Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010 № 592 "Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 28.12.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923, аз 20.06.2024 № 2081)

(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923, аз 20.06.2024 № 2081)

Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, шаклҳои дастгирии Ҷамъияти мазкурро аз тарафи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигар муайян намуда, муносибатҳои мутақобилаи онҳоро танзим мекунад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2081).

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

1. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон қисми таркибии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, узви Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, иттиҳодияи ҷамъиятии ихтиёрӣ, ташкилоти худидораи ғайритиҷоратӣ буда, бо ташаббуси шаҳрвандон, дар асоси умумияти манфиатҳо барои муштаракона баҷо овардани вазифаҳои амалӣ гардонидани ғояҳои башардӯстона ва ғамхорӣ кардан дар ҳаққи одамон бо роҳи таъмини ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон, ҳамчунин дастгирии фаъолияти башардӯстонаи мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот созмон дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923 аз 20.06.2024 № 2081).

2. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона ташкилоти миллии Ҳилоли Аҳмар эътироф шуда, фаъолияти худро дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад. Номҳои "Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон" ва "Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон" ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тааллуқ дошта, ҳаммаъно мебошанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923 аз 20.06.2024 № 2081).

3. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷамъияти ихтиёрӣ эътироф гардидааст, мутобиқи Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 дар бораи беҳбудӣ бахшидан ба сарнавишти маҷруҳон ва беморон дар артишҳои амалкунанда, дар бораи беҳбудӣ бахшидан ба сарнавишти маҷруҳон, беморон ва киштишикастагон аз ҳайати неруҳои мусаллаҳ дар баҳр, дар бораи муносибат бо асирони ҳарбӣ, дар бораи ҳимояи аҳолии мулкӣ дар замони ҷанг (минбаъд - Конвенсияҳои Женева (с.1949), Протоколи иловагӣ ба Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 оид ба ҳимояи қурбониҳои низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ, Протоколи иловагӣ ба Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 оид ба ҳимояи қурбониҳои низоъҳои мусаллаҳонаи дохилӣ (ғайрибайналмилалӣ), (минбаъд - Протоколҳои иловагӣ (с.1977) ба мақомоти давлатӣ дар фаъолияти башардӯстона мусоидат менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923аз 20.06.2024 № 2081).

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923аз 20.06.2024 № 2081).

Моддаи 3. Вазъи ҳуқуқии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамчун иттиҳодияи ҷамъиятии ихтиёрии ҷумҳуриявӣ, ба ҳайси шахси ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар асоси умумияти манфиатҳои шаҳрвандон бо мақсади сабук намудани азияти одамон, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, кумак расонидан ба ҷабрдидагони задухӯрдҳои мусаллаҳона ва шахсони аз ҳолатҳои фавқулода ва техногенӣ зарардида, ҳамкорӣ дар иҷрои вазифаҳое, ки аз Конвенсияҳои Женева (с.1949), Протоколҳои иловагӣ (с.1977) бармеоянд, тарғиби ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ ва принсипҳои асосии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, инчунин баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ фаъолият мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 923,  аз 20.06.2024 № 2081).

Моддаи 4. Оинномаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
...

3АКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Об Обществе Красного Полумесяца Таджикистана

(в редакции Закона РТ от 28.12.2012г. № 923, от 20.06.2024 №2081)

(в редакции Закона РТ от 28.12.2012г. № 923, от 20.06.2024 №2081)

Настоящий Закон определяет организационные и правовые основы деятельности Общества Красного Полумесяца Таджикистана, формы поддержки данного Общества государственными органами Республики Таджикистан и другие организации и регулирует их взаимоотношения (в редакции Закона РТ от 20.06.2024 №2081).

ГЛАВА I. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Общество Красного Полумесяца Таджикистана

1. Общество Красного Полумесяца Таджикистана является составной частью Международного движения Красного Креста и Красного Полумесяца, членом Международной Федерации обществ Красного Креста и Красного Полумесяца, добровольным общественным объединением, самоуправляемым, некоммерческим формированием, учрежденным по инициативе граждан на основе общности интересов для совместного решения задач по развитию и реализации идей гуманизма и заботы о людях путем обеспечения социальной защиты граждан, а также оказания поддержки государственным органам и органам самоуправления поселков и сёл в гуманитарной деятельности (в редакции Закона РТ от 28.12.2012г. № 923).

2. Общество Красного Полумесяца Таджикистана на территории Республики Таджикистан признается единственной национальной организацией Красного Полумесяца и осуществляет свою деятельность на всей территории Республики Таджикистан. Наименования "Общество Красного Полумесяца Таджикистана", I и "Красный Полумесяц Таджикистана" относятся к Обществу Красного Полумесяца Таджикистана и являются равнозначными.

3.Общество Красного Полумесяца Таджикистана - добровольное республиканское общественное объединение, учрежденное как юридическое лицо в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан, на основе общности интересов граждан в целях облегчения человеческих страданий, решения социальных проблем, оказания помощи жертвам вооруженных конфликтов и лицам, пострадавшим в чрезвычайных и техногенных ситуациях, сотрудничества в выполнении задач, вытекающих из Женевской конвенции (1949г.) и Дополнительных Протоколов к ней (1977г.), распространения идеалов международного гуманитарного права и основных принципов Международного Движения Красного Креста и Красного Полумесяца, а также просвещения населения в области здравоохранения (в редакции Закона РТ от 28.12.2012г. № 923).

Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан об Обществе Красного Полумесяца Таджикистана

Законодательство Республики Таджикистан об Обществе Красного Полумесяца Таджикистана основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном (в редакции Закона РТ от 28.12.2012г. № 923).

Статья 3. Правовой статус Общества Красного Полумесяца Таджикистана

Общество Красного Полумесяца Таджикистана - добровольное республиканское общественное объединение, учрежденное как юридическое лицо в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан, на основе общности интересов граждан в целях облегчения человеческих страданий, решения социальных проблем, оказания помощи жертвам вооруженных конфликтов и лицам, пострадавшим в чрезвычайных и техногенных ситуациях, сотрудничества в выполнении задач, вытекающих из Женевских Конвенций (1949г.) и Дополнительных Протоколов к ней (1977г.), распространения идеалов международного гуманитарного права и основных принципов Международного Движения Красного Креста и Красного Полумесяца, а также просвещения населения в области здравоохранения (в редакции Закона РТ от 28.12.2012г. № 923).

Статья 4. Устав Общества Красного Полумесяца Таджикистана
...