Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009 № 451 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ба қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №595 "Дар бораи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон 138 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 65 воҳид муқаррар карда шавад, ки аз он 41 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 24 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорат маблағгузорӣ карда мешавад";

- дар банди 4 рақами "5" ба рақаму калимаҳои "8 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 4" иваз карда шавад.

2) Дар сархати ҳаждаҳуми банди 5 Низомномаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №595 тасдиқ шудааст, пеш аз калимаи "пешбурди" калимаҳои "таҳлил ва" илова карда шаванд.

3) Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №595 тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегарданд).

4) Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ оинномаҳои сохторҳои дар Нақшаи идоракунии Вазорат дарҷгардидаро ба қарори мазкур мутобиқ намуда, маблағгузории онҳоро дар соли ҷорӣ тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.

5) Аз Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №611 "Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, "Муассисаи давлатии "Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои рафъи офатҳои табиӣ" хориҷ карда шавад.

6) Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани амволи "Муассисаи давлатии "Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои рафъи офатҳои табиӣ"-ро тибқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузорӣ амалӣ намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №595 "О Министерстве мелиорации и водных ресурсов Республики Таджикистан" следующие изменения:

- пункт 2 постановления изложить в следующей редакции:

"2. Установить предельную численность работников Министерства мелиорации и водных ресурсов Республики Таджикистан в количестве 138 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе Центрального аппарата 65 единиц, из которых 41 единица финансируется за счет средств республиканского бюджета и 24 единиц за счет специальных средств Министерства";

- в пункте 4 постановления слова "5" единиц заменить словами "8 единиц, в том числе 4 единиц для Центрального аппарата".

2) В абзаце восемнадцатом пункта 5 Положения о Министерстве мелиорации и водных ресурсов Республики Таджикистан утвержденная постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №595 перед словом "вести" добавить слова "анализировать и".

3) Структуру Центрального аппарата, Схему управления, Перечень организаций системы Министерства мелиорации и водных ресурсов Республики Таджикистан, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №595 , утвердить в новой редакции (прилагается).

4) Министерству мелиорации и водных ресурсов Республики Таджикистан в месячный срок привести в соответствие с настоящим постановлением положения структур указанных в Схеме управления Министерства, и в текущем году в установленном порядке обеспечить их финансирование.

5) Из Перечня подведомственных организаций Комитета чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительств" Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №611 "О Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан" исключить "Государственное учреждение "Центр координации проектов по ликвидации стихийных бедствий".

6) Министерству мелиорации и водных ресурсов Республики Таджикистан, Комитету по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан произвести передачу имущества "Государственного учреждения "Центр координации проектов по ликвидации стихийных бедствий" в порядке установленном законодательством.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

Председатель

...