ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2010, № 16
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2010, № 16 «Дар бораи тасдиқ намудани намунаҳо, таснифот, хусусиятҳои техникӣ ва муҳофизати технологии варақаҳои шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- ба банди 6) замимаҳои 2, 3 ва 4 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар зери нурҳои ултрабунафш Нишони давлатӣ ба ранги сабз иваз мешавад, инчунин дар тамоми саҳифаи мазкур гилёш мавҷнок ба ранги сабз иваз мешавад.»;
- ба банди 7) замимаҳои 2, 3 ва 4 ҷумлаҳои ҳаштум ва нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Дар қисми поёнии муқова нишони фарқкунандаи шиносномаҳои биометрӣ дар шакли тасвири росткунҷа ҷойгир шудааст. Ҳамзамон дар зери нурҳои ултрабунафш дар марказ «Маҷмааи Истиқлол» сабзранг ҷойгир карда шудааст.»;
- ба банди 8) замимаҳои 2, 3 ва 4 ҷумлаҳои ҳафтум, ҳаштум, нуҳум, даҳум ва ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Харитаи мазкур зери нурҳои ултрабунафш бо ранги сабзи релефӣ намоён мегардад. Ҳамзамон зери нурҳои ултрабунафш дар саҳифаи мазкур ситораҳо ва хатҳои мавҷнок ҷойгир карда шудаанд. Дар рӯйи поликорбонат тасвири релефӣ ҷойгир карда шудааст. Дар тарафи рости саҳифа равзанаи шаффоф дар шакли харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд буда, дар он бо истифода аз нақшгузории бисёркаратаи лазерӣ тасвири соҳиби ҳуҷҷат такрор карда мешавад. Дар кунҷи акси соҳиби шиноснома голограмма бо нақши Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қисмати болои он навиштаҷоти «Republic of Tajikistan» мавҷуд мебошад.»;
- дар Ҷумлаи ҳаштуми банди 8) замимаҳои 2, 3 ва 4 калимаҳои «Ном-Name» ба калимаҳои «Ном ва номи падар – Name and Father’s Name» иваз карда шаванд;
- ба банди 9) замимаҳои 2, 3 ва 4 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар зери нурҳои ултрабунафш нахи махсуси рангӣ ва рақами тартибии саҳифа бо тоҷ дар қисмати болои рақам нишон дода мешаванд.»;
- аз Ҷумлаи дуюми банди 10) замимаҳои 2, 3 ва 4 калимаҳои «ҶУМҲУРИИ» ва «REPUBLIC OF» хориҷ карда шуда, ҷумлаи чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар нақшу нигори миллӣ сатр бо матни хурд бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН REPUBLIC OF TAJIKISTAN» ҷойгир аст, ки бо ёрии таҷҳизоти махсус хонда мешавад.»;
- ба банди 10) замимаҳои 2, 3 ва 4 ҷумлаи шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар зери нурҳои ултрабунафш нахи махсуси рангӣ ва рақами тартибии саҳифа бо тоҷ дар қисмати болои рақам нишон дода мешавад.».
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 15 январи соли 2025, № 31
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 25 января 2010 года, №16
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 25 января 2010, №16 «Об утверждении образцов, описаний, технической специфики и технологической защиты бланков заграничных паспортов граждан Республики Таджикистан, содержащих электронные носители информации» следующие изменения и дополнения:
- пункт 6) приложений 2, 3 и 4 дополнить третьим предложением следующего содержания:
«Под ультрафиолетовым светом Государственный герб окрашивается в зеленый цвет, а также на всю страницу гильош меняется на волнистый зеленый цвет.»;
- пункт 7) приложений 2, 3 и 4 дополнить восьмым и девятым предложениями следующего содержания:
«В нижней части страницы данных расположен отличительный знак биометрических паспортов в виде изображения прямоугольной формы. Под ультрафиолетовым излучением по центру высвечивается изображение «Комплекса Независимости» радужного света.»;
- в пункте 8) приложений 2, 3 и 4 дополнить седьмым, восьмым, девятым, десятым и одиннадцатым предложениями следующего содержания:
«Под ультрафиолетовым излучением данная карта виднеется зеленым рельефным цветом. При этом под ультрафиолетовыми лучами на этой странице размещаются звезды и волнистые линии. Поверхности поликарбоната вытеснены рельефными узорами. В правой части страницы расположено прозрачное окно в виде карты Республики Таджикистан, в котором с помощью многократной лазерной гравировки воспроизведено изображение владельца документа. В углу фотографии владельца паспорта находится голограмма с изображением Государственного герба Республики Таджикистан и надписью «Republic of Tajikistan» в верхней части.»;
- в восьмом предложении пункта 8) приложений 2, 3, 4 слова «Ном-Name» заменить словами «Ном ва Номи падар – Name and Father’s Name»;
- пункт 9) приложений 2, 3 и 4 дополнить третьим предложением следующего содержания:
«Под ультрафиолетовым излучением специальные цветные волокна и серийный номер страницы отображаются с короной в верхней части номера.»;
- из второго предложения пункта 10) приложений 2, 3 и 4 слова «ҶУМҲУРИИ» и «REPUBLIC OF», исключить и дополнить четвертым предложением следующего содержания:
«В национальных узорах имеется строка с мелким текстом на таджикском и английском языках «ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН REPUBLIC OF TAJIKISTAN», которую можно прочитать с помощью специального оборудования.»;
- пункт 10) приложений 2, 3 и 4 дополнить шестым предложением следующего содержания:
«Под ультрафиолетовым излучением специальные цветные волокна и серийный номер страницы отображаются с короной в верхней части номера.».
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 15 января 2025 года №31