Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2009 № 574 "Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Бо мақсади татбиқи амалии Барномаи мазкур Шӯрои ҳамоҳангсозии илмию техникӣ таъсис дода шавад.

3) Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ ҳайати Шӯро ва низомномаи онро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон

аз 5 октябри соли 2009 № 574

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Программы внедрения научно-технических достижений в промышленное производство Республики Таджикистан на 2010-2015 годы

В соответствии со статьёй 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить Программу внедрения научно-технических достижений в промышленное производство Республики Таджикистан на период 2010-2015 годов (прилагается).

2) С целью реализации настоящей Программы создать Научно-технический координационный совет.

3) Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан в трёхмесячный срок представить на утверждение в Правительство Республики Таджикистан состав и положение Совета.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

от 5 октября 2009 года №574

 г. Душанбе