Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009 № 297 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи тухмипарварӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баҳри таҳкими амнияти озуқаворӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2014 тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таракқиёти соҳаи тухмипарварӣ ҳар сол маблағ ҷудо намуда, ҷиҳати ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ барои иҷрои Барномаи мазкур чораҳои мушаххас андешанд.

3. Вазорату идораҳои дахлдор, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, барои татбиқи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барби солҳои 2010-2014 тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 феврал аз корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор манзур намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 майи соли 2009 № 297

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Программы развития отрасли семеноводства в Республике Таджикистан на 2010-2014 годы

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О прогнозах, концепциях,стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" и с целью дальнейшего развития отрасли семеноводства, увеличения производства сельскохозяйственной продукции для укрепления продовольственной безопасности Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемую Программу развития отрасли семеноводства в Республике Таджикистан на 2010-2014 годы.

2. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан, Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан в пределах Государственного бюджета Республики Таджикистан на 2010-2014 годы ежегодно выделять Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан средства для развития отрасли семеноводства и принять конкретные меры по привлечению местных и зарубежных инвестиций для выполнения вышеуказанной Программы.

3. Соответствующим министерствам и ведомствам, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов, предприятиям, организациям, независимо от форм собственности, принять необходимые меры для реализации Программы развития отрасли семеноводства в Республике Таджикистан на 2010-2014 годы, и ежегодно до 1 февраля представить информацию о проделанных работах в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель Правительства

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

от 28 мая 2009 года №297

ш. Душанбе