Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди тарбияи Ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 ва Нақшаи чорабиниҳои он тасдиқ карда шавад (замима мегарданд).
2) Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 муқаррар карда шавад.
3) Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- ҳангоми таҳияи дурнамои миёнамӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти Барномаи мазкурро ба инобат гирифта, дар доираи барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ ҷиҳати татбиқи ин Барнома маблағ пешбинӣ намоянд;
- барои амалӣ гардонидани Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол на дертар аз 1 март доир ба корҳои анҷомдодашуда ва ҳангоми зарурат ҷиҳати такмили он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал ирсол намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 майи соли 2010 № 270
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Программы развития физической культуры и спорта в Республике Таджикистан на 2011-2013 годы
В соответствии со статьей 16 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и в целях совершенствования деятельности государственных органов управления и местных исполнительных органов государственной власти в сфере физической культуры и спорта Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить Программу развития физической культуры и спорта в Республике Таджикистан на 2011-2013 годы и План её мероприятий (прилагается).
2) Определить Комитет по делам молодёжи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан координатором по реализации Программы развития физической культуры и спорта в Республике Таджикистан на 2011-2013 годы.
3) Министерствам, ведомствам и местным исполнительным органам государственной власти:
- при разработке среднесрочной перспективы социального и экономического развития Республики Таджикистан учесть положение данной Программы и в рамках среднесрочной программы государственных расходов предусмотреть средства для реализации этой Программы;
- принять необходимые меры по реализации данной Программы и ежегодно не позднее 1 марта представлять в Правительство Республики Таджикистан подробную информацию о проделанной работе и при необходимости предложения по его совершенствованию.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 29 мая 2010 года № 270
г. Душанбе