Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади дастгирии рушди минбаъдаи соҳаи пахтакорӣ ва ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи замимагардидаи рушди соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 тасдиқ карда шавад (замима мегардад.)
2) Ба бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия карда шавад, ки дар иҷрои Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 бо ҷалби сармояҳои ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин маблағҳои худӣ ҳиссагузорӣ намоянд.
3) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикисгон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2010-2014 ҷиҳати ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ барои иҷрои Барномаи мазкур чораҳои мушаххас андешанд.
4) Вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон барои татбиқи Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 феврал аз корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор манзур намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 октябри соли 2009 № 586
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Программы развития хлопководческой отрасли в Республике Таджикистан на 2010-2014 годы
В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социальноэкономического развития Республики Таджикистан" и с целью дальнейшего развития хлопководства, увеличения объемов производства хлопка-сырца для обеспечения продовольственной безопасности Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить предлагаемую Программу развития хлопководческой отрасли в Республике Таджикистан на 2010-2014 годы (прилагается)
2) Рекомендовать банкам Республики Таджикистан принять долевые участие в выполнении Программы развития хлопководческой отрасли в Республике Таджикистан на 2010-2014 годы путем привлечения отечественных и внешних инвестиций и за счет собственных средств.
3) Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществам Республики Таджикистан, Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистана для развития хлопководства на 2010-2014 годы принять конкретные меры по привлечению отечественных и зарубежных инвестиций для выполнения вышеуказанной Программы.
4) Соответствующим министерствам и ведомствам председателям областей, городов и районов, предприятиям, организациям независимо от формы собственности, принять меры для реализации Программы развития хлопководства в Республике Таджикистан на 2010-2014 годы и ежегодно до 1 февраля представить информацию о проделанной работе в Правительство Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 31 октября 2009 года № 586
г. Душанбе