Бо қарори Ҳукумати
Ҷумқурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2009 № 531
тасдиқ шудаанд
ҚОИДАҲОИ пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
1) Қоидаҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ (минбаъд-Қоидаҳои мазкур) мутобики Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон" бо дарназардошти Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2009, №282 тасдиқ шудааст, таҳия шудаанд.
2) Қоидаҳои мазкур муносибатҳои байни иҷрокунандагон ва истеъмолкунандагони хизматҳо оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва таъмин бо захираҳои дахлдорро танзим намуда, тартиби пешниҳод ва пардохти хизматрасониҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои истеъмолкунандагон ва иҷрокунандагонро муайян намуда, масъулиятро барои вайрон кардани талаботи Қоидаҳои мазкур муқаррар менамоянд.
3) Қоидаҳои мазкур нисбат ба истеъмолкунандагон ва иҷрокунандагони хизматрасонӣ оид ба гармитаъминкунӣ, барқтаъминкунӣ, газтаъминкунӣ, обтаъминкунӣ ва канализатсионӣ новобаста аз мансубияти идоравии онҳо, шаклҳои моликият ва ташкилию ҳуқуқиашон татбиқ карда мешавад.
4) Қоидаҳои мазкур инчунин нисбат ба ҳолатҳое ки дар натиҷаи сохтмони (таҷдиди) шабакаҳои муҳандисӣ ва ё таҷҳизот оид ба истеҳсоли захираҳо зарурати пайвастшавии муваққатӣ ва ё доимӣ ба шабакаҳои муҳандисии аз ҷиҳати технологӣ ба ҳам алоқаманд ба миён меояд, татбиқ карда мешаванд.
5) Расмиёти пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад:
- гирифтани шартҳои техникӣ дар доираи додани супоришҳои меъморию банақшагирӣ барои тарҳрезии иншоот тибқи Қоидаҳои мазкур ва бо дарназардошти талаботи Тартиби гузаронидани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2009 №282 тасдиқ шудааст;
- ба имзо расонидани шартномаҳо барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ба хизматрасониҳои техникии онҳо;
- пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ;
Боби 2. Мафҳумҳои асосӣ
6) Мафҳумҳои асосие, ки дар Қоидаҳои мазкур истифода мешаванд:
а) иҷрокунанда:
- ташкилоте, ки дар моликият ё идоракунии оперативӣ фонди манзил, иншоот ва шабакаҳои муҳандисӣ қарор дорад ва ба вазифаҳояш вогузор намудани хизматрасониҳои коммуналӣ дохил мешавад ва ё ваколатдор аст вазифаҳои иҷрокунандаро барои истеъмолкунандагони дар фонди манзил ва иншоотҳои дигари давлатӣ ё ғайридавлатӣ истиқоматкунанда анҷом диҳанд;
- корхонаи пешниҳодкунандаи хизматрасониҳои коммуналӣ ба истеъмолкунандагони дар фонди манзил истиқоматкунанда;
- хадамоти манзилию коммуналӣ, ки оид ба таъмин намудани хизматрасониҳои коммуналӣ бо истеъмолкунандагони дар фонди манзил истиқоматкунанда шартномаҳо мебанданд;
б) истеъмолкунанда - шахси ҳуқуқӣ ва ё воқеие мебошад, ки дар асоси шартномаи тибқи тартиби муқарраргардида бо иҷрокунанда басташуда хизматрасониро барои эҳтиёҷоти хоҷагию маишӣ истифода мебарад ё мақсади истифодабарии онро дорад;
в) шабакаҳои дохилӣ (дохилибиноӣ) -шабакаҳои аз дохили биноҳо ва ё қитьаи замин гузаранда, ки расонидани захираҳоро ба асбобҳои истеъмолкунанда ва ё обпартоҳо таъмин мекунанд;
г) сарҳади масъулияти истифодабарӣ - хати тақсими қисмҳои шабакаҳои муҳандисӣ аз рӯи нишонаҳои ӯҳдадорӣ (масъулият) барои истифода ва хизматрасонии техникии қисмҳои мазкур, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гашта, дар шартнома дарҷ гардидаанд;
д) қобилияти ғунҷонидан-имконияти шабакаҳои муҳандисӣ оид ба гузаронидан ва қабул намудани шумораи баҳисобгирифташудаи захираҳо дар вақти муайян тибқи реҷаи муқарраршуда;
е) захираҳо-қувваи барқ, оби хунук ва гарм, гази табиӣ, қувваи гармӣ дар шакли оби гарм, ки барои пешниҳоди хизматрасониҳо оид ба таъмини қувваи барқ, гармӣ, газ, об ва таҳвили маҳсулот истифода мешаванд;
ж) шабакаҳои муҳандисӣ- маҷмӯи иншооти молумулкие, ки бевосита дар ҷараёни пешниҳоди захираҳо истифода мешаванд;
з) нақшаи шабакаҳо- нақшаи тамоми шабакаҳои муҳандисии барои дастрасии умум кушода, ки мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозӣ ба таври ҳатмӣ дар асоси ҷойгиркунии иншооти сохтмонии мавҷуда ва тарҳрезишаванда дар соҳаи таъмини қувваи барқ, гармӣ, газ, об ва обпартоҳо тартиб медиҳанд;
и) шабакаҳои аз ҷиҳати технологӣ ба ҳам пайвастгардидашабакаҳои муҳандисии ба ҳайси моликият ва ё дигар асосҳои қонунӣ ба ташкилот тааллуқдошта, ки нуқтаҳои дутарафаи пайвастшавӣ доранд ва дар системаи ягонаи технологии таъмини қувваи барқ, гармӣ, газ, об ва обпартоҳо иштирок менамоянд;
к) нуқтаи пайвастшавӣ - ҷойи ба иншооти сохтмонӣ ва ё қитьаи замин имконпазири пайвастшавии асбобҳо ва иншооти сохташудаистода (таҷдидшудаистода) бо шабакаҳои муҳандисии таъминкунандаи қувваи барқ, гармӣ, газ, об ва обпартоҳо;
л) хизматрасонии техникӣ- маҷмӯи чорабиниҳо оид ба азназаргузаронии профилактикӣ, хизматрасониҳои ҷорӣ ва садамавии шабакаҳои муҳандисӣ;
м) шартҳои техникӣ- ҳуҷҷате, ки нуқтаи пайвастшавиро ба шабакаҳои муҳандисӣ муайян намуда, барои пайвастшавии сарборӣ (иқтидор), сарчашмаи таъминот, имкониятҳои баранда ва ё қабулкунанда, тарзу усул ва ҷадвали танзимкунанда, андозаҳо ва талаботи асосие, ки барои пайвастшавии иншооти сохтмонӣ (таҷдидшаванда) ба шабакаҳои муҳандисӣ иҷро шаванд ва ба истеъмолкунанда кафолати пайвастшавиро ба шабакаҳои муҳандисӣ диҳанд.
Боби 3. Тартиби гирифтани шартҳои техникӣ
7) Шартҳои техникӣ барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ аз ҷониби иҷрокунанда дар асоси дархост ба мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ё истеъмолкунанда дода мешаванд.
8) Ҳангоми таҷдид, дигаргунсозӣ, азнавтаҷҳизонии иншоот, ки ба зиёд ва ё кам гардидани шумораи захираҳои зарурии истифодашаванда алоқаманд нестанд, гирифтани шартҳои нави техникӣ талаб карда намешавад.
9) Дархост бояд номгӯй, макони ҷойгиршави ва суроғаи почтавии мақомоти маҳаллии меъмори ва шаҳрсозӣ ё истеъмолкунандаро пешбинӣ намуда, нусхаи ҳуҷҷатҳои аз ҷониби истеъмолкунанда ба мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ барои гирифтани шартҳои техникӣ пешниҳодшуда замима мешаванд.
10) Талаб намудани пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳо манъ аст.
11) Иҷрокунанда, ки истифодабарии шабакаҳои муҳандисиро амалӣ мекунад, ӯҳдадор аст дар давоми 10 рӯзи корӣ баъд аз гирифтани дархост ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашаванда, ба мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ё истеъмолкунанда шартҳои техникиро оид ба имконияти пайвастшавии иншооти тарҳрезишуда ба шабакаҳои муҳандисию техникӣ, бо нишон додани ҷойи пайвастшавӣ пешниҳод намояд.
12) Дар сурати муайян намудани номувофиқатии иқтидорҳои талабшаванда ба шартҳо ва талаботи мавҷуда, иҷрокунанда ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати дар банди 11 Қоидаҳои мазкур пешбинишуда аз рӯзи гирифтани дархост оид ба номувофиқатии иқтидорҳои талабшаванда бо нишон додани сабаби номувофиқатӣ ба мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ё истеъмолкунанда хулоса пешниҳод намояд.
13) Мавҷуд набудани имконият барои пайваст шудан ба шабакаҳои муҳандисӣ наметавонад асоси рад намудани дархост барои додани супоришҳои меъморӣ шавад.
14) Шартҳои техникӣ бояд дорои маълумоти зерин бошанд:
- номгӯй ва суроғаи иншоот;
- нуқтаҳои пайвастшавӣ;
- иқтидор дар ҳар як нуқтаи пайвастшавӣ;
- ҳадди аксари сарборӣ дар ҳар як нуқтаи пайвастшавӣ;
- мӯҳлати амали шартҳои техникӣ;
- мӯҳлати пайвастшавии иншооти сохтмонӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ;
- талаботи махсус ва иловагии техникӣ.
15) Иҷрокунандае, ки шартҳои техникиро тағйир додаст, ҳуқуқ надорад, ки шартҳои техникиро тағйир диҳад ва ё иҷрои онҳоро қатъ намояд.
16) Дар сурати мавҷуд набудани имконияти пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ, аз ҷониби иҷрокунанда бояд дигар имкониятҳои таъмини муҳандисии иншоот нишон дода шаванд.
17) Гирифтани дигар шартҳои техникӣ барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ, ки Қоидаҳои мазкур пешбинӣ накардаанд, талаб карда намешавад.
18) Пайвастшавии иншооти сохтмонӣ ба шабакаҳби муҳандисӣ бе гирифани шартҳои техникӣ ва бастани шартнома манъ аст.
19) Ба мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ё истеъмолкунанда пешкаш намудани шартҳои техникӣ аз ҷониби иҷрокунанда ройгон аст.
20) Дар сурати ба миён омадани зарурати зиёд намудан ва ё кам кардани иқтидорҳои қаблан иҷозатдодашуда, шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ ба иҷрокунанда, ки бо ӯ дар хусуси хизматрасонии коммуналӣ шартнома бастааст, дархости хаттии дахлдор пешниҳод менамояд.
21) Иҷрокунанда, ки бо ӯ дар хусуси хизматрасонии коммуналӣ шартнома баста шудааст, ӯҳдадор аст, ки дар давоми 5 рӯзи корӣ аз лаҳзаи воридшавии дархост шартҳои техникии навро, бе тағйир додани нуқтаи пайвастшавӣ ва бе қатъ намудани шартҳои техникии пештар додашуда, ба дархостдиханда пешниҳод намояд.
22) Ҳангоми зарурат бояд дар давоми 5 рӯзи корӣ аз лаҳзаи пешниҳоди шартҳои техникии нав ба шартномаи хизматрасонии коммуналӣ тағйироти дахлдор ворид карда шавад.
Боби 4. Мӯҳлатҳои амали шартҳои техникӣ
23) Шартҳои техникӣ ба мӯҳлати се сол дода мешаванд ва аз лаҳзаи бастани шартномаи хизматрасонии коммуналӣ ва пайвастшавии иншоот ба шабакаҳои муҳандисӣ қатъ мегарданд.
24) Мӯҳлати амали шартҳои техникӣ мумкин аст, ки дар дархосте, ки дар мӯҳлати 5 рӯзи корӣ аз лаҳзаи пешниҳоди он мешавад, ба мӯҳлати як сол дароз карда шавад.
25) Маълумот оид ба иқтидори шабакаҳои муҳандисии мавҷудбуда ва банақшагирифташуда, инчунин оид ба расмиёти пайвастшавии иншооти сохтмонӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ бо дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар давоми 5 рӯзи корӣ аз лаҳзаи муроҷиати онҳо ба таври ройгон пешниҳод карда мешавад.
Боби 5. Тартиби пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ
26) Пайвастшавии иншооте, ки сохтмонаш (таҷдидаш) анҷом ёфтааст, ба шабакаҳои муҳандисӣ то қабули иншоот барои истифода тибқи зинаҳои зерин сурат мегирад:
- пешниҳоди ариза оид ба имзо расонидани шартномаҳои хизматрасонии коммуналӣ ва пайвастшавии иншоот ба шабакаҳои муҳандисӣ;
- аз ҷониби истеъмолкунанда ва иҷрокунанда имзо шудани шартномаҳои хизматрасонии коммуналӣ ва пайвастшавии иншоот ба шабакаҳои муҳандисӣ, инчунин расонидани хизматҳои техникӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ;
- пешниҳоди захираҳо.
27) Барои пайваст намудани иншоот ба шабакаҳои муҳандисӣ истеъмолкунанда ба иҷрокунанда ариза барои ба имзо расонидани шартнома ба пайвастшавӣ бо замимаи нусхаи ҳуҷҷатҳои зеринро пешниход менамояд:
- шартҳои техникӣ;
- барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ -шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати шахсе, ки аризаро аз номи истеъмолкунанда ба имзо расонидааст;
- барои шахси воқеӣ - шиноснома;
- ҳуҷҷатҳои иҷрои корҳо (санадҳои иҷрои корҳои ноаён).
28) Аз истеъмолкунанда талаб намудани дигар хуҷҷатҳо манъ аст.
29) Иҷрокунанда ариза ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашударо қабул намуда, дарҳол ба истеъмолкунанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қабули ин ҳуҷҷатҳоро медиҳад.
30) Иҷрокунанда дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи ворид шудани ариза, мутобиқ будани хуҷҷатҳоро ба талаботи муқаррарнамудаи банди 27 Қоидаҳои мазкур месанҷад. Дар сурати номутобиқатии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба талаботи банди 27 Қоидаҳои мазкур, иҷрокунанда ӯҳдадор аст, ки дар ҳамин мӯҳлат истеъмолкунандаро дар бораи номутобиқатии ошкоргардида ба таври хаттӣ огоҳ намояд.
31) Ариза оид ба пайвастшавии иншоот ба шабакаҳои муҳандисӣ бояд дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи гарифтани ариза баррасӣ карда шавад.
32) Дар доираи мӯҳлати баррасии ариза мутобиқати иҷрои корҳо оид ба ҷойгирсозии шабакаҳо ба талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назар гузаронида мешавад, сарҳади моликият ё тобеияти мувозинавйӣ бо истеъмолкунанда мувофиқа карда мешавад.
33) Дар натиҷаи азназаргузаронӣ ва мувофиқасозӣ истеъмолкунанда ва иҷрокунанда санади дахлдори мутобиқатро ба имзо мерасонанд, ки он асос барои бастани шартнома оид ба хизматрасонии коммуналӣ ва хизматрасонии техникии шабакаҳои муҳандисӣ ба ҳисоб меравад.
34) Иҷрокунанда дар давоми 5 рӯзи корӣ бо истеъмолкунанда дар хусуси хизматрасонии коммуналӣ ва хизматрасонии техникӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ шартнома ба имзо мерасонад.
35) Иҷрокунанда дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи ба имзо расидани шартнома иншоотро ба шабакаҳои муҳандисӣ пайваст намуда, пас аз он ба шабакаҳои муҳандисӣ расонидани хизмати асосии техникиро оғоз менамояд.
36) Пайвастшавии иншоот ба шабакаҳои муҳандисӣ дар асоси шартномаи дутарафа амалӣ мешавад.
Боби 6. Тартиби пешниҳод ва пардохти хизматрасонӣ
37) Низоми пешниҳоди хизматрасониҳо бояд барои хизматрасонии истеъмолкунандагон омодагии ҳамешагӣ бошад, ба истиснои:
- барои гузаронидани корҳои таъмир ва профилактикӣ (аз тарафи иҷрокунанда мутобиқи меъёрҳои сохтмонии амалкунанда ва қоидаҳо, қоидаҳои истифодабарии техникӣ, муқаррарот дар бораи гузаронидани таъмири ҷорӣ ва асосӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ муқарраргардида);
- вақти танаффус дар давраи гармидиҳӣ барои низомҳои гармидиҳанда (аз тарафи иҷрокунанда бо дарназардошти шароити обу ҳаво муқаррар мегарданд);
- сар задани офатҳои табиӣ, инчунин ҳолатҳои фавқулоддае, ки аз иҷрокунанда вобаста нестанд.
38) Иҷрокунанда ӯҳдадор аст ба истеъмолкунанда хизматрасониро аз рӯи сифат ба талаботи ҳатмии меьёрҳо ва стандартҳо, қоида ва меъёрҳои санитарӣ ва шартҳои шартнома, инчунин маълумоти пешниҳоднамудаи иҷрокунанда оид ба хизматрасониҳо, мутобиқат дошта бошанд, расонад.
39) Хусусиятҳои истеъмолӣ ва низоми пешниҳоди хизматрасонӣ бояд ба меъёрҳои муқарраргардидаи зерин мутобиқат намоянд:
- оид ба гармитаъминкунӣ - ҳарорати ҳаво дар хонаҳои истиқоматӣ ҳангоми иҷрои чорабиниҳо оид ба гармидиҳии бино бояд мутобиқи меъёрҳои амалкунанда ва қоидаҳо бошанд;
- оид ба барқтаъминкунӣ - бояд нишондиҳандаи нерӯи барқ ба стандартҳои амалкунанда мувофиқ бошанд;
- оид ба газтаъминкунӣ - бояд ҳаҷми таъмини газ аз рӯи стандартҳои амалкунанда мувофиқ бошанд;
- оид ба таъмини оби хунук - бояд аз рӯи таркиб ва ҳарорати гармкунии оби расондашаванда, инчунин ҳисоби хароҷоти об дар нуқтаи тақсим боад ба талаботи гигиенӣ ҷавобгӯй бошад;
- оид ба таъмини оби гарм - аз рӯи таркиб, хусусият ва ченаки гармкунии оби интиқолшаванда, инчунин аз рӯи ҳисоби хароҷоти об дар нуқтаи тақсим ба талаботи гигиенӣ ҷавобгӯй бошанд.
- оид ба канализатсия - роҳҳои партоби об мувофиқ бошанд;
40) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки аз рӯи бехатарии хизматҳои ба истеъмолкунанда расонидашаванда назорат мебаранд, мақомоти ҳудудии онҳо ҳуқуқ доранд ҳаҷми хусусиятҳои истеъмолӣ, тартиби хизматрасониро аниқ сохта, кафолати сатҳи сифатро вобаста ба иқтидори таркиб ва фарсудашавии фондҳои асосии таъиноти коммуналӣ, шароити иқлимӣ ва дигар шароити маҳаллии нуқтаи аҳолинишин муқаррар созанд. Иҷрокунанда дар бораи қарорҳои қабулшуда ва ислоҳи дахлдори андозаи пардохти ҳаққи хизматрасонӣ истеъмолкунандаро ба мӯҳлати як моҳ то қабули қарори дахддор огоҳ месозад.
41) Иҷрокунанда вазифадор аст, ки дар шакли аёнӣ ва дастрас маълумотро дар бораи Қоидаҳои мазкур, хизматҳои расонидашаванда ва тарифҳои онҳо, шартҳои пардохт, низом ва тартиби пешниҳоди хизматрасониҳо, таркиби (сифати) истеъмолии онҳо, мавҷудияти сертификат ба хизматрасониҳое, ки онро талаб мекунанд таъмин намояд.
42) Хизматрасониҳо ба истеъмолкунанда ба таври музднок тибқи шартнома ва Қоидаҳои мазкур, расонида мешаванд.
43) Дар шартнома инҳо инъикос мегарданд:
- сифати хизматрасониҳо, низоми хизматрасониҳои пешниҳодшаванда ва ҳаҷмҳои меъёрии истеъмол;
- тартиб ва мӯҳлати бартарафсозии камбудиҳо ва садамаҳо дар сарҳади масъулияти истифодабарӣ;
- андоза ва шартҳои муқарраргардидаи пардохтҳо, давраи ҳисобу китоб ва мӯҳлати пешбурди пардохт, ноустуворона барои саривақт напардохтани ҳаққи хизматрасониҳо;
- ҷавобгарии иҷрокунанда барои саривақт бартараф накардан ва пешниҳоди хизматрасониҳо;
- хусусиятҳои техникии таҷҳизоти муҳандисии биноҳои истиқоматӣ, инчунин нишондиҳандаи муайянкунандаи иқтидори ҳадди аксари мошинҳои барқию маишӣ, асбоб, дастгоҳҳо;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иҷрокунанда ва истеъмолкунанда;
- шартҳои қатъ гардидани хизматрасониҳо.
44) Номгӯи хизматрасониҳое, ки ба истеъмолкунанда пешниҳод карда мешаванд, аз рӯи дараҷаи шароити иншоот муайян карда мешавад.
45) Андозаи пардохти хизматрасонӣ аз ҷониби иҷрокунанда дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ муқаррар карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.
46) Давраи ҳисобу китоб барои пардохти ҳаққи хизматрасонӣ дар як моҳи тақвимӣ муқаррар карда мешавад. Пардохт то 10-уми моҳи баъд аз он амалӣ карда мешавад. Ҳаққи хизматрасонӣ ба таври муназзам дар давоми сол пардохт карда мешавад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
47) Шакли пардохти хизматрасонӣ дар мувофиқа бо истеъмолкунанда ва иҷрокунанда ба таври нақдӣ ё ғайринақдӣ сурат мегирад. Пардохт ба таври нақдӣ ба воситаи ҳуҷҷати махсуси пардохт бо истифодаи мошинҳои назоратию хазинавӣ анҷом дода мешавад.
48) Дар сурати мавҷуд будани дастгоҳи баҳисобгирии истеъмолкунандагон пардохти хизматрасонӣ метавонад бевосита ба худи иҷрокунанда сурат гирад. Ҳамзамон муносибатҳои муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур барои истеъмолкунанда ва иҷрокунанда дар қисми ӯҳдадориҳо ҳуқуқ ва масъулиятҳояшон нигоҳ дошта мешаванд, ки он бояд дар шартнома инъикос ёбад.
49) Ҳангоми аз талаботи шартномаи муқарраргардида ба тарафи дигар майл гардидани сифати хизматрасонӣ ҳаққи пардохт аз ҷониби истеъмолкунанда мутаносибан кам мегардад.
50) Феҳристи тағйирёбӣ ва андозаи онҳо, андозаи камшавии онҳо ва тартиби ба қайд гирифтани тағйирёбӣ инчунин шартҳои кам кардани ҳаққи пардохти хизматрасонӣ дар сурати паст гардидани сифати хизматрасониҳои коммуналӣ аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки ба бехатарии хизматрасонӣ назорат мебаранд, инчунин аз ҷониби мақомоти ҳудудии онҳо якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
51) Агар танаффус дар расонидани хизмат ба мақсади бартараф сохтани хатар ба саломатӣ, ҳаёти шаҳрвандон, огоҳсозии зарар ба амвол ё бинобар нерӯи бартарафнашаванда сурат гирад, музди хизматрасонӣ кам карда намешавад.
Боби 7. Тартиби истифода аз хизматрасониҳо
52) Тартиби истифода аз хизматрасониҳо бояд дар асос ва мутобиқи Қоидаҳои мазкур ва шартнома сурат гирад.
53) Назорати истифодаи дурусти хизматрасониҳо аз тарафи иҷрокунанда мутобиқи шартнома амалӣ мегардад.
Боби 8. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои истеъмолкунанда ва иҷрокунандаи хизматрасониҳо
54) Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад:
- хизматрасониҳои барои саломатӣ ва ҳаёти вай босифат ва барои амволаш безарарро гирад;
- аз иҷрокунанда ҷуброни зарар ва зиёни ба ҳаёт, саломатӣ ё амволаш дар натиҷаи камбудиҳои хизматрасониҳо расонидашуда, инчунин зарари маънавиро дар андоза ва тартиби мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаро ба таври пурра талаб намояд;
- ҳангоми танаффуси хизматрасониҳо ҳаққи онро напардозад. Қатъи пардохти ҳаққи хизматрасонӣ иҷрокунандаро аз ҷуброни зарар ва зиёни расонидашуда озод намесозад;
- бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардидаи хизматрасониҳои аз ҷониби иҷрокунанда пешниҳодшударо дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартнома талаб намояд;
- ба ҳимояи давлат ё суд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати вайрон кардани ҳуқуқҳои он.
55) Истеъмолкунанда ӯҳдадор аст:
- саривақт дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи шартнома ҳаққи хизматрасониҳои пешниҳодшударо пардохт намояд;
- хизматрасониҳоро аз рӯи таъиноти мустақимашон ба таври оқилона истифода намояд;
- амалҳоеро, ки боиси вайрон кардани тартиби истифодабарии хизматрасониҳои муқаррарнамудаи шартнома ва Қоидаҳо мебошанд, анҷом надиҳад;
- талаботи бехатарии техникиро ҳангоми истифодаи хизматрасониҳо риоя намояд;
- ба намояндаи иҷрокунандаи барои бартараф намудани садамаҳо, санҷиши таҷҳизоти муҳандисӣ, асбоби ченкунӣ ва назорат роҳ диҳад.
56) Ба истеъмолкунанда манъ аст:
- бе иҷозати иҷрокунанда таҷҳизонидани шабакаҳои муҳандисии дохилӣ;
- бе иҷозати хаттии иҷрокунанда насб, пайваст ва истифода намудани дастгоҳи барқии рӯзгор ва мошинҳои иқтидорашон аз имкониятҳои техникии шабакаҳои барқии дохилии бино бештар дошта, сексияҳои иловагии дастгоҳи гармидиҳӣ, симтобҳои (арматураҳои) танзимкунанда ва появӣ, инчунин насб ва истифодаи дастгоҳ ва таҷҳизоти рӯзгор, аз ҷумла, дастгоҳи инфиродии софсозии об, ки шиносномаҳои (шаҳодатномаҳои) техникӣ надошта, ба талаботи бехатарии истифодабарӣ ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ нестанд;
- вайрон кардани ҷадвали мавҷудаи баҳисобгирии хизматрасониҳо;
- истифодаи гармкунакҳо дар дохили системаи гармидиҳӣ (рехтани об аз низом ва дастгоҳи гармидиҳӣ).
57) Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад:
- дар сурати аз ҷониби истеъмолкунанда вайрон кардани мӯҳлати пардохтҳо чораҳои дар шартнома пешбинигардидаро амалӣ намояд;
- ҷараёни истифодаи хизматрасониҳоро бо роҳи муоинаи ҳолати таҷҳизоти муҳандисии дар назди истеъмолкунанда мавҷудбуда назорат кунад.
58) Иҷрокунанда ӯҳдадор аст:
- оид ба омода намудани лоиҳа ва бастани шартнома барои хизматрасонӣ саривақт чораҳо андешад;
- бо сифати муқарраршуда (риояи хусусиятҳои истеъмолӣ ва низоми пешниҳод) хизматрасониҳоро пешниҳод намояд;
- дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шакли бақайдгирии дархостҳоеро (шикоятҳоеро), ки ба истеъмолкунандагон бинобар вайрон кардани сифати муқарраргардидаи хизматрасонӣ ва мӯҳлати бартараф кардани камбудиҳо пешниҳод карда мешавад, муқаррар намояд:
- ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф кардани нуқсонҳои сифати хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон чораҳои саривақтӣ андешад;
- дар сурати тағйир ёфтани сифати хизматрасонӣ саривақт ба истеъмолкунандагон маълумот диҳад;
- ба вайрон гардидани ҷараёнҳои технологӣ ва паст шудани сифати хизматрасониҳо роҳ надиҳад, ҷиҳати баланд бардоштани хусусиятҳои истеъмолӣ ва сифати хизматҳои пешниҳодшаванда, инчунин истифодаи оқилонаи захираҳои обу барқ тадбирҳо пешбинӣ намояд.
Боби 9. Масъулият барои риоя накардани Қоидаҳои мазкур
59) Иҷрокунанда дар сурати расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи истеъмолкунанда, инчунин барои зарари маънавӣ дар ҳаҷм ва тартиби мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншаванда, пурра масъул аст.
60) Иҷрокунанда барои сифати хизматрасониҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои мазкур ва шартномаҳо масъулият дорад.
61) Аз ҷавобгарӣ барои вайрон кардани сифати хизматрасонӣ иҷрокунанда дар ҳолате озод мегардад, ки агар вай исбот намояд, ки он бинобар нерӯи бартарафкарданашававда ба амал омадааст.
62) Иҷрокунанда барои беасос пешкаш накардани хизматҳое, ки ӯ мерасонад, инчунин барои расонидани зарар ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла бо роҳи беасос баланд намудани арзиши (тарофаи) хизматҳои расонидааш, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
63) Бо мақсади муайян намудани асоснокии пешкаш накардани хизматҳо истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ба мақомоти прокуратура, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ ва ё суд муроҷиат намояд.
64) Иҷрокунанда, истеъмолкунанда ва дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои вайрон намудани талаботи Қоидаҳои мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Утверждены
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 1 октября 2009 года №531
Правила подключения к инженерным сетям и предоставления коммунальных услуг
Глава 1. Общие положения
1) Настоящие Правила подключения к инженерным сетям и предоставления коммунальных услуг (далее-Правила) разработаны в соответствии с Гражданским кодексом Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "О естественных монополиях", Законом Республики Таджикистан "О защите прав потребителей" с учетом Порядка прохождения административных процедур, связанных с осуществлением строительной деятельности в Республике Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 6 мая 2009 года №282.
2) Настоящие Правила регулируют отношения, возникающие между исполнителями и потребителями услуг по подключению к инженерным сетям и снабжению соответствующими ресурсами, определяет порядок предоставления и оплаты услуг, права и обязанности потребителей, права, обязанности и ответственность исполнителей, а также устанавливает ответственность за нарушение требований настоящих Правил.
3) Настоящие Правила распространяются на потребителей и исполнителей услуг по теплоснабжению, электроснабжению, водоснабжению и канализации, независимо от их ведомственной принадлежности, форм собственности и организационно-правовой формы.
4) Настоящие Правила применяются также в случаях, когда в результате строительства (реконструкции) инженерных сетей, либо оборудования по производству ресурсов требуется временное или постоянное подключение к технологически связанным инженерным сетям.
5) Процедуры подключения к инженерным сетям и предоставления коммунальных услуг включают в себя следующие этапы:
- получение технических условий проходит в рамках выдачи архитектурно-планировочных заданий на проектирование объекта в соответствии с настоящими Правилами и с учетом требований Порядка прохождения административных процедур, связанных с осуществлением строительной деятельности в Республики Таджикистан, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 6 мая 2009 года №282.;
- заключение договоров для подключения к инженерным сетям техническое обслуживание;
- подключение к инженерным сетям;
Глава 2. Основные понятия
6) Основные понятия, используемые в настоящих Правилах:
а) исполнитель:
- организация в собственности или оперативном управлении которых находятся жилищный фонд, объект и инженерные сети и в обязанности которых входит предоставление потребителю коммунальных услуг, или уполномоченные выполнять обязанности исполнителя - для потребителей, проживающих в жилищном фонде и в других государственных или негосударственных объектах;
- предприятие, предоставляющее потребителю коммунальные услуги, для потребителей, проживающих в жилищном фонде;
- жилищно-коммунальные службы, производящие заключение договоров на обслуживание коммунальных услуг с потребителями, проживающих в жилищном фонде;
б) потребитель - лицо, пользующийся или имеющий намерение воспользоваться услугой для хозяйственно - бытовых нужд на основании договора, заключенного с исполнителем в установленном порядке;
в) внутренние (внутридомовые) сети - сети, проходящие внутри здания или по земельному участку, обеспечивающие подачу ресурсов к приборам потребления или водоотведению;
г) граница эксплуатационной ответственности - линия раздела элементов инженерных сетей по признаку обязанностей (ответственности) за эксплуатацию и техническое обслуживание данных элементов, устанавливаемая в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и отраженная в договоре;
д) пропускная способность - возможность инженерных сетей пропустить и принять расчетное количество ресурсов при заданном режиме за определенное время;
е) ресурсы - электрическая энергия, холодная и горячая вода, природный газ, тепловая энергия в виде горячей воды, используемые для предоставления услуг по электро-, тепло-, газо- и водоснабжению и поставке товаров;
ж) инженерные сети - совокупность имущественных объектов, непосредственно используемых в процессе предоставления ресурсами;
з) схема коммуникаций - схема всех инженерных сетей открытая для общего доступа, в обязательном порядке составляемая органом архитектуры и градостроительства на основании существующего и планируемого размещения объектов строительства в области электроснабжения, теплоснабжения, газоснабжения, водоснабжения и водоотведения;
и) технологически связанные сети - принадлежащие организациям на праве собственности или ином законном основании инженерные сети, имеющие взаимные точки присоединения и участвующие в единой технологической системе электроснабжения, теплоснабжения, газоснабжения, водоснабжения и водоотведения;
к) точка подключения - вероятное к объекту строительства или земельному участку место соединения устройств и строящихся (реконструируемых) объектов, к сетям электроснабжения, теплоснабжения, газоснабжения, водоснабжения и водоотведения;
л) техническое обслуживание - комплекс мероприятий, включающий в себя профилактический осмотр, текущее и аварийное обслуживание инженерных сетей;
м) технические условия - документ, определяющий точку подключения к инженерным сетям, разрешаемую к подключению нагрузку (мощность), источник снабжения, параметры носителя или приемника, метод и график регулирования, основные параметры и требования, которые следует исполнить для подключения объекта строительства (реконструкции) к инженерным сетям, и гарантирующий потребителю подключение к инженерным сетям.
Глава 3. Порядок получения технических условий
7) Выдача технических условий на подключение к инженерным сетям производится со стороны исполнителя на основании запроса местного органа архитектуры и градостроительства или потребителя.
8) При реконструкции, перепрофилировании, перепланировке объекта, не связанного с увеличением и уменьшением количества потребления необходимых ресурсов, получение новых технических условий не требуется.
9) Запрос должен содержать наименование местного органа архитектуры и градостроительства или потребителя, его местонахождение и почтовый адрес с приложением копии документов, предоставленных потребителем в местный орган архитектуры и градостроительства на получение технических условий.
10) Требовать предоставления иных документов запрещается.
11) Исполнитель, осуществляющий эксплуатацию инженерных сетей, обязан в течение 10 рабочих дней после получения запроса и прилагаемых к ней документов, направить в местный орган архитектуры и градостроительства или потребителю технические условия о возможности подключения проектируемого объекта к инженерным сетям, с указанием места присоединения.
12) В случае установления несоответствия запрашиваемых мощностей имеющимся условиям и требованиям, исполнитель обязан в сроке, предусмотренном пункте 11 настоящих правил со дня получения запроса направить местному органу архитектуры и градостроительства или потребителю заключение о несоответствии запрашиваемых мощностей с указанием причин несоответствия.
13) Отсутствие возможности подключения к инженерным сетям не может служить основанием для отказа в выдаче архитектурного задания.
14) Технические условия должны содержать следующие данные:
- наименование и адрес объекта;
- точки подключения;
- мощность в каждой точке подключения;
- максимальная нагрузка на каждую точку подключения;
- срок действия технических условий;
- срок подключения объекта строительства к инженерным сетям;
- особые и дополнительные технические требования.
15) Исполнитель, выдавший технические условия, не имеет право изменить технические условия или прекратить их исполнение.
16) При отсутствии возможности подключения объекта к инженерным сетям, исполнителем должны быть указаны иные варианты инженерного обеспечения объекта.
17) Не требуется получение иных технических условий на подключение к инженерным сетям, не предусмотренных настоящими Правилами.
18) Присоединение объекта строительства к инженерным сетям без получения технических условий и заключения договора не допускается.
19) Предоставление местным органам архитектуры и градостроительства или потребителю технических условий исполнителем осуществляется бесплатно.
20) В случае возникновения необходимости увеличения или уменьшения ранее разрешенной мощности, физическое или юридическое лицо направляет соответствующий письменный запрос исполнителю, с которой заключен договор о предоставлении коммунальных услуг.
21) Исполнитель, с которым заключен договор о предоставлении коммунальных услуг, в течение 5 рабочих дней с момента поступления запроса обязан предоставить потребителю новые технические условия без изменения точек подключения и прекращения ранее выданных технических условий.
22) В случае необходимости в течение 5 рабочих дней с момента выдачи новых технических условий должны быть внесены соответствующие изменения в договор о предоставлении коммунальных услуг.
Глава 4. Сроки действия технических условий
23) Технические условия выдаются сроком на три года и прекращают свое действие с момента заключения договора о предоставлении коммунальных услуг и подключения объекта к инженерным сетям.
24) Срок действия технических условий может быть продлен на срок до одного года, на основании запроса, рассматриваемого в течение 5 рабочих дней с момента его подачи.
25) Информация о наличии существующих и планируемых мощностях и инженерных сетях, а также о процедуре подключения объектов строительства к инженерным сетям предоставляется по запросам физических и юридических лиц, местный исполнительными органами государственной власти бесплатно в течение 5 рабочих дней с момента их обращения.
Глава 5. Порядок подключения к инженерным сетям
26) Подключение объекта, завершенного строительством (реконструкцией), к инженерным сетям осуществляется до приема объекта в эксплуатацию по следующим этапам:
- подача заявления о подписании договоров о предоставлении коммунальных услуг и подключении объекта к инженерным сетям;
- подписание потребителем и исполнителем договоров о предоставлении коммунальных услуг и подключении объекта к инженерным сетям, техническом обслуживании инженерных сетей;
- подача ресурсов.
27) Для подключения объекта к инженерным сетям потребитель направляет исполнителю заявление для заключения договора о подключении с приложением копии:
- технических условий;
- для юридических и физических лиц - свидетельства о государственной регистрации, документа, подтверждающего полномочия лица, подписавшего заявление от имени потребителя;
- для физического лица - паспорта;
- исполнительной документации (актов скрытых работ).
28) Требование от потребителя других документов запрещается.
29) Исполнитель принимает заявления и прилагаемые документы, незамедлительно выдает потребителю документ, удостоверяющий принятие заявления и прилагаемых документов.
30) Исполнитель в течение 5-х рабочих дней со дня поступления заявления проверяет соответствие представленных документов требованиям, установленным в пункте 27 настоящих Правил. В случае несоответствия представленных документов требованиям пункта 27 настоящих Правил, исполнитель обязан в этот срок письменно уведомлять потребителя о выявленных несоответствиях.
31) Заявление на подключение объекта к инженерным сетям должно быть рассмотрено в течении 5 рабочих дней со дня получения заявления.
32) В пределах срока рассмотрения заявления осуществляется осмотр на соответствие выполненных работ по прокладке сетей установленным законодательством Республики Таджикистан требованиям, согласовываются с потребителем границы балансовой принадлежности инженерных сетей.
33) По результатам осмотра и согласования потребитель и исполнитель подписывают соответствующий акт о соответствии, являющийся основанием для заключения договора о предоставлении коммунальных услуг техническое обслуживание инженерных сетей.
34) Исполнитель в течении 5 дней подписывает с потребителем договор о предоставлении коммунальных услуг и техническом обслуживании инженерных сетей.
35) Исполнитель в течение 5 рабочих дней со дня подписания договора осуществляет подключение объекта к инженерным сетям и после этого начинает техническое обслуживание инженерных сетей.
36) Подключение объекта к инженерным сетям осуществляется на основании двухстороннего договора.
Глава 6. Порядок предоставления и оплаты услуг
37) Системы предоставления услуг должны быть в постоянной готовности к обслуживанию потребителей, за исключением:
- для проведения ремонтных и профилактических работ (устанавливаются исполнителем в соответствии с действующими строительными нормами и правилами, правилами технической эксплуатации, положениями о проведении текущих и капитальных ремонтов и другими нормативными документами);
- времени перерывов на межотопительный период для систем отопления (устанавливаются исполнителем исходя из климатических условий);
- со стихийными бедствиями, а также чрезвычайными ситуациями, не зависящими от исполнителя.
38) Исполнитель обязан предоставить потребителю услуги, соответствующие по качеству обязательным требованиям нормативов и стандартов, санитарных правил и норм и условиям договора, а также информации об услугах, предоставляемых исполнителем.
39) Потребительские свойства и режим предоставления услуг должны соответствовать следующим установленным нормативам:
- по теплоснабжению - температуре воздуха в жилых помещениях при условии выполнения мероприятий по утеплению помещении согласно действующим нормам и правилам;
- по электроснабжению -параметрам электрической энергии по действующему стандарту;
- по газоснабжению - объёмы газа по действующему стандарту;
- по холодному водоснабжению по свойствам и составу подаваемой воды, а также расчетному расходу воды в точке разбора, должны соответствовать гигиеническим требованиям;
- по горячему водоснабжению - гигиеническим требованиям по составу, свойствам и температуре нагрева подаваемой воды, а также расчетному расходу воды в точке разбора;
- по канализации и отведению сточных вод.
40) Местные исполнительные органный государственной власти осуществляющие контроль за безопасностью для потребителя услуг, и их территориальные органы вправе уточнять параметры потребительских свойств, режим предоставления услуг и устанавливать гарантированный уровень качества с учетом мощности состава и износа основных фондов коммунального назначения, климатических и других местных условий населенного пункта. О принятых решениях и соответствующей корректировке размеров оплаты услуг исполнитель обязан посредством средств массовой информации оповещать потребителей за один месяц до введения принятого решения в действие.
41) Исполнитель обязан обеспечить в наглядной и доступной форме информацию о настоящих Правилах, об оказываемых услугах и тарифах на них, об условиях оплаты, о режиме предоставления услуг и их потребительских свойствах, о наличии сертификата в отношении услуг, подлежащих сертификации.
42) Услуги предоставляются потребителю на возмездной основе в соответствии с договором и настоящими Правилами.
43) В договоре отражаются следующее:
- качество услуг, режим предоставления услуг и нормативные объемы потребления;
- порядок и сроки устранения неисправностей и аварий в пределах ответственности использования;
- установленные размеры и условия оплаты, расчетный период и сроки внесения платежей, неустойка за несвоевременную оплату услуг;
- ответственность исполнителей за несвоевременное устранение и предоставление услуг;
- технические характеристики инженерного оборудования жилых помещений, в том числе определяющие максимальную мощность электробытовых машин, приборов, аппаратуры;
- права, обязанности и ответственность исполнителя и потребителя;
- условия прекращения оказания услуг.
44) Состав услуг, предоставляемых потребителю, определяется степенью благоустройства объекта.
45) Размер оплаты услуг устанавливается исполнителем по согласованию с уполномоченным органом по антимонопольной политике, если законодательством Республики Таджикистан не предусмотрен иной порядок.
46) Расчетный период для оплаты услуг устанавливается в один календарный месяц. Платежи производится до 10 числа, следующего за ним месяца. Плата за услуги вносится равномерно в течение года, если иное не оговорено договором.
47) Форма оплаты услуг в наличном или безналичном порядке определяется по соглашению между потребителем и исполнителем. Оплата в наличном порядке производится с помощью специального платежного документа с применением контрольно-кассовых машин.
48) При наличии приборов учета у потребителей допускается производить оплату услуг непосредственно исполнителю. При этом установленные Правилами отношения исполнителя и потребителя в части обязанностей, прав и ответственности сохраняются, что подлежит отражению в договоре.
49) При отклонении качества услуг от требований, установленных договором, оплата потребителем соответственно уменьшается.
50) Перечень отклонений и их величина, величина уменьшения и порядок оформления отклонения, а также рекомендуемые условия снижения оплаты при снижений качества коммунальных услуг устанавливаются органам государственной власти, осуществляющими контроль за безопасностью услуг, оказываемых потребителю, их территориальными органами совместно с местными исполнительными органами государственной власти.
51) Снижение оплаты не допускается, если перерыв в предоставлении услуг связан с устранением угрозы здоровью, жизни граждан, предупреждением ущерба имуществу или вследствие непреодолимой силы.
Глава 7. Порядок пользования услугами
52) Пользование услугами должно осуществляться на основе и в соответствии с настоящими Правилами и договором.
53) Контроль за правильностью пользования услугами осуществляется исполнителем в соответствии с договором.
Глава 8. Права и обязанности потребителя и исполнителя услуг
54. Потребитель имеет право:
- на получение услуг установленного качества, безопасных для его жизни и здоровья, не причиняющих вреда его имуществу;
- требовать от исполнителя возмещения в полном объеме убытков и вреда, причиненного жизни, здоровью или имуществу вследствие недостатков в предоставлении услуг, а также морального вреда в размере и порядке, определяемых в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;
- не производить оплату услуг за время перерывов. Прекращение оплаты не освобождает исполнителя от возмещения убытков и вреда.
- устранение выявленных недостатков в предоставлении услуг со стороны исполнителя требуемые в установленные договором сроки;
- на государственную и судебную защиту в соответствии с законодательством Республики Таджикистан в случае нарушения его прав.
55) Потребитель обязан:
- своевременно, в установленные договором сроки, оплачивать предоставленные услуги;
- рационально использовать услуги по их прямому назначению;
- не совершать действий, нарушающих порядок пользования услугами, установленный договором и настоящими Правилами;
- соблюдать требования техники безопасности при пользовании услугами;
- допускать представителя исполнителя для устранения аварии, осмотра инженерного оборудования, приборов учета и контроля.
56) Потребителю запрещается:
- переоборудовать внутренние инженерные сети без разрешения исполнителя;
- устанавливать, подключать без письменного разрешения исполнителя и использовать электробытовые приборы и машины мощностью, превышающей технические возможности внутридомовой электрической сети, дополнительные секции приборов отопления, регулирующую и запорную арматуру, а также подключать и использовать бытовые приборы и оборудование, включая индивидуальные приборы очистки воды, не имеющие технических паспортов (свидетельств), не отвечающие требованиям безопасности эксплуатации и санитарно-гигиеническим нормативам;
- нарушать имеющиеся схемы учета услуг;
- использовать теплоноситель в системах отопления не по прямому назначению (производить слив воды из системы и приборов отопления).
57) Исполнитель имеет право:
- применять меры, предусмотренные договором, в случае нарушения потребителем сроков платежей;
- осуществлять контроль за потреблением услуг путем проведения осмотров состояния инженерного оборудования у потребителя;
58) Исполнитель обязан:
- своевременно принимать меры по подготовке проекта и заключению договора на предоставление услуг;
- предоставлять услуги установленного качества (потребительских свойств и режима предоставления);
- установить по согласованию с местными исполнительными органами государственной власти форму регистрации требований (претензий), предъявляемых потребителем в связи с нарушением установленного качества услуг и срока устранения недостатков;
- принимать своевременные меры по предупреждению и устранению нарушений качества предоставляемых услуг потребителю;
- своевременно информировать потребителей об изменении качества услуг;
- не допускать нарушений технологических процессов и снижения качества услуг, предусматривать меры по повышению потребительских свойств и качества предоставляемых услуг, а также рациональному использованию водных и энергетических ресурсов.
Глава 9. Ответственность за нарушение настоящих Правил
59) Исполнитель несет ответственность за вред, причиненный жизни, здоровью или имуществу потребителя, в полном объеме, а также за моральный вред в размере и порядке, определяемом в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;
60) Исполнитель несет ответственность за качество предоставления услуг в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, настоящими Правилами и договором.
61) Исполнитель освобождается от ответственности за нарушение качества предоставления услуг, если докажет, что оно произошло вследствие непреодолимой силы.
62) Исполнитель, несет ответственность, предусмотренную законодательством Республики Таджикистан, за необоснованный отказ в предоставлении оказываемых им услуг, а также причинение убытков физическим и юридическим лицам, в том числе путем необоснованного завышения цены за оказываемые им услуги.
63) В целях проверки обоснованности отказа в предоставлении услуг потребитель вправе обращаться в суд.
64) Исполнитель, потребитель и другие юридические и физические лица за нарушение требований настоящих Правил несут ответственность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.