Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009 № 705 "Дар бораи иншооте, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва иншооте, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд"

Санаи амалкуни: 17.02.2017

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи иншооте, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва иншооте, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.04.2011 № 189, аз 17.02.2017 № 65)

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Номгӯи иншооте, ки хусусӣ гардонида намешаванд, тасдиқ карда шавад (замимаи 1).

2) Номгӯи иншооте, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд, тасдиқ карда шавад (замимаи 2).

3) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 №388 "Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2009 № 705

ш. Душанбе

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" декабри соли 2009 № 705

тасдиқ шудааст

Номгӯи иншооте, ки хусусӣ гардонида намешаванд

Мутобиқи моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Ҳамчунин хусусӣ гардонида намешаванд:

- иншооти мероси таърихӣ ва моликияти миллӣ (дорои арзиши бадеӣ, осори фарҳангӣ, осорхонаҳо, мамнӯъгоҳҳо, фондҳои давлатӣ, бойгонӣ ва дигар иншооти осори таърихӣ ва моликияти миллӣ);

- биноҳо ва иншооти маъмурии мақомоти идоракунии ҳокимияти давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ;

- маблағқои буҷети давлатӣ, захираҳои асъори ҷумҳурӣ, фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар фондҳои давлатӣ;

- Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки барориш ва нигаҳдории маблағҳо, вомбарг ва дигар қоғазҳои қиматноки давлатиро таъмин менамоянд, захираи тиллоии ҷумҳурӣ;

- муассисаҳои хадамоти патентӣ, стандартизатсия ва метрология, инчунин омори давлатӣ;

- иншоот ва амволи Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти амният ва қӯшунҳои сарҳадӣ, дигар мақомоти ҳифзи хукуқ, Хадамоти гумрук ва Кумитаи андоз (ба истиснои иншоот ва воситаҳои нақлиётие, ки таъиноти ҳарбӣ надоранд);

- корхонаҳои хадамоти обу ҳавосанҷӣ ва хадамоти назорати ҳолати муҳити зист ва ҳифзи табиат;

- корхонаю муассисаҳои хадамоти санитарию эпидемиологӣ (ба истиснои иншооти хизматрасон ва воситаҳои нақлиёт);

- шабакаҳои обёрии давлатӣ, иншооти хоҷагии об, пойгоҳҳои обкаш ва қубурҳои баландфишор, обанборҳо, системаҳои обрасонии оби нӯшокӣ, ба истиснои корхонаҳо ва иншооти хизматрасон, инчунин механизму воситаҳои нақлиётӣ;

- корхонаҳои профилакторияҳои муолиҷавию меҳнатӣ ва муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ;

- корхонаҳои оид ба истеҳсоли заҳрҳои зудтаъсиркунанда, воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои заҳрнок, инчунин онҳое, ки бо киштукор, парвариш ва коркарди зироатҳое, ки дар таркибашон моддаҳои нашъаовар ва заҳрнок доранд, машғул мебошанд;

- иншоот, корхонаҳо ва таҷҳизот барои гӯронидани партовҳои сахти саноатӣ ва маишӣ, ҷойҳои гӯронидани чорво;

- корхонаҳо ва иншооте, ки бо таҳқиқотҳои илмӣ ва истеҳсол, коркард ва гӯронидани элементҳо ва нигоҳдошти партовҳои радиоактивӣ, таҷҳизоту асбобҳои бо истифодаи моддаҳои радиоактивӣ ва изотопҳо машғуланд, инчунин амволи Нерӯгоҳи барқи обии "Норак", ҶСК НБО "Роғун" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" (ба истиснои воситаҳои нақлиёт);

- корхонаҳои мудофиа, аз ҷумла корхонаҳое, ки ба коркард, истеҳсол, таъмир ва фурӯши аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, инчунин маводи махсус ва таҷҳизот барои истеҳсоли онҳо машғуланд (ба истиснои иншоот ва воситаҳои нақлиётие, ки таъиноти мудофиавӣ надоранд);

- муассисаҳо оид ба ҳодисаҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи гражданӣ ва таъмини амволи махсус (ба истиснои иншооти хизматрасон ва воситаҳои нақлиёт);

- захираҳои эҳтиётии давлатӣ, захираҳои сафарбарӣ ва иншооти нигоҳдории онҳо;

- ташкилоту корхонаҳое, ки ба истеҳсол, таъмир ва фурӯши силоҳи оташфишони шикорию варзишӣ ва муҳимот барои онҳо машғуланд;

- қабристонҳо;

- корхонаҳо ва иншооти соҳаи илмӣ ва истеҳсолию таҷрибавие, ки ба ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дохил мешаванд (ба истиснои иншооти хизматрасон ва воситаҳои нақлиёт);

- хоҷагиҳо ва бозрасиҳои тухмӣ ва зотпарварии давлатӣ, марказҳои селексияю дурагакунӣ, стансияҳо ва қитьаҳои тухмисанҷӣ, озмоишгоҳҳои наслсанҷии чорво, парваришхонаҳои ҳайвоноти озмоишгоҳӣ, хадамоти бойторӣ ва хадамоти ҳифзи растаниҳо;

- театрҳое, ки ба онҳо тибқи тартиби муқарраршуда унвони Академикӣ дода шудааст;

- иншооти намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа (ба истиснои воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизот);

- корхонаҳои системаи идораи ҳаракати ҳавоӣ ва корхонаҳое, ки бо таъмини системаи ягонаи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ алоқаманданд;

- маводи аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ё буҷети собиқ ИҶШС ташкилшуда оид ба таъсис ва омезиши шабакаҳои давлатии астрономию геодезӣ, нивелирӣ ва гравиметрӣ, аз ҷумла феҳристи координатҳо ва баландиҳои нуқтаҳои геодезӣ ва аҳамияти қувваи вазнинӣ дар нуқтаҳои гравиметрӣ, маводи аввалияи аксҳои кайҳонӣ ва ҳавоӣ, нусхаҳои аслии харитаҳои топографӣ, гравиметрӣ, ҷуғрофӣ, соҳавӣ, махсус, рақамӣ, электронӣ ва дигар намудҳои харитаҳо, нақшаҳо ва атласҳо, харитаҳои таърихӣ, нақша ва атласҳое, ки дар фондҳои (бойгониҳои) вазорату идораҳо нигоҳ дошта мешаванд;

- корхонаҳои алоқаи почта, хадамоти давлатии фелдегерӣ, хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаҳои алоқа ва нақлиёт, марказҳои пахши барномаҳои телевизиону радио (ғайр аз марказҳои қабулу пахши мавҷҳои алоқа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд, иншооти хизматрасон ва воситаҳои нақлиёт).

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" декабри соли 2009 № 705

тасдиқ шудааст

Номгӯи иншооте, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд

- иншооти ниҳоят муҳим ва муҳими комплекси хоҷагӣ;

- роҳҳои оҳан, роҳҳои автомобилгард ва иншооти муҳандисӣ (пулҳо, нақбҳо ва ғайраҳо);

- иншооти комплекси сӯзишворию энергетикӣ (ба истиснои иншооти хизматрасон ва воситаҳои нақлиёт), хатҳои магистралии интиқоли барқ, қубурҳои нафту газ;

- ташкилоту муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хонаҳои кӯдакон, ятимхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор, хонаҳо барои пиронсолон, интернатҳо, госпиталҳо ва санаторияҳо барои маҷрӯҳон, кӯдакон ва пиронсолон, инчунин иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ташкилоту муассисаҳо оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои рӯҳӣ, сирояткунанда, онкологӣ, наркологӣ, касалиҳои пӯсту венерикӣ ва бемории СПИД (ба истиснои иншооти соҳаи тандурустӣ, ки дар тавозуни ҷамъиятҳои саҳомии хусусигардида ҳамчун моликияти давлатӣ қарор доранд, хизматрасон ва воситаҳои нақлиёт) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.04.2011 № 189);

- агентиҳои иттилоотӣ ва телеграфӣ;

- иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва касбию техникӣ, муассисаҳои таълимии ҳамаи вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои интихоби касбу ҳунар, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти иловагӣ (ба истиснои иншооти соҳаи маориф, ки дар тавозуни ҷамъиятҳои саҳомии хусусигардида ҳамчун моликияти давлатӣ қарор доранд, хизматрасон ва воситаҳои нақлиёт) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.04.2011 № 189);

- мақомоти маълумоти илмию техникӣ, китобхонаҳои илмию техникӣ, ки ҷамъоварӣ, коркард, нигаҳдорӣ ва истифодабарии онҳоро таъмин менамоянд;

- пажӯҳишгоҳҳои соҳавии лоиҳакашӣ, донишкадаҳо ва марказҳои такмили ихтисос ва тарбияи кадрҳои соҳавии вазорату идораҳо;

- корхонаҳои махсусгардонидашудаи истеҳсоли ғизои кӯдакон барои муассисаҳои тандурустӣ;

- Қасри маданияти "Абрешимчӣ"-и шаҳри Хуҷанд.

Эзоҳ: Иншооти дар замимаи мазкур овардашудае, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ" ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ дода шудаанд, дар давраи амали созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ хусусӣ гардонида намешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 17.02.2017 № 65).

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи иншооте, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва иншооте, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Номгӯи иншооте, ки хусусӣ гардонида намешаванд, тасдиқ карда шавад (замимаи 1).

2) Номгӯи иншооте, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд, тасдиқ карда шавад (замимаи 2).

3) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1997 №388 "Дар бораи объектҳое, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2009 № 705 ш. Душанбе

Замимаи 1 Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз "30" декабри соли 2009 № 705 тасдиқ шудааст

Номгӯи иншооте, ки хусусӣ гардонида намешаванд

Мутобиқи моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Ҳамчунин хусусӣ гардонида намешаванд:

- иншооти мероси таърихӣ ва моликияти миллӣ (дорои арзиши бадеӣ, осори фарҳангӣ, осорхонаҳо, мамнӯъгоҳҳо, фондҳои давлатӣ, бойгонӣ ва дигар иншооти осори таърихӣ ва моликияти миллӣ);

- биноҳо ва иншооти маъмурии мақомоти идоракунии ҳокимияти давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ;

- маблағқои буҷети давлатӣ, захираҳои асъори ҷумҳурӣ, фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар фондҳои давлатӣ;

- Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки барориш ва нигаҳдории маблағҳо, вомбарг ва дигар қоғазҳои қиматноки давлатиро таъмин менамоянд, захираи тиллоии ҷумҳурӣ;

- муассисаҳои хадамоти патентӣ, стандартизатсия ва метрология, инчунин омори давлатӣ;

- иншоот ва амволи Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти амният ва қӯшунҳои сарҳадӣ, дигар мақомоти ҳифзи хукуқ, Хадамоти гумрук ва Кумитаи андоз (ба истиснои иншоот ва воситаҳои нақлиётие, ки таъиноти ҳарбӣ надоранд);

- корхонаҳои хадамоти обу ҳавосанҷӣ ва хадамоти назорати ҳолати муҳити зист ва ҳифзи табиат;

- корхонаю муассисаҳои хадамоти санитарию эпидемиологӣ (ба истиснои иншооти хизматрасон ва воситаҳои нақлиёт);

- шабакаҳои обёрии давлатӣ, иншооти хоҷагии об, пойгоҳҳои обкаш ва қубурҳои баландфишор, обанборҳо, системаҳои обрасонии оби нӯшокӣ, ба истиснои корхонаҳо ва иншооти хизматрасон, инчунин механизму воситаҳои нақлиётӣ;

- корхонаҳои профилакторияҳои муолиҷавию меҳнатӣ ва муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ;

- корхонаҳои оид ба истеҳсоли заҳрҳои зудтаъсиркунанда, воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои заҳрнок, инчунин онҳое, ки бо киштукор, парвариш ва коркарди зироатҳое, ки дар таркибашон моддаҳои нашъаовар ва заҳрнок доранд, машғул мебошанд;

- иншоот, корхонаҳо ва таҷҳизот барои гӯронидани партовҳои сахти саноатӣ ва маишӣ, ҷойҳои гӯронидани чорво;

- корхонаҳо ва иншооте, ки бо таҳқиқотҳои илмӣ ва истеҳсол, коркард ва гӯронидани элементҳо ва нигоҳдошти партовҳои радиоактивӣ, таҷҳизоту асбобҳои бо истифодаи моддаҳои радиоактивӣ ва изотопҳо машғуланд, инчунин амволи Нерӯгоҳи барқи обии "Норак", ҶСК НБО "Роғун" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" (ба истиснои воситаҳои нақлиёт);

- корхонаҳои мудофиа, аз ҷумла корхонаҳое, ки ба коркард, истеҳсол, таъмир ва фурӯши аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, инчунин маводи махсус ва таҷҳизот барои истеҳсоли онҳо машғуланд (ба истиснои иншоот ва воситаҳои нақлиётие, ки таъиноти мудофиавӣ надоранд);

- муассисаҳо оид ба ҳодисаҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи гражданӣ ва таъмини амволи махсус (ба истиснои иншооти хизматрасон ва воситаҳои нақлиёт);

- захираҳои эҳтиётии давлатӣ, захираҳои сафарбарӣ ва иншооти нигоҳдории онҳо;

- ташкилоту корхонаҳое, ки ба истеҳсол, таъмир ва фурӯши силоҳи оташфишони шикорию варзишӣ ва муҳимот барои онҳо машғуланд;

- қабристонҳо;

- корхонаҳо ва иншооти соҳаи илмӣ ва истеҳсолию таҷрибавие, ки ба ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дохил мешаванд (ба истиснои иншооти хизматрасон ва воситаҳои нақлиёт);

- хоҷагиҳо ва бозрасиҳои тухмӣ ва зотпарварии давлатӣ, марказҳои селексияю дурагакунӣ, стансияҳо ва қитьаҳои тухмисанҷӣ, озмоишгоҳҳои наслсанҷии чорво, парваришхонаҳои ҳайвоноти озмоишгоҳӣ, хадамоти бойторӣ ва хадамоти ҳифзи растаниҳо;

- театрҳое, ки ба онҳо тибқи тартиби муқарраршуда унвони Академикӣ дода шудааст;

- иншооти намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа (ба истиснои воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизот);

- корхонаҳои системаи идораи ҳаракати ҳавоӣ ва корхонаҳое, ки бо таъмини системаи ягонаи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ алоқаманданд;

- маводи аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ё буҷети собиқ ИҶШС ташкилшуда оид ба таъсис ва омезиши шабакаҳои давлатии астрономию геодезӣ, нивелирӣ ва гравиметрӣ, аз ҷумла феҳристи координатҳо ва баландиҳои нуқтаҳои геодезӣ ва аҳамияти қувваи вазнинӣ дар нуқтаҳои гравиметрӣ, маводи аввалияи аксҳои кайҳонӣ ва ҳавоӣ, нусхаҳои аслии харитаҳои топографӣ, гравиметрӣ, ҷуғрофӣ, соҳавӣ, махсус, рақамӣ, электронӣ ва дигар намудҳои харитаҳо, нақшаҳо ва атласҳо, харитаҳои таърихӣ, нақша ва атласҳое, ки дар фондҳои (бойгониҳои) вазорату идораҳо нигоҳ дошта мешаванд;

- корхонаҳои алоқаи почта, хадамоти давлатии фелдегерӣ, хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаҳои алоқа ва нақлиёт, марказҳои пахши барномаҳои телевизиону радио (ғайр аз марказҳои қабулу пахши мавҷҳои алоқа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд, иншооти хизматрасон ва воситаҳои нақлиёт).

Замимаи 2 Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз "30" декабри соли 2009 № 705 тасдиқ шудааст

Номгӯи иншооте, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд

- иншооти ниҳоят муҳим ва муҳими комплекси хоҷагӣ;

- роҳҳои оҳан, роҳҳои автомобилгард ва иншооти муҳандисӣ (пулҳо, нақбҳо ва ғайраҳо);

- иншооти комплекси сӯзишворию энергетикӣ (ба истиснои иншооти хизматрасон ва воситаҳои нақлиёт), хатҳои магистралии интиқоли барқ, қубурҳои нафту газ;

- ташкилоту муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хонаҳои кӯдакон, ятимхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор, хонаҳо барои пиронсолон, интернатҳо, госпиталҳо ва санаторияҳо барои маҷрӯҳон, кӯдакон ва пиронсолон, инчунин иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ташкилоту муассисаҳо оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои рӯҳӣ, сирояткунанда, онкологӣ, наркологӣ, касалиҳои пӯсту венерикӣ ва бемории СПИД (ба истиснои иншооти хизматрасон ва воситаҳои нақлиёт);

- агентиҳои иттилоотӣ ва телеграфӣ;

- иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва касбию техникӣ, муассисаҳои таълимии ҳамаи вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои интихоби касбу ҳунар, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти иловагӣ (ба истиснои иншооти хизматрасон ва воситаҳои нақлиёт);