Тартиби муқаррар намудани нархи хизмати тиббие, ки аз тарафи муассисаҳои хусусии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад аз 30 марти соли 2010 № 179

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" марти соли 2010

№179 тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" марти соли 2010

№179 тасдиқ шудааст

Тартиби муқаррар намудани нархи хизмати тиббие, ки аз тарафи муассисаҳои хусусии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад

1. Муқаррароти умумӣ

1) Тартиби мазкур муносибати ягонаи методиро ба нархи хизмати тиббие, ки аз ҷониби муассисаҳои хусусии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешаванд, муайян месозад.

2) Объектҳои баҳисобгирии нархномаҳо хизмати тиббие ба ҳисоб мераванд, ки метавонанд бо номгӯи хизмати тиббии бо тартиби муқарраршуда пешниҳод гарданд.

3) Нархномаи хизмати тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 1999 №210 тасдиқ шудааст, таҳия карда мешавад.

4) Барои баҳисобгирии нархи аслии хизмати тиббӣ воҳидҳои сохтории муассисаҳои тандурустӣ ба асосӣ ва ёридиҳанда, хароҷоти муассиса бошад - ба мустақим ва ғайримустақим тақсим мешаванд.

5) Ба сохторҳои асосии муассисаҳои тандурустӣ шӯъбаҳои (ҳуҷраҳои) статсионарӣ, шӯъбаҳо (утоқҳо), марказҳои саломатӣ, марказҳои ташхисӣ, сохторҳои муолиҷавию ташхисӣ ва дигар сохторҳое, ки ба беморон хизмати тиббӣ мерасонанд, дохил мешаванд.

6) Ба сохторҳои ёридиҳанда хадамоти умумии муассисавӣ, ки фаъолияти сохторҳои асосиро оид ба хизмати тиббӣ таъмин менамоянд (маъмурият, шӯъбаи кадрҳо, муҳосибот, утоқи оморӣ тиббӣ, бақайдгирӣ (регистратура), дорухона, хадамоти бесироятгардонӣ, хадамоти хоҷагӣ ва ғайра), тааллуқ доранд.

7) Арзиши аслии хизматрасониҳои тиббӣ - ин баҳодиҳии нархи маводи дар ҷараёни муолиҷа истифодашаванда, фондҳои асосӣ, сӯзишворӣ, қувваи барқ, захираҳои меҳнатӣ, инчунин дигар хароҷот ба ҳисоб меравад.

8) Аз рӯи мазмуну таъинот хароҷот ба унсурҳои иқтисодӣ ва моддаҳои хароҷот гурӯҳбандӣ карда мешаванд.

...

Утвержден

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от " 30" марта 2010 года №179

Утвержден

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от " 30" марта 2010 года №179

Порядок установления тарифов на медицинские услуги, оказываемые частными медицинскими учреждениями Республики Таджикистан

1. Общие положения

1) Настоящий Порядок определяет единый, методический подход к стоимости тарифов на медицинские услуги, оказываемые частными медицинскими учреждениями Республики Таджикистан.

2) Объектами расчета стоимости являются медицинские услуги, которые могут быть представлены перечнем медицинских услуг, принятым в соответствующем порядке.

3) Тарифы на медицинские услуги формируются в порядке, установленном Положением по калькулированию себестоимости продукции (работ, услуг) на предприятиях и организациях Республики Таджикистан, утвержденным постановлением Правительства Республики Таджикистан от 12 мая 1999 года №210.

4) Для расчета себестоимости медицинских услуг структурные подразделения учреждения здравоохранения делятся на основные и вспомогательные, а расходы учреждения - на прямые и косвенные (накладные).

5) К основным подразделениям учреждения здравоохранения относятся профильные отделения (палаты) стационаров, отделения (кабинеты), центры здоровья, диагностические центры, лечебнодиагностические и другие подразделения, в которых пациенту оказываются медицинские услуги.

6) К вспомогательным подразделениям относятся общие учрежденческие службы, обеспечивающие деятельность основных подразделений по оказанию медицинских услуг (администрация, отдел кадров, бухгалтерия, кабинет медицинской статистики, регистратура, аптека, стерилизационная, хозяйственные службы и пр.).

7) Себестоимость медицинских услуг - это стоимостная оценка используемых в процессе оказания медицинских услуг материалов, основных фондов, топлива, энергии, трудовых ресурсов, а также других затрат.

8) По содержанию и назначению затраты группируются по экономическим элементам и статьям затрат.

...