Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Тартиби муқаррар намудани нархи хизмати тиббие, ки аз тарафи субъектҳои муассисаҳои хусусии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Тартиби муқаррар намудани нархи хизмати тиббие, ки аз тарафи субъектҳои муассисаҳои хусусии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Муассисаҳои хусусии тиббӣ Нархномаи намуд ва ҳаҷми хизматрасониҳои тиббиро, ки муассисаҳои фаъолияти хусусии тиббӣ дар доираи шартномаҳо бо шаҳрвандон ва ташкилоту муассисаҳо мерасонанд, дар мувофиқа бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 марти соли 2010 № 179
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Порядка установления тарифов на медицинские услуги, оказываемые субъектами частных медицинских учреждений Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан "О частной медицинской деятельности" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить прилагаемый Порядок установления тарифов на медицинские услуги, оказываемые субъектами частных медицинских учреждений Республики Таджикистан (прилагается).
2) Частным медицинским учреждениям по согласованию с Министерством здравоохранения Республики Таджикистан и Антимонопольной службой при Правительстве Республики Таджикистан разработать и утвердить Прейскурант на виды и объем медицинских услуг, оказываемые частными медицинскими учреждениями в рамках договоров с населением, предприятиями и организациями.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 30 марта 2010 года № 179
г. Душанбе