об обращении граждан Республики Таджикистан";
- учреждения юридических консультаций Уполномоченного по правам человека с целью обеспечения своевременного оказания бесплатной правовой помощи, в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, и непосредственного вмешательства при ущемлении конституционных прав, свобод человека и гражданина со стороны должностных лиц, злоупотребления ими должностными полномочиями;
- выделения эфирного времени по телевидению и радио под названием "Правовой клуб", организация выездных приемов граждан в поселковые и сельские джамоаты в соответствии плана разработанному местнымн органами государственной власти городов и районов республики;
- увеличения количества выездных судебных слушаний и усиление деятельности товарищеских судов с привлечением широкого круга населения, в соответствии с требованиями Закона Республики Таджикистан "О товарищеских судах";
- усиления деятельности органов местного самоуправления поселков и сел с привлечением самих граждан и реализация их предложений;
- непосредственного участия юристов, работников органов юстиции, в том числе, государственных нотариусов, работников органов записи актов гражданского состояния в ведении правовой пропаганды;
- создания правовых уголков с необходимой юридической литературой в библиотеках и усиление их деятельности;
- проведения большого количества встреч с трудовыми коллективами и населением по вопросам гражданско-правового, трудового и жилищного характера;
- проведения внешкольных правовых работ, на основании специальной программ, разработанной Министерством образования Республики Таджикистан и Государственным учреждением "Академия образования Таджикистана", согласованной с Министерством юстиции Республики Таджикистан, а также проведение олимпиад, сочинений на лучшие правовые темы, правовые дебаты и т.д.;
- осуществления правового обучения и воспитания населения во всех общеобразовательных учреждениях, высших учебных заведениях и последипломных учреждениях;
- внедрения обучения предмета "Основа государства и права" в учебных заведениях Министерства образования Республики Таджикистан по специально разработанной программе Министерства образования Республики Таджикистан VI Государственного учреждения "Академия образования Таджикистана" с целью воспитания чувства патриотизма, уважения к родителям и старшему поколению.
VII. Мероприятия, направленные на реализацию
Программы 1. Практические мероприятия:
12. Министерство образования Республики Таджикистан на основе плана мероприятия проводит в общеобразовательных конкурс " О лучшем правовом воспитании".
13. Министерству юстиции Республики Таджикистан и его структурам совместно с соответствующими министерствами, ведомствами и местными органами государственной власти проведение ежегодного, месячного мероприятия "Мы, Вы и Ваши права".
14. Комитету по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистам совместно с Министерством культуры Республики Таджикистан создать специальные программы на телевидении, радио и в других республиканских средствах массовой информации с обозрением действующих нормативных правовых актов.
15. Государственному нотариусу Республики Таджикистан, старшему государственному нотариусу и государственным нотариусам областей, городов и районов Республики Таджикистан, сотрудникам отделов записи актов гражданского состояния, судьям, органам прокуратуры совместно с Управлением правовой помощи граждан и правовой работы Министерства юстиции Республики Таджикистан и местнъши органами государственной власти осуществлять на постоянной основе проведение встреч и собеседований.
16. Министерству культуры Республики Таджикистан на постоянной основе организовать проведение правовых лекций, организацию правовых уголков в домах культуры, библиотеках и других культурных местах и обеспечить их юридической литературой.
17. Министерству образования Республики Таджикистан на постоянной основе организовать проведения олимпиад, викторин, дебатов с целыо выработки профессиональных правовых навыков у учащихся.
18. Налоговому комитету и Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан, а также их местным структурам на постоянной основе организовать проведение пропаганды правовых знаний, особенно среди малых и средних предпринимателей и других хозяйствующих субъектов, в сфере налогово-таможенного законодательства Республики Таджикистан.
19. Министерству юстиции Республики Таджикистан Уполномоченному по правам человека изучить передовой опыт по вопросу повышения правовых знаний населения и обеспечить их реализацию на практике.
20. На базе Института повышения квалификаци государственных служащих Управления государственной службы при Президенте Республики Таджикистан, Института повышения квалификации работников правоохранительных органов, органов юстиции и юридических служб предприятий, учреждений и организащ Министерства юстиции Республики Таджикистан, Института повышения квалификации Министерства образования Республики Таджикистан других институтов и центров повышения квалификации министерств государственных ведомств на постоянной основе организовать проводить курсы повышения квалификации государственных служащих преподавателей правовых предметов, заместителей директоров по воспитательной работе.
21. Министерству образования Республики Таджикистан совместно с Министерством культуры Республики Таджикистан, Министерством здравоохранения Республикм Таджикистан и их местными структурами на постоянной основе внедрять, проводить и усовершенствовать правовой опыт молодого поколения в форме видеороликов по правовым вопросам, гендерному воспитанию - несовершеннолетних.
22. Министерству внутренних дел Республики Таджикистан усилить деятельность правовой пропаганды среди несовершеннолетних и подростков с трудным воспитанием.
23. На базе создания уполномоченной комиссии при финансовой поддержке Правительства Республики Таджикистан и с учетом опыта дальних и ближних зарубежных государств Министерству внутренних дел Республики Таджикистан совместно с Министерством юстиции Республики Таджикистан, Министерством образования Республики Таджикистан, Министерством труда и социальной защиты Республики Таджикистан, Комитетом по делам молодежи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан, Государственного учреждения "Академия образования Таджикистана" каждые пять лет разрабатывать специальные программы работы с несовершеннолетними лицами и представлением этой программы на рассмотрение Правительству Республики Таджикистан с целью снижения уровня преступности среди несовершеннолетних.
24. Министерству обороны Республики Таджикистан, военным комиссариатам, Центральным комитетам организации содействия обороны Республики Таджикистан, Главной военной прокуратуре военным гарнизонным судам на постоянной основе внедрить правовые мероприятия различного характера, воспитание чувства патриотизма среди солдат и офицеров.
25. Комитету по делам молодежи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан строго в соответствии требованиям и действующим законам Республики Таджикистан усилить правовую пропаганду с принятием конкретных мер и разработку специальных программ с представлением Правительству Республики Таджикистан для рассмотрения, с целью предупреждения внедрения негативных факторов среди молодежи.
2. Информационные мероприятия:
26. Комитету по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан, министерствам юстиции и культуры Республики Таджикистан совместно с соответствующимн министерствами и ведомствами на постоянной основе проводить телевизионные и радиовещательные программы правового характера.
27. В журналах, газетах и других республиканских средствах массовой информации на постоянной основе публиковать правовые материалы, обзор реализации действующмх законодательных актов.
28. Минмстерству юстиции Рсспублики Таджикистан издать журнал "Хаёт иа конун" и распространить среди населения.
VIII. Прогнозы по практической реализации Программы
29. Снижение - уровня правонарушений среди несовершеннолетних и населения.
30. Повышение уровня правовой грамотности граждан Республики Таджикистан.
31. Содействие уважительному отношению к Конституции и действующим законодательствам, проявлению чувства патриотизма, доверия к государственным органам и законам.
32. Улучшение правовых знаний преподавателей правового предмета "Основы государства и права".
33. Осведомленность граждан о действующих нормативных правовых актах и способах защиты своих законных прав и интересов.
34. Политическая активность населения Республики Таджикистан и привлечение их к политическим событиям в Республике Таджикистан.
35. Ведение здорового образа жизни со стороны населения и упорядочение семьи.