ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Низомнома дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Низомнома дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои талаботи Низомномаи мазкурро таъмин намоянд.
3. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2010, №756 "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 27 январи соли 2023, № 523
ш. Душанбе,
аз 27 январи соли 2023, № 523
...