ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН»
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
аз 11 апрели соли 2024, № 1258 қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 июни соли 2024, № 521 ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» аз 12 январи соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2010, №1, мод. 16; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 1017 ) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба муқаддимаи Қонун пеш аз калимаи «муайян» калимаҳои «ва ташкилотҳои дигар» илова карда шаванд.
2. Дар матни Қонун калимаҳои «мардум», «қаламрави», «маҷрӯҳон», «маҷрӯҳони», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадоранд», «фавқулодда», «нерӯҳои», «таваҷҷӯҳ», «Мӯҳлат», «кӯмак», «кӯмакрасонӣ», «кӯмаки», «кӯмакро» ва «кӯмакҳоро» мувофиқан ба калимаҳои «одамон», «ҳудуди», «маҷруҳон», «маҷруҳони», «уҳдадориҳои», «уҳдадоранд», «фавқулода», «неруҳои», «таваҷҷуҳ», «Муҳлат», «кумак», «кумакрасонӣ», «кумаки», «кумакро» ва «кумакҳоро» иваз карда шаванд.
3. Дар қисми 1 моддаи 1 калимаҳои «ба ташаббуси» ба калимаҳои «бо ташаббуси» иваз карда шаванд.
4. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
...