Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи танзими тақсимоти рақамҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ" барои воситаҳои нақлиёт
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2017 № 561, аз 25.06.2024 № 371)
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва ҷорӣ намудани намунаи нави рақамҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ" барои воситаҳои нақлиёт, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад № 371:
1. Тартиби тақсимоти рақамҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ" барои воситаҳои нақлиёт мутобиқи категорияҳои шахсони мансабдор ва Низомномаи тартиби додани рақамҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ" барои воситаҳои нақлиёт, дар таҳрири нав тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд) № 371.
2. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ГОСТ 1020-2013 "Аломатҳои қайди давлатӣ барои воситаҳои нақлиёт, намуд ва андозаҳои асосӣ, талаботи техникӣ" намунаи нави рақамҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ"- ро, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ворид намояд № 371.
3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: тайёр намудани шумораи зарурии намунаи нави рақамҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ"-ро мувофиқи замимаи "Тартиби тақсимоти рақамҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ" барои воситаҳои нақлиёт мутобиқи категорияи шахсони мансабдор", таъмин намояд № 371).
4. Муқаррар карда шавад, ки Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон тайёр кардан ва додани нусхаи рақамҳои бақайдгирии давлатии гумшудаи силсилаи "TJ", ҳамчунин нусхаи эҳтиётии онҳоро фақат дар асоси иҷозати хаттии роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад № 371).
5. Роҳбарони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо аз нав бақайдгирии саривақтӣ, истифодаи мақсаднок ва бе осеб нигоҳ доштани рақамҳои бақайдгирии силсилаи "TJ"-ро, ки барои воситаҳои нақлиёти ташкилоту идораҳои тобеъ дода шудаанд, таъмин намоянд № 371.
6. Аз эътибор соқит дониста шаванд:
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2000 №400 "Дар бораи танзими тақсимоти нишонҳои бақайдгирии силсилаи "РТ" бараи воситаҳои нақлиёт";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2000 №478 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2000 № 400";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2001 №609 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2000 № 400".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 20 феврали соли 2009 № 104,
ш. Душанбе