Низомнома Дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2010 №" 756

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.01.2023 № 523 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо Фармони Президенти

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 январи соли 2010 № 756

тасдиқ шудааст

Бо Фармони Президенти

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 январи соли 2010 № 756

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМА дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1) Низомнома дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) тартиби ташкили захираҳои кадрҳоро барои пешбарӣ намудан ба мансабҳои давлатии хизмаш давлатӣ, ташкили кор бо захираи кадрҳо, инчунин ташкили махзани маълумоти кадрҳои захираро танзим менамояд.

2) Захираи кадрҳои хизмати давлатӣ бо мақсади таъмини болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ, қобилият, истеъдод ва тайёрии касбӣ, саривақт ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии категорияҳои сеюм, дуюм, якум, олӣ ва мансабҳои холии сиёсии хизмати давлатӣ ташкил карда мешавад.

3) Захираи кадрҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии категорияҳои сеюм танҳо дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил карда мешавад.

4) Захираи кадрҳо ҳамчунин тибқи сархатҳои сеюм ва чоруми банди 14 Низомномаи мазкур ташкил карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо меъёрҳои дахлдори Низомномаи мазкур татбиқ мегарданд.

5) Принсипҳои асосии ташкили захираи кадрҳо ва кор бо кадрҳои захира:

-масъулияти шахсии роҳбари мақоми давлатӣ барои ташкили захираи кадрҳо ва кор бо кадрҳои захира;

-боварӣ ва эҳтиром нисбат ба кадрҳои захира;

...

Утратил силу в редакции Указа Презиента РТ от 27.01.2023 №523

Утверждено

Указом Президента

Республики Таджикистан 

от "14" января 2010 года № 756

Утверждено

Указом Президента

Республики Таджикистан 

от "14" января 2010 года № 756

Положение о резерве кадров государственной службы Республики Таджикистан

1. Общие положения

1) Положение о резерве кадров государственной службы Республики Таджикистан (далее - Положение) определяет порядок формирования резерва кадров для выдвижения на государственные должности государственной службы, организацию работы с резервом кадров, а также организацию базы данных резервных кадров.

2) Резерв кадров государственной службы организовывается в целях обеспечения карьерного роста государственных служащих на основе служебных достижений, способностей, таланта и профессиональной подготовки, своевременного замещения вакантных административных должностей третьей, второй, первой, высшей категорий и политических вакантных должностей государственной службы.

3) Резерв кадров для замещения вакантных административных должностей третьей категории организовывается только в местных исполнительных органах государственной власти.

4) Резерв кадров также организовывается в соответствии с третьей и четвёртой абзацев пункта 14 настоящего Положения. В этом случае применяются соответствующие нормы настоящего Положения.

5) Основными принципами организации кадрового резерва и работы с резервными кадрами являются:

- личная ответственность руководителя государственного органа для организации резерва кадров и работы с резервными кадрами;

- доверие и уважение к резервным кадрам;

...