Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 майи соли 2010
№ 270 тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ РУШДИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2011-2013
Шиносномаи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013
Асоси меъёрию ҳуқуқии таҳияи Барнома
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш", Консепсияи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳиягар ва ҳамоҳангсози давлатии Барнома
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақсад ва вазифаҳои Барнома
Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун қисми ҷудонашавандаи сиёсати иҷтимоии давлатӣ оид ба таъмини солимии аҳолӣ
Вазифаҳои асосии Барнома
- табдил додани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба ҳаракати оммавӣ;
- баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми тарбияи ҷисмонии аҳолӣ;
- мукаммал гардонидани сифати тайёр намудан ва бозомӯзии кадрҳо ва такмили ихтисоси онҳо;
- таъмини тайёрии сифатноки варзишгарони дастаҳои мунтахаб аз рӯи намудҳои варзиш барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
- пурзӯр намудани заминаи моддию техникии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таъмин намудан бо маводи варзишию солимгардонӣ;
- таъмин намудани низоми тарбияи ҷисмонӣ бо маводи илмию методӣ ва иттилоотӣ;
- ташаккули низоми назорати тиббии ҳолати солимӣ ва тайёрии ҷисмонии шахсоне, ки ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғуланд;
- густариш ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
- такмил додани усулҳои идоракунии фаъолияти низоми тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷумҳурӣ;
- роҳҳои асосии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш:
- мукаммалгардонии низоми тайёр намудани захираҳои варзишӣ ва варзишгарони дараҷаи олӣ;
- Таҳия ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки иҷрои онҳоро таъмин мекунанд;
- таҳия ва татбиқи чорабиниҳои таълимию методй оид ба тарбияи ҷисмонӣ, ки тарзи ҳаёти солими насли наврасро ташаккул медиҳанд;
- ташкили назорати машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ;
- ташкили чорабиниҳои варзишӣ барои шахсони имконияти маҳдуд дошта;
- таъсиси маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ;
- баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иншооти варзишӣ;
- беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимй;
- пурзӯр намудани тарғиби варзищ ба воситаи матбуот ва воситаҳои ахбори умум;
- бо назорати тиббӣ таъмин намудани кӯдакон, наврасон, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва дигар табақаҳои аҳолӣ.
Натиҷаҳои ниҳоии пешбинишаванда аз татбиқи Барнома
Татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташаккули талаботи аҳолӣ ба машқҳои ҷисмонӣ, бедор кардани шавқи устувор ба он, фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ, инчунин заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ки барои баланд бардоштани самаранокии кори ҷисмонию солимгардонӣ ва варзишию оммавӣ, тарбияи ҷисмонии аҳолӣ, қонеъ гардонидани талаботи одамон ба хизматрасонии ҷисмонию солимгардонӣ мусоидат менамоянд.
Шумораи бо шаклҳои муташаккили тарбияи ҷисмонӣ ва барномаҳои ғайридавлатии варзиши оммавӣ машқкунандагон дар ҷойи таҳсил, кор ва ҷои истиқомат, дар гурӯҳҳои солимгардонӣ, маҳфилҳо ва клубҳои ҳавасмандии варзишӣ дошта, марказҳои тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ бояд тақрибан 30% зиёд гарданд.
Ҷалби васеи табақаҳои гуногуни иҷтимоии аҳолӣ дар ҷараёни фаъолона машғул гардидан ба тарбияи ҷисмонӣ барои таҳкими саломатӣ, камшавии беморӣ, баландшавии коршоямӣ, дарозумрӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.
Беҳтар намудани таъминот бо кадрҳо ва мутахассисон ҳангоми дар амал татбиқ намудани идоракунии низоми тарбияи ҷисмонии кӯдакони синни томактабӣ ва ҷавонони ба таҳсил фарогирифта, ҳаракати мустақили тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва низоми тайёр намудани варзишгарони дараҷаи олӣ.
Барои тайёр намудани дастаҳои яккачини миллӣ оид ба намудҳои варзиш, шароити сифатан беҳтар фароҳам оварда мешавад.
Иҷрокунандагони чорабиниҳои Барнома
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон", Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон.
Манбаъҳои маблағгузорӣ
Маблағгузории чорабиниҳо оид ба татбиқи Барнома барои солҳои 2011-2013 дар доираи маблағҳои пешбинишавандаи буҷети давлатӣ барои мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дар татбиқи ҳамин Барнома иштироккунанда, ҳамчунин бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ба амал бароварда мешавад.
Назорати ҷараёни татбиқи Барнома
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарпарастии соҳаро ба зимма дорад, Шӯъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, спорт ва туризми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Самтҳои татбиқи Барнома
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози давлатӣ оид ба амалӣ намудани Барнома ба ҳисоб рафта, барои иҷрои самараноки он вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамьиятиро ҷалб менамояд. Бо мақсади татбиқи бандҳои алоҳида ва номгӯи чорабиниҳои Барнома Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эьлон менамояд, ки мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳуқуқ доранд дар он ширкат намоянд. Ғолибони озмун бо муаррифии Барнома ё лоиҳаҳо даьват карда мешаванд. Бо муассиса ва ё ташкилотҳои ҷамьиятии дар озмун ғолибгардида оид ба амалисозии лоиҳа Созишнома баста мешавад, ки дар он ӯҳдадории тарафҳо ва маблағгузории барномаву лоиҳаҳо муайян карда мешаванд. Ба инобат гирифта шудааст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар асоси Барномаи мазкур барномаҳои комплексиву мақсадноки мушаххасро вобаста ба шароит ва имконияти маҳал таҳия ва тасдиқ намуда, баҳри татбиқи босамари он чораҳои зарурӣ андешанд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "29" майи соли 2010
№ 270 тасдиқ шудааст
НАҚШАИ чорабиниҳои Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013
Ниг. ба замима