Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2017 № 65 "Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009, № 705"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009, № 705

 

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Дар матни замимаи 2 карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009, № 705 "Дар бораи иншооте, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва иншооте, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд" эзоҳ бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Эзоҳ: Иншооти дар замимаи мазкур овардашудае, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ" ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ дода шудаанд, дар давраи амали созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ хусусӣ гардонида намешаванд.".

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 17 феврали соли 2017 № 65

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 декабря 2009 года, №705

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Текст приложения 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 30 декабря 2009 года, №705 "Об объектах, не подлежащих приватизации, и объектах, подлежащих приватизации по решению Правительства Республики Таджикистан" дополнить примечанием следующего содержания:

"Примечание: Объекты, приведенные в данном приложении, переданные в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О государственно-частном партнерстве" в государственно-частное партнерство, не могут быть приватизированы в период действия соглашения о государственно-частном партнерстве.".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 17 февраля 2017 года, № 65