Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 № 379
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2009 №653 "Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорату идораҳо, муассисаҳои буҷетӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2009 № 653 "Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия" низоми қатъии сарфаи воситаҳоро дар доираи маблағҳои пешбиникардаи сметаҳои хароҷот, таъмин намоянд.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 № 379 "Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- ба қарор бандҳои 6 - 13 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"6. Ҷадвали шумораи оилаҳои (шаҳрвандони) камбизоати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ба миқдори 241 ҳазор нафар тасдиқ карда шавад (замима мегардад). Ба ҳар оилаи (шаҳрванди) камбизоат дар соли 2009 ҳашт адад лампаи каммасрафи барқӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда шавад.
7. Маблағи умумӣ барои харидорӣ намудани лампаҳои каммасрафи барқӣ дар ҳаҷми 18 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағи дар буҷети соли 2009 барои ҷубронпулии пардохти истифодаи қувваи барқ пешбинишуда муқаррар карда шавад.
8. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ (ноҳиявӣ), комиссияҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, комиссияҳои идораи манзилию коммуналӣ ва шӯроҳои маҳаллаҳо таъмини саривақтӣ ва сифатноки тамоми манзилҳои истиқоматии оилаҳои камбизоатро бо лампаҳои каммасрафи барқӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷудошуда ташкил намоянд.
9. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни харидории лампаҳои каммасрафи барқиро бо гузаронидани тендер дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бидуни гузаронидани тендер бо тариқи гуфтушуниди мустақим бо корхонаҳои истеҳсолкунандаи лампаҳои каммасраф ба роҳ монда, аз ҳисоби кормандони вазорату идораҳои дахлдор комиссияи байниидоравӣ ташкил намоянд.
10. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тартиби ташкил, харидорӣ ва дастрас намудани лампаҳои каммасрафи барқиро ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат муайян ва тасдиқ намоянд.
11. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ҳуҷҷати расмии оид ба нархи воқеии лампаҳои каммасрафи барқӣ пешниҳодшуда, аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети давлатии соли 2009 барои пардохти ҷубронпулии истифодаи қувваи барқ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат пешбинӣ шудаанд, ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати хариди лампаҳои каммасрафи барқӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намояд.
12. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бақияи маблағи ҷубронпулии дар буҷети соли 2009 барои пардохти истифодаи қувваи барқ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат пешбинигардидаро муайян намуда, пардохти ҷубронпулиҳоро бо дарназардошти ҳаҷми маблағи боқимонда таъмин намоянд.
13. Амали бандҳои 25 ва 26 "Қоидаҳои муайянкунии оилаҳои камбизоат ва таъину пардохти ҷубронпулиҳо барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 №379 тасдиқ шудааст, дар қисмати пардохти ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ дар соли 2009 муваққатан мавқуф гузошта шавад".
- бандҳои 6 ва 7 қарор мутобиқан бандҳои 14 ва 15 ҳисобида шаванд.
3. Ба Қоидаҳои муайянкунии оилаҳои камбизоат, таъину пардохти ҷубронпулиҳо барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 №379 "Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
Дар банди 6:
- сархати якум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Оилаҳои бесаробонмондаи серфарзанд, ки фарзандони ноболиғ доранд, оилаҳое, ки ду ва ё зиёда аъзои маъюб доранд, аз ҷумла оилаҳое, ки сарварашон маъюби ғайри қобили кор аст, ҳамчунин пиронсолон ва маъюбони яккаву танҳо, ки даромади миёнаи моҳонаи ҳар як аъзои оила (шаҳрванд) аз 50 фоизи андозаи музди меҳнати миёнаи маҳалли зисташон кам ё ба он баробар мебошад, ба гирифтани ҷубронпулӣ ҳукуқи афзалиятнок доранд.
- сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Шумораи миёнаи аъзои як оила 6 нафар муайян карда шавад. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ин нишондиҳанда шумораи оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоатро дар ҳамбастагӣ бо дигар рақаму маълумотҳо муайян намуда, дар мавриди пеш омадани зарурат ҳаҷми маблағгузориро тибқи меъёрҳои муқарарнамудаи бандҳои 25 ва 26 Қоидаҳои мазкур амалӣ менамоянд;
Аз маблағи барои хизматрасонии воқеии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" пешбинишуда, дар холати бозгардонии маблағҳое, ки барои пардохти ҷубронпулиҳо пешбинӣ шудаанд, дар моҳи ҳисоботии оянда 0,8 фоиз аз ҳаҷми маблағи баргардонидашуда кам карда шавад.";
- дар зербанди 9 банди 16 пас аз калимаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" калимаҳои "ҷиҳати пардохти ҷубронпулӣ ва муайян намудани қарздории оилаҳои камбизоат мутобиқан аз истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ" илова карда шаванд.
Банди 27 дар таҳрири зайл баён карда шавад.
"Сохторҳои фурӯши барқ ва ташкилотҳои таъминкунандаи гази табиӣ барои истифодаи воқеии қувваи барқ ва гази табиӣ аз ҷониби оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат масъул буда, барои муайян намудани қарздории оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат аз ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ бояд ба комиссияи шаҳрӣ (ноҳиявӣ) мусоидат намоянд.";
Дар банди 31 баъд аз сархати якум сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Ҳангоми дар моҳи ҳисоботӣ дар мӯҳлатҳои муқарраргардида аз ҷониби комиссияҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) пешниҳод нагардидани маълумотнома, ҳисоби маблағи ҷубронпулӣ дар асоси рақамҳои нишондиҳандаҳои моҳҳои гузашта ва ё худ тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи бандҳои 25 ва 26 ҳамин Қоидаҳо амалӣ карда шавад";
"Шумораи оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, барои ҳисоби маблағи ҷубронпулии истифодаи гази табиӣ аз рӯи нишондиҳандаи 25 фоиз, аз он ҷумла барои дорандагони ҳисобкунаки газӣ 20 фоиз ва барои онҳое, ки ҳисобкунаки газӣ надоранд 5 фоиз, аз шумораи умумии оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, ки аз хизматрасонии қувваи барқ бархӯрдоранд муқаррар карда шаванд".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 майи соли 2009 № 306
ш. Душанбе
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 майи соли 2009 №306
Ҷадвали шумораи оилаҳои камбизоат дар миқёси вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Аз рӯи маълумоти оперативии Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон)
(тибқи ҳолати то 1 январи соли 2009)
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------ҷ
| № | | Шумораи | Шумораи | Шумораи |
|т/т|Воҳиди маъмурию ҳудудӣ| аҳолӣ |умумии оилаҳо| оилаҳои |
| | |(ҳазор нафар)| (хоҷагиҳо) | камбизоат |
| | | |(ҳазорнафар) | (18-20%) |
| | | | |(ҳазор нафар)|
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| 1 | ВМКБ | 191,3 | 32,5 | 6,5 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |шаҳри Хоруғ | 29,0 | 4,8 | 0,9 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Ванҷ | 29,6 | 4,2 | 0,8 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Ишкошим | 29,0 | 3,6 | 0,7 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Дарвоз | 20,4 | 3,0 | 0,6 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Мурғоб | 14,0 | 3,1 | 0,6 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Роштқалъа | 19,9 | 3,0 | 0,6 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Рӯшон | 21,1 | 4,8 | 0,9 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Шуғнон | 28,9 | 5,3 | 1,0 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| 2 | Вилояти Суғд | 2171,4 | 381.7 | 75.8 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |шаҳри Хуҷанд | 157,6 | 39.4 | 7.8 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |шаҳри Исфара | 226,4 | 37.7 | 7.5 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |шаҳри Қайроққум | 39,6 | 9.9 | 1.9 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |шаҳри Конибодом | 178,0 | 29.6 | 5.9 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |шаҳри Панҷакент | 235,6 | 39.2 | 7.8 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |шаҳри Истаравшан | 218,0 | 36.3 | 7,2 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |шаҳри Табошар | 13,3 | 3,3 | 0,6 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |шаҳри Чкалов | 26,0 | 6.5 | 1,3 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Айнӣ | 70,7 | 11.7 | 2.3 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Ашт | 129,9 | 21.6 | 4.3 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Ғончӣ | 136,8 | 22.8 | 4.5 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Зафаробод | 58,5 | 10.0 | 1.9 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Мастчоҳ | 99,1 | 16.5 | 3,3 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Спитамен | 114,2 | 19.0 | 3,8 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Ҷаббор Расулов | 113,1 | 18.8 | 3.7 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Бобоҷон Ғафуров| 300,1 | 50.0 | 10,1 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Шаҳристон | 33,6 | 5,6 | 1,1 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Кӯҳистони | | | |
| |Мастчоҳ | 20,9 | 3,8 | 0,8 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| 3 | Вилояти Хатлон | 2656,5 | 397,3 | 77,4 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |шаҳри Кӯрғонтеппа | 71,8 | 11.8 | 2.3 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |шаҳри Кулоб | 184,0 | 29,7 | 5,9 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |шаҳри Норак | 50,1 | 8,3 | 1,5 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |шаҳри Сарбанд | 38,1 | 5,4 | 1,0 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Балҷувон | 26,2 | 3,5 | 0,7 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Бохтар | 215,4 | 34.8 | 6.9 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Вахш | 152,9 | 21,2 | 4,2 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Восеъ | 179,9 | 28,9 | 4.7 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Данғара | 119,5 | 19.2 | 3,8 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Евон | 172,6 | 21.6 | 4.3 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Ҷалолиддини | | | |
| |Румӣ | 157,6 | 25.3 | 5,0 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Мӯъминобод | 76,3 | 9,4 | 1,8 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Мир Сайид Алии | | | |
| |Ҳамадонӣ | 126,6 | 14,9 | 2,9 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Носири Хусрав | 28,2 | 4.5 | 0.9 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Панҷ | 97,8 | 13,2 | 2,6 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Темурмалик | 59,0 | 7,5 | 1,5 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Ховалинг | 48,3 | 5,5 | 1,1 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Фархор | 136,4 | 22.1 | 4.4 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Хуросон | 89,2 | 10,8 | 2,1 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Ҷиликӯл | 92,2 | 14,3 | 2,8 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Қубодиён | 143,7 | 23,0 | 4,6 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Абдураҳмони | | | |
| |Ҷомӣ | 133,1 | 21.5 | 4,3 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Қумсангир | 105,2 | 16.9 | 3,3 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Шаҳритус | 101,2 | 16,3 | 3,2 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Шӯрообод | 51,2 | 8.2 | 1,6 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| 4 | шаҳри Душанбе | 695,3 | 139,2 | 27,8 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Сино | 258,3 | 54,1 | 10,8 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Исмоили Сомонӣ | 122,1 | 23,5 | 4,7 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Фирдавсӣ | 176,5 | 34,7 | 6,9 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Шоҳмансур | 138,4 | 26,9 | 5,4 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| 5 |шаҳру ноҳияҳои тобеъи | | | |
| |ҷумҳурӣ | 1677,5 | 267,8 | 53,5 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |шаҳри Ваҳдат | 268,7 | 44,7 | 8,9 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |шаҳри Турсунзода | 230,4 | 38,3 | 7,6 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |шаҳри Роғун | 34,0 | 5,6 | 1,1 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Варзоб | 62,3 | 10,3 | 2,0 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Ҳисор | 236,7 | 39,4 | 7,8 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Ҷиргатол | 58,7 | 9,7 | 1,9 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Нуробод | 64,3 | 10,7 | 2,1 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Рашт | 95,2 | 15,8 | 3,1 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Рӯдакӣ | 328,7 | 54,7 | 10,9 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Тавилдара | 18,6 | 3,1 | 0,6 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Тоҷикобод | 36,2 | 6,0 | 1,2 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Файзобод | 79,7 | 13,2 | 2,6 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |ноҳияи Шаҳринав | 93,4 | 15,5 | 3,1 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
| |Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ | 7392,0 | 1218,5 | 241,0 |
+---+----------------------+-------------+-------------+-------------+
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 №379
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и с целью реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 24 апреля 2009 года №653 "О дополнительных мерах по экономному использованию энергии и энергосбережению" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Министерствам ведомствам, бюджетным организациям, местным исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов Республики Таджикистан во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 24 апреля 2009 года №653 "О дополнительных мерах по экономному использованию энергии и энергосбережению" обеспечить строгий режим экономии средств в пределах сумм, предусмотренных сметами расходов.
2. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 №379 "Об усилении социальной помощи малоимущим семьям и гражданам" после пункта следующие изменения и дополнения:
Постановление дополнить пунктами 6-13 следующего содержания:
"6. Утвердить таблицу численности малообеспеченных семей (граждан) в Республике Таджикистан на 2009 год в количестве 241 тысячи семей (прилагается). Выделить в 2009 году за счет средств республиканского бюджета каждой малообеспеченной семье (гражданам) энергосберегающие лампы в количестве 8 штук.
7. Определить общую сумму расходов на приобретение энергосберегающих ламп в размере 18 миллионов сомони из бюджета на 2009 год, предусмотренного на выплату компенсаций за пользование электроэнергией.
8. Министерству труда и социальной защиты населения, Министерству энергетики и промышленности совместно с областными, городскими (районными) комиссиями и комиссиями органов самоуправления джамоата, поселка или жилищно-коммунальных органов и махаллинских советов организовать своевременное и качественное обеспечение всех жилых помещений малоимущих семей энергосберегающими лампами за счет выделенных средств.
9. Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан, Министерству экономического развития и торговля Республики Таджикистан, Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик", Агентству по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при , Правительстве Республики Таджикистан организовать и провести тендер по закупке энергосберегающих ламп в соответствии с законодательством Республики Таджикистан или без проведения тендера путём прямых переговоров с предприятиями производящие энергосберегающие лампы, создать межведомственную комиссию из числа работников соответствующих министерств и ведомств.
10. Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан и Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан определить и утвердить Порядок организации покупки и обеспечения энергосберегающими лампами малообеспеченных семей и граждан.
11. Министерству финансов Республики Таджикистан в соответствии с официальными документами, подтверждающими реальную стоимость энергосберегающих ламп, предназначенных малообеспеченным семьям и гражданам, перечислить необходимую сумму Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан для организации покупки указанных ламп за счет предусмотренных в бюджете республики на 2009 год для выплат компенсаций за использование электроэнергии.
12. Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан определить остаток средств предусмотренных в бюджете 2009 года для компенсации за пользование электроэнергии, обеспечить выплату компенсаций малообеспеченным семьям из оставшейся суммы средств.
13. Действие пунктов 25 и 26 "Правила определения малообеспеченных семей, назначения и выплаты компенсации за пользование электроэнергией и природным газом" утвержденных Постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 №379 в части компенсационной выплаты за пользование потребление электроэнергией в 2009 году временно приостановить.";
- пункты 6 и 7 считать соответственно п.п. 14 и 15.
3. Внести в "Правила определения малообеспеченных семей, назначения и выплаты компенсации за пользование электроэнергией и природным газом" утверждённых постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 №379 "Об усилении социальной помощи малоимущим семьям и гражданам" внести следующие изменения и дополнения:
В пункте 6:
- первый абзац изложить в следующей редакции:
"Многодетным семьям, потерявших кормильца и имеющих нетрудоспособных детей, семьям, в составе которых имеются два и более инвалидов, в том числе семьи, глава которой является нетрудоспособным инвалидом, а также одиноко проживающим престарелым гражданам и инвалидам, где среднемесячный доход каждого члена семьи (гражданина) равен или составляет ниже 50 процентов среднемесячной заработной платы, сложившейся по месту жительства, имеют преимущественное право на предоставление компенсации.
- дополнить новыми абзацами в следующей редакции:
"Среднюю численность одной семьи определить в количестве 6 человек. Министерство труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерство финансов Республики Таджикистан, совместно, определить в соответствии с этим показателем количество семей и малоимущих граждан с другими сведениями, в случае необходимости реализовать объем финансирования согласно установленных норм в пункте 25-26 правил;
Из суммы средств предусмотренных на оплату фактических услуг Государственным сберегательным банком Республики Таджикистан "Амонатбанк", в случаях возврата средств предназначенных для выплаты компенсаций, в следующем отчетном месяце осуществлять вычет в размере 0,8 процента от суммы возвращенных средств.";
- в подпункте 9 пункта 16 после слов Государственный сберегательный банк Республики Таджикистан "Амонатбанк" дополнить словами "для выплаты компенсации и определения малоимущих семей, имеющих задолженности по использованию электроэнергии и природного газа, соответственно.
Пункт 27 изложить в следующей редакции:
"Подразделения энергосбыта и предприятия по снабжению природным газом ответственны за определение фактического объема потребления электроэнергии и природного газа, и обязаны оказывать содействие районным (городским) комиссиям в определении малоимущих семей и граждан, имеющих задолженности по оплате за использование этих энергоносителей.".
В пункте 31 после первого абзаца дополнить новые абзацы следующего содержания:
"В случае несвоевременного представления в отчётный период комиссиям соответствующих заявок, финансирование компенсаций будет осуществляться на основании данных за прошлые месяцы, или в соответствии с установленными в пунктах 25 и 26 настоящих Правил нормами";
"Определить численность малообеспеченных семей и граждан для вычисления средств компенсации использования природного газа из расчета 25 процентов от общего количества малообеспеченных семей и граждан, в том числе 20 процентов для семей имеющих газовый счетчик, а 5 процентов для тех, у кого не имеется газового счетчика".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 28 мая 2009 года №306
г. Душанбе
Приложение
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от "28" мая 2009 года № 306
Таблица численности малообеспеченных семей в разрезе областей, городов и районов Республики Таджикистан
(По оперативным данными Государственного комитета по статистики Республики Таджикистан)
(по состоянию на 1 января 2009 года)
+---+--------------------------+------------+-----------+------------ҷ
|№ |Административно - |Численность | Общей | Численности|
|п/п|территориальная |населения | численно- | малообеспе-|
| |единица |(тыс. | сть семей | ченных |
| | |человек) | (хозяйств | семей |
| | | | (тыс. | (18-20%) |
| | | | человек) | (тыс. |
| | | | | человек) |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
|1 | ГБАО | 191,3 | 32,5 | 6,5 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Город Хорог | 29,0 | 4,8 | 0,9 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Ванчский район | 29,6 | 4,2 | 0,8 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Ишкошимский район | 29,0 | 3,6 | 0,7 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Дарвазский район | 20,4 | 3,0 | 0,6 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Мургобский район | 14,0 | 3,1 | 0,6 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Рошкалинский район | 19,9 | 3,0 | 0,6 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Рушонский район | 21,1 | 4,8 | 0,9 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Шугнонский район | 28,9 | 5,3 | 1,0 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
|2 | Согдийский область | 2171,4 | 381.7 | 75.8 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |город Худжанд | 157,6 | 39.4 | 7.8 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |город Исфара | 226,4 | 37.7 | 7.5 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |город Кайраккум | 39,6 | 9.9 | 1.9 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |город Канибадам | 178,0 | 29.6 | 5.9 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |город Пенджикент | 235,6 | 39.2 | 7.8 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |город Истаравшан | 218,0 | 36.3 | 7,2 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |город Табашар | 13,3 | 3,3 | 0,6 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |город Чкалов | 26,0 | 6.5 | 1,3 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Айнийский район | 70,7 | 11.7 | 2.3 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Аштский район | 129,9 | 21.6 | 4.3 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Ганчинский район | 136,8 | 22.8 | 4.5 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Зафарабадский район | 58,5 | 10.0 | 1.9 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Матчинский район | 99,1 | 16.5 | 3,3 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Спитаменский район | 114,2 | 19.0 | 3,8 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Джабор Расуловский район | 113,1 | 18.8 | 3.7 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Бободжон Гафуровский район| 300,1 | 50.0 | 10,1 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Шахристанский район | 33,6 | 5,6 | 1,1 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Кухистони Мастчохский | | | |
| |район | 20,9 | 3,8 | 0,8 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
|3 | Хатлонский область | 2656,5 | 397,3 | 77,4 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |город Кургантюбе | 71,8 | 11.8 | 2.3 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |город Куляб | 184,0 | 29.7 | 5.9 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |город Нурек | 50,1 | 8.3 | 1,5 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |город Сарбанд | 38,1 | 5,4 | 1,0 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Балджуанский район | 26,2 | 3,5 | 0,7 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Болгарский район | 215,4 | 34.8 | 6.9 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Вахшский район | 152,9 | 21,2 | 4,2 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Восейский район | 179,9 | 28,9 | 4.7 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Дангаринский район | 119,5 | 19.2 | 3,8 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Яванский район | 172,6 | 21.6 | 4.3 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Район Джалолиддина Руми | 157,6 | 25.3 | 5,0 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Муминабадский район | 76,3 | 9,4 | 1,8 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |район Мир Сайид Алии | | | |
| |Хамадони | 126,6 | 14,9 | 2,9 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |район Носири Хусрав | 28,2 | 4.5 | 0.9 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Пянджский район | 97,8 | 13,2 | 2,6 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |район Темурмалик | 59,0 | 7,5 | 1,5 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Ховалингский район | 48,3 | 5,5 | 1,1 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Фархорский район | 136,4 | 22.1 | 4.4 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |район Хуросон | 89,2 | 10,8 | 2,1 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Джиликульский район | 92,2 | 14,3 | 2,8 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |район Кубодиён | 143,7 | 23,0 | 4,6 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |район Абдурахмона Джами | 133,1 | 21.5 | 4,3 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Кумсангирскяй район | 105,2 | 16.9 | 3,3 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Шаартузский район | 101,2 | 16,3 | 3,2 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Шуроободский район | 51,2 | 8.2 | 1,6 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
|4 | город Душанбе | 695,3 | 139,2 | 27,8 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |район Сино | 258,3 | 54,1 | 10,8 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |район Исмоили Сомони | 122,1 | 23,5 | 4,7 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |район Фирдавси | 176,5 | 34,7 | 6,9 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |район Шохманеур | 138,4 | 26,9 | 5,4 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
|5 |города и районы республи- | | | |
| |канского подчинения | 1677,5 | 267,8 | 53,5 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |город Вахдат | 268,7 | 44,7 | 8,9 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |город Турсунзаде | 230,4 | 38,3 | 7,6 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |город Рогун | 34,0 | 5,6 | 1,1 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Варзобский район | 62,3 | 10,3 | 2,0 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Гиссарский район | 236,7 | 39,4 | 7,8 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Джиргаталский район | 58,7 | 9,7 | 1,9 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Нурободский район | 64,3 | 10,7 | 2,1 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Раштский район | 95,2 | 15,8 | 3,1 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Район Рудаки | 328,7 | 54,7 | 10,9 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Тавильдаринский район | 18,6 | 3,1 | 0,6 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Таджикабадский район | 36,2 | 6,0 | 1,2 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Файзабадский район | 79,7 | 13,2 | 2,6 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Шахринавский район | 93,4 | 15,5 | 3,1 |
+---+--------------------------+------------+-----------+------------+
| |Всего по республике | 7392,0 | 1218,5 | 241,0 |