Низомномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 611

Санаи амалкуни: 02.11.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2017 № 547 аз эътибор соқит дониста шуд.  

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 611

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 611

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2009 № 375, аз 2.09.2010 № 448, аз 3.04.2012 № 152, аз 02.11.2012 № 632)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2009 № 375, аз 2.09.2010 № 448, аз 3.04.2012 № 152, аз 02.11.2012 № 632)

I. Мукаррароти умумӣ

1. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кумита) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи идораи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, танзими меъёрии ҳукуқӣ, хизматрасонии давлатӣ ва идораи моликияти давлатӣ, пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба омодагӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва ҷанг фаъолият менамояд, маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатӣ, ҳуқуқӣ, мудофиавӣ ва дигар чорабиниҳоро, ки ба ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, инчунин ҳангоми сар задани амалиёти ҷангӣ нигаронида шудаанд, ҳамоҳанг месозад.

2. Роҳбарии Кумитаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.

З. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии, ки эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

4. Кумита фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ месозад.

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства от 29 ноября 2017 года, №547

Приложение 1

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 28 декабря 2006 года № 611

Приложение 1

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 28 декабря 2006 года № 611

Положение Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 2.07.2009г.№375, от 28.07.2009г. №451, от 02.09.2010г.№448, от 03.04.2012г.№152, 02.11.2012г.№632)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 2.07.2009г.№375, от 28.07.2009г. №451, от 02.09.2010г.№448, от 03.04.2012г.№152, 02.11.2012г.№632)

I. Общие положение

1. Комитет по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан (далее Комитет) является центральным органом исполнительной власти, осуществляющим функции по проведению государственной политики, нормативно правовому регулированию, оказанию государственных услуг и управлению государственным имуществом в сфере управления чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне,- осуществляющий руководство единой государственной политикой в области подготовки и защиты населения, объектов экономики и территории Республики Таджикистан от последствий чрезвычайных ситуаций мирного и военного времени, организующий координацию всего комплекса общегосударственных, правовых, оборонных и других мероприятий, направленных на защиту населения, объектов экономики и территории Республики Таджикистан от последствий чрезвычайных ситуации природного и техногенного характера, а также в случае возникновения военных действий.

2. Руководство деятельностью Комитетом осуществляет Правительство Республики Таджикистан.

3. Комитет в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, решениями Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Указами Президента Республики Таджикистан, постановлениями Правительства Республики Таджикистан, международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением.

4.Комитет осуществляет свою деятельность во взаимодействии с другими центральными органами исполнительной власти, местными исполнительными органами государственной власти, общественными объединениями и иными организациями.

...