Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009 № 449 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 587"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 587

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Дар зербанди 4 банди 6 Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №587 "Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- сархатҳои якум ва панҷум хориҷ карда шаванд:

- сархатҳои сеюм ва чорум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"- филиалҳо ва намояндагиҳои ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиалу намояндагиҳои ташкилотҳои (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷиро аз қайди баҳисобгирӣ мегузаронад;

- Феҳристи ягонаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиро пеш мебарад;".

2) Аз сохтори дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №587 "Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати ҳафтум хориҷ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 июли соли 2009 № 449

ш. Душанбе