ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" бо мақсади ташаккули низоми захираи кадрҳо фармон медиҳам:
1) Низомнома дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои талаботи Низомномаи мазкурро таъмин намоянд.
3) Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2003 №1114 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи захираи кадрҳои хизмати давлатӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
14 январи соли 2010 № 756
ш. Душанбе
14 январи соли 2010 № 756
...