Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2009 № 104 "Дар бораи танзими тақсимоти нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "РТ" барои воситаҳои нақлиёт"

Санаи амалкуни: 29.11.2017

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи танзими тақсимоти рақамҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ" барои воситаҳои нақлиёт

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2017 № 561, аз 25.06.2024 № 371)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.06.2024 № 371)

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва ҷорӣ намудани намунаи нави рақамҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ" барои воситаҳои нақлиёт, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2017 № 561, аз 25.06.2024 № 371):

1. Тартиби тақсимоти рақамҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ" барои воситаҳои нақлиёт мутобиқи категорияҳои шахсони мансабдор ва Низомномаи тартиби додани рақамҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ" барои воситаҳои нақлиёт, дар таҳрири нав тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2017 № 561аз 25.06.2024 № 371).

2. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ГОСТ 1020-2013 "Аломатҳои қайди давлатӣ барои воситаҳои нақлиёт, намуд ва андозаҳои асосӣ, талаботи техникӣ" намунаи нави рақамҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ"- ро, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ворид намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2017 № 561аз 25.06.2024 № 371).

3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: тайёр намудани шумораи зарурии намунаи нави рақамҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ"-ро мувофиқи замимаи "Тартиби тақсимоти рақамҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "TJ" барои воситаҳои нақлиёт мутобиқи категорияи шахсони мансабдор", таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2017 № 561аз 25.06.2024 № 371).

4. Муқаррар карда шавад, ки Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон тайёр кардан ва додани нусхаи рақамҳои бақайдгирии давлатии гумшудаи силсилаи "TJ", ҳамчунин нусхаи эҳтиётии онҳоро фақат дар асоси иҷозати хаттии роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.06.2024 № 371).

5. Роҳбарони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо аз нав бақайдгирии саривақтӣ, истифодаи мақсаднок ва бе осеб нигоҳ доштани рақамҳои бақайдгирии силсилаи "TJ"-ро, ки барои воситаҳои нақлиёти ташкилоту идораҳои тобеъ дода шудаанд, таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2017 № 561аз 25.06.2024 № 371).

6. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2000 №400 "Дар бораи танзими тақсимоти нишонҳои бақайдгирии силсилаи "РТ" бараи воситаҳои нақлиёт";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2000 №478 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2000 № 400";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2001 №609 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2000 № 400".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 20 феврали соли 2009 № 104,

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи танзими тақсимоти нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "РТ" барои воситаҳои нақлиёт

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва ҷорӣ намудани намунаи нави нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "РТ" барои воситаҳои нақлиёт, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби тақсимоти нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "РТ" барои воситаҳои нақлиёт мутобиқи категорияҳои шахсони мансабдор ва Низомномаи тартиби додани нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "РТ" барои воситаҳои нақлиёт, дар таҳрири нав тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ба ГОСТ 1020-95 "Аломатҳои қайди давлатӣ барои воситаҳои нақлиёт, намуд ва андозаҳои асосӣ, талаботи техникӣ" намунаи нави нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "РТ"- ро, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ворид намояд.

3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: тайёр намудани шумораи зарурии намунаи нави нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "РТ"-ро мувофиқи замимаи "Тартиби тақсимоти нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "РТ" барои воситаҳои нақлиёт мутобиқи категорияи шахсони мансабдор", таъмин намояд;

дар мӯҳлати 2 моҳ дар ҳаҷми пурра баргардонида гирифтан ва иваз кардани нишонҳои бақайдгирии давлатии силсилаи "РТ"-и қаблан додашударо таъмин намояд.

4. Муқаррар карда шавад, ки Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон тайёр кардан ва додани нусхаи нишонҳои бақайдгирии давлатии гумшудаи силсилаи "РТ", ҳамчунин нусхаи эҳтиётии онҳоро фақат дар асоси иҷозати хаттии роҳбари Дастгоши иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

5. Роҳбарони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо аз нав бақайдгирии саривақтӣ, истифодаи мақсаднок ва бе осеб нигоҳ доштани нишонҳои бақайдгирии силсилаи "РТ"-ро, ки барои воситаҳои нақлиёти ташкилоту идораҳои тобеъ дода шудаанд, таъмин намоянд.

6. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2000 №400 "Дар бораи танзими тақсимоти нишонҳои бақайдгирии силсилаи "РТ" бараи воситаҳои нақлиёт";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2000 №478 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2000 № 400";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2001 №609 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2000 № 400".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 20 феврали соли 2009 № 104,

ш. Душанбе