Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 № 254 "Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тарҳрезии Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои минбаъда, вобаста аз имкониятҳои воқеъии молиявӣ ва ҳаҷми сармоягузории ҷалбшаванда барои татбиқи Барномаи мазкур маблағҳои заруриро пешбинӣ намоянд.

3. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:

- рафти татбиқи Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015-ро зери назорат гирифта, оид ба иҷрои саривақтии он тадбирҳои мушаххас андешанд;

- ҷиҳати гузаштан аз соли 2014 ба низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади зиёд намудани ҷойҳои нишаст барои бунёди синфхонаҳои иловагӣ, таъмир ва таҳкими заминаҳои моддию техникӣ онҳо чораҷӯӣ намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 апрели соли 2009 № 254

ш.Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Государственной программы развития образования Республики Таджикистан на 2010-2015 годы

Согласно статьи 8 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан", в целях реализации государственной политики в области образования Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Государственную программу развития образования Республики Таджикистан на 2010-2015 годы (прилагается).

2. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан и Министерству образования Республики Таджикистан при составлении прогнозов социально-экономического развития Республики Таджикистан и Государственного бюджета Республики Таджикистан на последующие годы, исходя из реальных возможностей и объема привлекаемых инвестиций, предусмотреть необходимые средства для реализации данной Программы.

3. Министерству образования Республики Таджикистан, соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областей, городу Душанбе, городов и районов республиканского подчинения:

- взять под контроль ход реализации Государственной программы развития образования Республики Таджикистан на 2010-2015 годы и предпринять конкретные меры по ее своевременному выполнению.

- с целью перехода с 2014 года на новую систему общего среднего образования принять меры для увеличения посадочных мест, строительства дополнительных классов их ремонта и укрепления материальнотехнической базы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

от 29 апреля 2009 года №254

 г. Душанбе