Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби гузаронидани муоинаи тиббии даврагии ронандагони воситаҳои нақлиёт
Мутобиқи моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракат дар роҳ" ва бо мақсади ба танзим даровардани муоинаи тиббии даврагии ронандагони воситаҳои нақлиёт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Низомномаи тартиби гузаронидани муоинаи тиббии даврагии ронандагони воситаҳои нақлиёт тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Дар Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998 №306 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
дар банди 8 калимаҳои "бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "тибқи Низомномаи тартиби гузаронидани муоинаи тиббии даврагии ронандагони воситаҳои нақлиёт" иваз карда шаванд;
дар банди 12 калимаҳои "мақомоти тандурустӣ" ба калимаҳои "муассиса ва ташкилотҳои системаи давлатӣ ва хусусии тандурустӣ, ки ҳуқуқи дар ин самт фаъолият намуданро доранд" ва калимаҳои "чӣ дар курсҳои Иттифоқи автомобилчиён ва чӣ дар курсҳои Ташкилоти мусоидат ба мудофиа (ТММ)" ба калимаҳои "дар муассисаҳои таълимии ронандатайёркунӣ" иваз карда шаванд;
дар банди 21 калимаҳои "Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Низомномаи тартиби гузаронидани муоинаи тиббии даврагии ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст," иваз карда шаванд.
3) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ Номгӯи бемориҳои номуносиби тиббӣ барои ронандагони воситаҳои нақлиётро дар мувофиқа бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 декабри соли 2009 № 697
ш. Душанбе