Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006 № 62
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии хуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Қоидаҳои аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират расонидани хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ карданро доранд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006 № 62 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират расонидани хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд", тасдиқ гардидааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
аз банди 4 матни тоҷикӣ сархати чорум хориҷ карда шавад;
дар банди 7 калимаҳои "синнашон аз 15-сола боло буда" ба калимаҳои "ба синни 18 - солагӣ расидаанд" иваз карда шаванд;
дар банди 9 зербандҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
- маълумотнома (эъломия) аз мақомоти андоз оид ба амвол ва даромад";
дар банди 16 рақамҳои "80", "100" ва "150" мутобиқан ба рақамҳои "100", "130" ва "180" иваз карда шаванд;
банди 17 дар таҳрири зайл ифода карда шавад;
"Мақомоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират бо мақсади муайян намудани қобилияти ҳаёти фаъолияти соҳибкорӣ баҳодиҳии аввалаи нақшаи тиҷоратиро мегузаронад";
бандҳои 18, 19, 20, 21 ва 22 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"18. Ба шаҳрвандони бекоре, ки аз ҷониби мақомоти Агентии давлатии хифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ кӯмаки молиявӣ расонида шудааст, маротибаи дуввум кӯмаки молиявӣ расонида намешавад"
19. Дар ҳолатҳои фавқулодда (форс-мажор) (хушксолӣ, боришоти аз ҳад зиёд, обхезӣ, заминларза, бемориҳои сирояткунандаи чорво ва паррандагон, фавти шаҳрванди кӯмаки молиявӣ гирифта) шаҳрвандони бекоре, ки барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ кӯмаки молиявӣ гирифтаанд, дар вақги дидани зарар бояд худашон ва ё аъзои оилаи онҳо ба мақомоти маҳаллии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ҷиҳати тамдиди мӯҳлати баргардонидани кӯмаки молиявӣ расман муроҷиат намоянд. Дар ин ҳолат, шаҳрванди бекори кӯмаки молиявӣ гирифта, бояд маълумотнома ва ё санади тартибдодаи мақомоти дахлдореро, ки бевосита ба муайян намудани зарари расида сару кор доранд, ба мақомоти маҳаллии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират пешниҳод намояд.
20. Мақомоти маҳаллии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар асоси ариза ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳолати фавқулодда бо дархост ба дастгоҳи марказии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират муроҷиат мекунад.
21. Дастгоҳи марказии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират баъди санҷиши ҳамаҷонибаи ҳолати фавқулодда дар мувофиқа бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати баргардонидани кӯмаки молиявии додашударо тамдид менамояд.
22. Мӯҳлати бозгашти кӯмаки молиявӣ дар ҳолатҳои фавқулодда (форс-мажор) бе таъин намудани ҷарима ва пушаймона (пеня) дар мувофиқа бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати як сол тамдид карда мешавад".
Бандҳои 18 ва 19 мутобиқан бандҳои 23 ва 24 ҳисобида шаванд.
2. Дар матни замимаи 3 ва 4 Қоидаҳо калимаҳои "марказ" ва "директор" мутобиқан ба калимаҳои "қарздиҳанда" ва "сардор" иваз карда шаванд;
дар зербанди 2.3. замимаи 3 Қоидаҳо рақами "0,5" ба рақами "0,05" иваз карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 феврали соли 2009 № 136
ш. Душанбе