Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009 № 451 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ба қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №595 "Дар бораи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон 138 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 65 воҳид муқаррар карда шавад, ки аз он 41 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 24 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорат маблағгузорӣ карда мешавад";

- дар банди 4 рақами "5" ба рақаму калимаҳои "8 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 4" иваз карда шавад.

2) Дар сархати ҳаждаҳуми банди 5 Низомномаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №595 тасдиқ шудааст, пеш аз калимаи "пешбурди" калимаҳои "таҳлил ва" илова карда шаванд.

3) Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №595 тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегарданд).

4) Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ оинномаҳои сохторҳои дар Нақшаи идоракунии Вазорат дарҷгардидаро ба қарори мазкур мутобиқ намуда, маблағгузории онҳоро дар соли ҷорӣ тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.

5) Аз Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №611 "Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, "Муассисаи давлатии "Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои рафъи офатҳои табиӣ" хориҷ карда шавад.

6) Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани амволи "Муассисаи давлатии "Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои рафъи офатҳои табиӣ"-ро тибқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузорӣ амалӣ намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 июли соли 2009 № 451

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 июли соли 2009 № 451

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати истифодабарии иншооти обёрӣ

Раёсати захираҳои об, илм ва техника

Раёсати иқтисод ва ояндабинӣ

Раёсати ҳуқуқ ва кадрҳо

Раёсати баҳисобгирии муҳосибавӣ ва молия

Раёсати мониторинги пойгоҳҳои обкашӣ ва объектҳои хоҷагии об

Шӯъбаи равобити байналмилалӣ

Шӯъбаи сохтмони асосӣ ва корҳои пудратӣ

Шӯъбаи механизатсия, нақлиёт ва саноат

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 июли соли 2009 № 451

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби Вилояти Мухтори Кӯҳистони

Бадахшон

Раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби вилояти Суғд

Раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби вилояти Хатлон

Раёсати байниноҳиявии захираҳои оби Душанбе

Раёсати байниноҳиявии захираҳои оби Ҳисор

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 июли соли 2009 № 451

тасдиқ шудааст

Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ

Муассисаи давлатии "Сарраёсати Тоҷикобдеҳот"

Муассисаи давлатии "ТоҷикНИИГиМ" (Пажӯҳишгоҳи илмии тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсия)

Шӯъбаи тоҷикии Идораи иншооти нақби обӣ ва канали "Дӯстлик"-и

Даштҳои ташналаб

Раёсати болодарёи иттиҳодияи ҳавзаи хоҷагии оби "Амударё"

Муассисаи давлатии "Экспедитсияи гидрогеологию мелиоративӣ"

Муассисаи давлатии шабакаҳои барқӣ ва зеристгоҳҳо

Муассисаи давлатии истифодабарии иншоотҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ

Муассисаи давлатии "Обёрии мошинӣ" - и Душанбе

Муассисаи давлатии "Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои рафъи офатҳои табиӣ"

Маркази такмили ихтисос

Котиботи комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об

Муассисаи давлатии сохтмони асосӣ ва мелиоративӣ

ташкилотҳои тиҷоратӣ-истеҳсолӣ

Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикоблоиҳакашӣ"

Корхонаи воҳиди давлатии "Суғдобсохтмон"

Корхонаи воҳиди давлатии "Вахшобсохтмон"

Корхонаи воҳиди давлатии сохтмонию истифодабарии "Тоҷикселмуҳофизат"

Корхонаи воҳиди давлатии нақби обии Данғара

Корхонаи воҳиди давлатии "Канали Чубеки" - ноҳияи Фархор

Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикобавтоматика"

Корхонаи воҳиди давлатии "Масолеҳи оҳану бетонӣ"-и шаҳри Сарбанд

Корхонаи воҳиди давлатии сохтмону комплектатсияи системаҳои мелиоративӣ

Корхонаи хурди воҳиди давлатии "Пешрав"

Корхонаи воҳиди давлатии корҳои махсусгардонидаи № 10 шаҳри Ваҳдат

Корхонаи воҳиди давлатии канали "Хоҷаборқиргон" 

Корхонаи воҳиди давлатии истифодабарии шоҳроҳҳои обгузари № 5 ноҳияи Ҳисор