Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2010, № 16 "Дар бораи тасдиқ намудани намунаҳо, таснифот, хусусиятҳои техникӣ ва муҳофизати технологии варақаҳои шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқ намудани намунаҳо, таснифот, хусусиятҳои техникӣ ва муҳофизати технологии варақаҳои шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 15.01.2025 № 31)

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2009 № 624 "Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Тасдиқ карда шаванд:

Намунаҳои шиносномаҳои дипломатӣ, хидматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд (Замимаи 1);

- Таснифоти шиносномаи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошад (Замимаи 2);

- Таснифоти шиносномаи хидматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошад (Замимаи 3);

- Таснифоти шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошад (Замимаи 4);

- Хусусиятҳои техникӣ ва муҳофизати технологии варақаҳои шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд (Замимаи 5).

2) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ Дастурамал дар бораи Тартиби барасмиятдарории шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд, таҳия ва тасдиқ намоянд.

3) Муқаррар карда шавад, ки минбаъд хариди варақаҳои холии шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд, таъминоти техникӣ, азнавкунӣ ва дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани таҷҳизоти персонализатсионӣ, инчунин зиёд кардани миқдори марказҳои махзани маълумот (маълумотҷамъкунӣ) дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҳисоби фурӯши шиносномаҳои хориҷие, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении образцов, описаний, технической специфики и технологической защиты бланков заграничных паспортов граждан Республики Таджикистан, содержащих электронные носители информации

(в редакции постановление Правительства РТ от 15 января 2025 года №31)

В целях исполнения Указа Президента Республики Таджикистан от 20 февраля 2009 года№ 624 "О вводе заграничных паспортов граждан Республики Таджикистан, содержащих электронные носители информации" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить:

- Образцы дипломатических, служебных и общегражданских заграничных паспортов Республики Таджикистан, содержащих электронные носители информации (Приложение 1);

- Описание дипломатического паспорта Республики Таджикистан, содержащего электронный носитель информации (Приложение 2);

- Описание служебного паспорта Республики Таджикистан, содержащего электронный носитель информации (Приложение 3);

- Описание общегражданского заграничного паспорта Республики Таджикистан, содержащего электронный носитель информации (Приложение

4);

- Техническая специфика и технологическая защита бланков заграничных паспортов Республики Таджикистан, содержащих электронные носители информации (Приложение 5).

2) Министерству иностранных дел Республики Таджикистан, Министерству внутренних дел Республики Таджикистан и Государственному комитету национальной безопасности Республики Таджикистан в месячный срок разработать и утвердить Положение о порядке оформления заграничных паспортов Республики Таджикистан, содержащих электронные носители информации.

3) Установить, что впредь закупка пустых бланков заграничных паспортов граждан Республики Таджикистан, содержащих электронные носители информации, техническое обслуживание, обновление и поддержание персонализационного оборудования в соответствующем порядке, а также увеличение численности центров сбора информации по территории республики будет осуществляться Министерством иностранных дел Республики Таджикистан за счет средств, от реализованных заграничных паспортов, содержащих электронные носители информации.

Председатель Правительства

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

...