Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009 № 306 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 № 379"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 № 379

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2009 №653 "Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорату идораҳо, муассисаҳои буҷетӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2009 № 653 "Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия" низоми қатъии сарфаи воситаҳоро дар доираи маблағҳои пешбиникардаи сметаҳои хароҷот, таъмин намоянд.

2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 № 379 "Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- ба қарор бандҳои 6 - 13 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"6. Ҷадвали шумораи оилаҳои (шаҳрвандони) камбизоати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ба миқдори 241 ҳазор нафар тасдиқ карда шавад (замима мегардад). Ба ҳар оилаи (шаҳрванди) камбизоат дар соли 2009 ҳашт адад лампаи каммасрафи барқӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда шавад.

7. Маблағи умумӣ барои харидорӣ намудани лампаҳои каммасрафи барқӣ дар ҳаҷми 18 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағи дар буҷети соли 2009 барои ҷубронпулии пардохти истифодаи қувваи барқ пешбинишуда муқаррар карда шавад.

8. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ (ноҳиявӣ), комиссияҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, комиссияҳои идораи манзилию коммуналӣ ва шӯроҳои маҳаллаҳо таъмини саривақтӣ ва сифатноки тамоми манзилҳои истиқоматии оилаҳои камбизоатро бо лампаҳои каммасрафи барқӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷудошуда ташкил намоянд.

9. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни харидории лампаҳои каммасрафи барқиро бо гузаронидани тендер дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бидуни гузаронидани тендер бо тариқи гуфтушуниди мустақим бо корхонаҳои истеҳсолкунандаи лампаҳои каммасраф ба роҳ монда, аз ҳисоби кормандони вазорату идораҳои дахлдор комиссияи байниидоравӣ ташкил намоянд.

10. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тартиби ташкил, харидорӣ ва дастрас намудани лампаҳои каммасрафи барқиро ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат муайян ва тасдиқ намоянд.

11. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ҳуҷҷати расмии оид ба нархи воқеии лампаҳои каммасрафи барқӣ пешниҳодшуда, аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети давлатии соли 2009 барои пардохти ҷубронпулии истифодаи қувваи барқ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат пешбинӣ шудаанд, ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати хариди лампаҳои каммасрафи барқӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намояд.

12. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бақияи маблағи ҷубронпулии дар буҷети соли 2009 барои пардохти истифодаи қувваи барқ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат пешбинигардидаро муайян намуда, пардохти ҷубронпулиҳоро бо дарназардошти ҳаҷми маблағи боқимонда таъмин намоянд.

13. Амали бандҳои 25 ва 26 "Қоидаҳои муайянкунии оилаҳои камбизоат ва таъину пардохти ҷубронпулиҳо барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 №379 тасдиқ шудааст, дар қисмати пардохти ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ дар соли 2009 муваққатан мавқуф гузошта шавад".

- бандҳои 6 ва 7 қарор мутобиқан бандҳои 14 ва 15 ҳисобида шаванд.

3. Ба Қоидаҳои муайянкунии оилаҳои камбизоат, таъину пардохти ҷубронпулиҳо барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 №379 "Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

Дар банди 6:

- сархати якум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Оилаҳои бесаробонмондаи серфарзанд, ки фарзандони ноболиғ доранд, оилаҳое, ки ду ва ё зиёда аъзои маъюб доранд, аз ҷумла оилаҳое, ки сарварашон маъюби ғайри қобили кор аст, ҳамчунин пиронсолон ва маъюбони яккаву танҳо, ки даромади миёнаи моҳонаи ҳар як аъзои оила (шаҳрванд) аз 50 фоизи андозаи музди меҳнати миёнаи маҳалли зисташон кам ё ба он баробар мебошад, ба гирифтани ҷубронпулӣ ҳукуқи афзалиятнок доранд.

- сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Шумораи миёнаи аъзои як оила 6 нафар муайян карда шавад. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ин нишондиҳанда шумораи оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоатро дар ҳамбастагӣ бо дигар рақаму маълумотҳо муайян намуда, дар мавриди пеш омадани зарурат ҳаҷми маблағгузориро тибқи меъёрҳои муқарарнамудаи бандҳои 25 ва 26 Қоидаҳои мазкур амалӣ менамоянд;

Аз маблағи барои хизматрасонии воқеии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" пешбинишуда, дар холати бозгардонии маблағҳое, ки барои пардохти ҷубронпулиҳо пешбинӣ шудаанд, дар моҳи ҳисоботии оянда 0,8 фоиз аз ҳаҷми маблағи баргардонидашуда кам карда шавад.";

- дар зербанди 9 банди 16 пас аз калимаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" калимаҳои "ҷиҳати пардохти ҷубронпулӣ ва муайян намудани қарздории оилаҳои камбизоат мутобиқан аз истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ" илова карда шаванд.

Банди 27 дар таҳрири зайл баён карда шавад.

"Сохторҳои фурӯши барқ ва ташкилотҳои таъминкунандаи гази табиӣ барои истифодаи воқеии қувваи барқ ва гази табиӣ аз ҷониби оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат масъул буда, барои муайян намудани қарздории оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат аз ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ бояд ба комиссияи шаҳрӣ (ноҳиявӣ) мусоидат намоянд.";

Дар банди 31 баъд аз сархати якум сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Ҳангоми дар моҳи ҳисоботӣ дар мӯҳлатҳои муқарраргардида аз ҷониби комиссияҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) пешниҳод нагардидани маълумотнома, ҳисоби маблағи ҷубронпулӣ дар асоси рақамҳои нишондиҳандаҳои моҳҳои гузашта ва ё худ тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи бандҳои 25 ва 26 ҳамин Қоидаҳо амалӣ карда шавад";

"Шумораи оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, барои ҳисоби маблағи ҷубронпулии истифодаи гази табиӣ аз рӯи нишондиҳандаи 25 фоиз, аз он ҷумла барои дорандагони ҳисобкунаки газӣ 20 фоиз ва барои онҳое, ки ҳисобкунаки газӣ надоранд 5 фоиз, аз шумораи умумии оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, ки аз хизматрасонии қувваи барқ бархӯрдоранд муқаррар карда шаванд".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 майи соли 2009 № 306

ш. Душанбе

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 майи соли 2009 №306

Ҷадвали шумораи оилаҳои камбизоат дар миқёси вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Аз рӯи маълумоти оперативии Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон)

                              (тибқи ҳолати то 1 январи соли 2009)

+---+----------------------+-------------+-------------+-------------ҷ
| № |                      |   Шумораи   |  Шумораи    |   Шумораи   |
|т/т|Воҳиди маъмурию ҳудудӣ|    аҳолӣ    |умумии оилаҳо|   оилаҳои   |
|   |                      |(ҳазор нафар)| (хоҷагиҳо)  |  камбизоат  |
|   |                      |             |(ҳазорнафар) |  (18-20%)   |
|   |                      |             |             |(ҳазор нафар)|
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| 1 |          2           |     3       |      4      |      5      |

| 1 |         ВМКБ         |   191,3     |    32,5     |     6,5     |

|   |шаҳри Хоруғ           |   29,0      |    4,8      |     0,9     |

|   |ноҳияи Ванҷ           |   29,6      |    4,2      |     0,8     |

|   |ноҳияи Ишкошим        |   29,0      |    3,6      |     0,7     |

|   |ноҳияи Дарвоз         |   20,4      |    3,0      |     0,6     |

|   |ноҳияи Мурғоб         |   14,0      |    3,1      |     0,6     |

|   |ноҳияи Роштқалъа      |   19,9      |    3,0      |     0,6     |

|   |ноҳияи Рӯшон          |   21,1      |    4,8      |     0,9     |

|   |ноҳияи Шуғнон         |   28,9      |    5,3      |     1,0     |

| 2 |    Вилояти Суғд      |   2171,4    |    381.7    |     75.8    |

|   |шаҳри Хуҷанд          |   157,6     |    39.4     |     7.8     |

|   |шаҳри Исфара          |   226,4     |    37.7     |     7.5     |

|   |шаҳри Қайроққум       |   39,6      |    9.9      |     1.9     |

|   |шаҳри Конибодом       |   178,0     |    29.6     |     5.9     |

|   |шаҳри Панҷакент       |   235,6     |    39.2     |     7.8     |

|   |шаҳри Истаравшан      |   218,0     |    36.3     |     7,2     |

|   |шаҳри Табошар         |   13,3      |    3,3      |     0,6     |

|   |шаҳри Чкалов          |   26,0      |    6.5      |     1,3     |

|   |ноҳияи Айнӣ           |   70,7      |    11.7     |     2.3     |

|   |ноҳияи  Ашт           |   129,9     |    21.6     |     4.3     |

|   |ноҳияи Ғончӣ          |   136,8     |    22.8     |     4.5     |

|   |ноҳияи Зафаробод      |   58,5      |    10.0     |     1.9     |

|   |ноҳияи Мастчоҳ        |   99,1      |    16.5     |     3,3     |

|   |ноҳияи Спитамен       |   114,2     |    19.0     |     3,8     |

|   |ноҳияи Ҷаббор Расулов |   113,1     |    18.8     |     3.7     |

|   |ноҳияи Бобоҷон Ғафуров|   300,1     |    50.0     |     10,1    |

|   |ноҳияи Шаҳристон      |   33,6      |    5,6      |     1,1     |

|   |ноҳияи Кӯҳистони      |             |             |             |
|   |Мастчоҳ               |   20,9      |    3,8      |     0,8     |

| 3 |   Вилояти Хатлон     |   2656,5    |    397,3    |     77,4    |

|   |шаҳри Кӯрғонтеппа     |   71,8      |    11.8     |     2.3     |

|   |шаҳри Кулоб           |   184,0     |    29,7     |     5,9     |

|   |шаҳри Норак           |   50,1      |    8,3      |     1,5     |

|   |шаҳри Сарбанд         |   38,1      |    5,4      |     1,0     |

|   |ноҳияи Балҷувон       |   26,2      |    3,5      |     0,7     |

|   |ноҳияи Бохтар         |   215,4     |    34.8     |     6.9     |

|   |ноҳияи Вахш           |   152,9     |    21,2     |     4,2     |

|   |ноҳияи Восеъ          |   179,9     |    28,9     |     4.7     |

|   |ноҳияи Данғара        |   119,5     |    19.2     |     3,8     |

|   |ноҳияи Евон           |   172,6     |    21.6     |     4.3     |

|   |ноҳияи Ҷалолиддини    |             |             |             |
|   |Румӣ                  |   157,6     |    25.3     |     5,0     |

|   |ноҳияи Мӯъминобод     |   76,3      |    9,4      |     1,8     |

|   |ноҳияи Мир Сайид Алии |             |             |             |
|   |Ҳамадонӣ              |   126,6     |    14,9     |     2,9     |

|   |ноҳияи Носири Хусрав  |   28,2      |    4.5      |     0.9     |

|   |ноҳияи Панҷ           |   97,8      |    13,2     |     2,6     |

|   |ноҳияи Темурмалик     |   59,0      |    7,5      |     1,5     |

|   |ноҳияи Ховалинг       |   48,3      |    5,5      |     1,1     |

|   |ноҳияи Фархор         |   136,4     |    22.1     |     4.4     |

|   |ноҳияи Хуросон        |   89,2      |    10,8     |     2,1     |

|   |ноҳияи Ҷиликӯл        |   92,2      |    14,3     |     2,8     |

|   |ноҳияи Қубодиён       |   143,7     |    23,0     |     4,6     |

|   |ноҳияи Абдураҳмони    |             |             |             |
|   |Ҷомӣ                  |   133,1     |    21.5     |     4,3     |

|   |ноҳияи Қумсангир      |   105,2     |    16.9     |     3,3     |

|   |ноҳияи Шаҳритус       |   101,2     |    16,3     |     3,2     |

|   |ноҳияи Шӯрообод       |   51,2      |    8.2      |     1,6     |

| 4 |   шаҳри Душанбе      |   695,3     |    139,2    |     27,8    |

|   |ноҳияи Сино           |   258,3     |    54,1     |     10,8    |

|   |ноҳияи Исмоили Сомонӣ |   122,1     |    23,5     |     4,7     |

|   |ноҳияи Фирдавсӣ       |   176,5     |    34,7     |     6,9     |

|   |ноҳияи Шоҳмансур      |   138,4     |    26,9     |     5,4     |

| 5 |шаҳру ноҳияҳои тобеъи |             |             |             |
|   |ҷумҳурӣ               |   1677,5    |    267,8    |     53,5    |

|   |шаҳри Ваҳдат          |   268,7     |    44,7     |     8,9     |

|   |шаҳри Турсунзода      |   230,4     |    38,3     |     7,6     |

|   |шаҳри Роғун           |   34,0      |    5,6      |     1,1     |

|   |ноҳияи Варзоб         |   62,3      |    10,3     |     2,0     |

|   |ноҳияи Ҳисор          |   236,7     |    39,4     |     7,8     |

|   |ноҳияи Ҷиргатол       |   58,7      |    9,7      |     1,9     |

|   |ноҳияи Нуробод        |   64,3      |    10,7     |     2,1     |

|   |ноҳияи Рашт           |   95,2      |    15,8     |     3,1     |

|   |ноҳияи Рӯдакӣ         |   328,7     |    54,7     |     10,9    |

|   |ноҳияи Тавилдара      |   18,6      |    3,1      |     0,6     |

|   |ноҳияи Тоҷикобод      |   36,2      |    6,0      |     1,2     |

|   |ноҳияи Файзобод       |   79,7      |    13,2     |     2,6     |

|   |ноҳияи Шаҳринав       |   93,4      |    15,5     |     3,1     |

|   |Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ    |   7392,0    |    1218,5   |     241,0   |